Хабари рӯз

ДОИШ дар асл худи толиб аст, аммо ДОИШ-е, ки толиб ба ҷаҳон муаррифӣ мекунад, то пуштибонии онро ба даст орад, кист ё чист?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияти миллӣ ва геополитика, махсус барои "Сангар"

ДОИШ-Хуросон як ихтироъи лафзӣ ва як омехтагии чандқабата барои як проекти дарозмуддати сиёсӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ аст, ки ба мадади ҷангу миллиторизми навин, созмондеҳӣ шудааст. Ин унсури печида дар зоҳирро унсури ҷудо аз Толибон нишон медиҳанд, дар ҳоле ки воқеиятҳои мавҷуд нишон медиҳад, ки ДОИШ-Хуросон, танҳо номи як бастаи амалиётии равонӣ аст, ки дар мавоқеи хосе короӣ дорад. Аз ин бастаи амалиётӣ дигаронро метарсонанд ва талош доранд то ба воситаи номи он аз фурсатҳои ғании сиёсиву иқтисодӣ, баҳра бибаранд. Толибон ақабаи ин ҷабҳа аз террористҳои хуношомро чунон пур кардаанд то итминон ҳосил шавад, ки ин бор ин проект дар Афғонистон, ноком намемонад. Ахиран сару садоҳои зиёде аз ҳузури гурӯҳи тундраву террористии ДОИШ дар бархе аз вилоёти Афғонистон ба гӯш мерасад.

 Тағйири ҷуғрофияи қаблӣ (Нангарҳор) ва интиқоли доишиён ба шимоли Афғонистон, таҷаммӯъи соир нерӯҳои террористи ҳампаймони Толибон зери чатри ДОИШ ва омодагиҳо барои тамвили ин проект барои муддати мадиде, нишон аз вахомати авзоъ дорад. Аммо мутаоқиби ин нигарониҳо, саволҳое пайдо мешаванд, ки оё воқеан ДОИШ дар Афғонистон ҳаст? Ва оё ин пружаи аз берун тамвилшуда нусхаи муваффақ дар Афғонистон хоҳад буд? Нақши Толибон дар тамвилу тақвияти ДОИШ чӣ гуна аст ва чӣ тавр метавон ДОИШ-еро бо ҳузури Толибон, пазируфт?

Дар посух ин тавр бояд изъон кард, ки дуруст аст, ки ин проект дар Ироқу Сурия то ҳудуде муваффақ буда ва дунё фиреби онро хӯрд ва чанд сол пайиҳам, бо он шох ба шох шуд, вале шароити Афғонистон бо ин кишварҳо мутафовит аст. Вуҷуди манобеъи зерзаминӣ ва пурдаромади нафт дар ин ду кишвар авзоъро қисме шакл дода буд, ки гурӯҳҳои террористие, мисли ДОИШ, битавонанд бидуни ниёз ба кӯмакҳои берунсозмонии кишварҳои машмул дар ин проект, манобеъи саршори даромади молӣ барои идомаи набарди худ бо давлатҳои ин кишварҳоро дошта бошанд.

Тоза Толибон бо имконоти васеъи низомӣ ва дар контрол доштани Афғонистон, иҷоза намедиҳанд ДОИШ зуҳур кунад, магар ин ки, ин бор бо тағйири парчам, талош сурат гирад то чашмҳои тезбин ба сӯи Афғонистон, фиреб бихӯранд ва тамаркуз аз мавзӯъи аслӣ мунҳариф шавад. Мавзӯъи аслӣ, ҷараёнест, ки талош мекунад то Осиёи Миёнаро бибалъад ва кори онро яксара кунад.

Ҳол расонаҳо, бо як барномаи хос дар бистари ҷанги равонӣ талош доранд то минтақаву дунёро аз ДОИШ-Хуросон нигарон созанд ва заминаро барои татҳир ва сафеднамоии гурӯҳи террористии Толибон мусоид созанд. Барнома тавре танзим шудааст, ки нишон дода шавад, мушкили ДОИШ алорағми талошҳо ва ҷиддияти Толибон барои мубориза бар зидди онҳо (гузораи гумроҳкунанда) як муъзали ҷиддӣ аст ва ҳалли он мусталзими ҷиддӣ гирифтани Толибон минҳайси як воқеият аст. Бо ин кор мехоҳанд терроризми қавмиро, ки дар хидмати манофеъи қудратҳои бузург аст, машрӯъият бидиҳанд ва барномаҳои баъдиро ба думболи он таъқиб кунанд.

 Далоили зиёде вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, ки ДОИШ-Хуросон вуҷуди физикӣ надорад.

АВВАЛ: ДОИШ-е дар Афғонистон вуҷуд надорад ва он чӣ ҳаст, зери номи ДОИШ баҳрабардорӣ аз манобеъи иттилоотӣ, пулӣ ва сиёсӣ аст, ки ҳам низоми пешин ва ҳам режими Толибон аз он истифодаи таблиғотӣ карда ва онро ба унвони як ҳаюлои бузург нишон медиҳанд. ДОИШ дар асл худи толиб аст. Ваҷҳи иштироки фикрӣ ва идеологӣ миёни толиб ва ДОИШ бисёр, вале тамоюзи амалкардӣ андак аст;

ДУВУМ: аксар амалиётҳои Толибон зери номи мубориза бар зидди ДОИШ, дар манотиқи шимоли Кобул иттифоқ меафтад. Толибон бо ташхису шиносоии манотиқи умдатан тоҷикнишин ва бо тафаккури зиддитолибонӣ, ин манотиқро ҳадаф гирифта ва онро саркӯб мекунанд ва баъдан эълом мекунанд, ки ДОИШ-ро саркӯб кардаанд;

СЕВУМ: барои ҳар ҷараёни сиёсиву низомӣ, вуҷӯҳи иқтисодиву бунёдҳои молӣ, амре асосӣ аст. Пас бо ин ҳисоб, ДОИШ чӣ гуна тавонист ин тавони молиро пайдо кунад ва ба амалиётҳои террористиву тахрибӣ идома диҳад. Дар ҳоле ки манобеъи молии Толибон ба сурати фаровон ва ҳафтавор бамаротиб бештар аз даромади ДОИШ-и хаёлӣ аст?

Агар маҷмӯъи ин далоилро паҳлуи ҳам қарор диҳем, натиҷа ва баромади он, нишон аз як бозии истихборотии хунбор ва ба ҳадафи интиқом аз душманони толиб дорад, ки бо доштани решаҳои таърихии тафаккури зиддитолибонӣ, ҳамвора дар садади интиқом аз Толибон будаанд ва толиб инро ба хубӣ дарк мекунад ва бар асоси он, ба бузургнмоии таҳдиди ДОИШ мепардозад то зери номи он, душманон ва ҳарифони худро саркӯб кунад. Толиб бо эҷоди фурсатҳои амниятии ношӣ аз таҳдидҳои сохташудаи амниятӣ, талош мекунад вазъиятеро ба вуҷуд биоварад то ҳам дар сатҳи дохилӣ ба саркӯби ҳар гуна садои мухолиф бипардозад ва ҳам дар сатҳи берунӣ барои дунё нишон диҳад, ки толиб дигар таҳдиде нест ва таҳдиди воқеиро ДОИШ ба вуҷуд овардааст ва дунё бояд ба кӯмаки Толибон шитофта ва ДОИШ-ро саркӯб кунад.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!