Имрӯз 15 август аст ва як сол аз таҳвили Кобул ба дасти гурӯҳи "Толибон" пур мешавад. Хостам матлабе ҷамъбастӣ дар арзёбии як соли қудрати онон ва равандҳои минтақавӣ дар атрофи он нависам, аммо дидам, ки ҳоло вазъи ҷисмиву рӯҳӣ имкон намедиҳад.
Нависанда: Абдуллоҳи Раҳнамо, таҳлилгар ва шоири маъруфи Тоҷикистон
Ин аст, ки чанд шеър аз дафтари муқовимат интихоб кардаву гузоштам, то садоямро дар ин рӯзи тира рӯшан карда бошам.
Ва низ мехостам аз бетафовутии аксари ҷомеа ба сарнавишти ҳамватанони он сӯи Омӯ бигӯям, аммо чун ба коргоҳ мерасидам, назди Иттифоқи нависандагон ҷавоне яхмос мефурӯхт ва пеши бараш акси бузурги Аҳмадшоҳи Масъуд дошт. Ба худ омадам ва гуфтам, ки ин андеша, ин ҳаракат ва ин муқовимат ба ҳар шаклу сурате, ки набошад, зиндаву побарҷост.
Ва ин шеърҳои ҷигарӣ нисори ононе, ки сари тоҷикро баланд медоранд.
***
ҲАМСАНГАРӢ
Қасам ба кӯҳ, ки як мазҳари муқовимат аст,
Утоқи хонаи ман дафтари муқовимат аст.
Ду моҳ рафт, ки чун пайрадор бедорам,
Қатори мижаи ман лашкари муқовимат аст.
Ба пушти миз гаҳе рўйи даст мехобам,
Ки мизи кории ман сангари муқовимат аст.
Саҳифаҳои маҷозӣ ба ҳирс меполам,
Магар дар он хабаре аз дари муқовимат аст.
Ва гоҳ-гоҳ ба фарзанд низ мехонам,
Ки рамзи исми шабаш "ёвари муқовимат" аст.
Ду моҳ рафт, ки тилфон намондаам аз даст,
Ки он даричаи рӯшангари муқовимат аст...
Зи Панҷшер сурӯше ба осмон мерафт,
Қиёмат аст ва ё маҳшари муқовимат аст?
Чӣ сахт меравад он ҷо набарди озодӣ,
Ки сарнавишти Ватан бар сари муқовимат аст.
Агарчи минбару мавҷи муқовимат бастанд,
Ҳамин саҳифаи ман минбари муқовимат аст...
Ду моҳ рафт, ки об аз гулӯ намегузарад,
Қасам ба кўҳ, ки як мазҳари муқовимат аст…
***
МАСЪУД ПАРЧАМРО ГИРИФТ
Дар замоне, ки замон таслим шуд,
Офтоби осмон таслим шуд,
Боғ бар ҳукми хазон таслим шуд,
Мазҳабу қавму забон таслим шуд,
Кишваре аз бими ҷон таслим шуд,
Ин ҷаҳон бар он ҷаҳон таслим шуд…
Аҳмади Масъуд парчамро гирифт,
Ҳайбати тоҷик оламро гирифт!
Дар замоне, ки дили дунё шикаст,
Ҳинду Чину Русу Омрико шикаст,
Ҳарфи сулҳу ҳурмати имзо шикаст,
Охирин уммед бар фардо шикаст,
Ҳикмату ирфону Мавлоно шикаст,
Дар гулўи модарон ово шикаст...
Аҳмади Масъуд парчамро гирифт,
Ҳайбати тоҷик оламро гирифт!
Чун имоми қавм имонро фурӯхт,
Сарқумандонаш қумандонро фурӯхт,
Афсару сарбозу сарбонро фурӯхт,
Давлату дастуру девонро фурӯхт,
Кобулу Балху Бадахшонро фурӯхт,
Нозанинони Хуросонро фурӯхт...
Аҳмади Масъуд парчамро гирифт,
Ҳайбати тоҷик оламро гирифт!
Фарри масъўдӣ ба сар бархост ӯ,
Бо ҳамон фарри падар бархост ӯ,
Зинда шуд, бори дигар бархост ӯ,
Ҳамчу уммеди башар бархост ӯ,
Ҳамчу хуршеди саҳар бархост ӯ,
Инак аз ҳар бому дар бархост ӯ!
Аҳмади Масъуд парчамро гирифт,
Ҳайбати тоҷик оламро гирифт!
Бозтоби гавҳари озодагон,
Офтоби Ховари озодагон,
Посдори сангари озодагон,
Пешвои лашкари озодагон,
Шаҳсавори кишвари озодагон,
Сарбаландии сари озодагон.
Аҳмади Масъуд парчамро гирифт,
Ҳайбати тоҷик оламро гирифт!
Аҳмади Масъуд парчамро гирифт,
Ғайрати тоҷик оламро гирифт,
Шавкати тоҷик оламро гирифт!
***
САНГАР НИГОҲ ДОР
(Андешае манзум бар кишваре мазлум)
Гар рӯзи мо сиёҳ бувад, рӯзгор ҳеҷ,
Гар лолаи умед нарӯяд, баҳор ҳеҷ.
Ё Раб, шукӯҳи қомати мардон нигоҳ дор,
Вақте камар шикаста шавад, кӯҳсор ҳеҷ.
Ҳайфи биҳишти Кобулу гулгашти Қандаҳор,
Ҷойе, ки дил пиёлаи хун шуд, анор ҳеҷ.
Ҳоло касе ба сайри Шамолӣ намеравад,
Дар дидаи ситамзада гул ҳеҷу хор ҳеҷ.
Ҷойе, ки бобҳои хиёнат кушода аст,
Тадбири лашкариву сиёсатмадор ҳеҷ.
Ҷойе, ки раҳбарон бифурӯшанд роҳро,
Ҷон кандани зиёии эҷодкор ҳеҷ.
Даъвогари муқовимату хезишу ҷиҳод,
Дарсе ба ҷо намонд ба ғайри фирор, ҳеҷ.
Фарҳанг низ пеши ҷаҳолат сипар нашуд,
Афсонаи бузургии Балху Мазор ҳеҷ.
Як Панҷшер монда, ки дил мезанад ҳанӯз,
Як шуълаи наҳиф дар иқлими тор ҳеҷ.
Коре кунем ҷабҳаи Масъуд нашканад,
Шоиста нест ин, ки сухан сахту кор ҳеҷ.
Ҷонат агар дареғ бувад, нон шарик соз,
Баъди шикаст марсияи сӯгвор ҳеҷ.
Сангар нигоҳ дор, ки он ҷост сарнавишт,
Ҳангомаи маҷозиву шеъру шиор ҳеҷ…
***
ДАР ҲАВОПАЙМО...
(Дар ҳошияи як шеъри ноби Озар Салим )
То вораҳанд аз қавми барбар дар ҳавопаймо,
Печида дарвешу тавонгар дар ҳавопаймо,
Марду зану кокову кокар дар ҳавопаймо,
Ворехтанд аз бому аз дар дар ҳавопаймо,
Хоҳар ба майдону бародар дар ҳавопаймо,
Хоҳарбузург ин ҷову хоҳар дар ҳавопаймо,
Фарзанд ҷо мондасту модар дар ҳавопаймо,
Як осмон дилҳои пар-пар дар ҳавопаймо,
Гум гашта баҳси дину кофар дар ҳавопаймо,
Як миллате бо дидаи тар дар ҳавопаймо,
Лаъни Ғаниву таъни Атмар дар ҳавопаймо,
Мардум намегунҷад саросар дар ҳавопаймо,
Биншаста ҳатто берун аз дар дар ҳавопаймо,
Болои болу чарху панчар дар ҳавопаймо,
Ҳангомае аз Рӯзи маҳшар дар ҳавопаймо...
Чун монда буд умеди охар дар ҳавопаймо,
Ҳамчун Худо карданд бовар дар ҳавопаймо,
Рафтанд то марги муқаррар дар ҳавопаймо...
Бигристам бо шеъри Озар... дар ҳавопаймо...