Хабари рӯз

Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия иқтисоди ҷаҳонро аз Ғарб ба Шарқ бурд.

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Иқтисоди ҷаҳонӣ масири худро аз Ғарб ба Шарқ тағйир медиҳад. Дар ҳоле, ки Аврупову Амрико дар ҳоли эъмоли таҳримҳо, эҷоди мавонеъ ва маҳдудиятҳо ҳастанд, кишварҳои минтақаи Осиё дар ҳоли тақвияти ҳамкориҳо дар ҳамаи заминаҳо ва густариши марзҳо ҳастанд. Агар коҳиши маҳсусе дар иқтисоди Ғарб вуҷуд дошта бошад, бозорҳои Шарқ эҳё мешаванд ва рушди чашмрасеро нишон медиҳанд.

Равандҳои мусбат дар иқтисод ахиран дар Бишкек, ки мизбони теъдоде аз ҷаласаҳои раҳбарон буд, ба баррасӣ гирифта шуд. Кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ натоиҷро хулоса ва дар мавриди чашмандоз сӯҳбат карданд. Назари муттафиқулқавл ё ягона ин аст, ки ҳамкории ҷамъӣ барои ҳама муфид аст ва СҲШ, ИДМ ва ИИАО қодир ба раҳбарии иқтисоди ҷаҳонӣ ҳастанд. Ин се иттиҳод дар якҷоягӣ ниме аз ҷамъияти кураи заминро ташкил мекунанд.

Созмони ҳамкории Шонгҳой ба танҳоӣ кишварҳоеро муттаҳид мекунад, ки 42 дарсад аз ҷамъияти ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Соли гузашта, танҳо Қазоқистон гардиши колоҳои худро дар ин созмон, ки шомили нӯҳ кишвар ва ҳамчунин шарикону нозирон аст, 20 дарсад афзоиш дод. Даромади кулли ин кишвар 61 миллиард доллар буд. Дигар аъзову  ширкаткунандагони СҲШ низ на камтар аз ин пӯёӣ доштанд.

Тасвире ҳамчунинро метавон дар ИИАО дид. Аз ибтидои шаклгирӣ "панҷгона"-и авруосиёӣ афзоиши 20-дарсадӣ дар тавлиди саноатиро нишон додааст.

Чунин арқоми чашмгире комилан қобил дарк аст - сиёсати таҳримии кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия ва муттаҳидонаш эътимод ба Иттиҳодия Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаро тазъиф мекунад. Фишори онҳо кишварҳои осиёиро маҷбур ба таъмиқи ҳамкорӣ бо ҳамсоягони минтақаии худ мекунад. Аз ин рӯ, тиҷорат ва эътимоди мутақобил рӯ ба рушд аст. Намунаи Русия, ки пеши маҳдудиятҳои ғарбӣ хам нашуд, аммо манофеъи худро дар Шарқ мутамаркиз кард, эътимоди бисёриро бар меангезад.

Алихон Исмоилов, нахуствазири Қазоқистон зимни суханронӣ дар нишасти Бишкек ба шаффофияти ҳамкориҳо ишора намуд. Вай дар бора механизмҳои ҷадиде, ки имрӯз дар ИИАО иҷро мешавад, сӯҳбат кард. Ба унвони мисол, муҳру мумҳои навововарӣ имкон медиҳад тамоми ҷараёни интиқоли маҳмулаҳо дар қаламрави созмон радёбӣ шавад.

Ҳамкории мутақобил ба ширкаткунандагони нишаст фурсатҳои ҷадиде медиҳад. Аввал аз ҳама даст расӣ ба роҳҳои дарёӣ, ки аксари кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, ки дар ИИАО идғом шудаанд, аз он бархурдор нестанд. Мақомоти аршади Қирғизистон дар ин бора хостори тавсеаи коридорҳои ҳамлу нақли заминӣ ва эҷоди масирҳои транзитӣ шуданд. Ба гуфтаи Оқилбек Ҷабборов, раиси дафтари раёсатиҷумҳури Қирғизистон, бояд бар тавсеаи роҳҳои заминӣ ва оҳан, марокизи логистика ва поёна (платформа)-ҳои ҳамлу нақл ва навсозии зерсохтҳо таъкид шавад.

Шояд Ғарб тасаввур мекард, ки эъмоли таҳримҳо алайҳи Русия ва муттаҳидонаш мушкилоти зиёдеро барои ин кишварҳо эҷод мекунад, ки дар чунин ҷаласоти онҳоро сарсон хоҳад кард. Аммо возеҳ аст, ки дар ин ҷаласот касе аз таҳримҳо сӯҳбат намекунад, балки аз рушд, тавсеа, эҷод зерсохтҳо ва ... бештар мегӯянд.

Мардум мефармояд, "бори каҷ ба манзил намерасад" ва ин дақиқан ҳамон чизест, ки бо таҳримҳои Ғарб иттифоқ афтод. Ё тибқи зарбулмасали роиҷи дигаре - "зӯри беҳуда миён мешиканад" - дақиқан ҳамон коре мешавад, ки Амрикову Аврупо анҷом медиҳанд.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!