Хабари рӯз

Ифроту тафрити Шоҳ Амонуллоҳро чӣ тавр бояд шинохт?

Нависанда: доктор Фазлмануллоҳ Мумтоз, махсус барои “Сангар”

Ҳама медонанд, ки дар робита ба таърихи Амонуллохон,  ислоҳот ва фасодати ӯ даҳҳо китоб навишта шудааст ва қазоватҳои мутанаввеъву бардоштҳои зиддунақиз сурат гирифтааст, ки хориҷ аз ҳавсалаи ин матлаб аст. 

Бисёр кам аз нависандагонро сӯроғ дорем, ки мунсифона дар мавриди эшон қазоват намуда бошанд. Ин нависандагон аз нигоҳи мутолиаи афкор ба чанд даста тақсим мишванд:

1 - Як теъдод аз нависандагон тибқи сиёсати рӯзу полисии ҳамон низом ва низомҳои рӯз таърихнависӣ намудаанд;

2 - Як теъдоди дигар аз дидгоҳи қавмиву забонӣ тибқи тамоюли фикрӣ ва қаноатҳои худ навиштаанд ё мухолиф ва ё ҳам мувофиқ;

3 - Як теъдоди дигар қиссасароӣ ва ҳикоятсароӣ намудааст бидуни дарназардошти меъёрҳои илмӣ ва мустанадсозии вақоеъ ва шавоҳиди таърихӣ;

4 - Як теъдоди бисёр кам наздик ба ҳақиқати воқеиятҳои айнӣ дар робита ба таърихи Амонуллохон навиштаанд.

Дар натиҷа бояд гуфт, ки Амонуллохон як шоҳзода буд. Мутассир аз тарбияи ҳамон хонавода будааст. Дар айни вақт мутассир аз муҳити ҷаҳонишуда буд ва он ҳам аз хешовандиаш бо Маҳмуди Тарзӣ, ки солҳо дар берун аз кишвар ба табъид ба сар мебурд. Ҳамчунон сафари шашмоҳа ва тӯлонии ӯ ба хориҷ аз кишвар таъсироти манфӣ ва мусбати қобил мулоҳизаеро бар вай гузошт. Баъд аз авдати бидуни ташхиси шароит ва авзои фарҳангии кишвар шитобзада вориди иқдомоти аҷулона гардид.

Ҳамчунон эшон мутаассир аз таноқузоти рафтору гуфтор ошкору пинҳони падару падаркалони худ шуда буд, яъне тибқи маъмул ҳуккоми Афғонистон он чиро дар гуфтор намоён мекарданд, дар рафтор мухолифи он буданд. Дар зоҳир татбиқи шариату исломро унвон мекрданд, аммо дар амал мухолифи он буданд.

Ин мунофиқати сиёсии гуфторӣ ва рафторӣ боиси аксуламал дар муқобили Амонуллохон гардид. Эшон иштибоҳан ба тарафи динситезӣ тамоюл пайдо кард, балки уқдамандона амал намуд. Динро иллати ақибмондагӣ медонист. Ҳамин иллат буд, ки шитобзада фармонҳои худсаронаву аҷулонаро содир намуд, ки аксарияти он бо усулу савоботи исломӣ дар тасодум буд. Онҳое, ки ин иқдомоти Амонуллохонро ислоҳот меноманд, ба ақл таъбири онҳоро ҷоҳилона ба дин метавон номид.

Дар айни вақт бархе аз нуқоте дар фармонҳои Амонуллохон вуҷуд дорад, ки воқеан онро метавон ислоҳот номид. Ба таври мисол, истиқлолталабии Амонуллохон ва талоши эшон дар ин росто қобили тақдиру ситоиш аст. Бояд ба он ҳама эътироф намоянд. Дигар аъмол манфии ӯ боиси чашмпӯшӣ ба ин шаҳкориаш нашавад. Ҳамчунон истиқлолталабӣ ва аъмоли шоистааш боиси чашмпӯшӣ аз динситезӣ ва аъмол ношоистааш нашавад, чунончи шудааст.

Дар робита ба мухолифати Инглис ҳеҷ шакку шубҳа вуҷуд надорад. Ин заминаи дасисаро худи шахси Амонуллохон барои дахолати Инглис фароҳам сохт. Табъан душман дар камин буд. Бояд инро ҳам дарк кард, ки илтиқои масолеҳ маънои ғуломиро надорад, чунончи гуфтаанд, душмани душмани ман дӯсти ман аст.

Дар ахири ин матлаб ба чанд мавзӯъи муҳимми асосӣ бояд ишора намуд. Он ин ки гуфта мешавад, ки ҷиҳати бадном сохтани Амонуллохон инглисҳо тасовири ҷаълии нимабараҳнаи малика Сурайёро пахш ва нашр карданд. Тасовири Малика Сурайё, ки ҳол дар архиви вазорати иттилооту фарҳанг, ҳамчунон дар хонаводаи Амонуллохон ва хонаводаи Тарзӣ вуҷуд дорад, ки бадтар аз нимабараҳна аст. Намедонам инглисҳо бештар аз ин кадом тасвирҳоеро нашр кардааст, агар мубтазалтар аз ин бошад. Шояд комил бараҳна бошад. Ин тасовирро ман ба духтари Амонуллохон пешкаш кардам, ки оё ин аслӣ аст ва ё ҷаълӣ? Ба ҳарфи воҳид гуфтанд, ки ҳамин тасовири аслӣ аст ва онҳо бар он муҳри таъйид гузоштанд. Ин тасовир дар ин замон қабеҳ ва мункир аст, чӣ расад ба сад соли қабл?

Дигар ин ки истиқлолталабии Амонуллохон як амри маҳмуд аст, бояд тақдир шавад ва на аз он чашмпӯшӣ. Аъмол ва афъоли динситезиаш бояд тақбеҳ шавад. Дар ниҳоят Амонуллохон як шоҳзода буд ва мутаассир аз муҳити хонаводаи худ. Падаркалонашон тавассути падараш ба қатл расид, падараш тавассути худ ва модараш ва ба ҳамин тавр кокояш.

Аз ӯ қавли маъруфу машҳури манқул аст, ки ҳар кореро, ки анҷом медод, ба такрор мегуфт: “Ман набераи Амир Абдурраҳмонхон ҳастам”.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!