Гуфтугӯи ҷолиби телефонии овозхони маъруф бо як дӯсташ
Нависанда: Фарҳод Дарё
Як дӯсти ширин ва ба ҷон баробар, ки дар бахши омӯзиши грамматикаи (забони) пашту ҳаққи устодӣ бар ман дорад, муддате буд ҷавоби паёмҳоямро намедод. Барояш як паёми савтӣ гузоштам ва гуфтам, “ӯ ҷавон, Худо кунад ҳама чиз хуб бошад. Парешонат ҳастем.”
Посух ҷолибе бароям фиристод ва гуфт: "Бисёр дӯстат доштем ва бароям азиз будӣ. Аммо аз вақте муқовамати шудӣ, дига сарам хуш намехӯрӣ. Хафа ҳам нашӣ."
Барқ ворӣ (барин) барояш занг задам ва гуфтам, “Аввал ху душманат хафа шава! Дувум, ки ман ҳаргиз аҳли ҷангу ҷабҳа набудаам ва бо гурӯҳҳои мувофиқ ва мухолифи мардум ҳам иштироки фаъолиятҳои созмонӣ надоштаам. Ман ҳамеша ҳар чӣ карда ва гуфтаам, фақат ба унвони як ҳунарманди мустақил ва низ ба ҳайси як ошиқи зиндагиву ошиқи инсон ва дилбастаи ватан анҷом додаам.
Дувум ин ки ӯ ҷони бародар, вақте мусиқӣ -, ки зиндагии ман аст - аз сӯи “ҷолибон”* манъ ва ҳаром эълом мешавад ва аз хонаи худам ронда мешавад, чӣ бояд бикунам? Оё аз шодӣ ва хушҳолӣ атан кунам, ё муқовамат? Вақте ду духтари нози худат аз ҳаққи таҳсил маҳрум шуданд, оё ту сокит мондӣ ва ба ин шайтонҳо байъат кардӣ, ё барои ҳаққи духтаронат истодагӣ ва муқовамат кардӣ? Вақте муқовамат кунӣ, ту ҳам муқоваматӣ гуфта мешавӣ, ҷони бародар!
Дар ҳақиқат имрӯзи тамоми мардуми Афғонистон дар баробари гурӯҳи ҳоким, муқовамат мекунанд. Касе бо забон, касе бо қалам, касе бо туфанг, касе бо рубоб ва касе ҳам бо Қуръон. Яке ба сурати гурӯҳӣ ва дигаре ба сурати инфиродӣ. Ман ва ту ба сурати инфиродӣ муқовамат мекунем! ”
Вақте телефони мо халос шуд, табъаш дубора мисли қадимо соф буд, аз суъитафоҳум маъзарат хост ва шурӯъ кард ба “ай лаф йу”-бозӣ.
Ва чунин буд, ки бо як гуфтугӯи рафиқона ва холисона, як суъитафоҳуми калон ҳал шуд.
Ҳамаатонро дӯст дорам!
Фарҳод Дарё”
*“Ҷолибон” – Толибон - Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст