Хабари рӯз

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Интихоботи раёсатиҷумҳурии Русия ба зудӣ (15 то 17 март) баргузор мешавад. Ва агарчи афроди оқил дарк мекунанд, ки чӣ касе дар интихобот пирӯз хоҳад шуд, нерӯҳои опозисион талош мекунанд то ҳар коре анҷом диҳанд то ин интихоботро беэътибор созанд.

Дар ҳоли ҳозир, тақрибан кулли мухолифони Русия дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд. Ва далели аслии ин амр талош барои эҷоди потенсиали эътирозӣ бо нақзи қавонини ҷорӣ аст. Тақрибан ҳар тасмими давлати феълӣ мавриди ҳуҷум ва интиқоди шадиди фаъолони опозисион қарор мегирад, ҳарчанд, ки ин тасмимот ағлаб ба нафъи мардум аст.

Оғози ҷанги тамомайёр байни Украина ва Русия далели дигаре барои интиқоди нерӯҳои мухолифи давлати Путин шуд.

Дар он замон (феврали 2022) хашинтарин намояндаи опозисион як алигархи собиқи рус бо шӯҳрати лаккадор – Михаил Ходорковский буд. Ӯ муддатҳо пеш Русияро тарк кард ва аз тарси таъқиби кайфарӣ дар Русия фаъолиятҳои худро аз хориҷ анҷом медод. Ду проекти аслии ӯ бунёди “Ковчег” аст, ки ба муҳоҷирони сиёсии Русия кӯмаки ҳуқуқиву иттилоотӣ ва ҳамзамон ба онҳо иттилоот ва соири фаъолиятҳои мухолифи зидди Русияро ироа мекунад ва ҳамчунин Кумитаи зидди ҷанги Русия, ки бар муҳоҷирони русӣ ва украинӣ мутамаркиз аст, онҳое, ки ҷангро маҳкум мекунанд ва омодаи иқдомоти фаъол барои осеб расондан ба давлати феълии Русия ҳастанд.

Ин ба унвони сигнале барои фаъолони ҳозир дар Русия ва ҳам мухотибони хориҷии камтар шинохташуда буд, ки худро аз нерӯҳои опозисион медонанд ва мехоҳанд фурсати сафар ба хориҷ ва касби манбаъи даромади ҷадидро истифода кунанд.

Аз ҷумлаи онҳо метавон ба таври ҷудогона чанд нафарро барҷаста кард: Алексеев Кирилл (фаъоли "Ситоди Алексей Навалний"), Беляков Данила (фаъоли "Ситоди Алексей Навалний"), Ишутин Кирилл (виростори нашрияи онлайни "Довод", ки фаъолияти эътирозии мухолифон дар Русияро пӯшиш медиҳад), Косигин Иля (корманди нашрияи онлайни "Довод"), Саутин Евгений (корманди нашрияи онлайни "Аргумент").

Пас аз азимат ба Аврупо, фаъолон билофосила ба фаъолиятҳои иттилоърасонӣ барои тарвиҷи ривоятҳои зиддирусӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвастанд. Ба мувозоти он, онҳо тавонистанд аз кӯмакҳои молии Муассисаи байналмилалии ҷумҳурихоҳ (International Republican Institute) ва Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳида (United States Agency for International Development) истифода кунанд.

Дар айни ҳол, миқёси кӯмакҳои ироашуда мустақиман ба маҳбубияти фаъол ва иқдомоти ғайриқонунии ӯ (вуҷуди ҷароим идорӣ ва ҷиноӣ таҳти "моддаҳои сиёсӣ") бастагӣ дошт. Илова бар ҳимояти молӣ, кӯмакҳои билоиваз барои иртиботи наздик бо созмонҳои ғайридавлатӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бритониёи Кабир ва Иттиҳодия Аврупо, омӯзиши иҷрои «инқилобҳои ранга», касби таҷриба дар таъсиргузорӣ бар тӯдаҳо ва ғайра ироа мешавад.

Бо ин ҳол, ҳамон тур, ки ағлаб дар мавриди моҷароҷӯён иттифоқ меафтад, кӯмакҳои билоиваз барои аҳдофи дигаре ҳазина мешуд. Ҳеҷ фаъолияти амалӣ аз сӯи онҳо сурат нагирифт. Эътокунандагон ҳақоиқеро дар мавриди суъистифода аз манобеъи молӣ ва ҳамчунин ҷаъли асноди ироашуда, истифода аз роботҳо барои эҷоди вокуниш ба нашриёт ва мавориди дигарро кашф карданд. Ин амр мунҷар ба маҳрумият аз пардохтҳои билоиваз ва таълиқи муваққати ҳамкорӣ шуд.

Дар ҷустуҷӯи пули бедардимиён, Ишутин ва Косигин саъй карданд бо Радиои Озодӣ, ки тавассути давлати Иёлот Муттаҳида таъмини молӣ мешавад ва ба таври фаъол ахборро бо лаффозиҳои зиддирусӣ мунташир мекунад, тамос барқарор кунанд. Ин шонси онҳо буд ва муваффақ шуданд. Дастуроти виросторон бо пешниҳодҳое барои назорат бар вокуниши ҷомеаи Русия ба рӯйдодҳое, ки дар ин кишвар ва хориҷ аз кишвар рух медиҳад, ироа шуд. Пешниҳод шуд, ки ба таври хос бар рӯи бахши опозисиони ҷамъият, ки дар бархе масоил бо мушкилоте рӯбарӯ ҳастанд, тамаркуз шавад ва ҳамчунин метавон барои посухгӯӣ ба мушкилоти зиндагӣ, «кори истихдом»-ро дар суфуфи «хабарнигорони мардумӣ» анҷом дод.

Ва ба лутфи ҳимояти нашрияи Радиои Озодӣ, ин афрод тавонистанд дар симои Бунёди “Ковчег” ва Кумита зиддиҷанги Русия мавриди лутфи Ходорковский қарор гиранд ва ба суфуфи муқовимат бипайванданд ва ҳадафи худро барои барандози давлати феълии Русия пеш гиранд.

Оё ин мардум воқеан ободии кишварашонро мехоҳанд ва фақат раисҷумҳурашон ҷилави онҳоро мегирад? Агар то ин ҳад фаъолона талош мекунанд то ба ҳайсияти кишваршон дар саҳнаи ҷаҳонӣ ҳадди аксар латма бизананд, бар сари мардум гил партоб кунанд, ҳама беадолатиҳои ҷомеаро гӯшзад кунанд, афроди хосро сафед кунанд ё аҳмақ ба намоиш гузоранд, оё метавонанд меҳанпарасти кишварашон бошанд?

Опозисион набояд тахриб кунад, балки бояд дар пайи гуфтугӯи созанда ба нафъи ҷомеа бошад. Фақат ба лутфи ин, мардум, аз ҷумла опозисиони он, метавонад як кишвари воҳиду муттаҳид ба нафъи мардуми одии худ эҷод кунад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!