Хабари рӯз

Ҳар гуна таъхир ва ғафлати ҷомеаи байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид метавонад ба рушди саратонии терроризм дар сартосари минтақаву ҷаҳон бианҷомад.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Вазъияти кунунии Афғонистон чӣ гуна аст, аз кадом мушкилот ранҷ мебарад ва роҳҳали буҳрони Афғонистон дар чист?

Мушкилот:

1 - Буҳрони машрӯъияти миллӣ ва байналмилалӣ;

2 - Идомаи буҳрони бесуботии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;

3 - Идомаи мудохилоти хориҷӣ;

4 - Буҳрони хушунату хусумати бемонанд алайҳи занон, яъне ниме аз ҷамъияти Афғонистон шомили мамнуъияти таълиму таҳсил, мамнуъияти сафар бидуни маҳрами шаръӣ, мамнуъияти кор, издивоҷҳои иҷбории духтарони зери син, зиндонӣ кардан ва шиканҷаи рӯҳиву ҷисмии занон то сарҳади таҷовузҳои ҷинсӣ аз абъоди буҳрони органикии ҷомеа аст;

5 - Буҳрони иқтисодӣ ба далели бекорӣ ва фақри густурдаи ҳаштод фисади ҷамъияти Афғонистон, ки аз гуруснагии давомдор ранҷ мебаранд, бо коҳиши кӯмакҳои байналмилалӣ, хатари ҳалокати ҳазорон инсон, бахусус кӯдакон бисёр ҷиддӣ аст;

6 - Буҳрони фирори мағзҳо, яъне нерӯҳои фикриву фаннии Афғонистон, муҳоҷирати катлавии даҳҳо ҳазор хонаводаи умдатан босаводу шаҳрнишини Афғонистон, ки амалан низоми иҷтимоӣ ва иқтисодиро фалаҷ кардааст;

6 - Қатлҳои машкуку занҷираии ҳазорон низомии пешин, мавҷудияти беш аз 15 ҳазор зиндонии бидуни муҳокима ё ҳадди ақалл бидуни муҳокимаи одилона;

7 - Фирори сармояҳову сармоядорони миллӣ, ки кишвари фақири моро фақиртар сохтааст;

8 - Идомаи буҳрони тавлиду қочоқи мавод мухаддир, дар ҳоле ки маводи мухаддир ба ҳайси бозуи терроризм ҳамеша нуқтаи муқобили суботи сиёсиву иқтисодӣ, бахусус дар кишвари мо будааст.

 

Пешниҳодоту роҳҳалҳо:

1 - Қарор додани трагедияи Афғонистон дар садри авлавиятҳои Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷиддитарин буҳрони ҳуқуқибашарӣ, бесуботии сиёсӣ ва таҳдиди амнияти минтақаву ҷаҳон, ки ба таваҷҷуҳи оҷили байналмалалӣ ниёзманд аст;

2 - Баргузории оҷили конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ таҳти раёсати Созмони Милали Муттаҳид ба манзури ёфтани роҳҳали муносиб ба муъзали Афғонистон;

3 - Ҳимояти маънодори Созмони Милали Муттаҳид ва бахусус Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз оғози ҳарчи зудтари гуфтугӯҳои байнулафғонӣ, водор сохтани Толибон ба ширкат дар ин музокирот ва маҷбур сохтани Толибон ба қабули ҳаққи таъйини сарнавишт барои мардуми Афғонистон ва интиқоли ҳокимият ба ҳукумати муваққат ва ё интиқолии баромада аз иродаи ҷамъии мардуми Афғонистон.

4 - Иттихози тадбири оҷил тавассути Шӯрои амният ба манзури ҷилавгирӣ аз табдил шудани Афғонистон ба ҷавлонгоҳи терроризми байналмилалӣ, ки ҳамакнун бештар аз 28 гурӯҳи террористии фаромиллиятӣ дар хоки Афғонистон ҳузур ва фаъолият доранд. Даҳҳо муфризаи террористӣ таҳти ному ановини мухталиф фаъолият доранд, ки метавонад то чанд соли оянда Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказиро ба оташ бикашад.

 

Ҷамъбандӣ:

Ҳар гуна таъхир ва ғафлати ҷомеаи байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид метавонад ба рушди саратонии терроризм дар сартосари минтақаву ҷаҳон бианҷомад.

Лозим аст, то Созмони Милали Муттаҳид ибтикори ташкили як конфронси байнулафғониро бо даъват аз тамоми ҷавониб, ба шумули ҳаракати Толибон, ба манзури тавофуқ бар қавоиди ҳалли сиёсӣ барои наҷоти мардуми Афғонистон бо мушорикати густурдаи ниҳодҳо ва шахсиятҳои афғонистонӣ дар яке аз кишварҳои минтақа ё ҷаҳон ба ӯҳда гирад.

Ташкили ҳукумате бо қоидаи васеъ ба раҳбарии шахсиятҳои содиқу солими миллӣ, ки дар қазоёи гузашта нақш надоштааст.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!