Хабари рӯз

Ман, Гракус шикорчии Ҷангали Сиёҳ, аз вақте сар ба думболи бузи кӯҳӣ гузоштам ва аз партгоҳ суқут кардам, ин ҷо дароз кашидаам. Корҳо ҳама ба таври муназзам иттифоқ афтод. Бузи кӯҳиро думбол кардам, суқут кардам, дар дарае он қадар хун аз танам рафт, ки мурдам ва ин киштӣ қарор буда маро ба дунёи дигар бибарад.

Пешгуфтор ва тарҷумаи АЛИРИЗО МАҶИДӢ

Франс Кафка севуми июли 1883 дар Прага дар домони хонаводае яҳудӣ ба дунё омад, чиҳил солу ёздаҳ моҳ зиндагӣ кард, шонздаҳ солу шаш моҳ аз зиндагии худро сарфи дарсу мадраса кард (дарёфти докторои ҳуқуқ дар соли 1906) ва чаҳордаҳ солу ҳашт моҳ саргарми кори идорӣ буд.

Кафка издивоҷ накард, се бор номзад кард, ду бор бо Фалиса Боар, як бор бо Юли Варитск. Кафка гузашта аз иқоматҳое дар Олмон, тақрибан 45 рӯз аз зиндагии худро дар хориҷ аз кишвар гузаронд: Берлин, Мюнхен, Зурих, Париж, Милан, Венетсия, Верона, дарёи Балтика ва Одрро дид ва шоҳиди як ҷанги ҷаҳонӣ буд. Аз Кафка тақрибан чиҳил асар ба поён расида, бисёре навиштаҳои кӯтоҳ ва чандин асари нотмом ба ҷо мондааст. Се асари бузурги ӯ романҳои “Муҳокима”, “Қаср ва Амрико” ҳам нотамоманд. Кафка дар 39-солагӣ бознишаста шуд ва саранҷом севуми июни 1924 дар асари сили ҳанҷара дар осоишгоҳе дар Вена чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

Кафка дар яке аз номаҳои худ ба Милано Язанско моҷарои ибтилои худро ба бемории сил шарҳ медиҳад ва ба нуктае ишора мекунад, ки барои шинохти шахсият ӯ ва бархе аз осораш аҳамияти басазое дорад. Кафка менависад: «…бемории ман тақрибан се сол пеш нимаҳои шаб бо хунрезӣ шурӯъ шуд ва ман ҳамон тавр, ки дар пайи вуқӯъи ҳар ҳодисаи тозае пеш меояд ва бар хилофи он чи баъдҳо ба ман тавсия карданд) ба ҷои он ки дар тахти хоб бимонам, ҳаяҷонзада аз ҷо баланд шудам. Шак нест, ки каме тарсида будам. Ба самти панҷара рафтам, ба берун хам шудам, ба самтм мизм шустушӯ баргаштм, ба утоқи боло ва поин рафтам, рӯи тахт нишастам мудом хун, аммо ҳеҷ нигарон набудам, чун ба мурур, ба далеле хос, фаҳмида будам, ки дар сурати қатъ шудани хунрезӣ, пас аз се-чаҳор соли бехобӣ, барои нахустин бор хоҳам хобид».

Кафка ин номаро дар апрели 1920 навиштааст. Се-чаҳор соли бехобӣ, барои марде 37 сола! Радди пои ин бехобиро дар бисёре аз осори ӯ метавон эҳсос кард.

Кафка, нависандае, ки «осори аҷибу ғарибе» менавишт, дар тӯли умри чиҳилсолаи худ аз лазоизе ҳамчун ишқ, зиндагии хонаводагӣ ва истиқлоли фардӣ маҳрум монд, дар сисолагӣ ҳанӯз дар хонаи падарӣ зиндагӣ мекард ва ба падару модари худ вобаста буд. Аммо зиндагии ӯ буъди дигаре ҳам дорад. Баъд дарунӣ. Зиндагии дарунии Кафка дар умқи зоҳиран гусаста аз гузарони рӯзмаррагиҳо ҷараён дошт. Нерӯи нашъатгирифта аз дарун ӯро во медошт бо талоше васфнопазир, бо чашмпӯшӣ аз комравоӣ, бо пазириши дарду ранҷи ҷисмонӣ, адабиёти мунҳасир ба фарде падид биоварад, адабиёти ягона, ки сабку саёқи он тақлиднопазир аст.

Кафка худ дар тавзеҳи осораш мудом аз тавсифу тасвири партгоҳи дарунӣ сухан мегӯяд ва чӣ дар номаҳо ва чӣ дар ёддоштҳои рӯзонааш дороии худро нерӯе медонад, ки дар аъмоқи вуҷудаш ба шакли адабиёт мутамаркиз мешавад. Дар номаҳо ва ёддоштҳои рӯзонаи ӯ ағлаб ба чунин ҷумалоте бармехӯрем: бетафовутӣ ва беҳисӣ, чашмае хушкида, об дар аъмоқи дастнаёфтанӣ, ҳатто дар аъмоқе ҳам номаълум. Кафка мӯътақид аст, ки ҳақиқат аз боло намеояд, илҳом ё ҳадиае осмонӣ нест, ҳақиқат аз ғинои дунё сарчашма намегирад, ҳосили таҷрибиёти малмус нест, аз кору ҳамнавои инсонӣ ҳосил намешавад. Адабиёти воқеӣ аз назари ӯ танҳо аз умқ меояд ва ҳар чизе, ки реша дар аъмоқ надошта бошад, чизе сарҳамбандишуда ва маснуӣ аст.

 

Навиштан барои Кафка баёни андешае нест, ки дар олами хаёл ба унвони илҳоми ҳунарӣ ба зеҳнаш роҳ ёфта, навиштан барои Кафка кӯшише аст яъсолуд барои ҳазм кардани таъсироте, ки зиндагии рӯзона, одамҳо, хандаҳо, тамасхурҳо, нешу кинояҳо, муҳаббатҳо, ошноҳо ва ғарибаҳо бар ӯ мегузоранд. Навиштан барои ӯ талоше аст, ки шояд парвандаи рӯз баста шавад ва имкони хоб фароҳам ояд, хобе, ки дидем, камтар муяссар мешавад. Кафка менависад то ҳисоби худро бо рӯз пок кунад, вале медонем, ки роҳи гурез аз кобус, бедор шудан аз хоб аст. Аммо кобусҳои Кафка дар бедорӣ ба сӯроғи ӯ меоянд. Ончи дар тайи рӯз гузаштааст, дар зеҳни ӯ ба сурати тасовире пай дар пай такрор мешавад, ҳар тасвир, тасвири дигареро тадоъӣ мекунад, тадоъӣ дар тадоъӣ ва агар ӯ ин ҳамаро нанависад, идомаи зиндагӣ барояш номумкин мешавад, девона мешавад.

 

Франс Кафка фарзанди камҳарфи бозаргони худсохта ва тануманд буд, ки дар соли 1883 чашм ба ҷаҳон гушуд. Кафка, нависандаи борикандом, ҳассос ва равшанфикр, бештар умри худро дар зодгоҳаш Прага гузаронд. Дар 1909 ва 1910 ба ёрии Макс Брод достонҳое дар маҷаллаҳо ба чоп расонд. Кафка дар 1923 бо Дуро Даймонт, ки бист сол аз ӯ бузургтар буд, ошно шуд ва муддате кӯтоҳ бо ӯ дар Берлин зиндагӣ кард, аммо ба сабаби пешрафт бемори сил, ки ӯро ба сахтӣ озор медод, ногурез ба Прага бозгашт ва аз он ҷо ба осоишгоҳе дар Вена рафт ва дар ҳамон ҷо ба соли 1923 ва дар синни 40-солагӣ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

Романҳои «Амрико» (1911), «Муҳокима» (1914) ва «Кох» (1921) аз хатари нобудӣ наҷот ёфтанд, зеро Кафка қабл аз маргаш дар як буҳрони рӯҳӣ аз дӯсташ Макс Брод хоста буд онҳоро бисӯзонад.

Афсуни осори Кафка агарчи сабки достонсароӣ дар ҳоли ҳозир бисёр дигаргун шудааст, аммо ҳамчунон побарҷост ва ин худ танзе ба ҷо аст, ки гуфта мешавад, осори Кафка, бо он кайфияти по дар гурез будан, беш аз осори ҳамаи нависандагоне, ки бо садое расотар ва лаҳне мутмаинтар навиштаанд, саргаштагиҳои инсони қарни бистумро беҳтар менамоянад. Барои шинохти осори Кафка мутолиаи «Хотироти Франс Кафка» (1923-1910) зарурӣ аст. Танҳо аз хилоли ин хотирот аст, ки метавон умқи тардидҳои ӯро таҷриба кард ва бо хондани рӯйдодҳои ваҳшатбори достонҳояш, ки бо дасти мутмаин, забоне кӯтоҳгӯй ва гоҳ хандаовар ва бо бераҳмии тамом навишта шуда ва аз газофагӯӣ дар он хабаре нест лаб ба таҳсин гушуд. Инки борҳо гуфта шуда, хотироти Кафка, хотироти ҳар инсоне аст, ҷои тардид аст, аммо ин ки гуфта шавад, Кафка дар хотироти худ бо итминони камназир ва ҳунари мутаолӣ, беш аз ҳар чиз, перомуни мавқеияти хеш навиштааст, ҷой баҳс надорад.

“Гракуси шикорчӣ” яке аз осори барҷастаи Кафка аст.

 

ГРАКУСИ ШИКОРЧӢ

Ду писар рӯи девори бандаргоҳ нишаста буданд ва тос бозӣ мекарданд. Марде рӯи пилкони бинои ёдбуд, дар сояи қаҳрамони сангӣ, ки шамшерашро дар ҳаво охта буд, нишаста буд ва рӯзнома мехонд. Духтаре сатилашро аз чашмае об мекард.

Мевафурӯше канори тарозуяш дароз кашида ва ба дарё чашм дӯхта буд. Ду мард аз панҷараи боз ва даҳонаи дарҳои як кофе дида мешуданд, ки дар интиҳои кофе доранд шароб менӯшанд. Соҳиби кофе ҷилави мағоза, пушти мизе, нишаста буд ва чурт мезад. Заврақе, ки гӯӣ бо дасти нопайдо падидор шуда буд, ба оромӣ ба бандари кӯчак наздик мешуд. Марде бо нимтанаи обиранге аз соҳил боло омад ва таноберо аз ҳалқае гузаронд. Ду марди дигар бо кути тираранг ва дукмаҳои нуқраӣ, пушти сари заврақрон, тобутеро рӯи дӯш гузоштанд, ки зоҳиран марде дар он дароз кашида буд ва рӯяш порчаи гулдори абрешимии шаробадори бузурге кашида буданд.

Рӯи борандоз ҳеҷ кас ба сарафти одамҳои тозаворид науфтод, ҳатто вақте тобутро рӯи замин гузоштанд ва ба интизори омадани заврақрон, ки ҳанӯз саргарми росту раст кардани таноб буд, истоданд, касе наздик нарафт, касе чизе аз онҳо напурсид ва касе бо нигоҳе кунҷковона бо онҳо ҳамдилӣ накард.

Заврақрон саргарми корҳои зане шуд, ки кӯдаке дар оғӯш дошт ва ҳоло бо гесувони ошуфта рӯи арша дида шуд. Мард сипас пеш рафт ва ба хонаи дутабақаи зардранге ишора кард, ки дар канори дарё, дар самти чап, қад барафрошта буд. Тобуткашҳо бори худро баланд карданд ва то канори дари хона, ки кӯтоҳ буд, аммо сутунҳои шукӯҳманде дошт, бурданд. Писарке ба мавқеъ панҷараеро гушуд то ин иддаро, ки даруни хона нопадид мешуданд, бубинад, сипас аҷулона панҷараро баст.

Дар низ ҳоло баста шуд. Дар аз булути сиёҳранг буд ва бисёр маҳкам сохта шуда буд. Як даста кабутар, ки даври бурҷи клисо парвоз мекарданд, дар ҷилави хиёбони рӯбарӯи дар фуруд омаданд. Онҳо, ки гӯӣ хӯрокашон дар хона анбор шуда бошад, ҷилави дари хона ҷамъ шуданд. Яке аз кабутарҳо то табақаи аввал парвоз кард ва ба шишаи панҷара нӯг зад. Кабутарҳо ба рангҳои равшан ва зебо буданд. Зан, ки дар заврақ нишаста буд, дасташро дароз кард ва ҷилави онҳо дона пошид, кабутарҳо донаҳоро хӯрданд ва ба сӯи зан парвоз карданд.

 Марде, ки кулоҳи силиндр ба сар дошт, ҳоло аз яке аз кӯчаҳои борику бисёр шарошеб, ки ба бандаргоҳ мунтаҳӣ мешуд, поин омад. Навори сиёҳе ба кулоҳаш баста буд. Кунҷковона нигоҳе ба атроф андохт, чизе ки ӯро дилгир накунад, дида намешуд, аз дидани миқдоре ошғол дар як гӯша чеҳра дарҳам кард. Рӯи пилкони бинои ёдбуд пӯсти мева рехта шуда буд. Аз канори онҳо гузашт ва бо асо ҷойрӯйшон кард. Дари хонаро ба садо даровард ва дар ҳамон ҳол бо дасташ, ки дасткаши сиёҳе онро пӯшонда буд, кулоҳи силиндрашро аз сар бардошт.

Дар бедиранг боз шуд ва наздик ба панҷоҳ писарбача, дар ду радиф, дар долони дароз, зоҳир шуданд ва ҷилав аз таъзим карданд.

Заврақрон аз пилкон поин омад, ба марди сиёҳпӯш салом кард, ӯро ба табақаи дувум бурд, аз роҳрави равшан ва хушнамое, ки давр то даври ҳаёт кашида шуда буд, ҳидоят кард ва ҳарду, дар ҳоле, ки писарбачаҳо барои риояти эҳтиром бо онҳо фосила доштанд ва ба шитоб думболашон меомаданд, по ба утоқи бузургу хунуке, мушриф бар пушти хона, гузоштанд. Аз панҷараи утоқ ба ҷуз як девори содда, хокистарӣ, сиёҳшуда ва сангӣ, ҳеҷ хонае дида намешуд. Тобуткашҳо саргарми гузоштан ва равшан кардани чанд шамъи баланд дар болои сари тобут буданд, шамъҳо нуре надоштанд, балки танҳо сояҳоеро, ки то он лаҳза беҳаракат буданд, гурезонданд ва рӯи девор ба ларза во доштанд.

Порчаи рӯи тобутро канор зада буданд. Марде, ки то ҳудуде ба шикорчиҳо мемонд, бо мӯҳои каркшуда дар он дароз кашида буд. Беҳаракат буд ва ба назар мерасид, ки нафас намекашад ва чашмҳояш баста аст, бо ин ҳама танҳо ташрифоти перомунаш нишон дод, ки мурдааст.

Олиҷаноб қадамзанон болои сари тобут рафт, дасташро рӯи пешони марде, ки дар он дароз кашида буд, гузошт, сипас зону зад ва дуо хонд. Заврақрон ба тобуткашҳо ишора кард, то аз утоқ берун бираванд. Онҳо берун рафтанд, писарҳоро, ки берун ҷамъ шуда буданд, дур карданд ва дарро бастанд. Аммо ба назар нарасид, ки ин кор олиҷанобро розӣ карда бошад. Ӯ нигоҳе ба заврақрон андохт. Заврақрон ба сарофат афтод ва аз як дари маҳрамона даруни утоқи дигар нопадид шуд. Марди даруни тобут бедиранг чашмҳояшро боз кард. Сарашро бо нороҳатӣ ба сӯи олиҷаноб баргардонд ва гуфт:

«Шумо кӣ ҳастед?» Олиҷаноб бе он ки заррае тааҷҷуб карда бошад, бархост ва гуфт: «Шаҳрдори Риво”*.

Марди даруни тобут сар такон дод, бо ҳаракати нотавони дасташ ба як сандалӣ ишора кард ва пас аз ин ки шаҳрдор даъваташро пазируфт, гуфт: «Инро, ки албатта, медонам, оқои шаҳрдор, чизе ки ҳаст дар лаҳзаҳои аввали ба ҳуш омадан ҳамеша дучори фаромӯшӣ мешавад, чизҳо ҷилави чашмҳояш чарх мехӯранд ва беҳтар аст ҳама чизро бипурсам. Ҳатто агар ёдам бошад. Шумо ҳам эҳтимолан медонед, ки ман Гракуси шикорчӣ ҳастам».

Шаҳрдор гуфт: «Албатта, дишаб вуруди шумо ба иттилоъи ман расид. Муддате мешуд, ки хобида будем. Он вақт нимаҳои шаб занам фарёд зад: “Салваторе - исмамро садо мезад - ба он кабутари пушти панҷара нигоҳ кун. Рости ростӣ кабутар буд, он ҳам ба бузургии як хурӯс ба тарафи ман парвоз кард ва дар гӯшам гуфт: фардо Гракуси шикорчӣ мурда аз роҳ мерасад. Ба номи шаҳр ба истиқболаш биравед».

Шикорчӣ сар такон дод ва лабҳояшро бо нӯги забонаш тар карду гуфт: «Бале, кабутарҳо ин ҷо ҷилави ман парвоз карданд. Аммо ба гумони шумо, оқои шаҳрдор, ман дар Риво мондагор мешавам?»

Шаҳрдор посух дод: «Ҳанӯз намешавад гуфт, шумо мурдаед?» Шикорчӣ гуфт: «Ҳамон тур, ки мебинед, бале. Росташ солҳо пеш, бале, солҳо сол пеш, ман дар ҷангали сиёҳ, яъне дар Олмон, ҳамон тур, ки сар ба думболи бузи кӯҳӣ гузошта будам, аз партгоҳ суқут кардам. Аз он вақт то ҳоло мурдаам». Шаҳрдор гуфт: «Аммо шумо зинда ҳам ҳастед?»

Шикорчӣ гуфт: «Аз як назар зинда ҳам ҳастам. Киштии марги ман роҳашро гум кард. Ҳоло сукон иштибоҳӣ чархида, ё ҳавоси нохудо як лаҳза парт шуда, ё шавқи дидани сарзамини зебои модарии ман сабаб шуда, наметавонам бигӯям, чизеро, ки медонам ин аст, ки рӯи замин мондагор шудам ва он вақт киштии ман, то алон, бар обҳои заминӣ дар ҳаракат будааст. Бинобар ин, ман, ки чизе беҳтар аз зиндагӣ дар миёни кӯҳистонҳо нахостаам, пас аз марг дар ҳамаи сарзаминҳои курраи хокӣ сафар мекунам».

Шаҳрдор абрӯ дарҳам кашид ва гуфт: «Яъне коре дар он дунё надоред?»

Шикорчӣ посух дод: «Ман пайваста рӯи пилкони бузург, он ки ба дарвозааш мунтаҳӣ мешавад, қарор дорам. Рӯи он пилкони васеъ ва бениҳоят паҳн, чаҳор дасту по, ба ҳар тараф равонам, гоҳе ба боло, гоҳе ба поин, гоҳе ба рост ва гоҳе ба чап, ҳамеша дар ҳаракатам. Шикорчӣ ба шакли парвона даромадааст. Нахандед». Шаҳрдор барои дифоъ аз худ гуфт: «Намехандам».

 Шикорчӣ гуфт: «Хеле лутф доред. Ман ҳамеша дар ҳаракатам. Аммо вақте ба парвози бузурге даст мезанам ва дарвозаашро мебинам, ки ҷилав равам медурахшад, бедаранг дар киштии кӯҳнаам, ки ҳанӯз ғарибона бар дарёи заминӣ ё чизе монанди ин ба гил нишаста, аз хоб бедор мешавад. Дар утоқакам дароз кашидаам ва танҳо иштибоҳи бузургам ин аст, ки марг ҳам ба ман пузханд мезанад. Жулиё, зани нохудо, дарро мезанад ва нӯшидани субҳи сарзаминеро, ки ба тасодуф аз канори савоҳилаш гузаштаем, рӯи тобут мегузорад. Ман рӯи тӯшаки чӯбӣ дароз кашидаам, кафани сафеде пӯшидаам - касе аз диданам лаззат намебарад - мӯйсар ва ришам, ки мушкӣ ва ҷо ба ҷо хокистарӣ шуда, беандоза карк шуда, андомҳоям бо шоли бузурги гулдори шаробадори зане пӯшонда шудааст. Шамъи калисоӣ болои сарам қарор дорад ва маро равшан мекунад. Акси кӯчаке аз девори рӯбарӯи ман овезон аст, ки ба равшанӣ як марди африқоии бадавиро нишон медиҳад, ки найзаашро ба сӯям нишона гирифта ва моҳирона дар пушти сипари рангомезишудаи зебое паноҳ гирифтааст. Одам вақте дар киштӣ аст, дастхуши хаёлоти аблаҳона мешавад ва ин мавзӯъи марди бадавӣ аз ҳамаи хаёлот аблаҳонатар аст. Сандуқи чӯбии ман комилан холӣ аст. Аз сӯрохи девори канорам ҳавои гарми шаби ҷанубӣ мевазад ва ман садои бархӯрди обро бар киштии кӯҳна мешунавам».

 «Ман, Гракус - шикорчии Ҷангали Сиёҳ, аз вақте сар ба думболи бузи кӯҳӣ гузоштам ва аз партгоҳ суқут кардам, ин ҷо дароз кашидаам. Корҳо ҳама ба таври муназзам иттифоқ афтод. Бузи кӯҳиро думбол кардам, суқут кардам, дар дарае он қадар хун аз танам рафт, ки мурдам ва ин киштӣ қарор буда маро ба дунёи дигар бибарад.

Ҳанӯз ёдам ҳаст, ки рӯзи аввал бо чӣ шӯру шаафе рӯи ин тушаки чӯбии дароз кашидам. Кӯҳҳо ҳеҷ гоҳ, мисли ин чаҳор девори торик, ба овозҳое, ки ман дар он сар додам, гӯш надодаанд».

«Бо хурсандӣ зиндагӣ кардам ва бо хурсандӣ мурдам пеш аз ин, ки по рӯи араша бигузорам, кисаи борути бенавоям, кулапуштӣ ва туфанги шикориомро, ки ҳамеша бо ифтихор аз дӯш меовехтам, бо хурсандӣ дур андохтам ва монанди духтаре, ки либоси арӯсиашро мепӯшад, кафанамро тан кардам. Дароз кашидам ва мунтазир мондам. Он вақт бадбахтӣ аз роҳ расид».

Шаҳрдор дасташро аз рӯи дифоъ баланд кард ва гуфт: «Сарнавишти ваҳшатнок ва шумо худатонро гуноҳкор намедонед?»

Шикорчӣ гуфт: «Хайр, ман шикорчӣ будам, куҷои ин кор гуноҳ аст? Ман дар Ҷангали Сиёҳ, ки он рӯзҳо ҳанӯз гург дар он пайдо намешуд, думболи кори худам будам. Камин мекардам, нишона мегирифтам, шикорро мезадам ва пӯсти қурбониямро мекандам, куҷои ин кор гуноҳ аст? Кори ман баракат дошт. Номи шикорчии Ҷангал сиёҳро ба ман дода буданд. Куҷои ин кор гуноҳ аст?»

Шаҳрдор гуфт: «Маро эҳзор накардаанд ба ин кор бирасам. Росташ, ба назари ман ҳам ин чизҳо гуноҳе надорад. Аммо, бубинам, пас гуноҳ ба гардани кист?»

Шикорчӣ гуфт: «Ба гардани нохудо, дар ин ҷо касе ҳарфи маро намехонад, касе ба кӯмаки ман намеояд, ҳатто агар ба ҳамаи мардум гуфта шавад, ки маро ёрӣ кунанд, ҳеҷ дари панчарае боз намешавад, ҳама ба рахти хоб мераванд ва кӯрпаи худро рӯи сар мекашанд. Ҳамаи кураи хокӣ меҳмони хонаи шаб мешавад.

Ин кор бемаънӣ ҳам нест. Чун касе маро ба ҷо намеоварад ва агар ба ҷо биоварад, ҷоямро намедонад ва агар ҷоямро бидонад, тарзи рафтор бо маро намедонад ва намедонад чӣ тавр ба ман кӯмак кунад, фикри кӯмак ба ман навъе беморӣ аст, ки барои дармонаш бояд дар рахти хоб дароз кашид».

«Инҳоро медонам, барои ҳамин аст, ки касеро ба кӯмак намехоҳам, бо ин гоҳе - мисли ҳоло дасту поямро гум кардаам - ҷудо ба фикр меафтам. Аммо барои ин ки аз дасти ин фикрҳо халос шавам, фақат лозим аст нигоҳе ба атрофам биандозам ва бубинам куҷо ҳастам ва - бо итминон бигӯям - садҳо сол пеш дар куҷо будаам».

Шаҳрдор гуфт: «Фавқулода аст, фавқулода аст, бубинам, фикр мекунед, ин ҷо, дар Риво пеши мо бимонед?»

Шикорчӣ бо лабханд гуфт: «Фикр намекунам» ва барои ин ки узри тақсир хоста бошад, дасташро рӯи зонуи шаҳрдор гузошт. Гуфт: «Ман ин ҷо ҳастам, аз ин гузашта, намедонам ва дигар бигӯям, пои рафтан надорам. Киштии ман сукон надорад ва аз боде, ки аз даркоти асфали сарзамини марг меварзад, ҳаракат мекунад».

Манбаъ: Фирдавсӣ


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Фарҳанг

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!