Хабари рӯз

Кӣ ҷойгузини Толибон дар нишасти байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург хоҳад шуд?

Нависанда: Холид Воҳидӣ, рӯзноманигори муқими Москва.

Дунёи тиҷорат дар ҳоли омода шудан барои як рӯйдоди бузург аст. Русия аз 14 то 17 июн бори дигар мизбони Ҳамоиши байнулмилалии иқтисодии Санкт-Петербург хоҳад буд. Ин ҳамоиш аз соли 2006 баргузор мешавад ва аз он замон то кунун маҳбубияти он афзоиш ёфтааст. Ҳатто дар соли гузашта, ки Русия таҳти фишори таҳримҳои Ғарб буд, ҳудуди 14 ҳазор нафар аз 130 кишвари ҷаҳон ба Санкт-Петербург омаданд. Беш аз 80 кишвар намояндагони худро фиристоданд. Дар ҳошияи ҳамоиш, 700 қарордод ба маблағи беш аз 5.5 триллион рубл (ҳудуди 700 миллион доллар) ба имзо расид.

Чунин алоқаи зиёд ба Ҳамоиши байнулмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ошкор аст - Русия фақат як кишвар бузург нест, балки як бозори бузург аст, ки наметавон имконоти онро нодида гирифт. Ин кишвар яке аз нақшҳои пешрав дар иқтисоди ҷаҳониро ифо карда ва мекунад. Шароитҳояш низ барои қудратҳои тиҷории бузург ва ҳам барои кишварҳои дар ҳол тавсеа ҷаззоб ба назар мерасад. Шояд ба ҳамин хотир Ҳамоиши байнулмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ба як платформаи ҷаҳонӣ барои ҷустуҷӯи манофеъи мутақобил табдил шудааст, ба ин маънӣ, ки имсол дубора серодам хоҳад шуд.

Тибқи гузориши Росконгресс, имсол масирҳои барномаи тиҷорӣ ба таври суннатӣ ба масоили иқтисоди ҷаҳонӣ ва Русия, масоили иҷтимоиву тавсеаи фановарӣ ихтисос дода мешавад. Ба гуфтаи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, як блоки ҷудогона аз масоил ба бозори кор ихтисос дода хоҳад шуд. Мушкилоти муртабит бо бекорӣ барои бисёре аз кишварҳои ҷаҳон доғ шудааст. Дар айни ҳол, Русия дорои таҷрибаи ғанӣ дар заминаи иштиғол аст. Имрӯз бекорӣ дар Русия аз лиҳози таърихӣ дар сатҳи поине қарор дорад ва бисёре аз саноеъ ба камбуди коргар мувоҷеҳанд.

Ҳамоиши байнулмилалии иқтисодии Санкт-Петербург як платформаи муносиб барои баргузории суханрониҳо ва ҷустуҷӯи шарикон аз ширкатҳои пешрави русӣ аст. Барои бисёре аз кишварҳо, ин фурсати хубе барои имтиноъ аз сармоягузориҳои ошкорои бесуди ғарбӣ ва чинӣ хоҳад буд. Ширкатҳои русӣ тавонистаанд инъитофпазирии шароити худро нишон диҳанд ва омодаанд то манофеъи шарикони байнулмилалиро дар назар бигиранд.

Нуктаи калидии дигар эҷоду тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Африқо, Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна аст. Бисёре аз онҳо ба далели иртибот бо Русия таҳти фишори Ғарб қарор гирифтаанд. Иқтисоди ҷаҳонӣ ба суръат дар ҳоли тағйир аст, ба ин маънӣ, ки механизмҳои ҳамкории ҷадиде мавриди ниёз аст, ки ба Русия имкон медиҳад аз юғи таҳдидҳои таҳримҳо фирор кунад.

Ҳамаи инҳо дар бисту шашумин Ҳамоиши иқтисодии байнулмилалии Санкт-Петербург мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт. Кишварҳои зиёде, аз ҷумла Русия, ба ин мавзӯъ алоқаманд ҳастанд.

Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти дастури кори эъломшуда, теъдоди зиёди ширкаткунандаи ҷадид пешбинӣ мешавад. Ба унвони мисол, нахуствазири Куба, Мануэл Марреро Круз, ки ба даъвати раҳбарии Русия ба Санкт-Петербург хоҳад омад. Метавон гуфт, агар соли гузашта ширкати Толибон, ки ба намояндагӣ аз Афғонистон дар ин ҳамоиш ширкат дошт ва ширкати имсолааш ҳанӯз таъйид нашудааст, сарусадои зиёдеро ба бор оварда буд, имсол ҳузури раҳбари Куба ҷолиб хоҳад буд. Аммо, он гуна ки дастандаркорони ҳамоиш бидуни ироаи тафсилот мегӯянд, кӯбоиҳо низ танҳо касоне нестанд, ки дар Русия интизорашон ҳастанд.

Чунин боздидҳо барои ҳарду тараф суд дорад. Танҳо яке аз манотиқи Русия - вилояти Ленингарод - қасд дорад беш аз 20 қарордоди сармоягузорӣ дар заминаҳои мухталифи санъатӣ ба имзо расонад. Асари иқтисодии тавофуқоти ҳосилшуда бояд аз 100 миллиард рубл бештар бошад. Ва ин фақат яке аз намунаҳост.


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!