Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Абулфазл Зуҳраванд, сафири пешини Эрон дар Афғонистон ҳарфҳои хубе дар нақди сиёсати таъомул бо Толибон, мушкилоти муҳоҷирин дар Эрону дурнамои равобити Эрону Афғонистон дорад. Гарчи аз бахше аз суҳбатҳои оқои Зуҳраванд ҳалақоти муҳоҷирситез дар Эрон метавонанд ба нафъи дидгоҳи худ истифода кунанд, аммо дар кулли дидгоҳи ӯ дар мавриди масоили калони минтақаиву дипломатияи фарҳангӣ-мардумӣ бисёр роҳгушову мубтанӣ бар шинохти амиқ аз вазъияти Афғонистону мушкилоти сохториву решаии кишвари мост.
Ман чанд нуктаро дар суҳбатҳои оқои Зуҳраванд ёддошт кардам, ки ба назарам агар сиёсатгузорон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон сиёсати Эрон дар қиболи Афғонистонро бар он мубтанӣ бисозанд, нафъи стратегии Эрону Афғонистон дар он наҳуфта аст:
1 - Паштунизм ба унвони омили асливу решаии буҳрони Афғонистон. Оқои Зуҳраванд ба ин нукта ба хубӣ пай бардааст. Ӯ гуфт, ки тафаккури паштунистӣ боис шуда, ки Афғонистон ба суботу амнияти пойдоре даст наёбад. Ин як ҳарфи бисёр дақиқу оламона ва мушфигона аст. Ӯ рост гуфт, ки барои паштунистҳо паштунизм муқаддаму муҳимтар аз Қуръону Ислом аст. Ӯ дар ин замина ба Ғаниву Халилзод ва... ишора кард, ки бар асоси як тавтеа толибони паштунро бар соири ақвом мусаллат карданд. Дар сад соли ахир паштунизм дидгоҳи аслии сиёсатгузорӣ дар Афғонистон будааст. Чунин дидгоҳ ҳафтод дарсади ҷамъияти ғайрипаштунро сазовори кӯчи иҷборӣ, наслкушӣ ва бардасозӣ медонад. Тамоми ҷангҳои сад соли ахир дар кишвари мо дарвоқеъ талоше дар ҷиҳати таҳаққуқи ҳамин идея будааст. Табиист, ки дигарон даст зери занах наменишинанд, ки паштунҳо бо онон ҳар чӣ хостанд анҷом диҳанд. Дигарон даст ба дифоъ ва муқовимат мезананду паштунҳо худро ба ҳар даре мезананд, то кӯмаке ҷалб кардаву муқовиматҳои барҳаққи мардумиро саркӯб кунанд. Ин аст хулосаи таърифи ҷанги мо. Авомили берунӣ, авомили мушаддаҳ ҳастанд ва на авомили тахлиқӣ!
2 - Эрон бо Толибон нисбате надорад. Толибон террорист ҳастанду таъомул бо онон на танҳо суде ба Эрон надорад, балки фишори мавҷи азими ҷадиди муҳоҷиратро низ бар Эрон таҳмил кардааст. Ин дидгоҳи оқои Зуҳраванд бисёр дақиқ аст. Таъомули Эрон бо Толибон ин гурӯҳро бештар дар саркӯби ғайрипаштунҳо ташҷиъ карда ва ба мавҷи азими муҳоҷират доман задааст. Агар Эрон ба хотири дифоъ аз форсизабонҳо вориди амал шавад, ғайрипаштунҳо ба сарзаминҳои худ бар мегарданду муҳоҷират ба Эрон то ҳаштод дарсад коҳиш пайдо мекунад.
Ба гуфтаи Зуҳраванд, сиёсати таъомул бо Толибон сиёсати чиниву русӣ ва амрикоӣ аст ва ин кишварҳо далоиле ба ин кор доранд ва Эрон набояд аз чунин сиёсате пайравӣ кунад, балки бояд сиёсати мустақили минтақаии худро бар асоси сохту бофти фарҳангиву иҷтимоии мардумони Эрону Афғонистон устувор кунад. Зуҳраванд дарвоқеъ ба давлати Эрони нусхаи тақобул бо Толибонро таҷвиз мекунад. Ӯ хостори таъомул бо Афғонистони бидуни Толибон аст. Ин дарвоқеъ хости мардуми Афғонистон низ аст. Бо Толибон на Афғонистон бо худ канор омада метавонад ва на бо минтақаву ҷаҳон. Албатта, таъомулоти тактикии ҷории бештари аҳдофи мақтаъии хориҷиҳоро бароварда месозад.
3 - Ташкили иттиҳодияи миёни Афғонистону Эрон ва бардоштани марз миёни ин ду кишвар. Оқои Зуҳраванд дар ин бахш аз суҳбатҳо ба мавзӯи стратегии муҳимме ишора мекунад ва он иборат аст аз ташкили Иттиҳодияи Афғонистону Эрон бар асоси муштаракоти фарҳангӣ ва забонӣ. Ӯ мегуяд, ки ташкили чунин иттиҳодия барои ҳарду кишвар аҳамияти стратегӣ дорад ва ба гуфтаи ӯ, дар ҳеҷ ҷои дунё миёни ду кишвар далоилу муштаракоти қавӣ барои бардоштани марзҳо ба андозаи Эрону Афғонистон вуҷуд надорад.
4 - Мудирияти муҳоҷирини Афғонистон дар Эрон. Оқои Зуҳраванд гарчи дар ин замина ба масоиле ишора кард, ки баҳсбарангез аст ва метавонад дастовези аносири муҳоҷирситез қарор гирад, аммо дар кул ҳарфаш ин буд, ки мавҷудияти муҳоҷирин фурсатҳои бештаре барои Эрон фароҳам мекунад, ки дар буъди милливу байналмилалӣ метавон аз он дар ҷиҳати манофеи стратегии Эрон истифода кард. Ӯ гуфт, ки муҳоҷирин бояд аз паноҳҷуёну беҷошудагону оворагон тафкик шавад ва барои ҳар кадом сиёсати мутафовите тарҳу иҷро шавад. Бояд гуфт, ки то кунун Эрон дар қиболи муҳоҷирини афғонистонӣ сиёсати ҳушманду мубтанӣ бар тафкику шиносоии дақиқ надоштааст. Дар Эрон бо як вазири кобинаи давлати Афғонистон, як рӯзноманигор, як раҳбари ҳизб, як генерали артиш, як мухолифи сиёсии Толибон ва як фарди одии афғонистонӣ яксон бархӯрд шуда ва ба ҳама минҳайси як оворау беҷошуда дар натиҷаи селобу зилзила нигариста мешавад. Дар ҳоле ки як сиёсати ҳушмандонаву тафкикгароёна ҳам ба нафъи муҳоҷирин аст ва ҳам ба нафъи Эрон. Оқои Зуҳраванд ишороти хубе ба ин мушкил дошт. Набояд ҳамаро ба чашми террорист дид. Аксарияти чанд миллион муҳоҷир, ки дар ду соли ахир ба Эрон паноҳ бурданд, касонеанд, ки агар дар Афғонистон мебуданд аз сӯи Толибон кушта ё зиндониву шиканҷа мешуданд. Инҳо паноҳҷӯянд. Инҳо аҳли фарҳангу дониш ва тахассусанд. Аз инҳо метавон дар тавсеаи Эрон истифода кард. Аз инҳо метавон пулҳои мустаҳками равобити стратегие миёни ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг истифода кард. Муҳоҷирини одиро низ метавон дохили як системаи ҳушманд кард ва аз нерӯи кориашон баҳра гирифт ва аз хатароти эҳтимолии амниятии он огоҳ шуд.