Амрико ва Толибон чӣ бозӣ мекунанд?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика
Дар тозатарин гузориши худсохта, зоҳиран СММ гузориш додааст, ки Алқоида бо ҳимояти мақомоти баландпояи Толибон дар ниҳодҳои давлатии ин гурӯҳ нуфуз кардааст. Низомеро, ки Амрико дар талош аст, то минҳайси сарбози ниёбатии худ дар минтақа ҳимоят кунад ва ба он ваҷҳаи расмӣ бибахшад, имрӯз мизбони Алқоида аст.
То ин ҷой кор масъалаи аҷибу ғарибе ба назар мерасад, ки чӣ тавр парадокси мавҷудияти Алқоида минҳайси душмани сохташуда, Амрикову Толибон минҳайси дӯсти ояндаи онҳо, ки солиёни мутамодӣ аз ҳимояти он бархурдор буда, дар як зарф мегунҷанд? Магар Толибон барои Амрико тааҳҳуди қатъӣ робита бо Алқоидаро надода буд, то заминаи баргашти онҳо ба қудрат муяссар шавад?
Ҳоло гузориш шудааст, ки Алқоида дар Афғонистон вуҷуд дорад, аммо фаъолияти махфӣ мекунад, яъне равшан шудааст, ки режими Толибон аз Алқоида мизбонӣ мекунад, аммо сазовори ҳимоят ва ба расмиятшиносӣ аст, чун дорад рафиқи роҳи Амрико мешавад, то барномаҳои бузурги Амрико дар минтақа иҷроӣ шавад. Он чӣ возеҳ аст иртиботи наздики идеологӣ, ҳамбстагии амалиётӣ ва тааҳҳуди рафиқона миёни Толибон ва Алқоида бо соири гурӯҳҳои террористӣ аст, ки ҳамаашон ривояти хушунат ва инзиҷорро сарлавҳаи кор ва фаъолияташон қарор додаанд.
Терроризми мавҷуд дар Афғонистон реша дар дарозои чаҳор даҳа дорад. Дуруст аз замоне, ки шӯравиҳо ба Афғонистон лашкаркашӣ карданд ва заминаро барои истифода аз абзори ифротгароии динӣ ва мазҳабӣ дар ихтиёри Амрикову Инглис қарор доданд. Аз он замон то ҳол, Покистон аз гови ширии Афғонистон, ба воситаи абзоре чун терроризми навин ва ақоиди тундравонаи гурӯҳҳои ифротии ҷангталаб, ки дар хидмати манофеи Инглис ва Амрико қарор доранд ва моҳияташон дар воқеъ, мабнои ҳифозат аз манофеи роҳбурдии ин ду кишвар дар минтақа будааст, истифода ва баҳраи фаровон бурдааст.
Инглису Амрико аз солиёни мутамодӣ ва аз баъди зуҳури Покистон, ин кишварро, махсусан, дар манотиқи шимолии он, маҳалли муносиби тарвиҷи ақоиди ифротгароӣ интихоб кардаанд. Терроризми ҷонгирифта дар минтақа ба лутфи низоми сиёсӣ ва бахусус, амниятии он бино шудааст. Биноан, сар кашидани матолиби инчунинӣ, ки зеҳниятҳои оммаро ба бероҳа мекашонад, як махмасаи иттилоотӣ аст. Ба ҳар сурат бар мегардем ба асли мавзӯъ, ки ҳамоно гузориши Шӯрои амнияти СММ аст.
Гузориш афзуда, ки дар бештар маворид Алқоида барои тарвиҷи ин ривояти Толибон, ки аз хоки Афғонистон барои аҳдофи террористӣ истифода намешавад, ба сурати махфиёна дар ин кишвар фаъолият мекунад. Иттилооти мувассақе вуҷуд дорад, ки Алқоида аз кампҳои тарбияти террористон дар Кунару Нуристон, ки қаблан дар хидмати Ҷунбиши Исломии Туркистони Шарқӣ буд, барои кӯмак ва созмондиҳии ҳастаҳои ҷадиди худ ва соири гурӯҳҳои террористӣ истифода мекунад. Ин кор боис шуда, то аз як тараф, раванди рӯ ба рушди ифротгароӣ дур аз анзори омма идома дошта бошад ва аз тарафи дигар, аз ҳадафгириҳои эҳтимолӣ, масъун бимонад.
Алқоида бо истифода аз таҷрибаи чандин даҳаи ҳузур дар майдонҳои даргирӣ аз ин равиш кор мегирад, то ба суръат ва оромиши хотир аз ҳадафгирӣ ва вокуниши кишварҳои ҳамсояву минтақа масъун бимонад. Дар ин миён нақши ҳимоятии Толибонро набояд аз ёд бурд. Аъзои Алқоида бо ҳимояти мақомоти баландпояи Толибон бо ҳадафи тазмини амнияти ҳастаҳои худ дар саросари кишвар нуфуз кардаанд. Ин нуфуз ба ҳадафи қивоми пояҳои терроризми давлатӣ аст, ки тамоми минтақаро зери ҳадаф дорад ва эҳтимоли интишори мавҷҳои он ба саросари қораи Осиё, бахусус, ҷануб ва Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад. Барои ин манзур, Алқоида бо як ҳадафи стратегӣ дар талоши ниҳодина кардани пойгоҳҳои худ дар Афғонистони таҳти контроли Толибон аст, то битавонад аҳдофи фароафғонистонии худро тасҳил намояд.
Толибон низ аз кӯмаки мусташории раҳбарони ҳастаҳои аслии Алқоида истифода карда ва аз машвараҳои онҳо баҳра мебаранд ва барои назорати бештари ин кор теъдоде аз аъзои шабакаи Алқоида ба унвони мудирони калидӣ дар идораи Толибон кор мекунанд. Аз ҷумла аъзои муҳимми Алқоида, ки дар айни замон аъзои гурӯҳи Толибон низ ҳастанд, метавон аз муовини идораи истихбороти Толибон, мудири омӯзиши Вазорати дифоъ, волии Кописо ва Нуристон дар идораи Толибон ном бурд. Ин аъзои Толибон ва Алқоида дар хидмати таксири андешаҳои террористии ин созмон қарор дошта, аз мавқеиятҳои расмии худ ба нафъи аҳдофи созмонии ин гурӯҳ истифода мекунанд.
Пас, мункири ин ҳақиқат наметавон шуд, ки Алқоида аз Афғонистон ба унвони як маркази идеологӣ ва луҷистикӣ барои басиҷу истихдоми ҷангҷӯёни ҷадид истифода мекунад. Яъне барномаи ҷадиди Алқоида дар минтақа мубаддал кардани Афғонистон ба унвони маркази савқулҷайш барои тарвиҷи терроризм аст, ки дар оянда барномаҳои роҳбурдиро таъқиб мекунанд.
Ҳамчунон дар гузориши Шӯрои амнияти СММ омадааст, ки Алқоида дар ҳоли ҳозир дар марҳалаи созмонидҳии муҷаддад ва эҷоди марокизи омӯзишии ҷадид дар Кунару Нуристон аст, ки дар ҳоли ҳозир, аз тавоноии кофӣ барои анҷоми ҳамалоти террористӣ дар миқёси бузург бархӯрдор нест, аммо ин мавзӯъ ба унвони ҳадафи созмонии ин шабака ҳифз шудааст. Ҳифзи қобилияти амалиётии ин шабака, занги хатар барои тамоми минтақа аст ва ин ки ин шабака Афғонистонро маркази савқулҷайши худ интихоб кардааст, ин паёмро мерасонад, ки барои ин дар ҷануб ва маркази Осиё барнома танзим шудааст.
Ба ин асос гумон меравад, ки Алқоида эҳтимолан дар кӯтоҳмуддат ғайрифаъол хоҳад монд ва дар айни ҳол тавоноии амалиётии худро тавсеа медиҳад. Аз ҳамин рӯ, Алқоида талош карда, то бо гурӯҳҳои ситезаҷӯ дар кишварҳои Осиёи Миёна чун Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон ва Ҷамоати Ансоруллоҳ таомул дошта бошад.
Дар ин росто, тахмин зада мешавад, ки байни 300 то 1200 ҷангҷӯи Ҷунбиши Исломии Туркистони Шарқӣ дар Афғонистон ҳузур доранд. Ин ҷунбиш бо имконоти инсонии фаровон ба яке аз ҳастаҳои қобили иттико ба шабакаи Алқоида мубаддал хоҳад шуд, зеро муносиботи миёни Толибон ва аъзои ин ҷунбиш баъд аз тааҳҳуди катбии Толибон ба мақомоти чинӣ мабнӣ бар вазъи маҳдудият бар аъзои ин ҷунбиш, ба тирагӣ гароидааст. Биноан Алқоида метавонад ба як сохтори ҳимоятӣ дар хидмати манофеи роҳбурдии ин гурӯҳ ва барои ба чолиш кашидани амнияти минтақа нақши асосиву калидӣ бозӣ кунад. Аз сӯи дигар, Алқоида талош дорад, то ба мароҳили фароҳамоварии сохторҳои стратегӣ ва эҷоди як маркази фармондиҳии воҳид дар саросари минтақа аз Афғонистон ноил шавад. Имкони дастрасӣ ба силоҳҳои мавриди ниёз дар Афғонистон, ин имконро ба ин созмон медиҳад, ки бо сармоягузории ҳангуфти молӣ, ки аз манобеи мухталиф тамвил мешавад, гомҳои асосиро бардорад.
Ҳамчунон, Алқоида тавониста ба таври фаъол доманаи амалиёти худро дар Афғонистон густариш дода ва пойгоҳҳои амалиётӣ ва ҷангафзорҳоро дар вилояти Бағлон мустақар кардааст. Дар Ҷануб талоши Алқоида барои ҳамгироӣ ва иттиҳоди идеологӣ бо Ҷунбиши Исломии Туркистони Шарқӣ, талоши ин шабака барои эҷоди пулҳои иртиботӣ миёни Таҳрики Толибони Покистон низ ҳоизи аҳамият аст. Тибқи аснод ва шавоҳид ба асоси гузориши Шӯрои амнияти СММ аъзои Алқоида бо Таҳрики Толибони Покистон барои анҷоми ҳамалоти бештар дар дохили Покистон ҳамкорӣ мекунад. Алқоида аз кампҳои омӯзишии Ҷунбиши Исломии Туркистони Шарқӣ дар вилояти Кунар барои омӯзиши ҷангҷӯёни Таҳрики Толибони Покистон истифода мешавад.
Ба асоси баровардҳои мавҷуд, Алқоида бо ҳадафи густариши фаъолияти худ дар шибҳи қораи Ҳинд мехоҳад, то амалиёти худро дар кишварҳои ҳамсояи Бангладеш, Ҷамму ва Кашмири таҳти контроли Ҳинд ва Мянмар густариш диҳад. Яъне ҳадафи роҳбурдии Алқоида на танҳо мутамаркиз бар Афғонистон минҳайси маркази савқулҷайши он аст, ки ин шабака мехоҳад бо эҷоди густурдаҳои васее аз соҳоти амалиётӣ, нуфузу ҳузури худро ба исбот бирасонад. Гузориши СММ тахмин зада, ки 300 ҷангҷӯи Алқоида бо хонаводаҳояшон, ки теъдоди он ба ду ҳазор нафар мерасад, дар Афғонистон фаъолият мекунанд.
Шӯрои амният дар хусуси фаъолияти ДОИШ дар Афғонистон навишта, ки ин гурӯҳ дар ҳамалоти худ алайҳи Толибон ва аҳдофи байналмилалӣ, афроди баландпояи Толибонро ҳадаф гирифтааст. Тибқи ин арзёбӣ, ҳамалот алайҳи мақомоти баландпояи Толибон дар вилоёти Балх, Бадахшон ва Бағлон рӯҳияи ДОИШ-ро афзоиш дода ва сабаби ҷазби нерӯи бештар аз сӯи ин гурӯҳ шудааст.
Ба ин ҳисоб, махмасаи печидаи иттилоотӣ на танҳо Толибон, бал соири гурӯҳҳои террористиро дар бар мегирад. Толибон минҳайси як бистарсози ин бозӣ нақши калидиро дар ин барнома бозӣ мекунанд. Ба ҳамин манзур, Амрико ба ҳимояти молӣ, мусташориву таслиҳотӣ ва фановарӣ ба ин гурӯҳ идома медиҳад, то камокон дар арикаи қудрат боқӣ бимонад ва заминасози густариши созмонҳои васеи террористӣ дар минтақа бошанд. Созмонҳои террористии дигар, таҳти чатри ДОИШ ва Алқоида, ки вуҷуди муштараки фикрӣ доранд, дар талошанд, то ин бистарро барои истифодаи аъзаме барои густариши ҳавзаҳои амалиётӣ баҳра бубаранд ва барои солиёни мутамодӣ решаҳои тундравӣ ва ифротгароӣ дар заминаҳои таърихиву фарҳангии он фароҳам созанд.