Хабари рӯз

Суханронии Иосиф Сталин ҳангоми пазироии ширкаткунандагони даҳаи ҳунари Тоҷикистон дар кохи Кремл, 22 апрели 1941

Мутарҷим: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ

Ман мехоҳам чанд калима дар мавриди тоҷикҳо бигӯям. Тоҷикҳо мардуми хосе ҳастанд. Инҳо на ӯзбеканд, на қазоқ ва на қирғиз, инҳо тоҷик ҳастанд. Қадимитарин мардуми Осиёи Марказӣ.

Тоҷик, ба қавли эрониён, ба маънои тоҷдор аст ва тоҷикҳо ин номро чунин тавҷеҳ мекунанд. Аз миёни тамоми мардуми мусулмони ғайрирусӣ дар қаламрави Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, тоҷикҳо танҳо мардуми ғайритурк ва эронӣ ҳастанд.

Тоҷикҳо мардумоне ҳастанд, ки равшанфикронашон шоири бузург Фирдавсиро ба дунё оварданд ва беҷиҳат нест, ки тоҷикҳо суннатҳои фарҳангии худро аз ӯ мегиранд.

Ҳатман дар ин даҳа эҳсос кардаед, ки тоҷикҳо завқи ҳунарии беҳтаре доранд, фарҳанги куҳан ва завқи ҳунарии хоси онҳо дар мусиқӣ, дар овоз ва дар рақс бозтоб меёбад.

Гоҳе руфақои русии мо тоҷикро бо ӯзбек, ӯзбекро бо туркман, арманиро бо гурҷӣ иштибоҳ мегиранд, албатта, ки ин як иштибоҳ аст.

Тоҷикҳо мардуми хос ва дорои фарҳанги бостонӣ ва мутаолӣ ҳастанд ва дар низоми Шӯравии мо, ояндаи олӣ дар пешрав доранд. Тамоми Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ бояд дар ин амр воқиф ва ба онҳо кӯмак кунад.

Ман орзу дорам то ҳунари онҳо мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирад.

Ман ҷоми худро ба хотири шукуфоии ҳунари тоҷикӣ, мардуми тоҷик ва низ ин воқеият, ки мо маскавиҳо ҳамеша омодаи кӯмак ба онҳо дар ҳар амре бошем, баланд мекунам.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Фарҳанг

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!