Хабари рӯз

Агар мардуми Афғонистон инҳоро мебахшанд, Худованд мардуми Афғонистонро набахшад.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Баъд аз суқути давраи ҷумҳурият то кунун садҳову ҳазорҳо мақола дар мавриди илали суқути ҷумҳурият навишта шудааст.

 Баъзеҳо Ашраф Ғаниро “хоини миллӣ” ва “ватанфурӯш” қаламдод мекунанд ва баъзеҳо ҳам иллати суқути низоми ҷумҳуриятро қарордоди Доҳа ва суфоришоти Залмай Халилзод медонанд. Баъзеҳо ҳам ба ин бовар ҳастанд, ки Амрико мехост ба хотири ҷанги Украина ҳамчу вазъиятеро дар Афғонистон биоварад, ҳар кас дидгоҳи худро дорад, ҳатто баъзеҳо мегӯянд, ки бояд тамоми маъмурини олирутбаи давлати қаблии ҷумҳурият муҷозот шаванд, бахусус, вазири дифоъ, вазири хориҷӣ, вазири дохилӣ ва раиси амният чун онҳо омили бадбахтии мардуми Афғонистон будаанд.

Аммо он чӣ, ки ман мехоҳам дар ин навишта бо шумо шарик созам, назари шахсии ман аст.

Ба ақидаи ман, Афғонистон пас аз соли 2001 мелодӣ, дар мароқи таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дошт. Бовари ман ин буд, ки ин кишвар ба кӯмаки Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба сӯи мардумсолорӣ, ҳокимияти қонун, тавсеаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳатман хоҳад рафт. Авомиле ҳамчун озодиҳои нимбанд, артиши муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти низомӣ, сохторҳои нисбатан модерн, расонаҳо, макотиб ва донишгоҳҳо дол бар ин муддао буд.

Аммо, мутаассифона, қатори тавсеаву модернизасиюн дар Афғонистон аз соли 2008 сайри нузулӣ дар пеш гирифт ва дар 24 асади 1400 хуршедӣ комилан фурӯ пошид ва суқут кард.

Ба гуфтаи оқои Аббос Стоникзай, яке аз мақомоти олирутбаи Толибон, амрикоиҳо аз соли 2007 музокиротро бо Толибон оғоз карда буданд, пас оғоз пушти пардаи ин музокира будааст, ки заминаи фурӯпошии низомро аз соли 2007 бад-ин сӯ ба сӯйи нузул савқ додааст, чун амрикоиҳо гоҳе ба наъл мекӯбиданд ва гоҳе ҳам ба мех, гоҳе Афғонистонро ташвиқу тарғиб мекарданд ва гоҳе пушти парда Толибонро.

Аз сӯи дигар, бархе аз назарияпардозони сиёсии ҷаҳон, бо дарназардошти ҷанги Исроилу Фаластин, ҷанг дар Украина ва ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон қарни кунунӣ, яъне қарни 21-ро вайронгартарин қарни таърих медонанд, аммо ман фикр мекунам, ки аз нигоҳи вайронгарӣ, бале, қарни 21 хеле қарни пурташаннуҷе аст, аммо аз нигоҳи созандагӣ қарни 21 қарни иттилооти ҷамъии рушди расонаҳои савтӣ ва тасвирӣ ва дунёи технология равшантарин қарн будааст, ки мутаассифона ва бадбахтона, саҳми Афғонистон аз ин қарн, ҷуз бадбахтӣ, вайронӣ, барбодӣ, тавҳину таҳқир, муҳоҷират ва беватанӣ чизи дигаре барои мардуми мусулмони Афғонистон надоштааст.

Аз тарафи дигар ним қарн мешавад, ки мардуми Афғонистон дар оташи ҷанг месӯзанд. Ҷанге, ки дар ғиёби мардум созмондеҳӣ шуда ва номи онро ислом гузоштаанд. Дар ҳоле ки ин ҷангҳо на исломӣ буда ва на инсонӣ ва то имрӯз идома дорад ва солиёни дигаре низ идома хоҳад дошт.

Ҳукумати мавҷуди Толибон ва ҳукумате, ки пас аз соли 2001 мелодӣ ба вуҷуд омад, ҳар ду ҳукумат,  яъне ҳукумати гузашта ва ҳукумати мавҷуд, ки ҳар дуи онҳо то кунун дӯсту душманро ба дурустӣ таъриф накардаанд, раҳбарони ҳукумати мавҷуд ва раҳбарони ҳукумати қаблӣ ҳарду хаёл мекарданд ва хаёл мекунанд, ки мо ба танҳоӣ метавонем ҳама корро сар ба роҳ кунем. На хайр, ҳаргиз имкон надорад.

 Дар ҳоле ки ҳукумати қаблӣ Толибонро як гурӯҳи абзори саркӯби рақибон ва дар ниҳоят музоҳим боқӣ медонист ва тавоноии фурӯпошии низомро нахоҳад дошт. Чунончи ҳоло Толибон низ ҳам мухолифини худро на қудрат медонанд ва на чолиш, балки мегӯянд, дар ҳар ҷое, ки бошанд, онҳоро саркӯб мекунем.

Ҳам ҳукумати Ашраф Ғанӣ мағрур буд ва ҳам ҳукумати Толибон мағрур аст. Бояд бидонанд, ки ғурур ва қудрат ба Худо мезебад на ба бандаҳои он. Ҳар чизе авҷе дорад ва ҳар қадар авҷ бигирад, бояд нузуле дар роҳ бошад. Аммо амрикоиҳо ҳам ба хотири ояндаи минтақа пушти парда бо Толибон ҳарфҳое доштанд ва онҳоро ташвиқ мекарданд.

Аз сӯйи дигар ҷаноби оқои Карзай дар соли 1388, Толибонро ба толибони хуб ва толибони бад тақсим кард ва оқои Халилзод низ Толибонро бор-бор толибони хубу бад такрор кард ва ба мардуми Афғонистон гуфт, ҳоло ҳақиқат равшан шуда, ки масъалаи хубу баде набудааст, толиб ҳамон толиб аст, ки будааст. Чун толиб як идеология, як ақида ва як бовар аст. Толиб агар аз ин идеологияи сахтгирона ва аз ин ақоид, ки тайи дуюним сол болои мардуми Афғонистон татбиқ кардааст, пайравӣ кунад, умри маъмурияташон кӯтоҳ хоҳад буд.

Аз сӯи дигар, шарикони ҳукумати оқои Ғанӣ бо кишварҳои минтақа ҳам равобити ҳасана надоштанд, чунончи ҳоло Толибон ҳам монанди Ашраф Ғанӣ равобити ҳасанае надоранд, ҳарду - ҳам толиб ва ҳам Ашраф Ғанӣ - фикр мекарданд ва мекунанд, ки рӯзе қудратҳо, монанди Сипоҳи посдорони Эрон, Русия, Чин яке пайи дигаре даст ба дасти ҳам медиҳанд ва моро ёрӣ мекунанд, аммо намедонанд, ки дар суқути онҳо низ кӯмак хоҳанд кард ва ҳарифони Толибон ба сар қудрат мерасанд.

Ба ҳамин далел, вақте низом ба сурати барқосо фурӯ пошид, бисёре аз раҳбарони ин кишварҳо моту мабҳут шуда буданд ва бо суқути Толибон ҳам аксар раҳбарони кишварҳои минтақа, ки ҳоло ба табли шодии Толибон мекӯбанд, моту мабҳут хоҳанд шуд ва чӣ рӯзҳои баде дар интизорашон хоҳад буд, ки боз дар Покистон муҳоҷир шаванд.

Ман фирори амрикоиҳоро яке аз авомили суқути Афғонистон медонам ва аз сӯи дигар қарордоди Доҳаро, ки пушти парда ҳарфҳое ба нафъи Амрико ва муздурони Амрико ба нафъи Толибон дошт, ки ҳама инсонҳои бошараф онро медонанд.

Аммо санги маломатро аввал бояд бар сари Ашраф Ғанӣ ва қарордоди Доҳа кӯбид, бори дувум ин санги маломатро бар сари вузарои давраи ҷумҳурият, бахусус, вазири дифоъ, раиси амният, вазири хориҷӣ ва вазири дохила кӯбид, чун вазири хориҷӣ аз сиёсати хориҷӣ, вазири дифоъ аз дифои кишвар ва вазири дохила ва раиси амният ҳам аз сару пойи худ огоҳӣ надоштанд.

Онҳоро бояд миллати Афғонистон ҳаргиз набахшанд ва қобили бахшиш ҳам нестанд.

Аммо зулмеро, ки Ашраф Ғанӣ дар ҳаққи урдуи Афғонистон ба хотири суқути низом кард, ҳеҷ яҳуду насоро дар ҳаққи мардуми Фаластин накардааст.

 Афғонистон дар давраи зимомдории Ғанӣ ба яке аз фосидтарин кишварҳои ҷаҳон мубаддал шуда буд. Фақру маҳрумият дар ин давра бедод мекард. Ғанӣ огоҳона тамоми генералҳои коркушта ва ботаҷрибаро сабукдӯш кард ва ба ҷойи онҳо афроди бетаҷриба ва селебритиҳоро дар раъси тасмимгирии ниҳодҳои амниятӣ гумошт. Хиёнатеро, ки дар тағйирот, табдилот ва сабукдӯшии Урдуи миллӣ оқои Ғанӣ ва ёронаш аъзои раҳбарии давлаташ ба Афғонистон кардааст, амрикоиҳо накардааст ва ҷафоеро, ки дар ҳаққи мардуми Афғонистон сиёсатмадорони бузурги давраи ҷумҳурият кардааст, таърих фаромӯш нахоҳад кард.

Агар мардуми Афғонистон инҳоро мебахшанд, Худованд мардуми Афғонистонро набахшад.

Ба ҳар сурат, нанги таърих бар касоне, ки мардуми Афғонистонро бо ин сарнавишти талху бадбахтӣ гирифтор карданд ва сиёҳ бод рӯи касоне, ки бо сарнавишти миллати мусулмони Афғонистон хоинона бозӣ карданд.

 Фарзандонашон бояд аз ҳамчу падарони худ хиҷолат бикашанд ва наслҳои оянда бояд нафарингӯёна ба сиёсатҳои онҳо нигоҳ кунанд.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!