Хабари рӯз

Мухолифини Русия дар Аврупо интихоботӣ мувозӣ баргузор мекунанд, ё бар сари “раъйдиҳандагон” кулоҳ мегузоранд?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Дар пасзаминаи интихоботи отии Амрико, ки навиди пуртанишу ғайриқобили пешбинӣ буданро медиҳад, хабари ҷолиби дигаре низ мунташир шудааст. Бархе аз мухолифони русӣ, ки дар хориҷ аз кишвар ҳастанд, эълом карданд, ки интихоботи раёсатиҷумҳурии Федератсияи Русияро дар 17 марти 2024 баргузор хоҳанд кард.

Ҷолиб тарин чиз ин аст, ки ҳар касе метавонад ба унвони номзади мақоми раёсати бузургтарин кишвари ҷаҳон сабт ном кунад, аммо ҷузъиёти номзад фақат дар рӯзи раъйгирӣ мушаххас мешавад. Фақат пас аз ворид кардани иттилооти шиносномаи шахсии худ дар веб-сайт метавонед раъйи худро ба сандуқ андозед. Ҳамчунин мушаххас нест, ки ин иттилоот ба куҷо хоҳад рафт. Барандаи раъйгирӣ гувоҳиномаи баранда шуданро дарёфт хоҳад кард. Аммо бо ин гувоҳинома чӣ хоҳад кард, ин ҳам мушаххас нест. Ана чунин як раъйгирӣ...

Созмондиҳандаи ин "интихобот" вакили дифоъи рус Марк Фейгин аст, ки дар Фаронса зиндагӣ мекунад, чун дар Русия ба унвони як агенти хориҷӣ шинохта шуда ва ба иттиҳомоти ҷиноӣ таҳти таъқиб аст. Ин шахс ҳамчун вакили дифоъ дар Маскав шинохта шудааст. Ҳама парвандаҳоро бохтааст.

Дар миёни муваккилони ӯ, Ҳайдар Ҷамол, коршиноси масоили исломӣ ва муттаҳам ба ифротгароӣ, Олга Комарова, яке аз ширкаткунандагон дар тасарруфи утоқи пазироии вазорати умури хориҷаи Русия, аъзои гурӯҳи понки Пасси Риот (Pussy Riot), алигархи қазоқ, Мухтор Аблязов ва дигар афроди барҷаста буданд.

Дар апрели 2018, Марк Фейгин ба далели изҳороти тавҳиномез дар шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи вакилони ҳамкору муштариёни онҳо аз ваколати худ маҳрум шуд ва фаъолиятҳои ҳуқуқии ҳирфаии худро мутаваққиф кард.

Билофосила пас аз шикастҳои шуғлӣ, Фейгин ба хориҷ аз кишвар рафт. Вай ба думболи кор дар кишварҳои Балтика ва Украина гашт, аммо ба ҳеҷ муваффақияте нарасид. Акнун ӯ дар талош аст то бо созмонедҳӣ ва баргузории "интихобот"-и раисҷумҳури Федератсияи Русия худро таблиғ кунад.

Як кори, албатта, беҳуда аст, аммо метавонад барои ширкаткунандагон дар ин моҷаро низ хатарнок тамом шавад. Зеро ҳеҷ тазмине вуҷуд надорад, ки иттилооти шахсии кас ба даст ҷинояткорон ё хадамоти махсуси Русия наафтад.

Хуб, шояд ваъдаҳои Фейгин, агарчи арзиши онҳоро метавон аз муштариёни собиқаш пурсид, ки ба ӯ эътимод карданд, аммо ба далели соддалавҳӣ ба зиндон рафтанд. Мо фақат метавонем умедвор бошем, ки аксарияти мардум дорои ҳуш ҳастанд ва аз касоне, ки онро надоранд, Фейгин иттилооти кортҳои банкии онҳоро ба ҳамроҳи иттилооти паспорташон нахоҳад.

Муроқиби қаллобон бошед, зеро ҷомиа ҳофизаи кӯтоҳе дорад ва ҳама муддатҳост, ки аҳроми MMM ва соири тарҳҳои қаллобиро фаромӯш кардаанд, аммо таърих тамоюл ба такрор дорад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!