Хабари рӯз

Тамоми амалиётҳои террористиеро, ки ба номи ДОИШ сабт мешавад, Шабакаи Ҳаққонӣ анҷом медиҳад ва аз ҷаҳон боҷгирӣ мекунад.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"

Гурӯҳи террористии Толибон муддаӣ шудааст, ки беш аз 2000 амалиётро бар зидди ДОИШ ва соири гурӯҳҳои дигар, анҷом додааст. Аҷиб аст, ки гурӯҳе, ки худ моҳияти террористӣ дорад ва аз лиҳози амалкард ва идеология шабеҳи ДОИШ ва соири ҷараёнҳои тундрави террористӣ аст, чӣ тавр дар пайи фиреби мардум аст ва нишон медиҳад, ки зидди терроризм, ҳамрикоби дунёи мудерн аст.

Албатта, дар ин ки терроризм имрӯз абзоре шуда дар дасти қудратҳои бузург, ки ба воситаи он думболи аҳдофи сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ ҳастанд, ҳеҷ шакку тардиде вуҷуд надорад. Вале он чӣ ҷолиб аст, ин аст, ки терроризми давлатӣ бар зидди терроризми гурӯҳӣ, амалиёт мекунад ва иддао дорад дар раванди таъмини амнияти умумӣ саҳмро адо кардааст.

Аз ин ки асосан ва моҳиятан гурӯҳи Толибон як гурӯҳи террористӣ аст ва мухилли умдаи амният аз баъди таъсисаш ҳисоб мешавад, ҳокимияти феълии ин режим, ки машрӯъияти мардумӣ надорад ва мавриди қабули минтақа ва ҷаҳон нест, ба хосияти террористӣ ва таҳдидомези он меафзояд.

Гурӯҳи Толибон, ба бист гурӯҳи террористии дигар, ки амнияти минтақа ва ҷаҳонро таҳдид мекунанд, паноҳгоҳ дода ва онҳоро ҳимоят мекунад. Ҳоло савол ин ҷост, ки чӣ гуна мумкин аст, ки як гурӯҳи террористӣ, ки пешинаи сиёҳи террористӣ ва тахрибӣ дорад, бар зидди соири гурӯҳҳои террористӣ дигар, ки дар иттиҳоди идеологӣ, амалкардӣ ва созмонӣ бо онҳо қарор дорад, мубориза кунад? Аслан ин гурӯҳҳо аз лиҳози идеологӣ, амалкардӣ ва аҳдоф ҳамсон ва дар як масир фаъолият доранд. Ҳеҷ гуна ихтилофе миёни Толибон ва гурӯҳи хаёлии ДОИШ-и Хуросон вуҷуд надорад, чун ДОИШ асосан худи толиб аст ва Толибон барои имтиёзгирӣ аз минтақаву ҷаҳон, аз номи ДОИШ, сӯъистфода мекунанд.

Қарори иттилооти таъйиднашуда, шабакаи Қорӣ Ҳорун аз зермаҷмӯаҳои шабакаи террористии Ҳаққонӣ, ки дар куштору қатли мардум дасти болое дорад ва дар вилояти Лугар пойгоҳ дорад, ба воситаи шабакаҳои шаҳриаш даст ба анҷоми амалиётҳои террористӣ зада ва номи ДОИШ-и Хуросонро болои он мегузорад, дар ҳоле ки дар асл ДОИШ-и Хуросон дар Афғонистон ҳамон шабакаи террористии Ҳаққонӣ аст. Ин гурӯҳ бо тамоми қувват аз корти ДОИШ барои аҳдофи амниятӣ ва сиёсии худ истифода мекунад. Чунончи барои саркӯби мухолифони Толибон, анҷоми амалиётҳои террористӣ, боҷгирӣ ва сафеднамоии Толибон ин гурӯҳ ҳамвора аз тарфанди мубориза бо ДОИШ-и хаёлӣ, ки як ихтирои лафзие беш нест, истифода бурдаанд.

 Ин ки Толибон дар талоши мубориза бар зидди ДОИШ-анд, як дурӯғи маҳз ва як бозии истихборотӣ аст, ки ҳомиёни Толибон ва шабакаҳои истихборотиву иттилоотӣ, ки дар ҳимояти ин гурӯҳ қарор доранд ва барояшон машвара ва кӯмаки лозимро фароҳам мекунанд, ин гурӯҳро ба истифода аз номи ДОИШ тарғиб мекунанд.

Агар ин таҳлил дуруст набошад, коре, ки Толибон анҷом медиҳанд ин аст, ки барои ДОИШ-и хаёлӣ, ки вуҷуди физикӣ ва амалиётӣ надорад, бистари лозими зуҳурро барои оянда фароҳам месозанд. Вазъияти амниятӣ дар Афғонистони таҳти контроли Толибон, воқеан вахим, муташанниҷ ва мамлув аз таҳдидҳои билқува ва билфеъл амниятӣ аст, ки дар кӯтоҳмуддату миёнмуддат, асароти номатлуби он бар вазъияти Афғонистон ва минтақа ҳувайдо хоҳад шуд.

Ба бовари ман, минтақа набояд фиреби ин бозиҳои лафзии Толибон ва ҳомиёни фароминтақавиашонро бихӯрад. Мусалласи Толибон, ДОИШ, Алқоида ва соири гурӯҳҳои террористӣ, як мусалласи шуми боҷгирӣ барои аҳдофи амниятӣ аст, ки дар бистари як Афғонистони ноамн, ба тарвиҷи қочоқи маводи мухаддир, терроризми динӣ, ҷудоиталабӣ ва барҳамзании назми амниятии минтақа кӯмак мекунад. То замоне, ки гурӯҳи террористии Толибон дар қудрат бошад, ормони таъмини амният дар ин кишвар, ки минтақа битавонад бо хаёли роҳат бо он ҳамзистӣ дошта бошад, муҳаққиқ шуданӣ нест.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!