Хабари рӯз

Мушкили Толибон ба таври физояндае ихтилофот байни раисҷумҳур ва вазорати хориҷаи Русияро ташдид мекунад.

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази мутолиоти сиёсати Афғонистон (Русия).

Имрӯз бори дигар тезиси моро дар мавриди адами вуҷуди стратегияи воҳиди Русия дар мавриди Афғонистон таъйид кард.

 Як "хатти вазорати умури хориҷа" вуҷуд дорад, ки тавассути Замир Кобулов, Мария Захарова ва ғайра намояндагӣ мешавад. Моҳияти он муошиқа бо режими Толибон ва нодида гирифтани ҳар гуна ҷойгузин, бавежа низомӣ барои он аст. Ин хат то ҳудуди зиёде шабеҳи стратегияи Амрико дар қиболи Афғонистон аст ва метавон онро мазҳари танзи сиёсӣ донист.

Бо ин ҳол, чунин тасодуфоти хандаоваре қаблан сабт шудааст, барои мисол, дар солҳои 2020-2021, замоне, ки вазорати хориҷаи Русия ба таври фаъол барномаҳои Вашингтонро барои инъиқоди як тавофуқи сиёсӣ бо Толибон дар мавриди хурӯҷи нерӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон таблиғ кард. Сипас вазорати хориҷаи Русия чунин стратегияро ба унвони муваффақият ба номи худ сабт намуд. Дуруст аст, баъдан маълум шуд, ки амрикоиҳо дақиқан дар остонаи даргириҳои оянда дар Украина барои тарки Афғонистон аҷала доштанд. Аз ин хотир, кӯмаки дипломатҳои русӣ ба ин тарҳҳоро ба сахтӣ метавон як муваффақияти стратегӣ барои Маскав талаққӣ кард. Аммо он чӣ анҷом шуда анҷом шудааст.

Хатти дувум "хатти ниҳодҳои амниятӣ" (Шӯрои амнияти Русия ва ғайра) аст, ки раисҷумҳури Федератсия Русия рӯз ба рӯз ҷонибдории худро аз он намоиш медиҳад. Ҳомиёни ин хатт, Толибонро на ба унвони шарик, балки ба унвони як мушкили ба таъхир афтода, яъне як душмани исботнашуда медонанд. Аз ин рӯ, интиқодҳое нисбат ба Толибон вуҷуд дорад, ки дар вазорати хориҷа Русия аз он худдорӣ мекунанд.

Чанд рӯз қабл, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бори дигар Толибонро ҳадаф қарор дод, равобити байни онҳо ва Киевро дар заминаи муомилоти таслиҳотӣ эълом кард. Дар ин замина, тавсияҳои Мария Захарова хитоб ба ҳизби Сергей Миронов барои даъват аз Толибон ба мизи гирде дар Думаи давлатӣ, ки дар он раҳбари яке аз ҷабҳаҳои муқовимат, Аҳмад Масъуд, ширкат хоҳад кард, бисёр мубҳам ба назар мерасад. Зимнан чунин тавсияҳое аз Путин шунида нашуд.

Албатта, ин тасодуфӣ нест. Русия дар ҳоли бознигарии стратегия худ дар қиболи Толибону Афғонистон аст ва ин таҷдиди назар ба таври физояндае хатти вазорати хориҷаро тазъиф хоҳад кард. Воқеан, метавон ба ин вазорат тавсия кард, ки ибтидо худ намояндагони муқовиматро ба иҷлос бо мушорикати Толибон даъват намояд ва сипас инро аз Сергей Миронов мутолиба кунад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!