Хабари рӯз

Мақомот метарсанд, ки эътирофи талафоти зиёди артиши муназзам аз танзимҳои номуназзам метавонад дар ҷомеаи Исроил шубҳаҳоро ба вуҷуд орад.

Нависанда: Николай Плотников, раиси Маркази иттилооти илмӣ ва таҳлилии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, доктори илмҳои сиёсӣ.

Дар расонаҳои исроилӣ дар бораи талафоти воқеии артиши Исроил ва дигар нерӯҳои амниятӣ дар ҷараёни набардҳо дар навори Ғазза рӯз ба рӯз маълумоти бештар нашр мешавад.

Ҳангомаангезтарини онҳо таҳқиқи рӯзноманигори исроилӣ Ариэл Шимон аз рӯзномаи "Едиот Аҳронот" буд, ки бахусус дар ҷаҳони араб ва Эрон вокунишҳои зиёде ба бор овард ва пас аз пайдо шудани нашри ин таҳқиқ  ӯ аз ҷои кораш маҳрум шуд. Аммо асли гузориши рӯзноманигорро ҳатто бо забони ибрӣ наметавон пайдо кард, бо вуҷуди ин ки бисёре аз нашрияҳои арабӣ ва эронӣ таҳқиқи ӯро пурра нашр карданд.

Ба гуфтаи Ариэл Шимон, хадамоти матбуоти артиши Исроил дар бораи талафот аз шеваи камсозӣ кор мегирад. Гузашта аз ин, он танҳо дар бораи мурдагон изҳорот пахш мекунад. Шумораи воқеии низомиёни маҷрӯҳшудаву маъюбони ҳарбӣ ва техникаи махсус эълон намешавад. Ҳама муассисаҳои тиббие, ки маҷрӯҳшудагонро қабул мекунанд, аз хадамоти матбуоти артиши Исроил дастур гирифтаанд, ки ҳеҷ гуна изҳорот надиҳанд.

Ба гуфтаи рӯзноманигор, шумори сарбозони кушташудаи исроилӣ нисбат ба омори расман эътирофшуда бамаротиб бештар аст. То 9 декабр, омори расмии талафоти артиши Исроил ва дигар нерӯҳои амниятии он кишвар 418 сарбозро ташкил додааст. Аммо ба гуфтаи Ариэл Шимон, шумораи воқеии ҳалокшудагон дар ин миён 3850 сарбозу афсар будааст.

Расман хадамоти матбуотии артиши Исроил хабар дода буд, ки тақрибан ҳазор нафар захмӣ шудаанд. Ариэл Шимон мегӯяд, дар асл шумораи захмиҳо аз миёни хизматчиёни харбӣ аз марзи 7 ҳазор нафар убур кардааст. Аз ин шумор 3700 нафар маъюб шудаанд. Дар миёни онҳо беш аз 250 сарбозу афсар низ ҳастанд, ки биноии худро комилан аз даст додаанд.

Дар рафти ҷанг зиёда аз 500 автомашинаи зиреҳпӯши ҳамаи анвоъ (танкҳо, бронетранспортёрҳо, мошинҳои ҳарбӣ) ва булдозерҳои артиш пурра ё қисман аз кор мондаанд.

Ариэл Шимон чунин мешуморад, ки агар дастгирии ИМА намебуд, Исроил душворӣ мекашид. Вай ҳукумати Бенямин Нетаняҳу ва худи нахуствазирро дар он айбдор кард, ки маълумоти воқеӣ дар бораи талафоти артиши Исроил дар муноқишаи кунунии Фаластин ва Исроилро дидаву дониста аз ҷомеаи Исроил пинҳон мекунанд.

Маълумоти кушташудагон аз ҷониби як қатор расонаҳои арабӣ ва эронӣ бо истинод ба Ариел Шимон ба таври ғайримустақим гузоришҳои сайти хабарии исроилии Unet, нашрияи интернетии рӯзномаи "Едиот Аҳронот"-ро тасдиқ мекунад.

Ҳамин тариқ, 9-уми декабри соли 2023 бо истинод ба сардори шӯъбаи офиятбахшии вазорати дифои Исроил Лимор Лурия дар сомона хабаре пайдо шуд, ки ҳар рӯз ба бахши офиятбахшӣ ҳудуди 60 захмии нав аз нерӯҳои амниятӣ ва аскарони эҳтиётии артиш оварда мешаванд. Ин нишон медиҳад, ки шумори воқеии қурбониён аз омори расмӣ бештар буда метавонад.

Лимор Лурия қайд кардааст, ки бештар аз 58 фоизи ҷароҳатбардоштагон захмҳои вазнини дасту пой доранд, ба шумули мавориде, ки буридан-ампутатсияро тақозо мекунанд. Тақрибан 12 дарсади онҳо осеби узвҳои дарунӣ – испурч, гурда, канда шудани узвҳои дарунӣ доранд. Тақрибан 7 дарсади хизматчиёни ҳарбӣ гирифтори бемории рӯҳӣ мебошанд.

Теъдоди афзояндаи талафот дар миёни сарбозони артишу бақия нерӯҳои амниятӣ ва номуайянии сарнавишти гаравгонҳои боқимонда дар дасти Ҳамос сарфи назар аз таъсиси як системаи расонаии хеле бонизом, ки комилан ба фармондеҳии артиши Исроил тобеъ аст, норозигии ҷомеаи Исроил аз ҳукумати Нетаняҳу рӯз ба рӯз меафзояд.

Мақомоти Исроил метарсанд, ки эътирофи талафоти зиёди артиш муназзам аз танзимҳои номуназзам  метавонад дар ҷомеаи Исроил дар бораи самаранокии системаи амниятии эҷодшуда, ки миллиардҳо пули андозсупорандагонро балъидааст, шубҳаҳоро ба вуҷуд орад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!