Хабари рӯз

Чаро аз таҷзия мегӯянд, на ваҳдат?

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Паёми ман ба онон, ё ба ибораи дигар, ба сиёсатмадорони дирӯзу имрӯз, ки дар арикаи қудрат буданд ё ҳастанд, вале то ҳанӯз бар табли нифоқу шиқоқ доман мезананд.

Теъдоде ҳанӯз аз гузаштаи нангини худ наёмӯхтаанд ва ҳанӯз тафаккуре ба сӯи ояндаи беҳтар надоранд, ҳанӯз алайҳи якдигар нафратпароганӣ мекунанд.

Ман яқин дорам, ки бидуни ҳампазирӣ мо ба ҷое намерасем, ин ки шумо бовар доред ё надоред, марбут ба шумо аст.

Ин ҷо мехоҳам аз шумо саволиро матраҳ кунам!

Оё мо метавонем ҳампазир бошем?

Ҳампазирӣ ғолибан дар баробари нафрату гараз аз якдигар истифода мишавад, роҳи наҷоту растагорӣ ҳампазирӣ аст ё нафрату гурез ва ҳазфи якдигар?

Вожаи ҳампазирӣ ҳам содда аст ва ҳам ҷаззоб, тавре ки ҳар сиёсатмадору фаъоли фарҳангии дигаронро шиоргуна ба ҳампазирӣ фаро мехонд, аммо аз он ҷое ки ҳампазирӣ ба маънии таҳаммулу раводорӣ бо паёмади қуввату қудрат ва растагорӣ аст, ки дар амал сангину душвор аст.

Агар раҳбарону шахсиятҳои сиёсии ним қарни ахири Афғонистонро ба ҳампазирӣ даъват кунем, чӣ паём нисори пешгоҳашон хоҳем кард?

Бояд мизони эътирофашон ба ҳақиқат ва виҷдонашон ба адолату ниёзашон ба муҳаббату ваҳдат ба санҷиш гирифта шавад ва ҳама эътироф кунанд, ки ҳама омили нифоқу шиқоқ ва бадбахтиву оворагӣ будаанд.

Ҳама авроқи рангини таърихи кишварро ба хуни фарзандони ҳамин сарзамин сурх кардаанд ва ҳама як пӯзишу маъзарат аз меҳану миллат бидеҳкоранд.

Дар ҳоле ки як метр аз ҷуғрофияи Афғонистон ба дасти мухолифини Толибон нест, аммо як иддаи мо шиори Луи Афғонистон медиҳем, ки ҳадафи мо иддаои Луи Афғонистон аст, ки ҳадафи мо аз Пахтунхвоҳ ва Кветта аст ва иддаи мо калимаи Хуросонро ба забон меёварем ва иддаи мо аз таҷзия ҳарф мезанем ва иддаи мо мехоҳем ақвому забони якдигарро ба ҳамеш маҳву нобуд кунем, оё бо ин шева мешавад ҳампазириро ба вуҷуд овард?

Ба ҳар ҳол, дар буъди ҳампазирӣ бояд ҳама заминаҳои канор омаданро бо фарҳанги раводорӣ пайрезӣ кунанд ва ҳар чӣ барои худ меписанданд, барои дигарон низ биписанданд.

Агар шумо раҳбари як гуруҳро ҷонӣ ва қотил мехонед, интизор надошта бошед раҳбари шуморо қаҳрамон бигӯянд.

Ба гунаи мисол, оё Ҷамъияти исломии Афғонистон ин ҳиссу боварро дорад, ки ба раҳбари Толибон амирулмӯъминин бигӯяд, то Толибон ҳам шаҳид устод Бурҳонуддин Раббониро шаҳиди сулҳ ва шаҳид Аҳмадшоҳ Масъудро Қаҳрамони миллӣ бигӯянд?

Оё Толибон ҳозиранд Аҳмадшоҳ Масъудро Қаҳрамони миллӣ бигӯянд, то ҷамъиятиҳо ҳам раҳбари Толибон ва хусусан Мулло Умарро амирулмӯъминин хитоб кунанд?

Ба ҳамин тартиб, пайравони устод Абдулалӣ Мазорӣ ва Ҷунбиши миллии марбут ба маршал Абдурашид Дӯстум, Толибон ва аҳзоби Халқу Парчам дорои ин ҳавсалаву раводории мутақобил бо ҳама гурӯҳҳои дигар ҳастанд?

Агар ин фарзия қобили қабул набошад, фарзияи дигаре ба хотири ҳампазирӣ суроғ доред? Ва ё ин ки бо фарҳанги инқилобӣ ва ҳазфу муҳокимаву нобудии якдигар, шиори ободиву озодӣ ва истиқлолу сарбаландӣ ва шукуфоиро сар медиҳед?

Ман ба ин боварам, ки ҳеҷ яке аз низомҳои қаблӣ мисдоқи навъияти худро надоштанд ва низоми мавҷуд ҳам надорад. Дар Афғонистон ҳукуматҳои демократ диктатор буданд, ҳукуматҳои ҷиҳодӣ ва исломӣ, ба шумули ҳукумати Толибон, бинии ҷиҳоду исломро буриданд, технокротҳо бо фасоду ихтилос ва бебандуборӣ дар нимаи рӯз ҳамсӯ бо ДОИШ буданд, шаб бо Ғарб ва аср бо Толибон буданд, ки ҳеҷ кадом моҳияти низоми сиёсии мавриди назарашро ба намоиш нагузошт. Балки акси он дар оинаи амалашон ба намоиш гузошта шуд.

Лизо беҳтар аст эътироф кунем ва бо гузашта видоъ ва баъд аз ин ҳампазир бошем.

Бидуни ҳампазирӣ ҳеҷ кас наметавонад дар Афғонистон ҳукумат кунад чӣ дар гузаштаи таҷрибашуда ва чӣ ҳол, ки Толибон бар сари қудрат ҳастанд.

Муборизаи гурӯҳӣ ва қишриро канор бигузорем, бо фарҳанг ҳампазирӣ ва раводорӣ биравем ба суроғи навъи низоми сиёсие, ки шиори ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои баъд аз Довудхон набуда бошад.

Ман ба ин яқин расидаам, ки нафрину тавҳин ва ҳазф роҳи ҳал нест. Фақат оштӣ ва ҳампазирӣ роҳи ҳал аст.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!