Ҳеҷ қавме бар қавме бартарӣ надорад ва ҳеҷ қавм дар аксарият нест.
Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии исломӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, Иёлоти Муттаҳида Амрико, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ, узви Шӯрои машвараи "Сангар"
Мо дар қарни бисту якум қарор дорем ва бо асосоту равишҳои қарни нуздаҳум зиндагӣ мекунем. Ва ин масъала боис шудааст, ки мо на танҳо дар илму технология ақибмонда ҳастем, дар равобити иҷтимоӣ ва сохтори як ҷомеа адолатмеҳвар ҳам шадид ақибмонда ҳастем ва давлатмардон чун ҳамеша иқтидори сиёсӣ доштанд, барои маданӣ сохтани Афғонистон хидмат накарданд. Шояд кӯшиш карданд, ки банду онҳоро обод кунанд ва аммо аз манобеи инсоние, ки бузургтарин сармояи як кишвар аст, чашмпӯшӣ карданд ва мардумро кӯру бесавод нигаҳ доштанд, ки рӯз ба рӯз бо ҷаҳл, хурофоту мавҳумот ғарқ бошанд.
Бале, мардум салоҳият надоштанд ва мардуми мо сиёсату иқтисодро аз даҳани ҳукумат мешуниданд ва динро аз даҳани мазҳабиён. Ҳар ду ноком монданд, то таҳаввулоти бунёдиро ба вуҷуд биоваранд. Шумо меъёри бесаводиро бо панҷоҳ соли қабл бисанҷед, тафовути чандон надорад. Шумо меъёри фақрро тахмин кунед, мо фақиртар ҳастем. Шумо ҳуқуқу тасовии афроди ҷомеаро бисанҷед, мо бадбахттар аз панҷоҳ соли қабл ҳастем. Шумо ҳуқуқи бонувонро санҷиш кунед, ба сифр расидааст. Чаро? Далели он ин аст, ки давлатмардон, сиёсиён ва мазҳабиён ҳаргиз тағйир намекунанд ва ҳамеша мехоҳанд бо ангоштаҳои кӯҳна, пӯсида ва гандидаи қавмӣ, қабоилӣ, мазҳабӣ, табъиз, таассубу тангназарӣ сармоягузорӣ кунанд ва ин моро шадид бадбахт сохтааст. Роҳҳали ин масъалаи фосиди иҷтимоӣ эҷоби як инқилоби фарҳангии бузургро мекунад, то мо аввал мардумро бирасонем ва Афғонистонро аз лаҷанзори бадбахтии иҷтимоӣ наҷот диҳем.
Ҷомеаи маданӣ эҷоб мекунад, то мардум босавод бошанд, то барои худ тасмим бигиранд, на ин ки мазҳабу давлат барои мардум тасмим бигирад. Пас шарти аввал инқилоби фарҳангӣ ба асоси ояи муборака иқрои мубориза бо бесаводӣ аст, то синни ҳафтоду панҷ дар зарфи панҷ сол ҳама кишвар босавод шавад ва қодир бошад, ки бихонад, бинависад ва рӯзнома бихонад.
Дувум, ин фазои қонун дар мавриди тасовии ҳуқуқи шаҳрвандӣ аст, ки ҳама афроди ҷомеа зану мард дар муқобили қонун ҳуқуқи мусовӣ дошта бошанд ва мавзӯъи аксарияту ақаллият дар ботилдонии таърих қарор гирад. Шиори мо ин бошад, ки ҳеҷ қавме бар қавме бартарӣ надорад ва ҳеҷ қавм дар аксарият нест. Ҳеҷ мазҳабе бар мазҳабе бартарӣ надорад ва ҳеҷ мазҳабе дар аксарият нест. Ҳеҷ марде бар зане ва ҳеҷ зане бар марде бартарӣ надорад, магар тақвову дониш.
Севум, мубориза бо фақр аст, то мо битавонем ҷомеаро аз гадоиву тангдастӣ наҷот диҳем ва барои ин манзур сандуқи закотро таъсис кунем ва ҳадаф ин бошад, ки фақири имрӯз, фардо худаш закот диҳад. Қарордодҳои мавзун барои тавлид ё кишварҳои санъатӣ инъиқод бояд то мардум ба кор афтад. Ва дар канори ин барандохтани як низоми иқтисодии одилона, ки ҳуқуқи коргар таъмин шавад, зану мард кор кунад ва дасташон дароз набошад, мо бояд аз тариқи омӯзишу парвариш мардумро тадрис кунем, то аз исрофу масориф беҷо ҷилавгирӣ кунанд ва соҳиби пасандоз шаванд.
Чаҳорум, ислоҳи маорифи кишвар аст, ки нисоби таълимие, ки асосоти исломии илмӣ тадрис шавад ва донишҷуён ба асоси Қуръони Маҷид ва иршодоти ҳазрати Расули Карим ба ташаббуси худ дар зиндагӣ татбиқ кунанд, аммо дин таҳмил нашавад. Донишҷӯ бояд ҳаққи фикр кардан ва ташаббуси фикриро дар ҳама маворид ба шумули дин дошта бошад. Кӯдакон набояд аз забони модарӣ маҳрум шаванд ва ҳама забонҳо то синни понздаҳ тадрис шавад. Донишҷуён бояд бузургони ислом, забони арабӣ, Қуръон ва диду биниши исломӣ дода шаванд ва ҳама умури зиндагиро аз диди ислом бибинанд, то мо аз истисмори фарҳангиву ғарбзадагӣ наҷот пайдо кунем. Муҳандисӣ мусулмон бояд биёмӯзад, то чӣ тавр ба асоси меъмории исломии хонаҳо ва шаҳрҳоро нақшакашӣ кунад. Иқтисоддон бояд ба асоси иқтисоди исломӣ, ки монанди коммунизм ва капиталзими истисморӣ нест, иқтисоди мардумиро тадвин кунад, то мардум озодона тиҷорат кунад ва ташаббусоти иқтисодӣ барои мардум кор диҳад, устодон бояд дар ин роҳ тарбия шаванд. Яке аз мушкилоти кишварҳои рӯ ба инкишоф тақлид аст ва тақлид роҳҳали як кишвари мусулмонӣ нест. Тақлид моро аз фарҳанги мо бегона месозад ва ин худ роҳи истисморро боз мекунад.
Панҷум, дар як кишвари чандмиллиятӣ ҳама фарҳангҳо бояд тақдиру ситоиш шавад ва ҳама фарҳангҳо бояд шугуфоӣ дошта бошад, на ин ки зери таъсири як фарҳанг бошад, хоҳ фарҳанги бегона бошад ва хоҳ аз худ бошад, набояд зери таъсир бошад ва зебоиҳои худашро аз даст диҳад.
Дар гузашта ҳам гуфтем, ки барои ба вуҷуд овардани эътимоди комили байни мардуми Афғонистон бояд қурбаҷот ва қасабот, ки номҳои он тағйир дода шуда, дубора эҳё шавад. Ҳамчунон забонҳои бузурги кишвар, монанди форсӣ, ӯзбекӣ ва пашту бояд мутлақан мусовиёна бархӯрд шавад ва забони такқавмӣ бардошта шавад, то эътимоди мардум ҷалб гардад.
Шашум, ангоштаҳои қавмиву қабоилӣ, монанди бадалу хунбаҳо ва занро аз ҳуқуқи талоқ маҳрум кардан ва никоҳи сағиру никоҳ ба ҷабру зӯр бояд мутлақ лағв шавад. Чун никоҳ суннат аст ва омӯхтани илм фарз пас ҷавонон ташвиқ шаванд, ки аввал илм биёмӯзанд. Ҳеҷ кас ҳақ нахоҳад дошт, то як духтарро бидуни ризояти худаш дар ақди касе дохил кунад, ҳатто падару модараш.
Мероси марду зан мусовӣ эълом шавад. Тафсири оёт назар ба эҷоботи аср тағйир мехӯрад ва имрӯз мо наметавонем Қуръонро монанди ваҳҳобиҳо матнӣ қабул кунем. Қуръон назар ба эҷоботи асри ҳозир тафсир мешавад. Ин кор аз имкон ба дур нест ва чун муҳаққиқ ба ин кор ташаббус кардаам ва мардуми шарифи мо шадид истиқбол кардаанд.
Аҳодис бояд ғирбол шавад ва он аҳодис, ки ба Қуръони Маҷид мутобиқат надорад ва ё муғойири илм аст ва ё ба шахсияти волои Паёмбари Акрам (с) сар намехӯрад ва ҷаълӣ аст, баёнгари адолат нест ва ё аз исроилиёт ба мо расида ва ё аз фарҳанги бумии араб дохили мутуни ҳадис шудааст, ҳама бардошта шавад ва як маҷмӯаи усулии ҳадиси Паёмбар (с) тадвин гардад, то мардум аз фарҳанги волои Паёмбар ҳазз бубаранд ва зиндагӣ барояшон осон шавад ва бад-ин сурат аз таассубу табъиз, махсусан бар алайҳи бонувон ҷилавгирӣ ба амал ояд.
Мазҳаб як мавзӯи шахсе бояд бошад ва уламои мазоҳиб бояд якҷо кор кунанд ва бубинанд, ки кадом масъалаи фиқҳӣ кори ҷомеаро ҳал мекунад, ҳамонро ба органи қазоӣ пешниҳод кунанд.
Дин набояд таҳмил шавад ва мардум озод бошанд, машрут бар ин ки модаҳои қонуни маданӣ як масъаларо тасреҳ карда бошад ва ба аксарияти ороъ ба тасвиб расида бошад, мардум бояд тобеи қонун бошанд, на анархия, ки ҳар кас ба майли худ аз қонуни саҳроӣ кор гирад. Мардум бояд тадрис шавад, то дар умури дигарон мудохила накунанд, кӯдакони кишвар аз туфулият ба ҳокимияти қонуну пайравӣ аз қонуни ҳуқуқи мусовӣ тарбия шаванд.
Ҷилави ришваситонӣ ва фасоди идорӣ вақте гирифта мешавад, ки аввал органи давлатӣ намунаҳое аз тақво бошанд ва дувум маъмурини ҳуқуқи кофӣ дошта бошанд. Ва низом шаффоф бошад, ки ҳар кас битавонад дастрасӣ дошта бошад ва органи давлатӣ ва ғайри он масъул шинохта шавад.
Дар масоили сиёсӣ ҳама мардум ҳаққи кондид шудан ва раъйдиҳиро дошта бошанд ва сарватманду мустаманд ҳаққ дошта бошад, то худро кондид кунад на ин ки сарватманд худашро кондид кунад ва фақир ба хотир нотавонии иқтисодӣ аз фазои сиёсӣ маҳрум шавад.
Сафар озод бошаду гузарнома (паспорт) барои ҳама бошад на ин ки танҳо сарватманди мастафид шавад.
Кор ба аҳли кор супурда шавад ва байни зану мард, забону нажод набояд табъиз бошад ва танҳо аҳлият ва лаёқату кифоят дар кор мадди назар гирифта шавад.
Инқилоби фарҳангӣ ва ё инқилоботи мардумӣ аз ҷониби мардум аст ва мардум бояд барои зиндагии худ тасмим бигиранд, то бошад, ки мо як Афғонистони орӣ аз таассуб, қавмпарастӣ, мазҳабпарастӣ ва мутамаддин дошта бошем. Бидуни инқилоби фарҳангӣ мо ҳамеша тавассути хориҷӣ ва ё як қавм ва ё як мазҳаб поймолу истисмор мешавем.