Амрикоиҳо чӣ гуна як посгоҳи нерӯҳои ҳукумати Афғонистонро нобуд карданд?
Нависанда: Муин Исломпур, собиқ афсари вазорати дифоъи Афғонистон, махсус барои "Сангар"
Дар солҳои 1392-1395 (2013-2016) масъули дафтари қулурдуи 203-и “Тундар” дар зуни ҷанубу шарқ будам. Тамоми маълумоту гузоришҳои иттилоотӣ ва истихборотӣ, машмули мактубҳои идорӣ ба дафтари корам мувосилат меварзид. Ҳар кадомро мутолиа ва мутобиқ ба доираи салоҳияти вазифавии хеш ба мароҷеъи омиру тобеъ ирсол менамудам.
Дар ин муддат шоҳиди ривоятҳо, чашмдиди ҳаводис ва розҳои ғамноку такондиҳандае будам, ки дар ин кӯтоҳа яке аз онҳоро ривоят хоҳам кард.
Дар ин миён, барои ин ки раддипои занҷираҳои тавтиа, террор ва суқути ҳукумати пешин пайдо шавад, огоҳони умури сиёсиву низомӣ таҳлилҳо ва тафсирҳои гуногунеро навиштаанд ва ҳар як порае аз авомили суқути Афғонистон ба дасти Толибонро баршумурдаанд. Ман низ чашмдиди хешро аз нишонаҳои суқуту барандозии низоми пешин дар фароянди маъмуриятам мушоҳида кардаам.
Одат доштам ҳар субҳ пеш аз фармондеҳи қулиурду (генерал Муҳаммад Шариф Яфтлӣ, луидурустиз (сардори ситод)-и пешин) ба дафтари кор мерафтам. Нахуст ба савқу идораи қулурду, баъд ба посгоҳҳо ва нуқоти осебпазир хутути ҷанги тамос мегирифтам, гузоришҳоро таҳияву тавҳид менамудам, сипас мактубҳои идориро мурур мекардам.
Ҳанӯз тибқи риволи ҳамешагӣ гузоришҳоро аз фармондеҳон нагирифта будам, ки тилфони дафтар занг хӯрд. Гӯширо бардоштам. Аз “савқу идораи қули урду”, як афсар бо ҳаяҷон ва пур аз дилҳураву ваҳшат гуфт: “Бачаҳои худамонро амрикоиҳо ҳадаф қарор додаанд. Ҳамалоти сангину ваҳшатноки онҳо бар посгоҳи (Бандукаи вулусволии Чархи вилояти Лугар) идома дорад”.
Дар ҷараёни гуфтугӯ будам, ки бар хилофи рӯзҳои пешин генерал Яфталӣ бисёр барвақт, қабл аз расмиёт вориди дафтари кораш шуд. Дар ниҳоят ғамгин, афсурда ва пур аз ҳаяҷон буд. Бо вазири дифоъ ва луидиристиз бо адабиёти хилофи усули аскарӣ (омирият ва тобеият), тилфонӣ сӯҳбат кард. Нисбат ба рӯйдоди пешомада вокуниши шадид ва тунде нишон дод. Ӯ аз хашм пешониашро мемолид. Хулоса, мо ҳама ҳаяҷонзада ва нигарони талафоти нерӯҳои таҳти амри худ будем.
Ҳудуд як соат аз ин моҷаро гузашт, ки савқу идораи қулурду гузориш дод, шонздаҳ тан аз афроди қулурду дар посгоҳи “Бандука” дар натиҷаи ҳамалоти амдӣ ва қасдии амрикоиҳо шаҳиду захмӣ шудаанд.
Аз шунидани ин хабар такон хӯрдем. Фармондеҳи қулурду, тобеънавоз ва одами меҳрубон буд. Марги ҳар сарбозашро ҳамсони марги фарзандаш медонист. Ашкҳояш ҷорӣ шуд. Дастур дод ҳавопаймо захмиҳо ва шуҳадоро интиқол диҳад.
Дар фосилаи кӯтоҳ захмиҳову шуҳадо ба бемористони қулурду мунтақил шуданд. Бо иттифоқи фармондеҳ ба бемористон рафтем. Захмиҳое, ки нисбатан ором буданд, бо садои пур аз ҳаяҷон мегуфтанд, амрикоиҳо моро куштанд.
Дар ин миён як бридмал (лейтенант) гуфт: “Бо вуҷуди ин ки байрақи кишвар дар посгоҳ баланд буд ва дар ҷараёни ҳамалот батакрор байрақро баланд карда, такон медодем, амрикоиҳо кӯчактарин таваҷҷӯҳе намекарданд. Ҳамчунон моро ҳадаф қарор медодаанд, то замоне ки эҳсос карданд, тамоми нерӯи мо кушта шуданд”.
Фармондеҳи қулурду бароям дастур дод истеъфономааш аз силсиламаротиби вазорати дифоъи миллӣ, унвони раисҷумҳур бинависам. Тибқи дастур номаро навиштам. Ӯ имзо кард. Истеъфономаро ба дафтари вазир фиристодам. Ҳаёҳуе боло шуд. Аз дафтари вазири дифоъ ва луидиристиз пайваста тамос мегирифтанд ва ба фармондеҳ мегуфтанд: “Ин кор бозтоби манфӣ пайдо мекунад. Сабр кунед, ин рӯйдод як ҳодисае тасодуф будааст”. Аммо фармондеҳи қулурду аслан инро намепазируфт.
Асли моҷаро ин буд, ки нерӯҳои вобаста ба қулурду гузаргоҳ ва роҳи убурии Толибонро масдуд карда буданд. Чанд мартаба мушовирони амрикоӣ ба фармондеҳи қулурду гуфта буданд, ки посгоҳи шумо аз он ҷо бояд тағйири мавқеият диҳад. Фармондеҳ ба аҳамият ва таъсиру нақшофаринии посгоҳ таъкид мекард, аммо амрикоиҳо мегуфтанд, он посгоҳ дар он мавқеият бетаъсир аст.
Дар фарҷом талоши амрикоиҳо бенатиҷа монд ва шояд ба гунае аланӣ барои фармондеҳ натавонистанд бигӯянд, ки дар ниҳоят бо қасовати тамом ҳамалоти сангинеро ба роҳ андохтанд, ҳамаи мансубини моро шаҳид ва захмӣ намуданд.
Амрикоиҳо қатъан ва бидуни ҳеҷ тардиде дар барандозии ҷумҳурият нақшу саҳм доштанд. Даҳҳо мавриди дигар дар майдони муҳориба ва наҳваи бархӯрду ҳимояти амрикоиҳо аз нерӯҳои зиддидавлатиро ба чашми сар дидам, ҳамчунон қиссаҳоро дигар афсарони майдони ҷанг ба такрор ривоят намудаанд.
Ман нишонаҳои суқут, тавтиа ва барандозиро он мавқеъ эҳсос кардам ва ин як намунае аз даҳҳо намунаи дигарест, ки дар оянда ҳамаро хоҳам навишт.