Хабари рӯз

Чӣ чолишҳое барои бақои Толибон дар қудрати сиёсӣ вуҷуд дорад?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"

Толибон ба воситаи як бозии сиёсии ҷаҳонӣ дар таҳти як барномаи хоси амниятӣ ба қудрат баргаштонда шуданд. Ин гурӯҳ ба асоси асноде, ки имрӯз фош мешавад, тақрибан аз соли 2007 ба ин сӯ барои давраи баргашт ба қудрат, эҳёи дубора шуданд.

Амрико бо муттаҳидонаш ба ҳузури низомии худ дар Афғонистон хотима дод ва Афғонистонро супурд ба Толибон, то минҳайси лашкари ниёбатӣ дар хидмати аҳдофи амрикоӣ қарор дошта бошанд. Ҳоло минтақа бештар аз ҳама даст ба кор шуда ва ин барномаро дар сатҳи минтақаӣ хунсо кардааст. Аммо саволи муҳиму меҳварӣ, дар хусуси чолиши Толибон барои бақо дар қудрати сиёсӣ аст, ки ба як мавзӯи меҳварӣ дар мавриди ояндаи Афғонистон мубаддал мешавад.

Қисме, ки дида мешавад, ин гурӯҳ, ки аз дую ним сол дар қудрат ҳузур дорад, бо чолишҳои мутааддиде, минҷумла мушкилоту чолишҳо бо ҳамсоягон, минтақа ва ҷаҳон мувоҷеҳ аст. Бардошти ман ин аст, ки ин гурӯҳ бо вуҷуди чолишҳои мавҷуд, бисёр душвор аст, битавонад ба як низоми сиёсии истеҳкомёфта мубаддал шавад ва ба як шарики байналмилалӣ ва минтақаӣ барои минтақаву ҷаҳон мубаддал гардад.

Дар ҳоле, ки далоили зиёде барои шиканандагии сохтори қудрати он дар оянда вуҷуд дорад, ки мунҷар ба суқути он хоҳад шуд. Пас ба далоили зайл, ҳузури Толибон дар қудрат шикананда ва эҳтимоли ин ки ҳар таконае боиси фурӯпошии режими номашрӯашон шавад, вуҷуд дорад:

- Адами таҳкими қудрати якдаст ба масобаи як неруи идеологӣ, ҳамон тавре, ки худи ин гурӯҳ иддао мекунад. Иншиоб дар даруни ин гурӯҳ ба шохаҳои мутааддид, мисдоқи ин муддао аст;

- Гурӯҳи Толибон, як гурӯҳи низомӣ, ҷангӣ ва як лашкари ниёбатӣ аст, ки таҷрибаи ҳукуматдории муассир, сиёсатгузории бамавқеъ ва тавони эҷоди як низоми муқтадири сиёсиро надорад. Пас, дар майдони ҷанг муваффақ аст, на сиёсат;

- Фуқдони машрӯъияти дохилӣ ва хориҷии ин гурӯҳ, ҳатто дар назди ҷаҳони ислом;

- Режими ин гурӯҳ фоқиди неруи мутахассис барои ҳукуматдорӣ ва арзаи хадамот барои мардум аст ва фирори мағзҳо аз замони ба қудрат расидани ин гурӯҳ, ба авҷаш расидааст;

- Вуҷуди мушкилот бо ҳамсоягон ва минтақа, ки қарори зайл табақабандӣ мешавад:

1 - Эрон: ҳаққоба, мавҷудияти гурӯҳҳои тундрав суннимазҳаби таҳти ҳимояти Толибон, даргириҳои марзӣ, мавод мухаддир, буҳрони муҳоҷират, масъалаи шиъаён ва масоили тиҷоратӣ;

2 - Покистон: ТТП, масъалаи Дюранд, масъалаи паштунҳо, буҳрони муҳоҷират ва масоили тиҷоратӣ;

3 - Русия: гурӯҳҳои террористӣ, маводи мухаддир, адами ташкили ҳукумати фарогир;

4 - Осиёи Марказӣ: терроризм, маводи мухаддир, ҷудоиталабӣ, масоили тиҷоратӣ;

5 - Чин: масъалаи терроризм, чолишҳо дар барномаҳои иқтисодӣ ва маодини Чин дар Афғонистон, таъсири вазъияти амниятии Афғонистон бар муваффақият ипроект Як камарбанд- як ҷода;

6 - Рақобати аъроб, Эрон ва фароминтақа ва дар миён мондани Толибон дар ин бозӣ;

 - ДОИШ-и худсохта ва бурузи хатароти амниятӣ, ки мутаваҷҷеҳи амният минтақа аст ва Толибон масъули дараҷаи яки он ҳисоб мешаванд;

- Фақр, бекорӣ, истибдод, таассуб ва ҳижмунизми қавмӣ, ки мунҷар ба шаклгири ҷабаҳоти мутааддиди муқовиматҳои маданӣ ва сиёсӣ дар баробари ин гурӯҳ шудааст ва Афғонистонро то марзи порча-порча шудан, наздик кардааст;

 - Ҷабаҳот мутааддид муқовимат, ки ба гуна мусаллаҳона дар баробар ин гурӯҳ мубориза мекунанд ва ҳаҷм васее аз ҳамалотро дар баробар афрод ин гурӯҳ, анҷом майдаанд;

 - Чолишҳои иқтисодӣ ва таҳримҳои вазъшуда болои Афғонистон, тавъам бо масдуд мондани захоири арзии Афғонистон;

 - Тақобули ҳамсоягон дар Афғонистони таҳти контроли Толибон бар сари манофеи иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ;

 - Тақобули минтақа бо фароминтақа дар Афғонистон дар мавзӯъоти амниятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ;

 - таззоди манофеъ миёни кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва фароминтақа бар сар манобеи зерзаминии Афғонистон;

 - Бегона будан ва ғайри қобили қабул будани идеологияи толибонӣ дар минтақа ва ҷаҳон;

 - Ифшо шудани тарҳҳои ҷиҳодии фаромарзии проекти Толибон ва вокуниши минтақа дар баробари он. Идеологияи толибонӣ, кам-кам аз тарафи минтақа ва ҳамсояҳо, вокунишбарангез мешавад;

 - Сиёсати қавмии Толибон дар Афғонистон, ки мунҷар ба таҷзияи Афғонистон хоҳад шуд;

 - Гир мондан дар рақобатҳои минтақа бо фароминтақа, ки интихоби ҳар кадоми он барои Толибон, гузинаи душворе хоҳад буд.

 Ба ин асос, агар чолишҳои боло боқӣ бимонанд, умри режими Толибон кӯтоҳ хоҳад буд. Ин муҳосиба бояд дар назди мухолифони Толибон, барои санҷиши як барномаи муназзами сиёсӣ ва низомӣ барои мубаддал шудан ба бадили Толибон вуҷуд дошта бошад.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!