Хабари рӯз

Оё афғонҳо қудрати эҷоди бадили Толибонро доранд?

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Тадвири ҳафтоду ҳаштумин Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ҷаласаи таърихии 26 сентябри соли 2023-и Шӯрои амният нишон дод, ки оҳиста – оҳиста ҷомеаи байналмилалӣ ба ин иҷмоъ мерсанд, ки Толибон қобилияти ҳукуматдориро надоранд. Тайи як моҳи гузашта дар маҳофили байналмилалӣ масъалаи бадали Толибон низ ором – ором замзама ва шунида мешавад.

Созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон тайи як моҳи ахир бо эҳтиёт, аммо батакрор зарурати бадили Толибонро ба ҳайси яке аз гузинаҳо матраҳ мекунанд. Ҳоло савол ин аст, ки оё Толибон бадале дар шароити кунунӣ доранд? Агар доранд, кӣ ё киҳо ҳастанд?

Мухолифини Толибон дар вазъияти мавҷуд чӣ гуна метавонанд дар амал бо ҳам ба тавофуқ бирасанд ва меҳвари муштаракеро ба вуҷуд биоваранд.

 Мухолифини Толибон дар вазъияти мавҷуда ба се дастаи арзишӣ тақсим мишаванд.

АВВАЛ: Мухолифини классикии Толибон, яъне боқимондаҳои танзимҳои ҷиҳодие, ки бо истиҳола варзидан аз арзишҳои ҷиҳодӣ ба тикадории қавмӣ, фоқиди зарфияту қобилияти мудириятӣ ва башиддат дар зеҳни мардуми Афғонистон муттаҳам ва аммо зоҳиран мунсаҷим ҳастанд.

ДУВУМ: Боқимондаҳои ҷумҳурият ё авторитетҳои марбут ба он шомили ҳалақоти оқои Ҳомид Карзай - раисҷумҳури собиқ, оқои Ашраф Ғанӣ - раисҷумҳури қабл ва оқои Доктар Абдуллоҳ Абдуллоҳ – раиси иҷроияи қаблӣ. Ин гуруҳ муддаии мавҷудияти сиёсӣ ҳастанд, аммо амалан ҳеҷ ташаккул ва инсиҷоми қобили мулоҳизае надоранд, фақат ба меҳварияти оқои Ҳаниф Атмар - вазири хориҷаи қаблӣ, оқои Маъсум Истоникзай, оқои Муҳиб ва оқои Сарвар Дониш... хулоса мешаванд.

СЕВУМ: Маҷмӯъи нерӯҳои милливу ғайривобаста ва шахсиятҳои мустақил, фаъолини маданӣ, занону ҷавонони мубориз, ки тайфи васеъро шомил мешаванд. Ин гурӯҳ аз афғонҳо низ ба далели парокандагӣ дар чаҳор то панҷ эътилофу ҳалқаи аслӣ, аз ҷумла, монанди мудофеъони манофеъи миллии Афғонистон, Ҷабҳаи муқовамати миллӣ барои наҷоти Афғонистон, Ҷабҳаи муқовамати миллӣ таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд, Ҷабҳаи озодагон, Ҷабҳа озодӣ ва..., ки мешавад рӯи онҳо ҳисоб кард.

Агар қарор бошад ин ҳалақот ба як ҷараёни мухолифи Толибон мубаддал шаванд ва битавонанд муттаҳидона таҳти як чатри бузург қарор гиранд, дар он сурат мумкин аст гузина ё бадиле барои Толибон бошанд, аммо чӣ навъ платформа метавонад онҳоро ба даври ҳам ҷамъ кунад, ин саволи аслӣ аст?

Ба пиндори ман дар қадами нахуст бояд меъёрҳои кори муштаракро дар баробари худ қарор диҳанд, яъне муштаракоти арзишии худро таъриф кунанд ва баъд хостҳои муштаракашонро тавре матраҳ созанд, ки битавонанд асоси ҳамбастагии онҳоро ташкил диҳад.

1 - Мо, ҳама мухолифи Толибон ҳастем.

2 - Мо хоҳони баргузории Луи Ҷиргаи миллӣ ва мадании таҳти назари Созмони Милали Муттаҳид мебошем.

3 - Мо хостори музокира ва ташкили ҳукумати мушорикатӣ бо Толибон мебошем.

4 - Мо то ба даст омадани ин аҳдоф бо ҳам муштаракан мубориза мекунем.

5 - Мо хоҳони Афғонистони воҳид ва ғайри қобили таҷзия буда, ба таърих, фарҳанг, ҷуғрофия ва ҳокимияти машруъи миллӣ бовар дорем.

Ҳоло агар чунин шароите пеш биояд, оё ин ҷараёнҳо метавонанд бо ду ҷараёни аввалу дувум, яъне, Шӯрои олии муқовимат ва бақоёи ҷумҳурият, роҳкоре барои муборизаи муштарак биёбанд.

Ин саволот дар баробари ҷомеаи имрӯзи Афғонистон ба сурати ҷиддӣ қарор дорад.

Умедворам дар рӯзҳои оянда мо шоҳиди инкишофоти мусбате дар ин замина, яъне расидани мухолифини Толибон ба як иҷмоъи зарурӣ бошем.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!