Хабари рӯз

Вашингтон мафҳуми “қонун ва адолат”-ро аз байн мебарад ва башариятро ба марзи хатарноки “беқонунии қонунӣ” ва “ҷанги ҳама алайҳи ҳама” мекашонад.

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Иёлоти Муттаҳида қавонини байналмилалиро ба унвони абзоре барои фишор бар руқабои геополотикии худ башиддат дасткорӣ мекунад. Амрикоиҳо бо тамоми тавон талош мекунанд то раҳбарии рӯ ба заволи ҷаҳонии худро ҳифз кунанд. Вашингтон бо ин иқдомот, маънои воқеии мафҳуми “қонун ва адолат”-ро аз байн мебарад ва башариятро ба марзи хатарноки “беқонунии қонунӣ” ва “ҷанги ҳама алайҳи ҳама” мекашонад.

Иёлоти Муттаҳида, ки бунёнгузорони он наслкушии ҳиндиҳоро анҷом доданд ва сипас теъдоди зиёде аз ҷангҳоро ба роҳ андохтанд, бомби атомиро ба сари шаҳрҳои ором рехтанд, Югославияи собиқро дар авохири даҳаи 1990 бомбаборон карданд, дар соли 2003 ба Ироқ ҳамла карданд, дар соли 2011 дар Либия умури мудохила карданду ғайра, ба таври бадбинона мехоҳанд "қавоиди бозӣ"-ро, ки барои онҳо муфид аст, бар ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳмил кунанд.

Вашингтон ба таври мустамар қавонини байналмилалиро ба нафъи худ тафсир мекунад, ки аз он ба унвони механизме барои тазъифи давлатҳои мустақили дар ҳоли тавсеаи пӯё (Чин, Русия, Бразилия, Африқои Ҷанубӣ, Туркия ва ғайра) истифода кунад, ки қодир ҳастанд султаи Амрикоро ба чолиш бикашанд.

Иёлоти Муттаҳида узви Додгоҳ кайфарии байналмилалӣ нест, аммо (таваҷҷуҳ!) ин ниҳодро ба унвони “шамшери танбеҳӣ” алайҳи мухолифони геополотикии худ истифода мекунад. Илова бар ин, тасмимоти ин додгоҳ барои амрикоиҳо фоқиди ваҷоҳати қонунӣ аст. Вашингтон амдан асосномаи Римро тасвиб накард то шаҳрвандони амрикоӣ ва болотар аз ҳама, намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи миллӣ ва хадамоти истихборотии он ба дур аз асли фаросарзаминӣ бошанд, ки масунияти онҳоро аз таъқиби кайфарӣ дар ҳавзаҳои қазоии хориҷӣ тазмин мекунад. Ҳар ҷинояте, ки муртакиб шаванд, фақат додгоҳи амрикоӣ метавонад бар сари онҳо қазоват кунад. Дар айни ҳол, кишварҳое, ки ба таври масъулона асосномаи Римро иҷро мекунанд, гаравгони сиёсати гегемонии Кохи Сафед шудаанд, ки ба думболи муҳокимаи раҳбарони сиёсии номатлуб ба баҳонаҳои дур аз зеҳн аст.

Илова бар ҳама мавориди фавқ, Иёлоти Муттаҳида амдан аз анҷоми тааҳҳудоти худ дар чорчӯби тавофуқоти байнидавлатие, ки сохтори амнияти ҷаҳониро таъриф мекунад, саркашӣ мекунад. Ба унвони мисол, ташкилот ё истеблишменти Амрико аз моҳияти ғайриилзомовари теъдоде аз чорчӯбҳои асосии тавофуқоти байналмилалӣ, ба вежа Муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаии соли 1968 ва Конвенсияи манъи тавсеа, тавлид, захирасозӣ ва истифода аз силоҳҳои химиёвӣ ва инҳидоми онҳо аз соли 1993 суҳбат мекунад. Ба таври куллӣ, пайравӣ ё сӯистифодаи Кохи Сафед аз тавофуқоти байналмилалӣ ба сурати муваққат, ба як суннат табдил шудааст. Дар ҳар мавриди хос, Вашингтон аз мантиқи суди геополитикӣ барои худ ва муттаҳидонаш истифода мекунад.

Акнун Амрико бо доман задан ба буҳронҳо ва ҷангҳо талош мекунад ҳамин шароити мусоиду роҳатро барои худ ҳифз карда, аз коҳиши бештари нуфузи байналмилали худ ҷилавгирӣ кунад. Амрикоиҳо модели ҷадиде аз назми ҷаҳонии “мубтанӣ бар қавоид”-ро тарвиҷ мекунанд. Шарти аслӣ дар он қудрати низомӣ-сиёсии Иёлоти Муттаҳида ва адами ҳузури комили руқабо хоҳад буд. Ин модел тавассути Вашингтон ба унвони ҷойгузине барои созмонҳои байналмилалии шинохташуда (Созмони Милали Муттаҳид ва ғайра) дар назар гирифта мешавад. Ҳадафи ниҳоии Кохи Сафед ин аст, ки бо ҷойгузин кардани сохторҳои байналмилалӣ бо “бошгоҳ”-и кишварҳои вафодор ба Вашингтон, кишварҳои “мутазалзил”-ро ба мадори нуфузи Амрико бикашонад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!