Марксизм фурсатҳои халлоқияти тавлидиро маҳдуд сохт ва дар натиҷа мутари “Волга”-и русӣ бо “Мерседес бенз”-и олмонӣ рақобат карда наметавонист.
Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии исломӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, Иёлоти Муттаҳида Амрико, узви Шӯрои машвараи "Сангар"
Сиёсӣ ва башаршиносии фарҳангӣ, ки дар ин ду ришта дар Аврупову Амрико таҳсил кардам, бисёр тааҷҷуб мекунам, ки иддае афғонистониҳо бидуни ин ки китоби “Сармоя”-ро хонда бошанд, ҳанӯз ҳам бо ин ки мо дар ҳаёти худ нокомии Марксро ба чашм хондем ва ҳатто метавонам бигӯям, дидем, вақте девори Берлин бардошта шуд, ӯро як назрияпардози донову ҳушёр медонанд.
Яке аз мушкилоти мардуми ом ҳамин аст, ки бидуни ин ки худ амиқ мутолиа кунанд, дигаронро кӯр-кӯрона таъқиб мекунанд. Чунончи як идда барои оқои Суруш, ки як найрангбози ҳирфаӣ аст ва бо шеъру фалсафа мардумро гӯл задааст, каф мезананд, касе ки бидуни шавоҳиди илмӣ тафаккури Муҳаммад, пешвои исломро як рӯъё медонад. Дар мавриди Маркс ҳам айни вазъият аст. Аввал ин ки аз нигоҳи сотсиология, яъне робитаи ҷомеашиносӣ ба равоншиносӣ теорияи Маркс собит шуд, ки ҷанбаи амалӣ надошт. Ман кӯшиш мекунам, то ин мавзӯъро оммафаҳм бинависам, то насли ҷавон аз ин фиребкориҳо ва найрангҳо ба номи пролетариат огоҳ бошанд. Оммафаҳм барои ин ки ҳазрати Расули Карим (с) фармудааст, ки ба ақли мардум сухан гӯед.
Як назария вақте муваффақ аст, ки татбиқи он натиҷаи мусбат диҳад. Назарияи Маркс дар Русияи Шӯравӣ ноком монд ва Русия аз ин найрангбозӣ ба номи марксизм ва ленинизм наҷот ёфт. Дар Чин ҳам ноком монд ва дар асари пешрафти назарияи неолиберализм, Чин маҷбур шуд, то state capitalism ё сармоядории давлатиро ба вуҷуд биоварад, дар ғайри он монанди Русияи Шӯравӣ суқут мекард. Барои мутолиаи неолиберализм лутфан китоби “Неолиберализм” (“Neoliberalism”)-и Давид Ҳарвиро бихонед, ки чӣ гуна Ғарб тавонист, ки Чин худро ғайримустақим аз юғи марксизм наҷот диҳад.
Ҳоло кӯтоҳ, ки ҳама ҳавсалаи хонданро дошта бошанд, мухтасаран ин назарияи ноқис ва ғайриинсониро, ки ба ҷойи наҷоти башар, инсони озодаро ба асорат кашид, менависам, то масъулияти худро барои насли ҷавон адо карда бошам.
Аввал Маркс ноком монд, то пешрафти инкишофи сармояро на танҳо ба дасти сармоядор, балки ба дасти мардум пешбинӣ кунад. Шумо имрӯз пешрафти сармояро ба дасти мардум дар кишварҳои ғарбӣ ба чашм мебинед
Маркс ноком монд, ки арзиши коргарро дар қиболи сармоя пешбинӣ кунад. Имрӯз шумо як модаро барои таъмир, таври мисол сад доллар харид мекунед ва коргар сечанд асли қимати модаи харидашуда, ҳуқуқ мегирад. Имрӯз як коргари амрикоӣ аз як устоди донишгоҳ зиёдтар ҳуқуқ мегирад.
Маркс ноком монд бубинад, ки контроли асосии сармоя бад-ин маънӣ нест, ки рӯбинои асосии ҷомеа тавассути сармояро пешбинӣ кунад, ки миллионҳо нафар тавассути инкишофи сармоя соҳибкор шуд. Беҳтарин мисоли рӯбинои умда дар сармоядорӣ инкишофи сареи Олмони Ғарбӣ баъд аз ҷанги ҷаҳонии дувум тавассути сармояи “Плани Маршал”-и Амрико буд. Имрӯз садҳо парчамӣ ва марксистии Афғонистон дар кишварҳои сармоядорӣ зиндагӣ мекунанд!!!????
Маркс тасаввур кард, ки пролетариат буржуазияро нобуд мекунад ва истисмори коргару силсиламаротиби он аз байн меравад, дар ҳоле ки буржуазия ва силсиламаротиби он ба шакли дигар арзи андом кард ва чанд хонаводаи муқтадири ҷаҳон иқтисодро чунон идора мекунанд, ки даҳани марксист боз мондааст. Лутфан дар ин маврид китоби “Кумитаи 300 - Конуни тавтеаҳои ҷаҳонӣ” (“The committee of 300” – и Ҷон Колман, ки ба форсӣ тавассути доктор Яҳё Шамс ҳам тарҷума шудааст, мутолиа кунед.
Ин ки тӯдаҳои мардум ба номи пролетариат ба зиндонҳо рафт, табъид шуд ва кушта шуд, баҳси ҷудогона аст ва аз ҳавсалаи ин мазмун берун аст.
Маркс динро (ҳадафи ӯ исавият буд) афюни тӯдаҳо хонд, дар ҳоле, ки сармоядору мазҳабии исавӣ дасти худро барои аз байн бурдан марксизм яке кард ва на танҳо, ки марксизмро дафн кард, имрӯз қавитарин аҳзоби сиёсӣ мазҳабиюни исавӣ аст. Лутфан дар ин маврид китоби “Теократияи амрикоӣ” (“American theocracy”) Кевин Филипсро мутолиа кунед.
Марксизм фурсатҳои халлоқияти тавлидиро маҳдуд сохт ва дар натиҷа мутари “Волга”-и русӣ бо “Мерседес бенз”-и олмонӣ рақобат карда наметавонист. Ин фикри озод аст, ки халлоқияти тавлидиро боз мекунад. Солҳо коргари бихӯру намир барои давлат кор кард ва натиҷаашро шумо шоҳид ҳастед.
Ҳоло, ки китобхонаҳо дар дастраси мост. Оё беҳтар нест зиёдтар мутолиа кунем ва кӯр-кӯрона ҳар чизро қабул накунем? Қуръон чӣ зебо мегӯяд ва "афала тааққилун", яъне магар тааққул намекунед. Ва Мавлонои Балх дар мавриди тақлиди кӯркӯрона чӣ зебо гуфтааст:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод.