Тавзеҳоти кӯтоҳ ва таърихи рутбилҳои Систон Зобулстон - хонадони салтанати тоҷикҳои Своти Покистон — аҷдоди нависандаи ин матлаб.
Нависанда: Ориф Ҳасан Охундзода, пажӯҳишгари таърих ва таҳлилгари умури минтақа ва Покистон, узви Шӯрои мушоваратии “Сангар”
Теорияи таърихнигори свотӣ, шодравон профессор Ахтар, ки рутбил ё рутабил шоҳони машҳури аҷдоди салотини свотӣ будаанд, бисёр қавӣ аст ва бо далолатҳову истидлолҳои қобили таваҷҷуҳе ҳимоят шудааст.
Ҳокимони рутбил (номе, ки аз “элтабор”, унвони туркӣ гирифта шудааст) дар даврони нахустини қуруни вустои Зобулстон (ҷуғрофияи Систони Бузург) муттаҳидону ҳамкорони ҷавони Кобулшоҳии туркони ҳинду буданд, ки ноҳияи Кобулистон-Гандҳараро ба сӯи шимол идора мекарданд.
Ин ҷо ниёз ба тавзеҳ вуҷуд дорад, ки ҳудуди 20 сол пас аз шикасти Эрони соcонӣ тавассути ислом дар соли 651 мелодӣ, вилоятҳои шарқии Кобулистон-Гандҳара ба дасти силсилаи ҳунҳои ҳиндушуда ба номи Кобулшоҳон, ки ҳамчунин ба номи турки шоҳӣ низ шинохта мешуданд, афтоданд.
Ба назар мерасад, ки рутбилҳо худ аз насли бостонии ошурӣ-порсӣ будаанд ва ҳамчунин сарони як дастаи хуршедии маҳаллӣ ё “Зун” буданд, ки реша дар асотири ошурӣ доштанд — шавоҳиде аз он дар ин минтақа, ҳарчанд тика-тика аст, аммо фаровон аст. Зоҳиран, аз даврони тамаддуни Ҷируфт (феълан минтақаи Ист дар ҷануб Эрон) низ дар ин ҷо боқӣ мондааст. Муҳиммтарин макони мазҳабии онҳо дар наздикии Ғазнӣ дар Сакованд (Саҷованди кунунӣ дар Лугар) воқеъ шуда буд. Аз ин рӯ, метавон натиҷа гирифт, ки нуқтаи оғози рутбилҳо, тамаддуни Ҷируфт дар Систони Бузург ва Кирмон буд, ки ба тамаддунҳои бостонии Шумер, Окод (Калда), Ошур, Илом ва водии Синд (Покистони феълӣ) пайванд мехӯрад.
Возеҳ аст, ки ин ҳокимон аз насли сако-портӣ ва афғонӣ набуданд, ки дар даврони сосониҳо дар Зобулистон ҳокимият мекарданд ва пас аз шикасти сосониҳо ба қудрат расиданд. Аммо ин ки шоҳони рутбил кӣ буданд, бояд гуфт, ки онҳо бо забони маҳаллии сакои он замон, ки акнун ба унвони пашту маъруф аст, сухан мегуфтанд. Худи онҳо бо забон дарии зартуштӣ, ки дар атрофи Кирмон гуфта мешуд, сухан мезаданд, ки ба номи “габарӣ” низ ёд мешуд (габарӣ ё габрӣ ҳанӯз ҳам ба унвони номи аслии яке аз нажодҳои бузурги свотӣ вуҷуд дорад. Ба ҳамин наҳв, нажоди дигари бузурги свотӣ “митравӣ” номида мешавад, ки бадеҳист ба пайравони Митро ишора дорад).
Ҳувияти мазҳабӣ дар ин муҳит бисёр ҳарчаманӣ (махлутӣ ё аз чандин манбаъ) буд ва илова бар таъсироти митроӣ, ки дар боло дар ин замина гуфта шуд, эҳёи ҳинду, ки ба насли ҳунҳо нисбат дода мешавад ва таъсироти сиёсии он — ҳамчунин болои гунаҳои форсӣ, ҳадди ақал дар шакли бурунӣ, таъсир гузошта буд.
Барои тақрибан 250 сол пас аз ба қудрат расидани ислом дар Эрон, силсилаи рутбилшоҳон бо муваффақият дар муқобили густариши ҳокимияти аъроб дар ноҳияи ҳаётии Систон-Зобулистон муқовимат карданд, то ин ки як подшоҳи мусулмони эронӣ аз ин ноҳия бархост (Яъқуб Лайси Саффор). Вай дар ҳудуди соли 870 мелодӣ охирин шоҳи рутбилро шикаст доду кушт. Сипас охирин ҳокими Кобулшоҳиро аз мақомаш дар шимол берун ронд ва ҳудуди се сол баъд ба сӯи Вайҳинд ба самти шарқ дар Гандҳара фирорӣ дод.
Ба гуфтаи профессор Ахтар, гуфта мешавад, ки Яъқуби Лайс боқимондаи рутбил ва бархе аз муттаҳидони дигари деҳқонашонро ба самти шимол ба Бохтар (Балх) фирорӣ дод, ки дар он замон низ дар ҳолати суқут аз аслияти худ буданд. Балх дар он рӯзҳо ба ҳомиёни низоми қадимии порсӣ ба дидаи қадр медид, ки рутбил аз он ҷумла ба шумор мерафт. Гуфта мешавад, ки дудмони мусулмони сомонӣ, рутбилшоҳонро аз Балх ба самти шарқ ба сӯи Кунарҳо, аз марбутоти Бадахшон, ронданд, ки дар давраи Ғазнавиён исломпазир шуданд ва ҳукумате дараи махуфи рудхонаи Печ (дар вилояти Кунарҳо)-ро бар ӯҳда гирифтанд.
Ҳудуди 150 сол пас аз ин исломпазирӣ, онҳо таҳти ҳимояти Ғӯриҳо (муттаҳидони форсии Систониашон дар гузашта) Гандҳараро фатҳ карданд ва аввалин салотини мусулмони он ноҳия шуданд ва аз вобастагони сиёсии салтанати қудратманди Ғӯриёни Деҳлӣ барои 320 сол шуданд. Онҳо дар ин давраи замонӣ, бо номи бостонӣ ошурӣ-порсии “саводӣ” ба таъсиси салтанати навпойи “Савод-Габр” даст ёзиданд. “Савод” баъдҳо тавассути афғонҳое, ки охирин ҳокими саводиро сарнагун карданд, ба “Свот” тағйир ёфт.
Дар охир на охирин шоҳ, як моҷароҷӯи саводӣ ба номи Шоҳмир дар соли 1339 ба Кашмир рафт, ки аввалин султони мусулмони он ҷо шуд ва дудмони Шоҳмириро бунён ниҳод, ки низ ба муддати тақрибо ду қарн дар вобастагии сиёси ба салтанати бузурге, ки пойтахти он Деҳлӣ буд, ҳукумат кард.
Масири нишондиҳандаи маконҳо ва таърихҳои пешниҳодии охирин се мутатсияи хромосома Y-и нависанда (шаҷараномаи падарӣ) дар тайи 4000 соли гузашта аст. Ин маконҳо кулли минтақаи Систон ва Зобулистони бостонро шомил мешаванд.
(http://snptracker.com/)
Назароти доктор Владимир Гурянов, пажӯҳишгари генетики рус дар бораи шабоҳати хромосомаи Y ман ба намунаҳои мухталиф ошурӣ (дар зер тарҷумаи англисии ман аз назароти ӯст; Бахши сурх, тавзеҳоти изофии ман аст). Дар сол 2014 ӯ ин ҳамхониро эҳтимолан ба таъсироти несторӣ аз Эрони соcонӣ нисбат дод, зеро зоҳиран аз пайвандҳои дигару қадимитари минтақа ба Ошур огоҳ набуд.
Доктор Гурянов дар шарҳи худ дар тасвири боло мегӯяд:
”Манбаъи ман гузориш медиҳад, ки ҳаплотипҳои дилчаспе кашф шудаанд, ки ба исавиҳои ироқӣ, калдониёни исавӣ мутааллиқанд ва ба калисоҳои исавии шарқӣ вобастаанд... Инҳо ба ҳаплотипҳои гузориш шуда дар мутолиаи Малярчук (2013) рӯи эрониёну тоҷикон ва ҳамчунон афғонҳо q1b (Ориф Ҳасанхон ва амакбачаҳояш) бисёр шабоҳат доранд. Тасодуфан, калисои бостонии Шарқ дар он замон иртибот ба несториён дошт, ки аз Осиёи Сағир ва Ховари Миёна то марзҳои Чин имтидод дошт.
Лиҳозо, пахши q1b метавонад бо густариши несториён иртибот бигирад.”
Ин ҳамон чизест, ки доктор Гурянов дар соли 2014 гуфт. Аммо дар он замон таҳрикоти генетикӣ бисёр ақибтар аз он чи акнун ҳастанд, буд… ва доктор аз аҳамияти тамаддуни Ҷируфт, ки танҳо ёздаҳ сол қабл аз он ошкор шуда буд, огоҳ набуд.