Ҳамсари сафири Туркия ҳиҷоб надошт ва ин барои афғонҳо бисёр тааҷҷубовар буд.
Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии исломӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, Иёлоти Муттаҳида Амрико, узви Шӯрои мушовараи "Сангар"
Хотироти Вилям Лоуренс Ширер (1904-1993), хабарнигори машҳури амрикоӣ - муаллифи китоби "Зуҳур ва суқути Рейхи Севум: таърихи Олмони нозӣ" (1990), ки борҳо ба чоп расидаву аз пурфурӯштарин ва машҳуртарин китобҳои таърихии қарни бистум рақам зада шуд, дар бораи Афғонистон ҷолиб аст.
Ширер қабл аз озодии Ҳинд дар соли 1930 аз тарафи “Чикаго трибюн” (“Chicago Tribune”) сафаре ба Ҳинд дошт то гузорише дар бораи муборизоти озодихоҳии Ҳинд таҳия кунад. Дар ҳамин вақт Муҳаммад Зоҳиршоҳ, шоҳзода ва валиаҳди Афғонистон, ҳам сафаре ба Ҳинд карда буд. Ширер бисёр кӯшиш кард то шаҳзодаи Афғонистонро аз наздик бубинанд ва дар сурати имкон сафаре ба Афғонистон кунад, ки камтар хабарнигорон дар он замон ҷуръат мекарданд. Аввал ба далели беамнии минтақа ва дуюм Ҳинди бритониёӣ, ба истилоҳи имрӯзӣ, ба касе виза ё иҷозаи духул намедод.
Дар яке аз маҳофил, ки минҳайси хабарнигори амрикоӣ барояш фурсат дода буданд, ҳузур дошт ва шоҳзода ҳам дар онҷо буд, Ширер муваффақ шуд бо Муҳаммад Зоҳиршоҳ, ки бо фаронсавӣ суҳбат мекард ва Ширер ҳам ба забони фаронсавӣ ошноӣ дошт, сари сӯҳбатро боз кунад. Арзи ҳол кард, ки бисёр дӯст дорад Афғонистон сафар кунад ва аммо инглисҳо монеъ мешуданд. Шоҳзода, ки аз Ширер хушаш омада буд, пешниҳоди ҷолиб кард, ки ӯро минҳайси як узви сафари худ муаррифӣ кунад ва бо ӯ ҳамсафар бошад. Инглисҳо ба Ширер гуфта буданд, ки “IT IS ABSOLUTELY FORBIDDEN TO CROSS THIS BORDER INTO AFGHAN TERRITORY” (Убур аз ин марз ба қаламрави Афғонистон мутлақан мамнуъ аст). Айни ҷумларо ба забони инглисӣ ба ҳамон қисм, ки дар китоби “Солҳои кобус” (The Nightmare Years) 1930-1940 Ширер навиштааст, нақли қавл кардам, ки аҳамияти мавзӯъро шумо, хонандаи азиз, хубтар дарк кунед.
Таҷлил аз подшоҳии Нодиршоҳ буд ва сафирҳои Инглис, Русияи Шӯравӣ ва Туркия ҳузур доштанд. Ҳамсари сафири Туркия ҳиҷоб надошт ва ин барои афғонҳо бисёр тааҷҷубовар буд. Бо инки Ширер меҳмони шоҳзода буд, аммо дар ягона ҳутали шаҳр ба номи "Кафеи Валӣ" иқомат карда буд. Дар режаи низомӣ, барои Ширер ҷолиб буд, ки ҳам шутур буд ва ҳам фил. Имрӯз дар Афғонистон фил нест. Сафири Инглис ба Ширер як таъна зада буд ва ба ӯ гуфта буд, ки ту набояд дар ин ҷо (Кобул) эҳсоси бегонагӣ кунӣ! Ширер гуфта, чӣ тавр? Сафири Инглис дар ҷавоб гуфтаст, ки афғонҳо ҳам ёғӣ ҳастанд ва ту ҳам аз Чикаго омадаӣ! Дар он замон мардони мафия ва ёғӣ дар Чикаго зиёд буд.
Аз нигоҳи таърихӣ, нуктаи муҳим дар ин хотирот ин аст, ки дар он замон сарҳади Афғонистон тавассути инглисҳо баъд аз муоҳидаи Дюранд таъйин шуда буд ва ин ки ба Ширер гуфта шуда буд, ки мутлақан мамнуъ аст, ки аз ин сарҳад ба қаламрави Афғонистон убур кунӣ, ҳадаф хати Дюранд буд. Аммо барои мо ҳамеша гуфта шудааст ва гуфта шуда буд, ки сарҳад озод аст ва ҳама кас рафту омад карда метавонад. Дар ҳоле ки аз нигоҳи қавонини байналмилалӣ барои инглисҳо сарҳади Афғонистон ва Ҳиндустон мутлақ мушаххас буд ва ҳамон раванд баъд аз тақсими Ҳинд ва таҷзияи Покистон давом кард.
Нодиршоҳ ҳам хати Дюрандро монанди Амонуллоҳхон мусолиҳа карда буд. Ба ибораи дигар, расидан аз ҷиноҳи рости минтақаи ҳоил ё “buffer zone” як пешниёзи асосӣ дошт ва он ин ки хати Дюранд мусолиҳа намешавад ва то имрӯз Афғонистон на аз тариқи музокира, на аз тариқи низомӣ ва на аз тариқи миёнҷигарии Милали муттаҳид, ки баъд аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум рӯи кор омад.
Афғонистон қодир нашуд сарзаминҳоеро, ки амир Дӯстмуҳаммадхон аз даст дода буд ва бародари амир Дӯстмуҳаммадхон, Султон Муҳаммад тилои Пешоварро ба сикҳҳо вогузар кард ва худаш ба Ҷалолобод фирор кард, дубора соҳиб шавад. Ва ҳоло он сӯи хати Дюранд расман ҷузъи қаламрави расмии Покистон аст, ки Афғонистон ҳаргиз маҷоли сиёсии баргардондани онро надорад.