Дипломатияи Толибон чӣ гуна мехоҳад бо гарм кардани бозори литиуми Афғонистон, режими худро ба расмият бишносонад?
Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия
Дар остонаи дусолагии бозгашт ба қудрат, режими Толибон дар Афғонистон қасди худро барои боз кардани захоири литиуми Афғонистон - ашёи хоми стратегии қарни бисту якум - ба рӯи кишварҳои хориҷӣ эълом кард.
Ду сол қабл Толибон ҳар гуна талоши хориҷиҳо барои вуруд ба бозори литиуми Афғонистонро, гоҳе авқот бо истифода аз иқдомоти хашин (монанди ҳамалоти террористӣ/аъмоли тарс додан барои ҷилавгирӣ аз чиниҳое, ки дар талош барои тавсеаи ғайриқонунӣ ё нимақонунии маодини литиум дар Афғонистон дар соли 2022 буданд) масдуд карда буд.
Чӣ чизе боиси ин “чархиши литиум” дар сиёсати Толибон шуд?
Аввал, ин амр бо коҳиши мудаввоми алоқаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба “эксперименти Толибон” ва режими Толибон дар Афғонистон рабт дорад. Ин ба навбаи худ, ҳам бо машғулии ҷаҳон ба буҳрони Украина ва ҳам бо хастагии мудовими ҷаҳон аз ҳар чизе, ки ба "масъалаи лаънатии афғон" марбут мешавад, муртабит аст.
Толибон Афғонистонро ба муддати ду сол дар дастури кори байналмилалӣ қарор дод. Вазъият дар ин кишвар, пас аз як силсилаи солҳо ва рӯйдодҳои драматикӣ, “ба ҳолати таълиқ даромадааст” (бархе хушбинҳо чунин ҳолатеро тасбити амният меноманд, аммо ин, ба назари мо, пешниҳод кардани орзу ба ҷои воқеият аст). Таҳдидҳои Афғонистон бо таҳдидҳои ошкортари марбут ба буҳрони Украина аз бистари сиёсии байналмилалии кунунӣ хориҷ шудааст.
Ин амр аз як сӯ дасти Толибонро барои озмоишҳои иҷтимоии худ дар Афғонистон боз кард ва аз сӯи дигар онҳоро барои бақияи ҷаҳон ғайриҷолиб сохт.
Ҷиҳоде, ки барои дунё ҷолиб нест, дигар бонатиҷа ва судовар нест.
Толибон аз ин ки дигар ҷолиб нестанд, таваҷҷуҳи сиёсӣ ва иқтисодии хориҷиро, ки пас аз пирӯзӣ дар августи 2021 рӯи он ҳисоб мекарданд, аз даст додаанд.
Толибон, ки дирӯз мавзӯъи литиумро ба майдони иттилоот партоб карданд, мехоҳанд алоқаи ҷаҳони бузургро дубора ба даст оваранд.
Сониян, "чархиши литиум" бо шикасти талошҳои мутааддиди Толибон барои дастёбӣ ба эътирофи сиёсии расмии байналмилалӣ ҳамроҳ аст.
Толибон бо қавл ба давлатҳо ва ширкатҳои чинӣ, аврупоӣ ва арабӣ имкони дастрасӣ ба захираҳои литиуми Афғонистон, интизор доранд дар ивази он, “ба расмият шинохтани литиумӣ”-и байналмилалии режими худро дарёфт кунанд. Ҳамон тур, ки мегӯянд, “агар аз дар занӣ, аз бом меоям”.
Аз ин назар, Толибон эҳтимолан талош хоҳанд кард то аз инҳисори ҳар кишваре бар проекти бузурги литиум дар Афғонистон худдорӣ кунанд. Дақиқан ба ин далел, ки дар дараҷаи аввал як проекти сиёсӣ ва сипас як проекти иқтисодӣ аст.
Ишороти коргузорони Толибон мабнӣ бар ин ки мумкин аст рафиқони чинӣ дар ин замина имтиёзоте дошта бошанд, мумкин аст марбут ба мавқеияти вежаи ҷаҳонӣ ва минтақаии Чин бошад, ки бо ба расмият шинохтани режими Толибон дар ивази дарёфти литиум, метавонад як саре аз шиносоиҳоро аз сӯи давлатҳои вобаста ба Пекин тазмин кунад.
Агарчи, албатта, дағалгуфториҳои намоишии Толибон дар мавриди ироаи эҳтимолии имтиёзҳои литиум ба Ҷумҳурии Халқи Чин низ мумкин аст ҷанбаи таҳрикомезе – бедор кардани ҳасодати мухолифони чинӣ ба намояндагӣ аз Иёлоти Муттаҳида ва Ғарби ҷамъӣ ва бар ин асос, ба ҳаракат даровардани онҳо - дошта бошад.
Дар ниҳоят, солисан, "чоп"-и мавзӯъи литиум тавассути Толибон мумкин аст бо буҳрони иқтисодии фазоянда дар Афғонистон ва дар натиҷа бо таҳдиди коҳиши судоварии иқтисоди ҷиҳодӣ ҳамроҳ бошад.
Ин метавонад ба коҳиши имконоти молии дохилии "саноати ҷиҳод" - сохторҳои қудрати режими Толибон, ва ҳамчунин ба таҳдиди коҳиши нархи анбошти аввалияи сармоя тавассути нухбагони Толибон мунҷар шавад.
Раҳбарони Толибон аз замони ба қудрат расидани ду соли пеш даст ба ғанисозии шахсии иҷборӣ задаанд. Ба гуфтаи нозирони босалоҳияти афғон, чеҳраҳои аввалини рада дар силсиламаротиби Толибон муддатҳост, ки ба миллионерҳои долларӣ табдил шудаанд ва ҳамчунон фаъолона ба сарвати шахсии худ идома медиҳанд.
Раҳбарони Толибон ҳар чизеро, ки метавон “ба суръат” аз Афғонистон гирифт, қаблан гирифтаанд. Замони он фаро расидааст, ки захоири стратегии кишвар - захоири литиум, ҳамроҳ бо саноати истихроҷи сангҳои қиматбаҳо - ба даромади шахсии "падарон ва писарон"-и ҷиҳоди Афғонистон табдил шавад.
Дипломатияи литиум ва "ҷиҳоди литиум" дақиқан авлавиятҳои стратегии ҷадиди режими Толибон пас аз натоиҷи ду соли аввали бозгашт ба қудрат аст.
Ба расмият шинохтан ва ғанисозӣ (машрӯъият бахшидан на фақат ба режими сиёсӣ, балки ҳамчунин сарвати шахсӣ) аҳдофи ниҳоии раҳбарони Толибон аст.