Хабари рӯз

Масъуд мехост бо русҳо музокира кунад, ки ин раванд аз тарафи Наҷиб тахриб шуд.

Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии исломӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, узви Шӯрои мушовараи "Сангар" 

Рӯзе, ки озими кишвари Австралия будам (аввали октябри 2023 ба даъвати Маркази фарҳангии Нур ва масҷиди Набӣ Акрам (с) дар Сидней) аз як дӯсти гиромӣ китоби ҷолибе зери унвони "Ним қарни муборизаву сиёсат: гуфтугӯи Самия Ромиш бо Абдулҳамид Мӯҳтот" аз Олмон ба дастам расид. Чун парвоз аз Сан-Франсиско ба Сиднейи Австралия тақрибан ҳабдаҳ соат аст, ман дар рафту баргашт ин китоби панҷсадсафҳаиро тамом кардам.

Оқои Мӯҳтот аз чапиҳо ва парчамиҳое буд, ки бо Сардор Муҳаммад Довуд барои аз по андохтани салтанат ҳамкорӣ кард ва дар он замон вазири мухобироти раёсати ҷумҳурӣ шуд ва баъд дар давраи Таракӣ -Амин барои 9 сол сафири Афғонистон дар Ҷопон буду дар даврони раёсати доктор Наҷиб муовини раёсатҷумҳурӣ шуд.

Хуб, таърих монанди дину улуми сиёсӣ, журнализм ва ҳунарҳои зебо аз улуми инсонӣ ё humanities аст ва ҳар кас метавонад таърих бинависад ва ё дар сиёсат ибрози назар кунад. Зарур нест, ки шумо таърихдон бошед ва ё дар улуми сиёсӣ доктор бошед. Ин риштаҳо фақат пушти кору мутолиа мехоҳад. Дар хотиротнависӣ ё autobiography, ки бахши умдаи ин китоб аст, ҳар чиз метавонад дуруст бошад ва ё дурӯғ бошад, мо намедонем ва ҳаққи қазоватро ҳам надорем, зеро нависанда дар ҳамон мақтаи таърих танҳо худаш буда ва шоҳиде ҳузур надоштааст ва ё агар шоҳиде буда, фавт кардааст.

Масалан, оқои Мӯҳтот ба доктор Наҷиб мегӯяд, ки "Ман ба доктор Наҷиб гуфтам, ки "ман то замоне ҳамроҳат ҳастам, ки ту барои озодии мардум ва адолат кор кунӣ, дар ғайри он ҳамроҳат нахоҳам буд" (сафҳаи 355-и китоб). Шаҳнавоз Танай, ки дар ин гуфтушунид ҳозир буд, дигар дар ҷаҳон нест, ки ин суханро таъйид ва тасдиқ кунад. Пас, хонанда метавонад дар сидқу ҷаъли ин сухан аз нигоҳи илмӣ шак кунад, зеро феълан ба ҷузъ аз худи гӯянда шоҳиде вуҷуд надорад. Ва аммо инро медонем ва субут дорем, ки давраи Наҷиб ҳам давраи адолат набудааст ва гӯянда, ки ҳамеша аз корравоиҳои худ таъриф карда, бо як низоми ғайриодил ҳамкорӣ кардааст. Аз аввали ҷумҳурии Довудхон то охир. Мушкили таърихнависӣ ба шакли хотирот ҳамин аст. Ва аммо баъзе масоилро, ки мардум худ воқиф ҳастанд ва иттилоъ доранд, метавон мавриди қазоват қарор дод.

Як бахши китоб робитаи Аҳмадшоҳ Масъудро бо доктор Наҷиб тазаккур медиҳад. Наҷиб намехост, ки Масъуд бо русҳо дохили музокира шавад ва орзу дошт, ки аввал Масъуд бо худи Наҷиб дар мизи музокира бинишинад. Ҳатто ба асоси ин китоб Наҷиб мехост, ки Масъудро вазири дифоъ таъин кунад, ки Масъуд на вазорати дифои Наҷибро қабул кард ва на ҳозир шуд бо доктор Наҷиб музокира кунад. Ва аммо Масъуд мехост, то бо русҳо музокира кунад, ки ин раванд аз тарафи Наҷиб тахриб шуд. Толибон ҳам намехостанд бо ҳукумати Ғанӣ музокира кунанд ва танҳо мехостанд, то бо Амрико, ки онҳоро суқут дода буд, ба мизи музокира бинишинад.

Оқои Мӯҳтот кӯшиш карда буд, то як фазои сулҳро байни Аҳмадшоҳ Масъуд ва Наҷиб ба вуҷуд биоварад (акси ёдгорӣ дар сафҳаи 526 дида шавад), ки ин орзу бароварда нашуд. Мухолифини Масъуд ҳамеша Масъудро бо созиш бо русҳо маломат мекунанд, дар ҳоле ки Масъуд мехост шахсан аз русҳо тааҳҳуд ба берунрафт бигирад ва шахсан русҳо ба шикасти худ эътироф кунанд ва аз Афғонистон хориҷ шаванд.

Китоб аз як ҳақиқати айнии ҷомеаи Афғонистон таъриф мекунад, ки Наҷиб таассуби қавмӣ дошт ва як далеле, ки ихтилоф вуҷуд дошт, ин буд, ки Наҷиб як тоҷикро наметавонист дар арикаи қудрат бибинад. Ин китоб мушкили умдаи Афғонистонро дар қавмгароӣ ва қавмпарастӣ мебинад, ки боиси нифоқи миллӣ (агар чизе ба номи миллӣ бошад) шудааст. Китоб эътироф намекунад, ки чаро русҳо ба парчамиён руҷуъ накарданд, ки ба Сардор Довуд такя карданд, то салтанат аз байн биравад, зеро русҳо мехостанд, то низом аз дохили хонавода тавассути гумоштагонашон, монанди Мӯҳтот музмаҳил шавад ва баъд роҳро барои худ боз кунанд.

Русҳо ва гумоштагонашон, монанди оқои Мӯҳтот дуруст насанҷида буданд, ки дар як низоми қавмӣ ва қабоилӣ, ки зиёдтар аз сад сол давом кард, идея ё назарияи пролетариату сотсиализм кор намекунад. Ҷолиб аст, ки оқои Мӯҳтот тасаввур мекунад, ки низомҳои ғарбӣ ҳама сотсиалистӣ ҳастанд [музҳик] ва ҳатто мегӯяд, ки муовини феълии раисҷумҳури Амрико як сотсиалист аст. Дар ҳоле ки низомҳои феълии ғарбӣ дар Аврупо ба асоси сармоядорӣ бино ёфта, бо як рӯпӯш, монанди нақли камбори масоили иҷтимоӣ ба хотири рифоҳи омма, на ин ки сотсиалистӣ бошад. Ғарбиҳо ба кӯмаки Амрико мубориза карданд, ки сотсиализмро дар сатҳи ҷаҳонӣ шикаст диҳанд ва ҳамин ҳам шуду низоми Шӯравиро тикка-тикка карданд, ки бо ин як ҷо дар ботилдонии таърих қарор гирифт.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!