Хабари рӯз

Терроризми давлатии толибонӣ ба Афғонистон чӣ овард?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика, шореҳи “Сангар”

Ду сол аз суқути маргбори маданияти шаҳрӣ ба домани терроризми қавмӣ ва истибдоди ақидатӣ мегузарад. Дунё бо бо рахт бастанаш, мардуми Афғонистонро дар натиҷаи як муомилаи нангин, ба Толибони террорист ва одамкуш супурд. Ҳоло бо таваҷҷуҳ ба хосияти мухарриб ва мухталкунандаи амниятии ин гурӯҳ, ки камокон дар қудрат ҳастанд, ҳамсояҳо, минтақа ва ин дунёи сардамдори демократия ва ҳуқуқи башар, мехоҳанд ба воситаи таомули тактикӣ ва роҳбурдӣ, аз вуҷуди Толибони террорист суд бибаранд. Ҳол он ки ин гурӯҳ Афғонистонро дар гудоли бузургтарин трагедияи инсонӣ ва тамаддунии таърихи муосири башарӣ, фурӯ бурдаанд.

Дар ин ду сол, режими истибдодӣ ва саркӯбгари толибонӣ, ба саркӯбу решакан кардани маданияти башарӣ ва пешрафти ҳосилшудаи бистсола ва эҷоди фазои рӯъбу ваҳшат, мутавотир машғул будааст. Дунё низ дар баробари ҷиноёти ин гурӯҳи золим ва занситез чашм бастааст. Ин гурӯҳ бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти феълӣ, сиёсатҳои ҷаҳонӣ ва танишҳои бузурги байналмилалӣ, аз фурсати пешомада истифода мекунад ва ба таҳкими пояҳои золимонаву саффоконаи қудрати такқавмии худаш мепардозад. Ҳанӯз минтақа бо вуҷуди моҳияти террористӣ ва одамкушии ин гурӯҳ, таомулро бо он тарҷеҳ медиҳанд. Кишварҳои фароминтақа, ки низ аз ибтидои зуҳури ин гурӯҳ, аз ин корти роҳбурдӣ барои рақобатҳои бузург ва сангинашон, суди фаровоне бурдаанд, дар як ҳамхонӣ бо он қарор гирифтаанд.

Нигоранда қасд надорам то ба иллату далоили ин фоҷиаи зидди тамаддуну фарҳанг ва ин тавтеаи созмондеҳишуда бар алайҳи мардуми Афғонистон, бипардозам. Зеро то кунун, ки ду сол аз ба қудрат расонидани ин гурӯҳи террористӣ, сипарӣ мешавад, таҳлилҳо, набиштаҳо ва пажӯҳишҳои зиёде дар хусуси он сурат гирифтааст. Лизо қасди ман, пардохтан ба табаоти ҳузури ин гурӯҳи террористӣ дар арикаи қудрат дар Афғонистон аст, ки метавон онҳоро қарори зайл баршумурд:

Аввал - нахустин паёмади ҳузури ин гурӯҳи террористӣ дар қудрат, мубаддал сохтани Афғонистон ба дӯзахи рӯйи замин барои мардуми ранҷдидаи Афғонистон аст. Дар ҳоли ҳозир, мардум таҳти фишори шадиди равониву ҷисмӣ, фақру нодорӣ, дар таҳти ғайриинсонитарин шароит зиндагӣ доранд. Қарори назарсанҷиҳои ахир, Кобул яке аз ношодтарин шаҳрҳои дунё лақаб гирифтааст ва ин ҳама аз баракати ҳузури Толибон дар қудрат аст, ки бист соли тамом, бо қатлу куштори мардуми бегуноҳ, хоби роҳату зиндагии оромро аз мардум салб карда буданд;

Дувум - издиёди фақр, нодорӣ, танфурӯшӣ, фурӯши фарзандон, ноамнӣ, ихтитофи созмонёфта, ки дар аксари маворид худи Толибон дар он даст доранд ва ба боҷгирӣ аз мардуму туҷҷор мепардозанд, шиканҷаи сохторӣ ва ба зиндон афгандани бист ҳазор зиндонӣ аз як қавми хос, аз намунаҳои як режими саркӯбгар ва бераҳм дар таърихи инсонӣ аст. Толибон бо ҳузурашон дар қудрат чунин шоҳкори таърихиро сабти ҳофизаи башарият кардаанд;

Севум - салби озодиҳои машрӯъи инсонии мардуми Афғонистон, монанди ҳаққи таҳсил, кор, изҳори ақида дар чавкоти қонун, боварҳои динӣ ва фазои амн барои зиндагӣ ва фароҳамоварии имконот, аз ҷумлаи дигар дастовардҳои ин гурӯҳи саффоку хунхор дар таърих аст, ки барои ҳамеша захми носур боқӣ хоҳад монд;

Чаҳорум - маҳрум сохтани ниме аз пайкари ҷомеа (занону духтарон) аз ҳаққи таҳсил, кор, озодиҳои машрӯъи динӣ ва мантиқӣ, ки дар қомуси зиндагии инсонӣ машрӯъият доранд, аз дастовардҳои терроризми толибонӣ аст, ки таърих назирашро суроғ надорад. Толибон занону духтарони Афғонистонро бар хилофи омӯзаҳои динӣ ва фарҳангии кишвари мо, бидуни истиноди маъқули диниву ақидатӣ, аз ҳаққи таҳсилу кор, ки ниёзи аслии ҷомеаи имрӯзӣ аст, маҳрум сохтаанд. Бо ин амали нодуруст тавассути ин гурӯҳи террористӣ, дунёи ислом, борҳо ин гурӯҳро ба нақд гирифта ва онро ғайриинсонӣ ва ғайриисломӣ, донистаанд;

Панҷум - қатъи робитаи Афғонистон бо дунёи берун, ки имрӯз дар асри ҷаҳонӣ шудан, як ниёзи мубрам ва асосӣ барои муровидоти иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амниятӣ пиндошта мешавад, аз коркардҳои ғайримаъмулии ин гурӯҳи террористӣ дониста мешавад. Имрӯз Афғонистон бештар аз ҳар замони дигар дар инзивои бештари таърихӣ ва қатъи робита бо дунёи берун ба сар мебарад. Ин инзиво Афғонистонро панҷоҳ сол ба ақиб мебарад ва тамоми дастовардҳои бист соли ахирро ба боди фано медиҳад;

Шашум - Толибон ба воситаи саркӯбу шиканҷаи сохторӣ дар талошанд то ақидаҳои музахрафи мадориси Ҳаққония ва покистониро бар мардуми Афғонистон, ки ифтихори шараф ба дини муқаддаси исломро бештар аз ҳазор сол доранд, таҳмил намоянд. Ақоиде, ки танҳо ба саркӯби инсоният, меҳрубонӣ ва утуфати башарӣ, ки барои ҳамбастагии бештари ҷомеаи инсонӣ ниёз аст, мунҷар мешаванд ва фарҳанги хушунату саркӯб ва нафратро дар дили ҳар шаҳрванд, ба гунаи нохудогоҳ, ворид хоҳад сохт;

Ҳафтум - Толибон аз ибтидои ба қудрат расониданашон тавассути Амрико, ки тавофуқномаи Доҳа заминасози он буд, ба форсиситезиву саркӯби тоҷикҳо пардохтаанд. Намунаҳои фаровоне аз адабиёти инзиҷору нафрат, ки далели форсиситезии ин гурӯҳ аст, борҳо аз забони сарони Толибон, шунида шудааст. Ин гурӯҳ бо саркӯби густурдаи мардум дар манотиқи форсизабон, махсусан тоҷикҳо, дар талошанд то гегемонияи қавмиро бар ғайрипаштунҳо биқабулонанд. Ин кор дар таърихи кишвари мо решаи таърихӣ дорад, аммо ваҷҳи боризи он, дар режими саркӯбгари Толибон, намудори возеҳе пайдо кардааст;

Ҳаштум - Толибон бо мубаддал сохтани Афғонистон ба паноҳгоҳи амни террористони дохиливу хориҷӣ, аввалин давлати террористиро дар Афғонистон, бунёд ниҳоданд. Имрӯз беш аз бист гурӯҳи террористии хориҷӣ бо зермаҷмӯаҳои он дар Афғонистон лонаҳои амн доранд. Марокизи фаъоли омӯзишӣ, сарбозгирӣ, манобеъи даромади моливу талош барои эҷоди сохторҳои муназзами террористиву ташкилотӣ, аз ҷумлаи аҳдофи муҳими ин гурӯҳҳои террористӣ аст, ки режими Толибон заминасози онанд. Ин гурӯҳ дар табонӣ бо терроризми минтақаиву ҷаҳонӣ, Афғонистонро амалан ба майдони ҷавлони гурӯҳҳои террористӣ мубаддал сохтааст;

Нӯҳум - Толибон дар ду соли гузашта бо истифода аз манобеъи даромади ҳангуфти молӣ аз дарки кишт, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир, Афғонистонро амалан ба бузургтарин манбаъи тавлиди он мубаддал сохтаанд. Суди ҳосил аз ин кор барои Толибон ва режими номашруъашон, бар иловаи кӯмакҳои саховатмандонаи Амрико, ки ҳудуди чиҳил миллион доллар дар ҳафта мешавад ва рақами дурушти дигари молӣ, ки низ ба гунаи махфиёна дар ихтиёри ин гурӯҳ қарор мегирад, тавониста ин гурӯҳи террористиро ҳамчунон дар ҳифзи қудрати сиёсиашон алорағми мухолифати қотеъи мардуми Афғонистон, кӯмак намояд;

Даҳум - лайлом кардани сармояҳои миллӣ, ки мутааллиқ ба омми Афғонистон буда ва дар натиҷаи кӯмакҳои бистсола дар хидмати давлату низоми амниятии Афғонистон қарор гирифта буд, монанди таҷҳизоти низомиву ҷангӣ, ба ҳароҷ гузоштани маодини Афғонистон, барқи харидоришуда, ки аз пули мардуми Афғонистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ фароҳам мешавад, аммо Толибон барои хушхидматӣ онро дар ихтиёри бодорони покистонии худ қарор медиҳанд, обҳои Афғонистон, ки бояд манбае дар хидмати манофеъи миллӣ бошад ва ба рушди иқтисодиву масорифи давлатӣ кӯмак кунад, ба қимати ночиз, ки дар натиҷаи як муомила ба Покистону Эрон фурӯхта мешавад, аз хиёнатҳои дигари гурӯҳи Толибон аст;

Ёздаҳум - эҷоди танишҳои марзӣ бо ҳамсоягони Афғонистон (алорағми душмании таърихии ду ҳамсояи шарқиву ғарбӣ бо мардуму сарзамини мо), ки худ ба худ заминаи танишу ошӯбро мусоид месозад, аз дастовардҳои иморати толибонӣ аст. Толибон то ҳол чандин бор бо ҳамсояҳои шарқӣ, ғарбӣ ва шимолӣ шох ба шох шуда ва зеҳнияти бади ҳамсоядориро ба вуҷуд овардаанд. Агарчи ҳамсояҳои хубе надоштаем ва он чиро, ки имрӯз мебинем, натиҷаи сиёсатҳои ғалати ин ҳамсояҳо барои баргаштондани Толибон ба қудрат будааст, аммо ин танишҳо метавонад барои ояндаҳои рӯи кор омадани як низоми машрӯъ ва мардумӣ, дардисарсоз бошад;

Дувоздаҳум - билохира, терроризми толибонӣ, мунҷар ба ин шуда то ин кишвар монанди деги бесарпӯш, маҳалли тарассуди созмонҳои иттилоотӣ ва иттилоотчиёни кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷаҳон бошад. Имрӯз тарассуд ва тарофики созмонҳои иттилоотӣ аз се меҳвар - ҳамсояҳо, минтақа ва ҷаҳон -  Афғонистонро ба майдони гарми рақобат, таниш ва рӯёрӯӣ мубаддал сохтааст. Ин кор ба баракати ҳузури Толибони террорист аст, ки боис шуда, бадбахтии мардуми Афғонистон, дучандон шавад.

Он чӣ аз ин миён мубарҳан аст ин аст, ки Толибон ҳеҷ гоҳ наметавонанд бо ин чолишҳое, ки барои мардуми Афғонистон ба вуҷуд оварда, канор биёянд ва як низоми мардумӣ ва машрӯъро эҷод кунанд. Рӯз ба рӯз нафрат ва инзиҷори таърихии мардуми Афғонистон аз ин гурӯҳ бештар мешавад ва заминаро барои як ҷанги хонумонсӯз ва қавмӣ, бештар фароҳам месозад. Ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии мусолиматомез дигар маънӣ ва мафҳуми худро аз даст додааст. Он чи бештар боис шуда то заминаҳои шикофу иншиқоқ дар ҷомеа, падидор шавад, ҳамин иморати толибонӣ аст, ки мабдаъи он саркӯб ва дар таҳти як давлати террористӣ иҷроӣ мешавад.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!