Хабари рӯз

Толибони Қазоқистон чӣ замоне аз худ дарак хоҳанд дод?

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази мутолиоти сиёсати Афғонистон (Русия).

Тасмими мақомоти Қазоқистон мабнӣ бар ҳазфи Толибони Афғонистон аз феҳристи миллии созмонҳои террористӣ, натанҳо ҷанбае комилан афғонӣ, балки даруниқазоқистонӣ низ дорад.

Аввал аз ҳама, ин иқдом як бозпарварии сиёсии билфеъли бренди Толибон аст. Акнун, аз назари афкори умуми Қазоқистон (бавежа бахши мазҳабии он), ин як созмони комилан қонунӣ ва машрӯъ аст. Ва бар ин асос, шеваҳои фаъолияти сиёсии он низ машрӯъ ва қобили қабул аст.

Ёдамон бошад, ки равиши аслии Толибон ҷиҳод аст. Муборизаи мусаллаҳона дар роҳи Худо барои эҷоди як ҳукумати исломие, ки дар он мусулмонон битавонанд тибқи шариат зиндагӣ кунанд.

Дар ин замина, Толибон амалан ҳеҷ тафовуте бо дигар проектҳои ҷиҳодӣ надорад. Бар хилофи итминони тарафдорони Толибон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Толибон ба ҳеҷ ваҷҳ як проекти сирфан афғонӣ нест. Ҳатто худи Толибон ҳам чунин фикр намекунанд. Дар тасаввури онҳо, Толибон улгуи намунаи ҷиҳоди пирӯзмандона аст. Намуна барои ҳама - барои афғонҳо, фаластиниҳо, покистониҳо, қазоқҳо, мусулмонони Русия ва ғайра. Толибон ҳеҷ кас ва ҳеҷ кишварро истисно намекунад.

Нуктаи дигар ин аст, ки мубаллиғони Толибон ҳамеша - ба манзури шаффофсозӣ - афрод, қабоил ва кишварҳои хосеро лист намекунанд, ки метавон модели Толибонро дар онҳо эъмол кард. Аммо гоҳе авқот онҳо ҳанӯз ҳам ин корро мекунанд – масалан, дар робита бо фаластиниҳо, вақте дар мавриди набардҳои имрӯзи байни аъроб ва Исроил дар Ғазза изҳори назар мекунанд.

Шояд рӯзе бирасад, ки дар бахши қазоқистониҳо низ назар бидиҳанд.

Дар пасзаминаи исломӣ шудани сареъи ҷавонони қазоқ, ки масалан, “мазҳаб”-и салафӣ дар миёни онҳо ривоҷи бештаре пайдо мекунад (ба аломати нақли қавл дар ин калима таваҷҷуҳ кунед), қонунӣ кардани проекти ҷиҳодӣ ва бренд - номи тиҷории Толибон – ин бидуни нохунак, як амали воқеии шуҷоати сиёсӣ аст. То ҳудуде бо бепарвоии сиёсӣ ҳаммарз аст. Ва таронае ба ҷунуни шуҷоъон мехонем...

Ҳол биёед ин мавозеъро канори ҳам биоварем.

Инак, имрӯз, як ҷамъи иҷтимоии бузурги фазоянда аз исломгароёни ҷавони қазоқ номи Толибонро бар асоси устурашиносӣ, зебоишиносӣ ва хӯрдафарҳанги ҷавонони ҷиҳод, ба унвони як бренди машрӯъ матраҳ мекунад, ки, ба навбаи худ, дар миёни ҷавонони исломӣ бисёр маҳбуб аст - ва натанҳо ба далели рӯёҳои шаръӣ, балки ба далели доктрини адолати иҷтимоии ҷиҳодие, ки ба таври хос пахш шудааст.

Ва акнун на танҳо дар Афғонистон, балки дар афкори умумӣ дар ҳамон ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон низ тақозои адолати иҷтимоӣ вуҷуд дорад.

Қонунӣ шудани номи тиҷории Толибон дар Қазоқистон шароити бисёр хуберо барои мулоқоти ду "инзиво"-и сиёсӣ эҷод мекунад - яке тақозои густурда барои адолат ва якеи дигар улгуи муваффақ барои дастёбӣ ба он аз тариқи ҷиҳоди пирӯзмандона.

Дар ин сурат, зуҳури як созмони сиёсӣ таҳти номи рамзии “Таҳрики Толибони Қазоқистон” (TTK) натанҳо мумкин, балки тақрибан иҷтинобнопазир ба назар мерасад. Ҳамон тур, ки мегӯянд, масъалаи фақат замон аст.

Ва пас аз он давлати Қазоқистон ба зуҳури проекти толибони Қазоқистон чӣ гуна вокуниш нишон хоҳад дод? Ба чӣ мамнуъиятҳое бояд рӯй орад?

Баъид аст, ки эпизоди имрӯз бо нима ба расмият шинохтани Толибони Афғонистон тавассути Остона, бахти сиёсиро ба "муллоҳои хашин" дар Кобул бияфзояд.

Аммо барои худи Қазоқистон, шояд ин қисмат шабеҳ ба раҳосозии як ҷини бисёр машкук ва хатарнок аз кӯза бошад.

Чӣ касе медонад, ки оё метавон онро гашта ба кӯза андохт...


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!