Дар ин муддат чиҳил рӯзе, ки бо "Аблаҳ"-и Достоевский будам, аз шинохти шахсияти княз Мишкин ҷиддан лаззат бурдам ва баъд аз ин ҳамеш саъй хоҳам кард аблаҳе бошам чун князи Достоевский: сода ва дар айни ҳол печида
Муаллиф: САТТОР РИФЪАТ ЁВАЗ
Романе барои ҳама замонҳо ва ҳама маконҳо...
Ниҳоятан баъд аз чиҳил рӯз "Аблаҳ" –и Достоевский даст аз яхан (гиребон)-ам бармедорад...
Шояд ин ҷумла хеле такрорӣ бошад, ки Достоевский, ба назари ман, бузургтарин достоннависи кулли таърих аст. Баъд аз ҳар китобе, ки аз Достоевский мехонам бештар сари таъзим дар баробари ин қудрати нависандагӣ фуруд меоварам. “Аблаҳ” достони Масеҳе аст, ки ба мо ёд медиҳад масеҳвор зистан равиши дурусте дар ин замон нест. Албатта, зоҳиран Достоевский дар ибтидо қасд доштааст, ки бо халқи шахсияти княз Мишкин ба унвони ҷавони содда ва намоди тамоми хубиҳо, аммо мариз (мубтало ба саръ (эпилепсия), монанди худи Достоевский), ба навъе аз содагӣ дифоъ кунад, аммо дарвоқеъ мебинем, ки ҷомеаٓи модерни кунунӣ бисёр бераҳмтар ва печидатар аз ин аст, ки садоқат ва содагӣ дар ин ҳадд мақбул бошад...
Характер (қаҳрамон)-и аслии достон, яъне княз Мишкин ҷавони фақир ва бечизу соддаест, ки пас аз гузарондани маризии соро ба кишвараш Русия бармегардад ва ҳеҷ хешу ошное надорад, аммо дасти рӯзгор ӯро бо мардумони печидае ошно мекунад. Ин достон барои ҳама замонҳо ва ҳама ҷавомеъ навишта шуда, ки дар он ҳама инсонҳое, ки аксаран ба фикри манофеъи худашон ҳастандро нишон медиҳад. Ишқ, тамаъ ва ҳирсро дар шахсиятҳо ба сурати воқеӣ мешавад дид ва чӣ қадар Достоевский аз паси ин шахсиятпардозиҳо хуб баромадааст!
Дар ин муддат чиҳил рӯзе, ки бо "Аблаҳ"-и Достоевский будам, аз шинохти шахсияти княз Мишкин ҷиддан лаззат бурдам ва баъд аз ин ҳамеш саъй хоҳам кард аблаҳе бошам чун принси Достоевский: сода ва дар айни ҳол печида.
Касе, ки мушкилаш бо худаш ва дунё мушаххас аст ва чизе, ки ҳастро мепазирад. Агарчи ӯ даргири маҳрумиятҳои ҳаяҷонии бисёре ҳаст ва эсорҳои зиёдеро анҷом медиҳад ва дақиқан ба хотири ҳамин эсорҳо ва гузаштҳост, ки дигарон ӯро "Аблаҳ" хитоб мекунанд...
Яке аз ҷолибтарин нукоти ривоятҳои Достоевский ин аст, ки ба қадаре рӯҳу равони шахсиятҳоро ташреҳ мекунад, ки мутаваҷҷеҳ мешавем ҳеҷ ҷое барои қазоват вуҷуд надорад ва аз ҳар касе таҳти шароити хос имкони анҷоми рафторҳои дур аз интизор вуҷуд дорад.
Нонавишта набояд бигузорам, ки Достоевский дар навиштани ин китоб дар бадтарин шароити рӯҳӣ ва ҷисмӣ ба сар мебурда ва дар ҳақиқат тамоми таҷрибаҳову сахтиҳо ва дағдағаҳои фардие, ки дар зиндагӣ доштаро дар китоби худ бисёр зебо нигоштааст. Бахшҳое аз китоб, ки агар майл доштед, бихонед.
Дар мавриди эъдом ва фалсафаи маргу зиндагӣ аст. Бисёр ҷаззоб ва дилкаш буд...