Хабари рӯз

Ҷаҳон Толибонро кӯмак мекунад, аммо чаро ба расмият намешиносад?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика, шореҳи “Сангар”

Дунё терроризми давлатӣ ба раҳбарии Толибонро бо рӯйкарди таомул таҳаммул мекунад. Аз минтақа то ҷаҳон ҳама дар талошанд, то аз корти Толибон, баҳра бурда, вазъияти муаллақи Афғонистонро камокон ҳифз кунанд. Терроризме, ки Толибон дар шакли навини он, бо он ёд мешаванд, бо абъоди гуногуне аз печидагиҳо по ба арсаи вуҷуд гузоштааст. Ин терроризм бо имконот ва даму дастгоҳи як низоми сиёсӣ дар талош аст, то машрӯъияти байналмилалӣ касб кунад ва ба воситаи зӯру иҷбор ба иқтидори дохилӣ бирасад. Ба ҳамин лиҳоз, то метавонад саркӯб мекунад ва инсон мекушад.

Терроризми давлатии толибонӣ, истилоҳе аст машъар ба тавассул ба абзори гуногун ва навини терроризм тавассути Толибон, ки баъд аз муомилаи нангини Доҳа аз терроризми фардӣ низ баҳра мебарад. Иморати толибонӣ, ки ба манзури эҷоди рӯъбу ваҳшат ба василаи иҷро ё мушорикат дар амалиёти террористӣ ё ҳимоят аз амалиёти низомӣ барои завол, шикананда сохтан ва тазъифи амнияти кишварҳои минтақа истиқрор ёфтааст, мобайни ин ҳақиқат аст, ки дунё ва минтақа ин терроризми давлатиро ба иллати хислати корбурдӣ будани он таҳаммул мекунанд. Ҳар тараф дар талоши баҳракашии иттилоотӣ аз корти Толибон аст. Ҳатто ин корти террористӣ фаромиллӣ шуда, барои ҳалли муодилоти печидаи ҷаҳонӣ ва абзорӣ дар хидмати барҳам задани тавозун дар он, аммо хомӯшии мутлақ рӯҳияи созишкорона ва адами тамос ба хислати аслии ин режими террористӣ, корест амдӣ ва бар асоси санҷишҳои манфиатталабона.

Шояд савол кунед, ки чаро иморати Толибониро терроризми давлатӣ меномем? Чун ин иморат аз рӯзи дубора нишастан дар маснади қудрат дар августи 2012 на танҳо, ки мутавассил ба абзорҳои фардӣ ва гурӯҳии террористӣ дар дохили кишвар шудааст, балки кӯмакҳои моддӣ (монанди кӯмакҳои низомӣ) ва маънавӣ (мисли ҳимояти сиёсӣ) барои гурӯҳҳои террористии хориҷиро барои мушорикат дар амалиёте чун бомбагузорӣ ва террори мақомҳои олии давлатӣ фароҳам кардааст, ки намунаҳое аз терроризми давлатӣ аст, ки ин иморат марбут ба он аст.

Терроризми давлатии Толибон таҳти унвони Иморати Толибонӣ, бо аҳдофи аслӣ ҷиҳати маръуб сохтан ва хунсо кардани мухолифон - "афроде, ки ба ҷабҳаи мухолиф пайвастанд" - таваҷҷуҳи хоссе доштааст. Фаъолиятҳои террористии Шабакаи Ҳаққонӣ, ки фисадии баланди қудратро дар даст дорад, дар хидмати омодасозӣ барои фаъолиятҳои террористии давлатӣ, аз ҷумла одамрабоӣ ё ҳатто куштани фарди мавриди ҳадаф аст, ки метавонад ваҷҳи боризи ин режими террористӣ маҳсуб шавад. Терроризми толибонӣ дар таҳти ҳимояти кишварҳои минтақа, ҷаҳон ва созмонҳои иттилоотӣ ва ба лутфи кӯмаки машваратии ин ҳалқаҳо тавониста мошини террор ва ихтиноқро дар дохили кишвар фаъол нигаҳ дорад. Терроризми давлатии толибонӣ чанд ҳадафро нишона гирифтааст:

Аввал - ҳадафи ҳар куниши террористии ин давлат, ки Толибон онро раҳбарӣ мекунанд, ғайринизомиёне аст, ки тадохуле дар сиёсату фаъолиятҳои зиддитолибонӣ надоранд, аммо нишонаи аслии он эҷоди густурдагии сатҳи аъмоли хушунат дар баробари оммаи мардум дониста мешавад, то фазои ихтиноқ ва тарс эҷод кунад;

Дувум - Толибон ва давлати террористиашон, ки фоқиди машрӯъияти дохиливу берунӣ аст ва ба воситаи қатлу қитол ва эҷоди фазои ихтиноқ бар гурдаҳои мардум савор аст, дар ҳадаф дорад, то ин сатҳи баланди ихтиноқ ва террорро барои таъсиргузории густурда рӯйи мухотабони васеъ ҳифз кунад. Бо ҳадафи қарор додани як катлаи мардум, ин давлати террористӣ дар талош аст сояи ваҳму тарсро бар ҳамагон умумӣ созад;

Севум - ҳадафи умдаи ин терроризми давлатӣ бо ҳаҷми густурдаи вусъати пӯшиши он ки тамоми ҷуғрофияи Афғонистонро дарбар мегирад, дар ниҳояти амр ба мароми сиёсӣ мунҷар мешавад. Терроризми  толибонӣ бо давлати террористӣ, ки дар таҳти контролашон аст, талош мекунанд, то ба воситаи фазои тангу фишор аҳдофи сиёсӣ, монанди зудудани ҳар хел мухолифат, истодагӣ ва қиём дар баробари ин иморатро бароварда созанд.

 Он чӣ дар Афғонистони имрӯз ҷараён дорад, нишон медиҳад, ки мошини куштори Толибон ҳамонанди ду даҳаи қабл ҳамчунон фаъол аст. Саркӯби созмондеҳишуда, сохторӣ ва истифода аз абзорҳои давлатӣ бо созубаргҳои номаҳдуд, фурсати хуберо дар ихтиёр ин гурӯҳ қарор додааст. Ба ҳамин иллат Шабакаи Ҳаққонӣ, Раёсати истихбороти Толибон ва соири гурӯҳҳои ҳампаймонашон ба кушторҳои фаҷеъ даст мезананд. Ихтирои шиканҷаҳои навин ба воситаи Раёсати истихбороти Толибон ларза бар андоми инсон меандозад. Дар тозатарин маврид, Раёсати истихбороти Кобул дар рӯзҳои Ошуро ба теъдоди 80 танро аз манотиқи мухталифи Кобул дастгир намудаанд, ки феълан дар раёсати таҳқиқи истихборот таҳти баррасӣ қарор доранд ва теъдоди зиёде аз эшон аз миллияти ҳазора мебошанд ва таҳти бозҷӯии ҷиддии истихборот бо шиканҷа қарор гирифтаанд. Ҳамчунон, давлати террористии ин гурӯҳ, бо рӯидастгирии проекти ҷамъоварии маълумот дар мавриди вузаро, вукало, соранволон, қозиҳо, низомиён ва ғайра афрод ва ашхоси ҳукумати асбақ, ки дар Афғонистон махфианд ва барномаи фирор аз кишварро доранд, дар талоши террори васеъ ва созмондеҳишуда ҳастанд. Ҳамчунон касоне, ки дар ҷустуҷӯи баромадан аз кишвар тавассути хориҷиҳо ҳастанд, тавассути истихборот шиносоӣ ва дастгир мешаванд. Толибон бо ин проект барномаи ҳақгирӣ аз хориҷиҳоро доранд, ҳар шахсе, ки аз тарафи ҳар кишваре даъват шуда, бояд ба хотири раҳоии шахси мавриди назар, кишвари мизбон пул бидиҳад, то шахсе раҳо шавад ва ба хориҷ биравад.

Ин терроризми давлатӣ дар талош аст, то аз роҳҳои гуногун мардумро саркӯб кунад. Саркӯби мардум танҳо дар мавориде машҳуд ва расонаӣ мешавад, ки иттилоот дарз кунад. Дар бисёре маворид аъмоли ғайриинсонии терроризми давлатии толибонӣ талош мекунад, то ин иттилоот ба берун дарз накунад ва оммаи мардум аз он хабар нашаванд. Ин танҳо ваҷҳи дохилии ин терроризми давлатӣ аст. Дар сатҳи хориҷӣ, он чӣ, ки мӯҷиби шиносоии ин давлати террористӣ мешавад, интиқол ва таҷҳизи нерӯҳои террористии хориҷӣ аст, ки заминаро барои мухтал шудани амнияти минтақа бояд мусоид кунанд. Толибон бо дилгармии хосе дар талошанд, то бо эҷоди як дастгоҳи ҷаҳаннамии шиканҷа, террор ва ихтиноқ, султаи ҷобирона ва ғайримашрӯашонро бар мардуми дарддидаи мо биқабулонанд. Дар сатҳи берунӣ он чӣ, ки барои ин гурӯҳ вазифа дода шудааст, бояд анҷом пазирад. Тарҳи расмисозии терроризми минтақаӣ, ки режими ҳамонанди Толибон дар ҳимоят аз он қарор доранд.

Ҳампаймони Толибон гурӯҳҳои террористии хориҷӣ боризтарин ваҷҳи ин терроризми давлатӣ аст. Алқоида бо истифода аз таҷрибаи чандин даҳаи ҳузур дар майдонҳои даргирӣ аз ин равиш кор мегирад, то ба суръат ва оромиши хотир аз ҳадафгирӣ ва вокуниши кишварҳои ҳамсоя ва минтақа масъун бимонад. Дар ин миён, нақши ҳимоятии Толибонро набояд аз ёд бурд. Аъзои Алқоида бо ҳимояти мақомоти баландпояи Толибон бо ҳадафи тазмини амнияти ҳастаҳои худ дар саросари кишвар нуфуз кардаанд. Ин нуфуз ба ҳадафи қивом пояҳои терроризми давлатӣ аст, ки тамоми минтақаро зери ҳадаф дорад ва эҳтимоли интишори мавҷҳои он ба саросари қораи  Осиё, бахусус Ҷануб ва Осиёи Марказӣ, вуҷуд дорад. Барои ин манзур, Алқоида бо як ҳадафи стратегӣ дар талоши ниҳодина кардани пойгоҳҳои худ дар Афғонистони таҳти контроли Толибон аст, то битавонад аҳдофи фароафғонистонии худро таҳсил намояд. Толибон низ аз кӯмаки машваратии раҳбарони ҳастаҳои аслии Алқоида истифода карда ва аз машвараҳои онҳо баҳра мебаранд ва барои назорати бештари ин кор теъдоде аз аъзои шабакаи Алқоида ба унвони мудирони калидӣ дар идораи Толибон кор мекунанд.

 Аз ҷумла, аъзои муҳими Алқоида, ки дар айни замон аъзои гурӯҳи Толибон низ ҳастанд, метавон аз муовини идораи истихбороти Толибон, мудири омӯзиши Вазорати дифоъ, волии Кописо ва Нуристон дар идора Толибон ном бурд. Ин аъзои Толибон ва Алқоида дар хидмати таксири андешаҳои террористии ин созмон қарор дошта, аз мавқеиятҳои расмии худ ба нафъи аҳдофи созмонии ин гурӯҳ истифода мекунанд. Пас, мункири ин ҳақиқат наметавон шуд, ки Алқоида аз Афғонистон ба унвони як маркази идеологӣ ва луҷистикӣ барои басиҷ ва истихдоми ҷангҷӯёни ҷадид истифода мекунад, яъне барномаи ҷадиди Алқоида дар минтақа, мубаддал кардани Афғонистон ба унвони маркази савқулҷайш барои тарвиҷи терроризм аст, ки дар оянда барномаҳои роҳбурдиро таъқиб мекунанд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!