Симин Беҳбаҳонӣ дар бораи рақобат миёни ӯву Фурӯғи Фаррухзод
Муаллиф: Симин Беҳбаҳонӣ,
Манбаъ: "Гузоришномаи Афғонистон"
Бону Симин Беҳбаҳонӣ дар бораи ӯ ин гуна менависад: ману Фурӯғ дар як арса ба шӯҳрат расидем, тақрибан ҳамзамон аз замин ҷӯшидем ва сабз шудем, аммо миёни ману Фурӯғ рақобате буд. Пинҳон намекунам ҷаласоте буд, ки ману ӯ ва чандин шоиру соҳибзавқ ба таври мустамар дар он ширкат мекардем, аммо ҳаргиз миёни мо ду тан дӯстӣ барқарор намешуд. Ғолибан аз суханонамон нисбат ба ҳам бӯи бемеҳрӣ меомад. Шояд бигӯӣ: рашк...
Як шаб дар маҷлисе он қадар аз ӯ ранҷидам, ки тасмим гирифтам дигар набинамаш ва надидам. Бо ин ҳама татаввур шеърашро думбол мекардам. Гиребони хотири худро наметавонистам аз дасташ халос кунам. Шояд ӯ ҳам ҳамин тавр...
Бо ин, ки дигар намедидамаш, саъй мекардам, ки аз ӯ ақиб намонам. Давандаи хубе буд ва метавонист маро хуб бидавонад. Ҳамеша ин эҳсосро ба ӯ доштам. Як рӯз ғуруб буд, замистон буд. “Таваллуди дигар” мунташир шуда буд ва қабули ом ёфта буд. Телефон занг зад. Садои муртаише дар телефон гуфт: «Фурӯғ тасодуф кард ва...» телефони дигар ва телефони дигар. Намехостам бовар кунам, аммо дигар мебоисте бовар кунам. Беш аз он ки ба умқи фоҷиа биандешам, худхоҳӣ ин тавр ба суроғам омада буд: агар рост бошад, агар чунин бошад, дигар чӣ касе медавад, ки туро бидавонад?...
То муддате шеър нагуфтам. Фикр мекардам, дигар касе нест, ки маро бидавонад. Охир пас аз муддате гуфтам: чаро поят шикаста? Ў пас аз марг ҳам медавид, ту ҳам бидав. Дуруст ташхис дода будам, ӯ пас аз марг ҳам медавид. Бо мавҷе, ки барангехта буд медавид...
Меравам хаставу афсурдаву зор,
Сӯи манзилгаҳи вайронаи хеш.
Ба Худо, мебарам аз шаҳри шумо,
Дили шӯридаву девонаи хеш.
Фурӯғи нозанин!