Хабари рӯз

Робитаи байни Толибон, Алқоида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ чӣ гуна аст?

Нависанда: Фазл Аҳмад Маънавӣ, вазири пешини адлияи Афғонистон, махсус барои "Сангар"

Муҳиммтарин шарт дар муоҳидаи Доҳа қатъи робитаи Толибон бо Алқоида ва соири гурӯҳҳои террористӣ буда, ки амрикоиҳо ҷиҳати иқноъи афкори мардуми Амрико ва соири ҳампаймонони амниятии худ (аъзои НАТО) ба он таъкид доранд.

Нуқтаи бориз дар муоҳидаи амрикоиҳо ва Толибон ҳамин матлаб аст. Ҳукумати Байден хурӯҷи ғайрмасъулонаи Амрико аз Афғонистонро муттакӣ ба қарордоде медонад, ки гӯё Толибон дигар бо Алқоида ва террористони хориҷӣ робита нахоҳанд дошт. Дар муқобил, амрикоиён бо хурӯҷи комил аз Афғонистон тааҳҳудоти зиёде барои Толибон супурданд, ки аз он ҷумла ирсоли бастаҳои ҳангуфти пули нақд ба Толибон аст. Гуфта мешавад, ки дар замимаи пинҳони муоҳида имтиёзоти зиёде аз тарафи Амрико ба Толибон ваъда дода шуда, ки яке ҳам адами ҳамкорӣ ва ҳимоят аз неруҳои зидди Толибон аст. Бо гузашти ду солу чанд моҳ маълум мешавад, ки амрикоиҳо ба думболи истеҳкоми ҳар чи бештари равобит бо Толибонанд.

Аммо оё Толибон аз Алқоида ва террористони байналмилалӣ буридаанд? Ҳар гоҳ фалсафаи вуҷудии Толибон ба баррасӣ гирифта шавад, ба умқи эътиқодӣ ва мазҳабии Толибон назар андохта шавад ва ҷанги сисолаашон дар Афғонистон арзёбӣ гардад, ба вузӯҳ собит хоҳад шуд, ки Толибон бидуни Алқоида ва шабакаҳои террористии дигар мафҳум нахоҳад дошт. Дарвоқеъ онҳо бо ҳам лозиму малзуми ҳамдигаранд ва қарордоди нонавишта дар миёни онҳо вуҷуд дорад, ки чанд насл ба он илтизом хоҳанд дошт.

Толибон аз лиҳози эътиқодӣ худро пайрави мактаби Мотуридии мутааллиқ ба мазҳаби ҳанафӣ медонанд ва мабнои амалкарди худро шариати исломӣ ба асоси назарияи фуқаҳои ҳанафӣ тарроҳӣ мекунанд. Онҳо ба ҳадисе аз паёмбар тамассук мекунанд, ки мегӯяд: “Ҷиҳод то рӯзи қиёмат пойдор аст ва ҳеҷ заим/амири одил ва ё золим наметавонад онро мутаваққиф намояд”. Толибон тундравони аъробро, ки дар зери чатри Алқоида дӯшодӯши Толибон ҷангидаанд, бародарони худ медонанд ва бовар доранд қатъ робита бо бародаронашон, ки дар ҷанг онҳоро ба пирӯзӣ расондаанд, гуноҳи кабира ва амали зишти ғайри қобили бахшиш аст. Онҳо ба истидлоли ҳадиси дигаре аз паёмбар мегӯянд: “Мусулмон бародари динии мусулмон аст, ба ӯ зулм намекунад ва аз ёрӣ расондан ба ӯ имтиноъ намекунад. Кӯмак ва ҳимояти худро аз ӯ тарк намекунад”.

Толибон бар истинод ба ин бовар, бародари диниро аз бародари нисбӣ муҳимтар медонанд ва ёрӣ нарасондан ба ӯро ҳангоме, ки ба кӯмак ниёз дорад, гуноҳ медонанд.

Созмони Алқоида дар сӣ соли гузашта ҳамвора дар канори Толибон қарор дошта, ҷангҷӯ ва масорифи молии Толибонро фароҳам карда ва зоҳиран раҳбарони Алқоида Усома ибни Лодан ва Айман ал-Завоҳирӣ расман ба амирулмуъминини онҳо байъат кардааст.

Аз 1996 то 2001 амалан сипари муҳимме дар дифоъ аз Кобул дар баробари нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд дар шимоли Кобул аз тарафи Алқоида ва соири террористони байналмилалӣ эҷод гардида буд, ки умдатан ба забонҳои арабӣ ва панҷобӣ сӯҳбат мекарданд. Бо суқути Кобул дар сол 2001 вақте Толибон Кобулро тарк мекарданд, натавонистанд террористонеро, ки дар хутути шимоли Кобул мустақар буданд, бо худ бубаранд. Онон то дами марг ҷангиданд ва аксарашон кушта шуданд.

Аз тарафи дигар, гурӯҳи Толибон, ки аксаран паштунтбор ва рустоианд бо ҳамкорони ҷангиашон мутааҳиданд ва бар асоси урфи қабилавӣ тарк кардани ҳампаймонони худро хилофи усули паштунволӣ медонанд.

Дар миёни онҳо хешовандиҳои зиёде сурат гирифта, ки дарвоқеъ пайванди хунӣ низ дар миёнашон эҷод гардида, ки мақотеъаро номумкин месозад.

Террористон байналмилалӣ дар ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ бо Толибон куштаҳои зиёде додаанд, ки душвор аст ҳамаи он тааҳҳудотро нодида бигиранд.

Дар ҳоли ҳозир омӯзишгоҳҳои зиёдеро дар вилоятҳои мухталиф дар қули урдуҳо, ливоҳо ва марокизи низомии ҳукумати соқитшуда эҷод кардаанд, ки ҳазорон террористи хориҷӣ он ҷо масруфи таълим ва омодагианд.

Ҳазорон мадрасаи террористиро зери номи мадориси ҷиҳодӣ дар вилоёти мухталиф эҷод кардаанд, ки тавлиди он ҷангҷӯёни ифротӣ бо таълимоти нодуруст аз дину шариат аст. Дар баъзе аз ин мадорис ба забонҳои ғайрбумӣ, ҳатто инглисӣ ва арабӣ тадрис мегардад. Ба таври намуна маркази АйСАФ (ISAF) – и НАТО, ки қаблан ба номи Клуби Аскарӣ ёд мешуд, ба як маркази таълимии террористӣ зери номи мадраса бадал шудааст. Дар он ҷо ба ду забони инглисӣ ва арабӣ тадрис мешавад ва ҳазорон ҷавони байни синни дувоздаҳ то ҳаждаҳ сол омӯзишҳои террористӣ дарёфт мекунанд.

Толибон ёд гирифтаанд, ки чӣ гуна аҳдофи худро пинҳон кунанд ва кишварҳои минтақаву ҳамсояро дар эътимод нигаҳ доранд. Ҳатто дар баъзе мавқеъҳо Ғарбу Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро низ фиреб медиҳанд, то барномаҳои худро ба пухтагӣ бирасонанд.

Ду эҳтимол дар мадорои Амрико бо Толибон вуҷуд дорад.

Амрико медонад, ки Толибон бо Алқоида ва гурӯҳҳои террористӣ ҳамкории танготанг дорад, аммо ба хотири ором нигаҳ доштани афкори оммаи кишварашон ва адами таваҷҷуҳ ба хурӯҷи ғайрмасъулонаашон ба он эъзон намекунад. Кушта шудани Айман ал-Завоҳирӣ,  раҳбари харизматики Алқоида дар қалби Кобул мисдоқ ин иддаост.

Ё ин ки медонад ва ин ҳам ҷузъи барномаҳои дарозмуддати онҳост, то бо парвариши ҳарчи бештари терроризм дар Афғонистон, минтақа ва ҳамсоягонро даргири як ҷанги тӯлонӣ ва фарсоишӣ намояд, ки аз ин тариқ битавонад интиқоми толибпарварии ҳамсоягони Афғонистонро, ки алайҳи амрикоиҳо ҳимоят мекарданд, бигирад ва сониян, ҳарифҳои худро монанди Федератсияи Русия, Чин ва Эрон ба як дардисари бузург гирифтор кунанд.

Гузинаи севум, ки шояд амрикоиҳо асли моҷароро намедонанд ва аз тарафи Толибон иғфол шудаанд, бовар карданӣ нест.

Тамоми гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақаву ҷаҳон аз шикасти Амрико ва пирӯзии Толибон илҳом гирифтаанд, ки бо сахткӯшӣ ва хушунати бераҳмона метавонанд ба аҳдофи худ бирасанд.

Алқоида ва даҳҳо гурӯҳи террористии дигар дар канори Толибон бар алайҳи ҳукумати исломӣ ба раҳбарии устод Раббонӣ дар баробари Аҳмадшоҳ Масъуд ҷангиданд ва садҳо кушта доданд. Дар ду соли ахир низ, як бори дигар даҳҳо гурӯҳи террористии покистонӣ ва ғайрипокистонӣ бо тобеиятҳои мухталиф аз кишварҳои дур ва наздики минтақа, бар алайҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд дар вилояти Панҷшер ва манотиқи дигари ҳамонанд, Андароб, Хӯст, Тахор, Бадахшон ҷангидаанд ва ҳанӯз дар ҳоли ҷанганд, ки худ гувоҳи пайванд ва тааҳҳудшон бо Толибон аст. Аз он ҷумла метавон аз Таҳрики Толибони Покистон, Ҷайши Муҳаммад, Лашкари Тайиба ва шумори дигар аз гурӯҳҳои террористии мустақар дар марзҳои Афғонистон ном бурд.

 

ТАҲРИКИ ТОЛИБОНИ ПОКИСТОН  (ТТП)

ТТП бо Толибони Афғонистон муштаракоти зиёд доранд. Ин ду гурӯҳ аз лиҳози қироати мазҳабӣ, фарҳанг, забон, ҳатто тарзи либос ва шеваи зиндагӣ комилан яксонанд, ки имкони ҷудо сохтани онҳо қатъан номумкин аст.

Бо он ки покистониҳо фикр мекарданд, ки тавассути толибони афғонӣ, ки дастпарвардаи худи онҳоанд ва решаи амиқ дар Покистон доранд ва солҳо тавассути идораи истихбороти низомии он кишвар мудирият шудаанд, метавонанд толибони покистониро маҳор созанд ва ё онҳоро дар аҳдофи дигаре ғайр аз ҷангидан бо нерӯи амниятии Покистон масруф созанд, аммо ин таҳлилу интизор дуруст собит нашуд. Имрӯз толибони покистонӣ аз ҳимоят бедареғи Толибони Афғонистон бархӯрдоранд ва дарди сари бузургеро мутаваҷҷеҳи низоми Покистон сохтааст.

Покистониҳо бо зери фишор қарор додани дӯстони гузаштаашон (толибони афғон) ба ихроҷи ҷабрии муҳоҷирин иқдом карданд, ки аз лиҳози инсонӣ, ахлоқӣ ва конвенсиюнҳои байналмилалӣ ғайри қобили тавҷеҳ аст.

Таҳрики Толибон, ки бо унвони Толибони Покистон шинохта мешавад, муассиси он Байтуллоҳ Маҳсуд аст, ки баъд аз кушта шудани ӯ Мулло Фазлуллоҳ, раҳбари ин гурӯҳ, шинохта мешуд. Дар ҳоли ҳозир пас аз кушта шудани Фазлуллоҳ Нурвалӣ Маҳсуд, раҳбари ин гурӯҳро ба ӯҳда дорад. Ҳамаи онҳо бо раҳбари Толибони Афғонистон Мулло Муҳаммад Умар байъат доштанд. Ин гурӯҳ бо ҳадафи муқобила бо давлати Покистон ташкил шудааст ва бо Толибони Афғонистон иртибототи густурдае дорад, ки нерӯҳояшон канори якдигар алайҳи нерӯҳои амниятии Афғонистон ҷангидаанд. Ин гурӯҳ равобити амиқу ногусастанӣ бо гурӯҳи Толибон ва Алқоида доранд.

Теъдоде аз раҳбарони ин гурӯҳ қабл аз ташаккули гурӯҳи ТТП дар канори Толибон алайҳи Давлати исломии Афғонистон ба раҳбарии Устод Бурҳонуддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд ҷангидаанд. Баъд аз ташкили ТТП дар бист соли гузашта алайҳи нерӯҳои Ҷумҳурии исломии Афғонистон низ ҷангидаанд ва баъд аз суқути ҳукумат дар ҷанги Панҷшер ҳузури густурда доштанд.

 

ҶАЙШИ МУҲАММАД

Пас аз Таҳрики Толибони Покистонӣ, гурӯҳи ифротии дигари покистонӣ, ки дар канори Толибон бо ҳукуматҳои Афғонистон ва мардуми ин кишвар ҷангидаанд ва дасташон бо хуни ҳазорон афғони бегуноҳ олуда аст, Ҷайши Муҳаммад аст.

Ҷайши Муҳаммад гурӯҳи шибҳинизомиест, ки ба думболи ҷудосозии Кашмир аз Ҳинд мутавассил ба муборизаи мусаллаҳона шуд. Ин гурӯҳ, ки тавассути Мавлоно Масъуд Азҳар эҷод шуда, аъзои гурӯҳи он дар соли 1999 мелодӣ як ҳавопаймои мусофирбари Ҳиндро, ки ба самти Қандаҳори Афғонистон парвоз мекард, дар ҳамкорӣ бо Толибон ба гаравгон гирифта буданд. Онон аз Ҳинд хостори озодии Мавлоно Масъуд Азҳар шуда буданд. Ин гурӯҳ бо Толибон ва Алқоида равобити наздик доранд ва гуфта мешавад, дар вилоёти ҷанубии Афғонистон барояшон марокизи омӯзишӣ тадорук дида мешавад.

Аз гурӯҳҳои хурду бузурги дигаре, ки бо Толибон ва Алқоида ҳамкорӣ ва ҳамсӯии наздик доранд ва зери ҳимояти гурӯҳи Толибон дар Афғонистон қарор доранд, метавон аз чанд гурӯҳи зайл ном бурд.

 

ЛАШКАРИ ТАЙИБА

Гурӯҳи  дигар Лашкари Тайиба аст, ки дар соли 1990 тавассути Ҳофиз Муҳаммад Саид бо рӯйкарди муқобила бо сайтараи Ҳинд бар минтақаи Кашмир эҷод шуд. Ин гурӯҳ дар оғоз равобити ҳасана бо Алқоида дошт ва пас аз зуҳури ДОИШ саъй кард бо ин гурӯҳ равобити худро тақвият кунад. Ин гурӯҳ дар Афғонистон низ фаъолият дошта ва дорад. 19 узви он дар як ҳамлаи ҳавоӣ дар Донгоми вилояти Кунар қаблан дар давраи ҷумҳурият кушта шуда буданд.

 

ГУРӮҲИ ТОРИҚ ГИДОР

Аз гурӯҳҳои кӯчаки террористии ҳамрикоби Толибон метавон аз ин гурӯҳ ном бурд. Ин гурӯҳ мутааллиқ ба Покистон аст, ки гузаштаи фаъолият дар Афғонистон низ дорад. Дар соли 2016, Умар Нория созмондиҳандаи ҳамла бар мактабе дар Пешовари Покистон тавассути неруҳои амниятии Афғонистон дар вилоят Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон кушта шуд.

 

ЛАШКАРИ ҶАНГАВӢ

Лашкари Ҷангавӣ  низ бо Толибону Алқоида ҳамкории наздик дорад. Ин гурӯҳ як гурӯҳи инҳисории марбут ба Сипоҳи саҳобаи Покистон аст, ки тавассути Малик Исҳоқ ва шуморе аз дигар аз чеҳраҳои ин сипоҳ дар соли 1996 эҷод шудааст ва мустақар дар Покистон мебошад.

 

“ЛАШКАРИ ИСЛОМ”

Ин гурӯҳ низ як гурӯҳи муртабит бо толибони Покистони фаъол дар шарқи Афғонистон аст, ки дар манотиқи Нозиён ва Ачини вилояти Нангарҳор фаъолият доштаанд. Дар ҳоли ҳозир бо Толибони Афғонистон дар як ҳамсӯии ому том қарор доранд.

 

“МУҶОҲИДИНИ АЛ-БАДР”

Гурӯҳи дигари ситезаҷӯи покистонӣ аст, ки дар Кашмир фаъол буда ва дар гузашта фаъолиятҳои шӯриширо дар Афғонистон низ доштаанд ва таҳти ҳимояти Толибон дар Афғонистон фаъоланд. Гурӯҳи  “Ансори ислом”, ки дар соли 2004 тавассути Пир Сайфурраҳмон дар асари низоъҳои дарунӣ бо як гурӯҳи дигари террористӣ эҷод шуд, низ дар Афғонистон фаъол аст.

 

АЛҚОИДА ДАР ШИБҲИ ҚОРАИ ҲИНД

Гурӯҳи дигари террористие, ки нерӯҳояш бо Толибон идғом шуда, Алқоидаи шибҳи қораи Ҳинд аст. Ин гурӯҳ ба унвони шохаи ҷадиде аз Алқоида тавассути Айман аз-Завоҳирӣ, раҳбари Алқоида дар шибҳи қораи Ҳинд дар 2012 таъсис шуд. Раҳбари ин гурӯҳ Осим Умар ном дошт, ки дар хоки Афғонистон ва таҳти ҳимояти Толибон қарор дошт, дар соли 2017 дар амалиёти муштараки нерӯҳои Амрико ва Афғонистон дар Ҳилманд кушта шуд. Ӯ аҳли Ҳиндустон буд, ки дар Покистон ҳам шинохта шуда буд ва нуфуз дошт. Афроди ин гурӯҳ аз ҳимояти бедареғи Толибон бархурдоранд.

 

ГУРӮҲИ ҶУНДУЛЛОҲ

Ин гурӯҳ дар соли 2003 мелодӣ дар Эрон ташкил шуд ва ҳадафи он дифоъ аз ҳуқуқи мазҳабӣ ва қабилаӣ, ба вежа балучҳо ва пайравони аҳли суннат дар Эрон аст. Гурӯҳи Ҷундуллоҳ алайҳи шиаёни Афғонистону Эрон амалиёт мекунад.

Дар соли 2016-и мелодӣ шонздаҳ узви ин гурӯҳ дар вулусволии Биркаи вилояти Бағлон кушта шуд. Як сол пеш аз он Қорӣ Башир, масъули ин гурӯҳ дар Шимоли Афғонистон ва Қорӣ Ҳазрат, машҳур ба Абу Ҳазифа, раҳбари ин гурӯҳ дар Қундуз кушта шуданд. Феълан низ ин гурӯҳ аз ҳимояти молӣ ва таслиҳотии гурӯҳи Толибон комилан бархурдоранд.

 

ҲАРАКАТИ ИСЛОМИИ ӮЗБЕКИСТОН

Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар соли 1998 тавассути Ҷумъа Намангонӣ ва Тоҳир Юлдош пас аз поёни ҷанги дохилии Тоҷикистон бунёнгузорӣ шуд. Пас аз фурӯпошии режими Толибон дар Кобул ва вуруди неруҳои амрикоиву муттаҳидонаш ба Афғонистон, аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ба манотиқи марзии Афғонистон рафта ва фаъолиятҳои худро оғоз карданд ва феълан марокизашон дохили Афғонистон мебошад. Дар гузашта бо Алқоида ҳамкорӣ доштанд, аммо акнун аксари аъзои ин ҷунбиш ба Толибон ё ДОИШ пайвастаанд.

 

ҲАРАКАТИ ИСЛОМИИ ТУРКИСТОНИ ШАРҚӢ (ё ҳизби Туркистони исломӣ)

Ин гурӯҳ аз ситезаҷӯёни уйғур, мусулмонони ҷудоиталаб дар Шинҷони Чин, ташкил шудааст. Ин ҷунбиш дар соли 1993 таъсис шуд ва бо фурӯпошии Иттиҳод ҷамоҳири Шӯравӣ тавонист бо гурӯҳҳо ва аҳзоби бунёдгаро дар Осиёи Марказӣ робита барқарор кунад. Баъдҳо ин гурӯҳ бо Алқоида ва Толибон дар Афғонистон низ ҳамкорӣ кард ва дар ҷанги Панҷшер баъд аз суқути Кобул дар ҳамоҳангӣ бо Толибони Бадахшон нақши асосӣ доштанд. Ҳасан Махсум, раҳбари ин ҷунбиш бо ибни Лодан дар Афғонистон ҳамкории наздик дошт.

 

ИМОРАТИ ҚАФҚОЗ (тавассути атбоъи чеченӣ идора мешавад)

Ин гурӯҳҳо дар Шимоли Афғонистон дар вилоёти Бадахшон, Тахор, Бағлон, Қундуз, Ҷузҷон ва Сарипул ҳузур доранд. Теъдоде аз гурӯҳҳои чечен ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ба ДОИШ пайвастаанд.

 

ТАҲРИКИ ТОЛИБОНИ ТОҶИКИСТОН

Таҳрики Толибони Тоҷикистонро дар вилояти Бадахшони Афғонистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон таъсис кардаанд.

 Гуфта мешавад, ин гурӯҳ аз сӯи Маҳдӣ Арсалон, маъруф ба Муҳаммад Шарипов, шаҳрванди Тоҷикистон ташкил шуда ва вай дар садади оғози муборизаи мусаллаҳона алайҳи давлати Тоҷикистон аст ва робитаи наздик бо Толибону Алқоида дорад. Онҳо ба идомаи ҷараёни Ҷамоати Ансоруллоҳ ба фаъолиятҳои террористии худ идома медиҳанд.

Ҷамоати Ансоруллоҳ дар соли 2006 ба раҳбарии Амруддин Табаров ташкил шуд, ки муташаккил аз аъзои исломгаро ва мухолифи ҳукумати Тоҷикистон буданд, ки аз пазируфтани оташбаси соли 1997, ки ба ҷанги дохилии Тоҷикистон поён дод, худдорӣ карданд. Ин гурӯҳ бештар дар Вазиристони Шимолӣ омӯзиш дидаанд. Дар соҳоти таҳти нуфузи Толибон ба кӯмаки ин гурӯҳ фаъолиятҳои террористӣ анҷом доданд, ки умдатан дар вилояти Бадахшон, Тахор, Кундуз ва Бағлон ҳузур доштанд. Дар канори Толибон бо неруҳои давлати Афғонистон меҷангиданд ва баъд аз тасаллути Толибон ва суқути низом дар Афғонистон дар Шимоли Афғонистон масруфи омӯзишҳои террористӣ ва ҷалбу ҷазби афроду тақвияти суфуфи худ ҳастанд.

Толибон алалиҷола аз онҳо ба унвони василаи фишорҳо алайҳи ҳукумати Тоҷикистон истифода мекунанд,  аммо дар дарозмуддати ҳузури онҳо як таҳдиди билқувва болои низоми Тоҷикистон ва соири кишварҳои Осиёи Миёна маҳсуб мешавад. Гоҳе аз онҳо ба номи Толибони Тоҷикистон низ ёд мешавад.

Онҳо равобити наздик бо Алқоида доранд ва миёнаи хубе бо Шабакаи Ҳаққонӣ низ доранд. Бештар аз ҳимояти Фасеҳуддин, ки раиси ситоди артиши Толибон аст, бархурдоранд. Теъдоде аз аъзои иншиобии ин гурӯҳ ба ДОИШ пайваста аст.

Теъдоде аз тоҷикистониҳо, ки афкори салафӣ ва тундравона доранд, дар гурӯҳи ДОИШ ҷазб шудаанд, ки иддае аз онҳо дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ низ ҳузур доштаанд.

То кунун Толибон чандин мартаба зери номи кандаки интиҳорӣ размоишотеро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон роҳандозӣ кардааст. Мавқифи Тоҷикистон дар ҳимоят аз давлати муҷоҳидин ба раҳбарии устод Раббонӣ ва муқовимати мусаллаҳона ба раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд дар солҳои 1996 то 2001 ва пуштбонии сиёсии ин кишвар аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон, ҷойгоҳи Ҷамоати Ансоруллоҳи толибони Тоҷикистонро дар миёни гурӯҳи Толибон муҳиму барҷаста сохтааст ва имконоти фаровони молии баланду таслиҳотӣ дар ихтиёри онҳо қарор додаанд.

Толибон мекӯшанд эҳсоси мазҳабиро дар миёни онҳо қавӣ нигаҳ доранд ва аъмоли қавмгароёнаи худро аз онҳо пинҳон бидоранд. Ба ҳамин далел дар ҷанги Панҷшер аз ҳузури онҳо ривояте дар даст нест. Толибон дар кӯтоҳмуддат минҳайси абзоре дар таомул минтақавӣ аз онҳо истифодаи абзорӣ мекунанд ва дар фурсати муносиб барои ноором кардани Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна аз онҳо кор хоҳанд гирифт.

Гурӯҳи Толибон аз солиёни қабл ҳирси ҳузур дар кишварҳои Осиёи Миёнаро дар сар мепарварад, ки як бор раҳбару бунёнгузорашон Мулло Муҳаммад Умар дар тамоси телефонӣ ба раҳбари муқовимат Аҳмадшоҳ Масъуд гуфта буд, беҳтар аст даст аз ҷанг бо мо бардоред ва биравед ба нафъи иморати исломӣ/ гурӯҳи Толибон дар Тоҷикистон фаъолият кунед. Албатта, ин як хости густохона ва мағрурона буд, ки ҷавоби муносиб барояш дода шуд.

 

ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ - ШОХАИ/ВИЛОЯТИ ХУРОСОН (ДОИШ дар Афғонистон)

Давлати исломӣ (ДОИШ) дар соли 1393 (2014) ташкил шуд ва шохаи Хуросонро дар Афғонистон эълом кард. Ин гурӯҳ дар оғози ташкил бештар дар Шарқи Афғонистон, махсусан, дар вилояти Нангарҳор ва Кунар дар марзи "манотиқи қабилаии Покистон" ҳузур доштанд. Аъзои ин гурӯҳ бештар муташаккил аз неруҳои гурӯҳи Толибони Покистон буданд, ки як сол қабл аз он аз амалиёти густурдаи артиши Покистон дар манотиқи таҳти нуфузи худ гурехта буданд.

ДОИШ тавониста дар Шимоли Афғонистон нуфузи чашмгир дошта бошад ва аз миёни ӯзбекҳо ва тоҷикҳо дар Шимоли Афғонистон сарбозгирӣ намояд. Дар ибтидо дар ҳамоҳангӣ бо Толибон алайҳи ҳукумати вақти Афғонистон меҷангиданд, ки баъдҳо даргириҳои хунине дар миёни онҳо сурат гирифт. Дар манотиқи шарқии Афғонистон мавриди фишори физояндаи қувваҳои эътилоф ба раҳбарии Амрико, давлати Афғонистон ва Толибон қарор гирифтанд ва “модарбам”-ҳо ҳам дар замони раёсати ҷумҳурии Трамп дар вулусволии Ачини Нангарҳор болои онҳо истифода шуд.

Саранҷом фишорҳои пайиҳам се ҷиноҳи ДОИШ-ро дар Шарқи Афғонистон тазъиф кард ва аз пешравӣ боз монданд. Аммо дар Шимоли Афғонистон бистари оромтаре доштанд, ки боиси рушди онҳо дар Шимоли Афғонистон гардид. ДОИШ-ро дар Шимоли Афғонистон атбои кишварҳои Осиёи Миёна низ ҳамроҳӣ мекунад. Ҳузури ДОИШ дар Шимол аждаҳои хобида аст, ки ҳар аз гоҳе эҳтимоли бедории он мутасаввир аст. Норизоятии толибони Шимол аз инҳисор ва сиёсати қавмгароии Толибон эҳтимоли фурсати бештареро ба ДОИШ медиҳад. Рушду тарвиҷи ифротгароӣ тавассути мадорис ва марокизи террористии Толибон дар Шимол худ бистари билқувваи дигар ба ДОИШ аст.

Агар Ҷабҳаи муқовимати миллӣ натавонад дар кӯтоҳмуддат халои норизоиятии Шимолро пур намояд ва Толибон камокон зери номи муҳоҷирин ба ҷобаҷоии хонаводаҳо аз вилоёти дигар идома диҳанд, Шимоли Афғонистон ба Вазиристони Шимолии дигаре бо ҳузури густурдаи ДОИШ мубаддал хоҳад шуд, ки он гоҳ маҳори он душвор хоҳад буд.

Кишварҳои ҳамсояи Шимоли Афғонистон гузинае ҷуз ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ надоранд, то халои бамиёномада дар Шимоли Афғонистонро пур намоянд ва нагузоранд, ки уқдаҳои рӯзафзуни мардум ва рушди ифротгароӣ сабаби густариши сафи гурӯҳҳои террористӣ, монанди ДОИШ гардад.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!