Хабари рӯз

Оё куштор ва ғорати Шимолӣ* аз ёдҳо рафтааст?

Нависанда: Адиб Муҳаммадӣ

Кӯҳдоман дар масири таърих ҳаммонанди дигар манотиқи Афғонистон воқеоти талху ғамангези зиёдеро пушти сар гузаштондааст, аммо дар ҳақиқат ҳеҷ кас ғамангезтар ва талхтар аз таҷовузи малишаҳои Нодири Ғаддор ё Оли Яҳё ва ҳамчунон Толибони афғон ё ба фармудаи Хоҷа Башираҳмад Ансорӣ “хавориҷи муосир” набудааст.

Англис, рус, муғул ва дигар бегонаҳо, ҳар он чи карданд, аз онҳо гилоя надорем, аммо Толибон ва сипоҳи муздуру ситамгари афғонии Нодири Ғаддор, ки зоҳиран мӯҳри имомат ва шариати қавмии хешро дар пешонишон ҳак карда буданд, бадтар аз ҳар лашкари куфрӣ ва бегона ситамгарӣ карданд.

Дар замони Нодири Ғаддор таҳти унвони “сараш аз мо ва молаш аз шумо” Кӯҳдоманро вайрон ва ба ҷон, мол ва номуси он таҷовуз сурат гирифт ва дар замони хавориҷи муосир айни амал бо барномарезии дақиқтар сурат гирифт.

Дар ин ду давра бо аҳдофи шум ва тахлияи Кӯҳдоман аз соҳибони аслии он ки тоҷикон буданд, ҷобаҷоии афғонҳои ҳиндӣ ва таҳаққуқи барномаҳои истеъмории Инглис барои истиқрори як ҳукумати дастнишонда ба тамоми маъно, аз ҳеҷ ситамгарие дареғ нашуд.

Шоҳоғо Муҷаддадӣ дар китоби “Амир Ҳабибуллоҳ, ходими дини расулаллоҳ” нигоштааст,ки: “Пас аз пирӯзии Нодирхон замина тавре муҳайё шуд, ки Нодирхон ҳамин лашкари хеш, яъне мардумони таҳти амр ва тарбиятшудаи истеъмори Инглисро ба Шимолӣ фиристод ва онҳо ҳар қадар ҷинояте, ки аз дасташон омад, сарфа накарданд. Моли мардумро чуру манозилашонро оташ заданд ва ҳатто теъдоде аз духтарони ҷавонро бо худ ба Ҳинди Бритониёӣ бурданд, ки баъдҳо он мазлуминро дар “Ҳироманду”-и Лоҳур ба фурӯш расонданд”.

Ба хотири саркӯби ин мардум ягона шахсияти ҷабборе, ки метавонист аҳдофи истеъмори инглисро бароварда созад, Муҳаммадгул Муманд буд, ки ба унвони раиси танзимияи Шимолӣ 25 ҳазор туфангдорони ҷирахори Инглисро аз қабилаҳои аҳмадзай, карухел, ҷоҷӣ, мангал, тутохел ва вазирӣ ҷамъ карда ва таҳти фармондеҳии шахси Муҳаммадгул Муманд ба Шимолӣ ғарази куштор, чуру чаповул фиристоданд, то дар Кӯҳдоман алайҳи тоҷикон афғонгуна ваҳшигарӣ кунанд.

Тавре, ки дар китоби “Яғмои дувуми мангалӣ” навиштаи устод Латиф Каримии Истолифӣ нигошта шудааст: “Муҳаммадгул Муманд дар ин вилоят қиёфати фотеҳӣ ба худ гирифта, дар камоли такаббур ва бегонагӣ бо мардум пешомади душманонаву ваҳшиёна намуд. Ӯ қувои ҳашарӣ ва низомиро дар тороҷи хона, инҳидоми деворҳо, боғҳо ва эҳроқи қалъаҳо бигумошт ва худ машғули шиканҷа, иҳонат ва латукӯби мардум буд. Ӯ аз қиёмкунандагон, яъне (тоҷикон) ҷон мехост ва онҳое, ки пул, тило ва силоҳ надоштанд, чӯб мезад, дашномҳои ракик ва дӯр аз шарафи инсонӣ медод, ҳатто ба таъйиди соири таърихнависон, таҳдид ба эҳзори занаш дар маҷлис ом менамуд. Агар дар хонаҳои талошишуда, зеварот ба дасташон намеомад, занони хонаводаро таҳдид ба фурӯ бурдани сӯзан дар пистонҳояшон менамуданд”.

Дар солҳои тасаллути хавориҷи муосир ё толибони афғон, ки мардуми Шимолӣ ба раҳбарии Устоди Шаҳид ва фармондеҳии Қаҳрамони миллӣ дар ҳоли муқовимат буданд, ба фармудаи Шоҳоғо Муҷаддадӣ дар китоби “Амир Ҳабибуллоҳ, ходими дини расулаллоҳ”, ки ба гунае бо бисёр муҳофизакорӣ нигоштааст: “Мардуми Шимолӣ дар баробари Толибон меразмиданд ва дар баробари таҷовузи Покистон муқовимат намуданд, ҳукумати Покистон маҷбур шуд, то ба хотири қалъу қамъи муқовимат теъдоди зиёде панҷобиро дар либоси толиб дохили кишвари мо намояд ва инҳо пас аз фатҳи Кӯҳдоману Парвон ва Кописо мисли сарҳадиҳо пас аз оташ задани мазореъ ва боғҳои мардуми Шимолӣ ва вайрон намудани корезҳо ва манозили мардум, иддае аз духтарони ҷавонро ба номи интиқол ба кампи Саришоҳӣ аз Шимолӣ бо худ оварда ва мехостанд ба Панҷоб интиқол бидиҳанд, ки тавассути иддае аз толибҳои афғонистонӣ ҷилавгирӣ шуд”.

Толибҳо ва нодириҳо афғон/паштун буданд. Муздури Инглис ва ба хотири таҳаққуқи аҳдофи инглисҳо ва ташкили як кишвари мустаъмара ба тамоми маъно сохташуда ва аммо бо суъистифода аз ислом, чеҳраи ин динро бадном кардаанд. Инҳо натанҳо аз таъриху фарҳанги мо, балки аз Қуръон ва инсоният низ ноогоҳ буда ва ҳар барномае, ки аз ISI ва бодорони дигари худ дарёфт мекарданд, бо энергияи тамом ба сӯи таҳаққуқи он мешитофтанд.

Хоҷа Башираҳмад Ансорӣ дар китоби “Мазҳаби Толибон” ҳикояти ҷолиберо нақл кардааст: “Дӯстмуҳаммад аз бошандагони Кобул, ки дар даврони Толибон маҷбур шуда буд, то ба хотири садди рамақ ба Шимол биравад ва дар бадали музди рӯзона ҳафтод ҳазор рӯпияи кобулӣ-пули роиҷи кишвар дар он замон дарахти себ, шафтолу ва токи ангур арра намояд. Ӯ мегӯяд: “Рӯзе дар Кӯҳдоман дар ҳоле, ки масруфи арра кардани дарахтҳои себ будам, бароям эҳсоси гуруснагӣ даст дод ва бо худ гуфтам чӣ мешавад, то себеро аз шохаи яке аз дарахтҳои қатъшуда барканам ва илоҷи гуруснагӣ намоям. Ҳамин ки себро канда бар даҳон гузоштам, дидам, ки кебал (кабел)-и толиби мусаллаҳ, ки моро истихдом намуда буд, бар сарам фуруд омад ва сипас бароям гӯшзд намуд, то ҳаргиз ба меваи ҳаром даст дароз нанамоям”.

Ва ин ақидаи хандаовари хавориҷи муосир зери парчами ислому мазҳаби муқаддас ва миёнарави ҳанафӣ таҳмил бар ононе шуд, ки солиёни мутамодӣ қурбонии зимомдороне инчунин ва қабилагароёни мутаассибу ноогоҳ аз ислом шудаанд ва бо шиори иморати исломӣ ва дар сояи падидаи истеъмори Инглис, идеяи саҳюнизм ва иҷрооти Покистон ва муздури натсионализми афғонии ташнаи қудрату инҳисоргар ба вуҷуд омаданд. Амалкарди инҳо дар воқеияти ҳамон проекти тактаборисозии манотиқи Шимолӣ ба хотири таҳаққуқи аҳдофи шуми самсурҳои афғон ва афғонихоҳони ҷоҳил мебошад.

Нодириҳо ба ҷуз худу хонадони худ ҳеҷ касро лоиқи подшоҳӣ ва зимомдорӣ дар ин кишвар намедонистанд ва ба хотири аҳдофи худ аз инглисҳо ва ҳиндиҳо кумак меҷустанд. Ин дар ҳолест, ки истеъмори пиру ҷавон низ дар ҳар кишвар ба думболи қабилагароён, тамомиятхоҳони ифротӣ ва ҷоҳталабҳо буда ва ба ҳимояти онҳо бархоста ва дар пайи ба расмият шинохтани онҳо дар маҷомеъи байналмилалӣ будааст.

Ҳамчунон Толибон бо андешаи пучу тухолӣ ба кӯмаки қабилагароён, халқиҳо ва назарияи бартарии таборӣ ва забонӣ, ки аз бузургтарин мушкилоту садди роҳи ҳукуматдории исломӣ ва мардумсолории динӣ ба шумор меравад, кишварро ба сӯи нобудӣ ва ба вежа Куҳдоманро ваҳшиёна тавҳин, куштор ва ғорат карданд.

Ин аъмоли ваҳшёнаи афғонӣ имрӯза ба ашколи гуногун қалбҳои моро ба дард меоварад. Тавре, ки ба шахсиятҳои таърихии тоҷикҳо ва забони форсӣ, ки бидуни тоҷикҳо ва забон форсӣ таърихи кишвари мо холӣ аз мӯҳтаво, фарҳанг ва тамаддун хоҳад шуд, таҷовуз ва фишорҳое сурат мегирад.

Фазлаҳад Аҳадӣ дар китоби “Фарҳанги омиёнаи Панҷшер” менависад: “Ҷиноят танҳо ин нест, ки касеро нобуд кунӣ ва ӯро аз миён бардорӣ, балки ҷиноят он аст, ки бар ҳастиву фарҳанги касе ё гурӯҳе ё миллате даст бубарӣ ва онро аз ӯ бигирӣ, чӣ дониста ва чӣ нодониста”.

Ба ҳар сурат, таърихи Афғонистони муосир ва воқеоти таърихии кишвар ба исбот мерасонад, ки нодириҳо, Толибон ва ҳамфикрони онҳо афғон ё ҳамон паштун буданду ҳастанд ва бидуни ҳеҷ далели миллӣ ва шаръӣ дар хидмати аҷониб буда ва ҳеҷ гуна силаи раҳму ҳеҷ гуна эҳтироме ба фарҳанг, таърих, дин ва номуси бумиёни Хуросон надошта ва надоранд.

*Шамолӣ ё Шимолӣ ба минтақае мегӯянд, ки аз хатми Хайрхонаи шаҳри Кобул то Багромро дарбар мегирад ва онро Кӯҳдоман низ меноманд, Ҳамчунон қаламрави аз Хайрхона то Даҳонаи Панҷшерро низ бархе “Шимолӣ” меноманд.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!