Аз рӯзе, ки ин номи истеъморӣ бар ҷуғрофияи Хуросон гузошта шудааст, ин ҷуғрофия ба ҷуғрофияи наҳс, ҷуғрофияи хашм, ҷуғрофияи таассуб ва ҷуғрофияи ҷаҳолату бадавият табдил шудааст.
Нависанда: Яъқуби Ясно, устоди вақти Донишгоҳи Берунии Афғонистон, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
Ҳама дидем, ки Модӣ, нахуствазири Ҳинд дар “Гурӯҳи 20” аз нишони «Бҳарат» ширкат кард ва рӯи мизи Модӣ Бҳарат ба ҷойи Ҳинд навишта шуда буд. Номи Ҳинд ё Ҳиндустон чаро ба Бҳарат тағйир кард? Агарчи Ҳинд низ номи куҳане аст ва маъмулан ин кишвари паҳновар дар ҷаҳон бо номи Ҳинд шинохта мешудааст.
Аммо давлати Ҳинд ба ин назар аст, ки Ҳинд ё Ҳиндустон номе нест, ки худи мардуми Ҳинд ба кишвари худ бигӯянд, зеро мардуми Ҳинд ба кишвари худ Бҳарат мегӯянд ва Бҳарат номи куҳантар ва бопешинатар аз Ҳинд аст. Решаи вожаи Ҳинд аз Синд бармеояд, ки бештар эрониёни бостон сарзамини Ҳиндро Ҳинд ва Ҳиндустон мегуфтаанд ва дар ҷаҳон низ ба Ҳинд маъруф шудааст. Вожаи Бҳарат “нигаҳдоранда” маъно медиҳад, ки реша дар китоби маъруфи “Маҳабҳарата” дорад ва Бҳарат номи ҷой низ будааст.
Назари давлати Ҳинд ин аст, ки номи аслӣ, қадимӣ ва мардумии ин кишвар Бҳарат аст, на Ҳинд. Зеро мардум кишвари худро бо номи Бҳарат мешиносанд ва Ҳинд бештар номи дигарон аст, ки ин кишварро ба он ном ёд мекардаанд ва муҳимтар аз ҳама “Ҳинд” бештар номи истеъморӣ аст, ки тавассути инглисҳо дар ҷаҳон ривоҷ ёфта ва гоҳе низ инглисҳо аз Ҳинд бо номи Ҳинди Шарқӣ ёд кардаанд, зеро Ҳинди Ғарбӣ ба бумиёни Амрико гуфтаанд.
Христофор Колумб вақте ба Амрико расид, фикр кард ба Ҳинд рафтааст ва мардумони бумии Амрикоро ҳиндӣ номид. Ғарбиён аз он ба баъд бумиёни амрикоиро ҳиндиёни ғарбӣ ва кишвари Ҳиндро Ҳинди Шарқӣ гуфтанд. Давлати Ҳинд ин таъбири ғарбро таъбири истеъморӣ ва киноя медонад. Бино бар ин, давлати Ҳинд номи Бҳаратро номи асил, бопешина, худӣ ва мардумӣ медонад ва аз ин ном истифода мекунад. Истифода аз номи Бҳарат тавассути давлат ба ин маъност, ки номи Ҳинд расман ба Бҳарат тағйир ёфтааст.
Аммо пурсиш ин аст, ки номи истеъморӣ ва ҷаълии Афғонистон чаро тағйир намекунад ва чаро ҳукуматҳои Афғонистон ин номи ҷаълиро пӯстини падари худ дониста ва нисбат ба ҳифзи он асабият нишон медиҳанд ва ҳатто равшангарӣ дар бораи ин номро иҳонат медонанд ва мегӯянд, касе дар бораи маънои калимаи “афғон” сухан нагӯяд ва нанависад?
Ҳукумат, инсон ва ҷомеае оқилу аҳли мудоро нисбат ба ҳеҷ чизе асабият надоранд ва дар бораи ҳар чӣ гуфтугӯ, интиқод ва равшангарӣ мекунанд. Асабият дар бораи чизе нишондиҳандаи ҷаҳолат ва бадавияти фикрӣ аст. Биёем бидуни кадом асабият бингарем ва таваҷҷуҳ кунем, ки афғон чӣ маъно дорад ва Афғонистон аз чӣ вақте номи сарзамини Хуросон шудааст ва чӣ касе ин номро бар сарзамини Хуросон гузоштааст. “Авғон” сурат асилтари вожаи “афғон” аст ва сурати қадимтари он “авагон” аст. “Афғон” муъарраби “авғон” аст.
Қавме дар минтақа бо номи паштун, пуштона ва патон вуҷуд дорад, ки ҷойи аслӣ ва нахусти ин қавм дар кӯҳҳои Сулаймон будааст. Ин маҳалл феълан дар марзи Бҳарат (Ҳинд) ва Покистон аст, аммо дар гузашта мутааллиқ ба Бҳарат будааст. Қавми паштун аз садаи даҳи ҳиҷрӣ ба баъд ба тарафи Хуросон ҳаракат карданду даст ба футӯҳоте заданд ва то ин ки дар давраи Аҳмадшоҳ Дурронӣ, яке аз сардорони Нодир Афшор, Хуросонро тасарруф карданд ва аз он ба баъд хонаводаҳои паштун бар Хуросон салтанат кардаанд ва то имрӯз ин салтанатҳои хонаводагӣ ба шеваҳои мутафовите бо номи ҷумҳурият, иморат ва… идома дорад ва ҳеҷ вақте ин хонаводаҳои паштун нахостаанд давлати миллӣ бар асоси усули модерни давлатдорӣ, ки демократия ва интихобот бошад, шакл бигирад. Ҳамеша султаву тасарруфро дар ҳукуматдорӣ асл донистаанд.
Қавми паштун дар Покистон бо номи паштун, дар Ҳинд бо номи патон ва дар Афғонистон бо номи авғон ва паштун ёд мешавад. Паштунҳои Афғонистон низ аз худ бо номи пуштона ва паштун ёд мекунанд, аммо тоҷикҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳо ба онҳо авғон мегӯянд. Мардуми оми паштун аз авғон гуфтан нороҳат мешаванд, ба навъе авғон гуфтанро иҳонат ба худ медонанд. Аммо аз паштун гуфтан нороҳат намешаванд. Бар ин асос маълум мешавад, ки авғон ё афғон номи дигари ин қавм аст, яъне ақвоми дигар қавми паштунро бо номи афғон ё авғон ёд мекардаанд ва дарвоқеъ авғон зидди номи қавми паштун будааст.
Зиддином бештар номи киноӣ ва номи дигарест, ки дигарон як қавмро ба он ном ёд мекунанд ва он номро бар он қавм барчасп мезананд. Аммо дар асари такрору маъруф шудан он қавм бо номи зидди номашон, бо зидди номи худ ҳамзотпиндорӣ мекунанд ва бо он зидди ном эҳсоси худӣ пайдо мекунанд. Агар мутунро баррасӣ кунем, дар мутун фарҳанг ва адабиёти қавми паштун аз ин қавм бо номи паштун ёд шудааст. Ҷумъахон, пажӯҳишгари паштуни Покистон мегӯяд, номи аслии қавми мо паштун аст ва афғонро дигарон ва сиёсатмдорони паштуни Афғонистон бар мо барчасп задаанд.
Ҳақиқат ҳамин аст, ки афғон бештар дар мутун ва фарҳанги ғайрипаштун омадааст. Дар мутуни форсӣ монанди “Таърихи Балъамӣ” ва ғайра аз қавми паштун бо номи афғон ёд шудааст ва маъмулан аз вожаи афғон бо чанд барчасп ва нисбати бад ёд шудааст. Дар бахши мулҳақоти “Шоҳнома” дар достони “Каки Кӯҳзод” ирҷоъ дода шавад, ки чӣ барчаспе ба афғон зада шудааст. Дар даврае, ки инглисҳо Ҳиндро тасарруфу мустаъмара карданд ва хонаводаҳои салтанатии қавми паштун дар Хуросон дастнишондаи инглисҳо буданд, ба қавми паштун бинобар ривоҷе, ки афғон ва афоғина дар мутуни эронӣ дошт, аз ин барчасп истифода карданд ва то ин ки ба ҷуғрофияи зери султаи амир Абдурраҳмон, бавижа ба ҷуғрофияи зери султаи Амир Ҳабибулло, писари Абдураҳмон, Афғонистон гуфтанд ва Маҳмуд Тарзӣ ин номро дар давраи Амир Амонулло худӣ кард ва талош кард ҷомеаи паштуну кулли мардуми Хуросон, яъне тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва ҳазораҳо бо ин ном ҳамзотпиндорӣ кунанд ва ин номро худӣ кунанд, аммо пас аз сад сол мардуми тоҷик, ҳазора, ӯзбек ва ғайра натавонистанд бо барчаспи “афғон” ҳамзотпиндорӣ кунанд, ҳатто қавми паштун дар кул бо ин ном ҳамзотпиндорӣ накардаанд ва худро паштун мегӯянд. Аз барчаспи афғон сиёсатмадорони паштун истифода мекунанд ва мехоҳанд ин номро бар қавми паштун ва ақвоми дигар таъмим бидиҳанд, зеро ин номи истеъморӣ мавриди ҳимояти Инглис ва… аст.
Маҳмуд Тарзӣ дар “Сироҷ-ул-ахбор” менависад, ки ақвоми дигаре дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд, ки афғон нестанд, аммо ба онҳо низ метавон афғон гуфт. Бино бар ин, Маҳмуд Тарзӣ забони афғонӣ, пули афғонӣ в…ро ихтироъ мекунад ва Амонулло низ таҳти таъсир натсизми қавмии Тарзӣ қарор мегирад ва мегӯяд, ба ман амир, султон ва шоҳ нагӯед, ба ман “тулвок” бигӯед. “Тулвок” вожаи пашту аст ва “ихтиёрдори кулл” маъно медиҳад. Ҳабибӣ Амонуллоро узви Ҷунбиши машрутият медонад, аммо ин узви Ҷунбиши машрутият ин гуна шефтаи мутлақнигарӣ мешавад. Ҷунбиши машрутият аз барсохтаҳои Ҳабибӣ аст.
Афғон ва Афғонистон номҳои истеъмориву барчаспе бар қавми паштун ва бар ҷуғрофияи Хуросон аст ва аз рӯзе, ки ин номи истеъморӣ бар ҷуғрофияи Хуросон гузошта шудааст, ин ҷуғрофия ба ҷуғрофияи наҳс, ҷуғрофияи хашм, ҷуғрофияи таассуб ва ҷуғрофияи ҷаҳолату бадавият табдил шудааст ва ҳеҷ гоҳе мардуми ин ҷуғрофия оби хуш нанӯшидаанд ва ҳар куҷое рафтаанд, аз ин ном ҷуз шармандагиву сарафгандагӣ насибашон нашудааст. Асабият нисбат ба ҳар чизе, ки бошад, дуруст нест, ақлонӣ ин аст, ки дар бораи ҳар чӣ битавон андешид, фикр кард, аз он интиқод ва дар бораи он гуфтугӯ кард.
Бештар аз сад сол мешавад ин номи истеъморӣ ва ин барчасп бар ҷуғрофияе бо ному нишони Хуросон, ки аз назари фарҳангӣ ва зарфиятҳои башарӣ, нигини ифтихори минтақаву ҷаҳон буд, гузошта шудааст ва бо ин номгузорӣ, ҷуғрофияи ҳумоюнӣ ва босаодати Хуросон табдил ба ҷуғрофияи наҳсу номаймуни Афғонистон шудааст. Мебинем имрӯз кишваре бузург, монанди Ҳинд, бо ин ҳама шӯҳрати хуб дар ҷаҳон мехоҳад номеро, ки барчаспи истеъмор бар он хӯрдааст, канор бигузорад ва аз номи Бҳарат барои номи кишвари Ҳинд истифода кунад, дар ҳоле, ки номи Ҳинд низ бо фарҳангу таърихи ин кишвар номи бегонаву ноошно нест, аммо мардуму давлати Ҳинд мегӯянд, бар ин ном барчаспи истеъмор хӯрдааст, намехоҳем бо барчаспи истеъмор шинохта шавем.
Афғонистон низ номи истеъморӣ бар Хуросон аст, ки тавассути инглисҳо ин ном бар Хуросон барчасп зада шуд, то ҳувияти фарҳангӣ ва башарии Хуросонро бизудоянд. Бинобар ин, дуруст ин аст монанди кишвари Ҳинд, Туркия ва соири кишварҳо ақлонӣ фикр кунем ва иштибоҳҳои худро рафъ кунем, то ба ваҳдати иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва миллӣ бирасем. Яке аз рафъи иштибоҳҳо баргаштондани номии аслии ин ҷуғрофия (Хуросон) ба ин сарзамин аст. Беҳтар аст мардум барои рафъи ин иштибоҳ пешқадам шаванд ва номи кишварро “Хуросон” ва худро “хуросонӣ” бигӯянд. Ин иқдом саранҷом бар ҳукуматҳо ва бар мардуми ҷаҳон таъсир мегузорад ва номии аслии кишвар ба кишвар бармегардад.