Хабари рӯз

Як гузориши маҳрамонаи иттилоотӣ ҳокӣ аз ҳузури садҳо узви ДОИШ, аз ҷумла хориҷиҳо, дар Афғонистону Покистон аст.

Нависанда: Мухтор Вафоӣ

Манбаъ: Индипенденти форсӣ

Ба рағми таблиғоти густурдаи Толибон мабнӣ бар саркӯби ДОИШ-Хуросон ва маҳори таҳдиди ин гурӯҳ дар Афғонистон, ДОИШ ҳамчунон ба ҳадафи гирифтани ғайринизомиён, ҳамла ба Толибон идома медиҳад ва мекӯшад нерӯи бештар ҷалбу ҷазб кунад.

Гузориши 80-сафҳаии маҳрамонаву амниятӣ яке аз ниҳодҳои режими Толибон, ки як манбаъи мувассақ онро бо Индипенденти Форсӣ ба иштирок гузоштааст, нишон медиҳад, ки афроде аз Ҳинд, Туркия, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Чин, Чечен дар суфуфи ДОИШ-Хуросон дар Афғонистон фаъолият мекунанд.

Бар асоси феҳристи аъзои аршади ДОИШ-Хуросон, ки дар ин санад дарҷ шудааст, дар суфуфи ин гурӯҳ афроде аз кишварҳои мухталиф ҳузур доранд ва ҳастаҳои марказии он дар Нангарҳор, Кунар, Тахор, Ҷузҷон, Қундуз, Бадахшон, Кобул ва бахшҳое аз Покистон мустақаранд.

Бар асоси ин санад, 54 шаҳрванди Покистон, ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон, як шаҳрванди Эрон, се шаҳрванди Чечен, панҷ шаҳрванди Чин, чаҳор шаҳрванди Ҳинд ва як шаҳрванди Туркия дар суфуфи ДОИШ-Хуросон шиносоӣ шудаанд.

Шумори дақиқи аъзои ДОИШ-Хуросон, ки аз кишварҳои дигар ба Афғонистон сафар карда ва ба ин гурӯҳ мулҳақ шудаанд, мушаххас нест. Зиё Сироҷ, раиси Амнияти миллии давлати пешини Афғонистон, дар моҳи майи 2021 гуфт, ки ин ниҳод 407 тан аз шаҳрвандони 14 кишвар, аз ҷумла Эрон, Покистон, Туркия, Индонезия, Бангладеш, Ҳинд ва Малдивро ба иттиҳоми ҳамкорӣ ва узвият дар ДОИШ-Хуросон боздошт кардааст ва дар зиндонҳои Афғонистон нигаҳдорӣ ме‎шаванд. Бо фурӯпошии давлати пешини Афғонистон ва вуруди Толибон ба шаҳрҳо, ки боиси боз шудани дарҳои зиндонҳо шуд, ин афрод ва дигар аъзои ДОИШ-Хуросон аз зиндонҳо озод шуданд.

Шаҳрвандони хориҷии узви ДОИШ-Хуросон дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон фаъолият мекунанд ва бархе аз онон низ дар манотиқи ноамни Покистон, аз ҷумла аёлати Хайбар Пахтунхвоҳ, ҳузур доранд. Намунавор, аз чаҳор нафар ҳиндии узви ДОИШ-Хуросон, ки яке аз онон зан аст, як нафар дар Покистон ва се тани дигар дар Ҳирот фаъолият мекунанд.

Ҳамчунин, аз чаҳор нафар чеченӣ, ду нафар дар Афғонистон ва ду нафар дар Покистон мустақаранд, аммо масъулияти низомии онон дар дохили Афғонистон аст ва мумкин аст мураттаб миёни ду кишвар дар тараддуд бошанд.

Дар ин гузориш номи хонаводагии ҳудуди 300 узви аршади ДОИШ-Хуросон низ дарҷ шуда ва омадааст, ки макони фаъолияти бештари онон дар Шарқ, Марказ ва Шимоли Афғонистон аст. Дар ин миён, макони фаъолияти даҳҳо тан аз ин афрод ҳам навоҳии мухталифи Кобул зикр шудааст. Бутхок, Багромӣ, Пағмон, Арзонқимат, Кортаи Нав, Кампани ва Хайрхона дар Кобул аз манотиқеанд, ки бештарин аъзои ДОИШ-Хуросон дар онҳо ҳузур доранд. Дар ду соли гузашта, Толибон чанд амалиёти низомиро дар манотиқи мазкур роҳандозӣ карданд ва муддаӣ шуданд, ки фармондеҳон ва аъзои Толибон дар ин амалиётҳо кушта шудаанд.

Толибон дар феврали имсол эълом карданд, ки Эъҷоз Амин Оҳангар, аз фармондеҳони калидии ДОИШ-Хуросон, дар амалиёти ин гурӯҳ дар минтақаи Кортаи Нави шаҳри Кобул кушта шудааст. Эъҷоз Амин Оҳангар шаҳрванди Ҳиндустон буд ва фармондеҳии ҳиндиҳои узви ДОИШ-Хуросонро бар ӯҳда дошт. Авохири феврал низ Толибон аз кушта шудани Қорӣ Фотиҳ, аз дигар фармондеҳони калидии ДОИШ-Хуросон, дар минтақаи Хайрхонаи Кобул хабар доданд. Авоили моҳи май, ниҳодҳои амниятии режими Толибон иддао карданд, ки Муҳандис Умар, масъули шабакаи ДОИШ-Хуросон дар Кобулро дар минтақаи Бутхок куштаанд. Ҳамчунин дар июл, расонаи “Ал-мурсад”, органи таблиғотии идораи истихбороти Толибон, муддаӣ шуд, ки фарде ба номи Наҷиб, ки фармондеҳии афроди ДОИШро дар Нимруз бар ӯҳда дошт, дар амалиёте дар шаҳристони Багромии Кобул кушта шудааст.

Шабакаи “Ал-мурсад” ҳафтаи гузашта, 29 ноябр (8 озар), иддао кард, ки дар соли ҷории мелодӣ, 12 тан аз саркардагони ДОИШ-Хуросон дар амалиётҳои идораи истихборот (иттилоот)-и Толибон кушта шудаанд. Шоёни зикр аст, ки Толибон дар бисёре аз маворид дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистон, ғайринизомиён ва низомиёни пешини Афғонистонро ба номи “узви ДОИШ” ба қатл расондаанд.

Ҳудуди як моҳ пеш афроди Толибон се марди ҷавонро дар ҳумаи шаҳри Мазори Шариф гулӯлаборон карданд ва ниҳодҳои амниятии ин гурӯҳ муддаӣ шуданд, ки аъзои ДОИШро куштаанд. Дарёфтҳои “Индипенденти Форсӣ” аз наздикони афроди кушташуда ва манобеъи хабарӣ дар Мазори Шариф нишон медиҳад, ки кушташудагон, шаҳрвандони ғайринизомии Афғонистон ба номҳои Аҳмад Фаҳим, Асадуллоҳ ва Исохон буданд ва дар ҳоли бозгашт аз як маросими издивоҷ аз шаҳри Шибирғон ба Мазори Шариф, ба далели бетаваҷҷӯҳӣ ба ҳушдорҳои нерӯҳои Толибон дар исти бозрасӣ дар ҳумаи шаҳр, ба зарби гулӯлаи маъмурони исти бозрасӣ кушта шуданд.

Ҳоҷӣ Зайд, сухангӯи волии Толибон дар Балх, дар матлабе, ки дар шабакаи Икс (Твитери собиқ) мунташир кард, қурбониёни он ҳодисаро касоне хонд, ки аз Ҳинду Тоҷикистон барои амалиёти низомӣ ба Афғонистон эъзом шудаанд ва иддао кард, ки 50 ҳазор доллари амрикоӣ пули нақд ва миқдоре аслиҳа аз назди онон ба даст омадааст. Ин иддао дар ҳоле матраҳ шуд, ки дар видеоҳо ва аксҳои маҳалли кушта шудани ин афрод, ҳеҷ нишоне аз аслиҳаву пул нақд дида намешуд.

Ҳаводиси мушобеҳе низ дар ду соли гузашта дар дигар шаҳрҳои Афғонистон, аз ҷумла дар Кобул, Ҳирот ва манотиқе дар шарқи кишвар рух додааст. Ба далели маҳдудиятҳои шадиде, ки Толибон бар расонаҳо вазъ кардаанд ва ҳамчунин матолиби ҳадафманде, ки расонаҳои таҳти контроли ин гурӯҳ мунташир мекунанд, шумору иттилооти дақиқе аз шаҳрвандони ғайринизомӣ ва низомиёни пешини Афғонистон, ки ба иттиҳом ё бо иддаои ҳамкорӣ бо ДОИШ ба дасти Толибон кушта шудаанд, дар даст нест.

Соли гузашта Дидабони Ҳуқуқи Башар дар гузориши таҳқиқӣ, аз куштори густурдаи афрод дар шарқи Афғонистон ба иттиҳоми узвият дар ДОИШ хабар дод. Дар ин гузориш омада буд, ки афроди дорои ақоиди салафигарӣ, бидуни ин ки узвияташон дар ДОИШ исбот шавад, ба шеваҳои мухталиф ба қатл расидаанд. Бархе аз ин афрод шабона ба дарахт ҳалқовез шуда ва бархе дигар бо бастани санг ба баднишон, дар канали об раҳо шудаанд.

Дар муқобил ДОИШ-Хуросон низ барои интиқомҷӯӣ аз Толибон, дар ду соли гузашта чанд мақом ва фармондеҳи аршади Толибонро дар ҳамлаҳои интиҳорӣ ҳадаф қарор дод ва ба қатл расонд. Мавлавӣ Довуд Музаммил, ки дар солҳои 2021 ва 2022 волии Толибон дар Нангарҳор буд, марти имсол, замоне, ки дар маснади волии Балх кор мекард, дар ҳамлаи муҳоҷими интиҳории ДОИШ кушта шуд.

Дар канори ин маворид, шумори зиёде аз афрод низ ба иттиҳоми узвият дар ДОИШ дар зиндонҳои Толибон ба сар мебаранд.

Дар моҳҳои ахир шуморе аз дипломатҳои кишварҳои мухталиф аз муборизаи Толибон бо ДОИШ сухан гуфтаанд. Аз ҷумла як дипломати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти 23 ноябр дар Маскав, ки бо мӯҳтавои мухолифат бо Толибон баргузор шуд, муддаӣ шуд, ки иқдомҳои Толибон заработи ҷиддӣ ба ДОИШ-Хуросон ворид карда ва боиси тазъифи ин гурӯҳ шудааст.

Мақомҳои амрикоӣ низ бо ситоиши иқдомҳои Толибон дар баробари ДОИШ-Хуросон, чандин бор дар Доҳа бо Абдулҳақ Васиқ, раиси идораи истихбороти Толибон, мулоқот карданд. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, тирамоҳи имсол гуфт, ки Амрико дар мубориза бо Алқоида, аз Толибон кӯмак гирифтааст. Ҳарчанд Байден дар ин бора эҳтимоли дахил будан ё набудани Амрико дар ҷанги Толибон бо ДОИШ чизе нагуфт, гуфта мешавад, ки ниҳодҳои низомии Амрико таҳти унвони мубориза бо ДОИШ, ҳимоятҳои молӣ ва фаннӣ дар ихтиёри ниҳодҳои низомии Толибон қарор медиҳанд.

Бо ин ҳол, ДОИШ-Хуросон ҳамчунон таҳдиди билқуввае дар Афғонистон ба шумор меравад, ки бахше аз ҳадафи асосии он, нуфуз ва роҳандозии ҳамлаҳои харобкорона дар Осиёи Марказӣ ва Чин аст. ДОИШ-Хуросон ахиран дар маҷаллаҳои интернетии худ, бар роҳандозии ҳамла ба манофеъи Чин дар Афғонистон таъкид кардааст ва бо интиқод аз ҳамкории Чин бо Толибон, ба мақомҳои ин кишвар ҳушдор додааст, ки интиқоми мусулмонони уйғурро, ки дар зиндонҳои Чин маҳбусанд, хоҳад гирифт.

Ду муҳоҷими ДОИШ-Хуросон дар ноябри соли гузашта ба маҳалли иқомати шаҳрвандони чинӣ дар Кобул ҳамла карданд, ки дар асари он панҷ шаҳрванди чинӣ маҷрӯҳ ва се шаҳрванди афғон кушта шуданд.

Бо ин ки Толибон бар саросари Афғонистон тасаллут доранд ва ҳеҷ як аз рустоҳои ин кишвар дар контроли мухолифони ин гурӯҳ нест, ДОИШ-Хуросон тавонистааст нерӯи зиёде аз миёни мардони умдатан ҷавон ҷазб кунад. Гузоришҳои мутафовите аз теъдоди ҷангҷӯёни ДОИШ-Хуросон вуҷуд дорад, ки баёнгари иттилоот ва дарёфтҳои мутафовити кишварҳои мухталиф аст. Мақомҳои русӣ шумори ҷангҷӯёни ДОИШ-Хуросонро ҳудуд шаш ҳазор нафар медонанд, аммо коршиносони Шӯрои Амнияти Созмони Милал шумори ин афродро ҳудуди 2500 нафар баровард кардаанд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!