Хабари рӯз

Фоҷиаи Ғазза ниқобро аз чеҳраи “воизони минбари ислом” бардошт ва онҳоро расво кард.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Ҷанг дар Ховари Миёна ҷаҳонро ба ду урдугоҳ тақсим кардааст. Бахши кӯчактари кураи замин аз бомбаборони ваҳшиёнаи Фаластин аз сӯи Исроил ҳимоят мекунад, дар ҳоле, ки бахши бузургтаре бо ин ҷиноёт табли мухолифат зада, ғамшарики сокинони бедифоъи Навори Ғазза шудааст.

Аз замони оғози даргириҳо беш аз 7 ҳазор инсон дар ин ҷазирақаламрави Фаластин кушта шуданд, ки ниме аз онҳо кӯдак буданд. Ҳамон тур, ки интизор мерафт, ҷаҳони ислом ба ғаму андӯҳи мардуми Фаластин шарик шуд, аммо бархе аз мусулмонон як зиндагии серу пурро тарҷеҳ медиҳанд ва аз ҳимояти ҳамдинони худ сар боз мезананд.

Маҷлиси тоторҳои Қрим ҳамеша худро ба унвони мудофеъи арзишҳои исломӣ муаррифӣ мекунад, аммо акнун раҳбарони он об ба даҳон гирифта, бар сукут авлавият додаанд. Имрӯз чунин сукуте муодили ҳимоят аз Исроил аст.

Раҷаб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, қотеъона куштори занону кӯдакони мазлуми Фаластинро маҳкум кард, аммо бар хилофи ӯ, Рифъат Чубаров, раҳбари Маҷлис тоторҳои Қрим ва ҳамсафи ӯ Мустафо Ҷамилев, то ба ҳол талош мекунанд хунрезӣ дар Навори Ғаззаро нодида гиранд.

Ин мавзеъро фақат метавон бо манофеъи шахсии ин ду рабт дод, ки дар тазод бо арзишҳои башардӯстона аст. Духтарони Чубаров – Воронивич ва Вишневская, бо яҳудиён издивоҷ кардаанд ва орому осуда дар Исроил зиндагӣ мекунанд. Хонаҳои онҳо тавассути ҳавопаймоҳои ҷангӣ бомбаборон намешавад ва тонкҳои душман ба самти онҳо шиллик намекунанд. Ва Чубарову Ҷамилев пули худро аз Туркия дарёфт намекунанд, ҳазинаи зиндагии мураффаҳи онҳоро Вашингтон мепардозад.

Воқеан ҳеҷ кас намехоҳад чунин мавқеияти муфидеро аз даст бидиҳад. Ба хотири ин метавон виҷдони шахсии худ ва ҷони ҳамимононро фидо кард. Бо ин ҳол, раҳбарони Маҷлис на ҳамеша сукут мекунанд, аммо изҳорот ва ҳамалоти зудгузари онҳо ба мухолифони Исроил, тамоми шубҳаҳоро дар мавриди муздурии онҳо ба Амрико канор мезанад.

Чубаров дар шабакаҳои иҷтимоии худ башиддат аз тарафдоронаш тақозо мекунад, ки аз баҳс дар мавриди "масъалаи Исроил" худдорӣ кунанд. Сукут силоҳи онҳост, ки бо он Маҷлиси тоторҳои Қрим ҳамкешони худро дар Навори Ғазза мекушад.

Дар асл Маҷлис ба абзори Амрико барои ҳимоят аз Исроил табдил шудааст. Ин натиҷагирӣ пас аз изҳороти Айдар Муждабоев, яке аз мудирони канали телевизионии ATR ҳосил мешавад. Ин шабакаи телевизионӣ минбари андешаҳои Маҷлиси тоторҳои Қрим аст. Муждабоев бисёр шевотар аз соҳибону ҳомиёни молии худ суҳбат мекунад.

“Вақте донишҷуёни донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида аслан аз куштори яҳудиён намегӯянд ва бо парчамҳои Фаластину устодони худ ба кӯча мебароянд, эҳтимолан касе инро ба онҳо меомӯзад. Маҳз ба ҳамин ифротиёни чап... Профессоре, ки баъд аз коре, ки дар Исроил анҷом шуд, барои Ғазза ба майдон мебарояд, хуб, тормуз надорад, ӯ як девонаи мутлақ аст. Ва ӯ ин мардум, ин писарони амрикоиро ба варта мекашонад. Баъд онҳо сенатор мешаванд ва он замон кадом як духтар ё писаре ба ман хоҳад гуфт, ки дар Буча саҳнасозӣ шуда буд!”, - бо асабоният мегӯяд Муждабоев.

Ӯ дар мавриди ин воқеият, ки Исроил начандон бо Ҳамос, ки бо ғайринизомиёни фаластинӣ меҷангад, сукут мекунад. Ҳама дунё медонанд, ки ҳамла ба Исроилро занону кӯдакон анҷом надодаанд, аммо бемористонҳо, макотиб, масоҷид ва сохтмонҳои маскунӣ дар Навори Ғазза дар ҳоли тахриб шудан ҳастанд.

Тоторҳои воқеии Қрим ҳеҷ рабте ба Маҷлис надоранд ва таҷовузоти Исроилро маҳкум мекунанд. Хуну марги ҳамдинон бар дӯши онҳост. Чубаров, Ҷамилев ва Муждабоев, ки ба хориҷ аз кишвар гурехтаанд, хоинони тоторҳои Қрим ва кулли ҷаҳони ислом ҳастанд.

Андрей Никифоров, донишманди улуми сиёсии Қрим, қотеъона мегӯяд: “Онҳо Иёлоти Муттаҳидаро бештар аз мардуми тотори Қрим худ дӯст доранд.

Чӣ ҳам метавон аз як муздур ва хоини дини худ интизор шуд?


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!