Хабари рӯз

Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш аз ҳама нерӯҳои радикал - аз исломгароён дар кишварҳои исломӣ гирифта то фашистҳову ҷинояткорони амрикоӣ - барои расидан ба аҳдофи худ истифода мекунанд.

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

ДАР АКС: Ҷалол Нурӣ, фармондеҳи афғонистонии артиши Украина, ки аз сӯи нерӯҳои Русия кушта шудааст.

Таърих гувоҳ аст, ки истихбороти ғарбӣ солҳост, ки амдан террористҳову аносири ҷинояткорро дар суфуфи нерӯҳое, ки ба манофеъи онҳо хидмат мекунанд, ҷазб кардаанд. Аввал Афғонистон буд, баъд Ховари Миёна ва ҳоло навбати Украина аст.

Дар тӯли ҷанги Афғонистон, онҳо радикалҳои ҷаҳони ислом, бавежа кишварҳои арабиро ба сафи муҷоҳидини афғон ҷазб карданд, ки бузургтарин проекти террористӣ - Алқоида аз он ҷо эҷод шуд. Дигар созмонҳои террористӣ ва ҷаҳонӣ бо эътиқодоти ифротӣ, монанди Толибон, ДОИШ ва даҳҳо созмони дигар, аз он илҳом гирифтаанд, ҳатто метавон гуфт аз “модар-Алқоида” мутаваллид шудаанд.

Барои ҷанги Сурия ва Ироқ ибтидо салафигариро дар тамоми кишварҳои ҷаҳон густариш доданд, сипас ҳамин салафиҳоро ба ҷабҳаҳои ҷанги Ховари Миёна оварданд. Бар асоси охирин додаҳо, ин нерӯҳо дар солҳои ахир ба Афғонистону Украина мунтақил шудаанд.

Ин достонҳо барои хонандагони мо комилан шинохта шудааст. Акнун ба суроғи достони ҷолибтари дигаре меравем, ки аз диди мо ҷадид ба назар мерасад.

Нерӯи дигаре, ки истихбороти ғарбӣ дар даҳаҳои ахир дар Амрикову Аврупо парвариш дод, гурӯҳҳои фашистӣ ҳастанд, ки нозиҳои Украина намунаи бориз онҳоянд. Ин нозиҳо буданд, ки камари хидмат ба Ғарбро бастанд ва барои таҳаққуқ бахшидан ба ҳадафи Ғарб - тазъифи Русия - вориди майдони ҷанг шуданд. Ин нерӯ барои беш аз 20 сол дар Украина ба ҳадде мавриди ҳимоят қарор гирифт ва парвариш дода шуд, ки аксарияти мардум, бавежа қишри равшанфикри Украина, натавонистанд дар лаҳзаи ҳассос - оғози ҷанг бо Русия - садои худро алайҳ он баланд кунанд. Ин садо дар асари фишорҳои таблиғотӣ, равонӣ ва физикии Ғарб ва давлати дастнишондаи он дар Киев хафа шуд. Ғарб муваффақ шуд “як интернатсионали мухталити исломӣ-фашистӣ”-ро ба ҷанги Украина ҷазб кунад. Дар зер аз мавориде сӯҳбат хоҳем кард, ки фақат марбут ба худи Иёлоти Муттаҳида аст.

Фаъолиятҳо барои ҷазб, омӯзишу интиқоли исломгароёни радикал ва ҷонибдорони идеяҳои нозизм ба минтақаи ҷангӣ дар Украина ба таври низомманд анҷом ва тавассути мақомоти олирутбаи кишварҳои Иттиҳоди Атлантики Шимолӣ назорат мешаванд. Нашрияи мустақили Greyzone гузориш дод, ки давлати Ҷо Байден ба таври фаъол ба давлати Украина дар истихдоми радикалҳои хашин аз тариқи сафорати Киев дар Вашингтон ва консулгариҳо дар саросари кишвар кӯмак мекунад.

Яке аз намунаҳои фаъолиятҳои истихдомии истихбороти ғарбӣ барои эъзоми муздурон ба Украина, сарнавишти раҳбари Ҷунбиши натсионал сотсиалисти Иёлоти Муттаҳида, Кент Маклиллан, мулаққаб ба Бонифатсий аст. Ин ҷангҷӯ дар мусоҳиба бо веблогнависони мухталиф гуфт, ки дар соли 2014 бо ҳимояти СӣАйЭй (Созмони истихбороти марказии Амрико) ба Украина рафт ва дар амалиётҳои танбеҳӣ алайҳи мардуми ғайринизомии Донбас ширкат кард. Дар январи 2022, ин муздур ба ҳанги миллигароёни “Азов” пайваст, ки бо он дар ҷангҳои Мариупол ширкат кард.

Яке дигар аз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида, Пол Грей, узви гурӯҳҳои фашистии Ҳизби коргарони суннатӣ (Traditionalist Workers Party), Пештози амрикоӣ (American Vanguard), Фирқаи Атомваффен (Atomwaffen Division), Ҷабҳаи меҳанпарастон (Patriot Front) дар ҷангҳо дар суфуфи “Легиони миллии Гурҷистон” ширкат мекунад. Ҳамзамон, ҳамон тур, ки рӯзноманигорони амрикоӣ гузориш медиҳанд, ин ҷангҷӯ ба тарзи аҷибе тавонистааст аз ҷиноёти қаблии худ аз додгоҳи Иёлоти Муттаҳида фирор кунад.

Расонаҳои хориҷӣ каналҳоеро барои ҷазби ҷангиёни исломгарои қафқозӣ тавассути истихбороти Украина ва Ғарб кашф кардаанд. Сохторҳои ғайритиҷории таҳти контроли истихбороти ғарбӣ дар кишварҳои Аврупо, моварои Қафқоз ва Иёлоти Муттаҳида Амрико, нақши калидӣ дар ҷазбу эъзоми ҷонибдорони идеяҳои исломи радикал ба Украина доранд. Аз ин хотир, созмонҳои ифротии “Мизи гирд” ва “Қафқози озод” ба раҳбарии ҷудоииталабони Қафқози Шимолӣ, ба таҳрики мақомоти амрикоӣ ва аврупоӣ, дар теъдоде аз кишварҳои Аврупо, Ховари Миёна ва Қафқози Ҷанубӣ ва ҷазби ҷангиёну интиқоли баъдии онҳо ба Украина аз тариқи хоки Лаҳистон дафотири намояндагӣ эҷод кардаанд.

Ҳамчунин шореҳони нашрияи амрикоии The Intercept гузориш доданд, ки Киев ба таҳрики Вашингтон, қотилони фирориро аз Иёлоти Муттаҳида дар суфуфи нерӯҳои мусаллаҳи Украина истихдом кард. Бисёре аз ҷангиёни амрикоӣ, ки ворид Украина шудаанд, намояндагони созмонҳои ифротии радикал ҳастанд, ки дар ҷангҳо ва шӯришҳои хиёбонӣ даст доранд (масалан, дар ҳамла ба сохтмони Капитолия – Кунгураи Амрико дар январи 2021).

Илова бар ин, бархе аз сарбозони собиқи нерӯҳои вежаи афғон, ки Афғонистонро тарк карданд, ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина пайвастанд. Ин афрод ҷуз ҷангидан маҳорати дигаре надоранд. Онҳо ба тарзи хоинонае тавассути "дӯстон"-и собиқи худ, амрикоиҳо, ки дар соли 2021 бо шармандагӣ аз Афғонистон фирор карданд, дар кӯча афтоданд ва ҳоло чорае ҷуз ҷангидан барои бақо надоранд.

Ғарб ба ҳамдастони худ дар Афғонистон, ҳам муҷоҳидин ва ҳам ҷумҳурии ахир, хиёнат кард ва танҳо чизе, ки ба даст овард, бесуботии доимӣ дар ин кишвар ва минтақа буд. Бисёре бар ин боваранд, ки ғарб низ ба украиниҳо хиёнат хоҳад кард.

Амрико ва муттаҳидонаш ба аҳдофи худ нарсиданд ва дунё аз найрангу тарфандҳои онҳо бохабар шудааст. Бо кӯмак артише аз муздурон, ки чизе ҷуз идеяҳои радикали хатарнок барои башарият надоранд ва барои пул меҷанганд, чӣ чизи дигаре метавон ба даст овард?

Тавре мегӯянд, бори каҷ ба манзил намерасад...


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!