Ин бозӣ то куҷо ба нафъи Покистон пеш хоҳад рафт?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика, шореҳи “Сангар”
Давлати Покистон эълом карда, ки ҳамалоти толибони покистонӣ (ТТП) афзоиш ёфта ва дар як соли гузашта ҳудуди 1500 ҳамла сурат гирифтааст. Танҳо рақами маҷмӯъи ҳамалот дар як моҳи гузашта ба 99 ҳамла мерасад ва як сайри суудии сарсомовареро нишон медиҳад. Дар ҳоле ки ба гумони таҳлилгарони амниятӣ ва бардоштҳои нигоранда, ин дарвоқеъ, як сархати расонаӣ дар ростои роҳандозии як ҷанги равонӣ аст, ки нишон медиҳад дар ақиби қувватгирии ТТП дар Покистон, дастҳои пинҳоне вуҷуд дорад. Дастҳое, ки бо кумак ISI дар талошанд бақияи бозиро ҳидоят кунанд.
Ба тозагӣ сарвазири муваққати Покистон, Анварулҳақ Кокар, як қадам пештар ниҳода ва гуфтааст, ки дар сурати ниёз артиши Покистон ба гузинаҳои низомиву амалиётӣ дар баробари Толибон мутавассил хоҳад шуд. Он чи ки ҳувайдост, ин аст, ки ТТП аз замони ба қудрат расондани Толибон дар Афғонистон дар августи 2021 бо ҳаҷми васее аз ҳамалот дар талош аст, то чизеро собит кунад. Ин субут нишон аз барномаҳои пинҳонест, ки Покистон муҷриву бонии он аст, зеро ҳамалоти густурдаву бевақфа, тасхири ҷуғрофия ва эҷоди музоҳиматҳои ба зоҳир амниятӣ барои Покистон, зоҳиран як моҷарои амниятиро нишон медиҳад. Аммо қарори шавоҳиди мавҷуд ва нақши мутлақи артиши Покистон дар эҷоди ТТП ва соири гурӯҳҳои террористӣ, ки онҳоро минҳайси абзори стратегӣ дар ду ҷабҳа-Афғонистон ва Ҳинд ба кор гирифта, нофармрнӣ ва сууди теъдоди ҳамалоти террористӣ дар дохили хоки Покистон, як миқдор машкук ба назар мерасад.
Нигоранда бо пайгирии мутадовими ахбори марбут ба ТТП, толибони Афғонистон ва вокунишҳои ғайрмаъмули Покистон чанд омилро дар сохта будани ин моҷарои амниятӣ, ки нафъи он мустақим ба Покистон мерасад, баррасӣ мекунам. Ба назари ман, ТТП ҳанӯз ҳам дар дастони ISI аст ва мутобиқи барномаҳои амниятии ISI ҳаракат мекунад. На танҳо ТТП, бал соири гурӯҳҳои террористӣ, ки дар чиҳил соли ахир эҷод ва рӯйи саҳна оварда шудаанд, дар хидмати манофеи амниятӣ ва стратегии Покистон будаанд ва ҳеҷ ҷои шакку шубҳа дар ин бозии хатарноку чандпаҳлу вуҷуд надорад. Аммо далоили зайлро метавон дар хусуси ТТП ва амалкарди машкуки Покистон ба баррасӣ гирифт, ки нишон медиҳад Покистон бо корти ТТП бозии амниятӣ анҷом медиҳад:
АВВАЛ - эҳтимоли зиёду қарин ба воқеият вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад ТТП монанди корте дар дастони Покистон қарор дорад, зеро баъд аз ба қудрат расонидани Толибон дар Афғонистон, интиқодҳои зиёде дар хусуси решагирии терроризм ва таҷаммӯъи гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистони таҳти контроли Толибон вуҷуд дошта, ҳама Покистонро муқассири ин кор медонанд. Биноан Покистон дар талош аст, то нишон диҳад, ки худ қурбонии терроризм асту ТТП як омили хатарнок барои амнияти миллии Покистон маҳсуб мешавад ва ин хатар дар ҳоли бузург шудан аст;
ДУВУМ - Исломобод дар талош аст, то манофеи амниятиашро бо манофеъи Вашингтон ҳамсӯ созад. Ин кор танҳо дар сурати мавҷудияти терроризм имконпазир аст, ки Покистон худ бонии он будааст. Дар ин росто, талошҳо дар ҷиҳати вахим нишон додани вазъияти амниятии Покистон ҷараён дорад ва ТТП абзори хубе дар дастони сохтори низомӣ ва амниятии Покистон барои расидан ба ин ҳадафи сиёсӣ маҳсуб мешавад. Покистон аз ин кор ҳам метавонад аз иттиҳоми бистарсозии терроризм дар Афғонистону минтақа табраа шавад ва ҳам метавонад саҳме дар кӯмакҳои низомии Пентагон барои мубориза бо терроризм дошта бошад. Чизе, ки баъд аз хурӯҷи Амрико аз Афғонистон, пардохти он ба Покистон қатъ шуда ва ин кишварро дар мазиқаи амниятиву иқтисодӣ қарор додааст;
СЕВУМ - Покистон дар талош аст, то пайванди ТТП ва Алқоидаро бисёр устувор бар идеология нишон диҳад. Алқоида ҳанӯз ҳам номест ҳассосиятбарангез ва метавонад ҳар мақсади сиёсиро бо масоили амниятӣ пайванд бизанад. Аз ин ки Покистон баъд аз хурӯҷи Амрико аз Афғонистон, аз барномаҳои минтақаии Амрико дур монда ва дар иваз алоқамандии Амрико ба Ҳинд - рақиби таърихии Покистон - бештар шуда, биноан Покистон барои дохил шудан ба мадори таомулоти амниятии мавҷуд дар ҷануби Осиё, ки раҳбарии онро Амрико ба ӯҳда дорад, талош мекунад. Ин талош мусталзими ҷиддӣ нишон додани вазъияти амниятӣ ва рушди гурӯҳҳои террористӣ аст, ки Покистон бонии онҳо будааст;
ЧАҲОРУМ - Исломобод бо бузург нишон додани ҳаҷми ҳамалоти ТТП ва исботи пайванди он бо Алқоида, мехоҳад аз бозигарони минтақаиву фароминтақаӣ, ки аз рушди терроризм дар минтақа нигаронанд, боҷгирӣ кунад. Тамоми дағдағаҳои Покистон аз таҳаввулоти амниятӣ дар минтақа боҷгирии иқтисодӣ аст, ки битавонад гиреҳе аз чолишҳои иқтисодӣ ва молии он бигушояд ва ба суботи он кӯмак кунад. Чун иқтисоди Покистон як иқтисоди миллитаристӣ аст ва ҳамвора рӯйи барномаҳои амниятӣ устувор будааст, биноан истифода аз корти терроризм, ки контроли он мустақиман бармегардад ба худи сохтори низомии ин кишвар, дар дастури кори он қарор доштааст;
ПАНҶУМ - Покистон мехоҳад нишон диҳад, ки қурбонии терроризм аст ва мустаҳаққи меҳрубонии сиёсӣ, кӯмакҳои таслиҳотӣ ва иқтисодӣ. Бо ин кор Покистон дар талош аст, то аз як тараф, иттиҳоми ҳимоят ва бистарсозии терроризмро аз ҷабини низоми амниятии худ пок кунад ва аз сӯйи дигар, бо дарёфти кӯмакҳои низомиву таслиҳотӣ, ки бунмояи он нақдина аст, дар масири рақобат бо Ҳинд, ақиб намонад.
ШАШУМ - аз ин ки низоми сиёсӣ ва амниятии Покистон бо паштунҳои ин кишвар мушкил дорад ва ТТП аз як теъдоди зиёде аз паштунҳои ин кишвар ташкил шудааст, биноан фурсати хубе барои саркӯби паштунҳо мусоид бисозад. ТТП то замоне, ки дар контроли Покистон аст, хуб аст. Аммо замоне, ки ба як хатари амниятӣ мубаддал шавад ва аз контрол хориҷ шавад, дигар мавриди таваҷҷуҳи ин кишвар нест ва барчаспи террорист ба он зада мешавад;
ҲАФТУМ - билохира, аз ин ки овозаҳое мабнӣ бар таъмини иртибот миёни Нурвалӣ Маҳсуд, раҳбари яке аз бахшҳои ТТП ва созмони истихборотии Ҳинд, пахш шудааст, дигар Покистон ин бозиро ба нафъи худ намебинад ва мехоҳад бо иқдомоти пешгирона, зиддиҳамлаеро бар зидди барномаҳои созмони истихбороти Ҳинд созмондиҳӣ кунад. Биноан, кӯбидани ТТП дар шароити феълӣ, умдатан ношӣ аз ин нигаронӣ аст.
Бо таваҷҷуҳ бо он чӣ, ки гуфта шуд, бозии ҷадиди Покистон бо корти ТТП як бозии хатарноки амниятии тавъам бо мақосиди сиёсиву иқтисодӣ аст. Покистон аз қазо, ба истифода аз корти терроризм ва бозӣ бо гурӯҳҳои худсохтаи террористӣ, одат дорад ва онҳоро манбаи хубе барои даромадҳои молӣ, таъқиби аҳдофи амниятиву сиёсӣ, талаққӣ мекунад. Дида шавад, ки ин бозӣ то куҷо ба нафъи Покистон пеш меравад ва ин кишвар оё метавонад аз корти гурӯҳҳои террористӣ ба нафъи худаш суд бибарад?