Хабари рӯз

Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ба вежа Тоҷикистон, бояд таърихи ба қудрат расидан ин манбаъи хатар барои амнияти миллии худро ба диққат мутолиаву таҳлил ва тасмимоти ҷиддӣ иттихоз кунанд.

Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири “Сангар”

 “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.”

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

 

Дар ҳуқуқи байнулмилал, мафҳуми терроризм таърифи хосе надорад, баракс, ихтилофоти зиёде дар мавриди ин ки кадомӣ иқдомоти террористӣ ва кадомӣ муқовимати машрӯъ талаққӣ мешавад, вуҷуд дорад.

Терроризм иборат аст аз истифодаи ҳадафманд аз хушунат барои эҷоди фазои умумии тарс дар байни мардум ва аз ин тариқ таҳаққуқ ё дастёбӣ ба як ҳадафи сиёсӣ, мазҳабӣ ё идеологии муайян. Терроризм метавонад тавассути созмонҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои миллӣ ва мазҳабӣ, инқилобиюн ва ҳатто созмонҳои давлатӣ, монанди артиш, хадамоти истихборотӣ ва пулис эъмол ё ҳидоят шавад.

Гурӯҳҳои террористӣ аз хушунату таҳдид ба хушунат, яъне иқдомоти террористӣ барои пешбурд ва расидан ба аҳдофи худ истифода мекунанд. Мутаассифона, ғайринизомиён ағлаб қурбонии ҳамалоти террористӣ мешаванд. Дарки ин нукта муҳим аст, ки қурбониёни терроризм алоими воқеии иқдомоти террористӣ нестанд, балки фақат як васила ҳастанд. Барои террористҳо аслан муҳимм нест, ки қурбониёни онҳо чӣ касоне ҳастанд, ҳадафи аслии террористҳо дастёбӣ ба аҳдофи худ аз тариқи ба ваҳшат андохтани шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомиа ба ин иқдомот аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеият, ки барои террористҳо муҳим нест, ки қурбонӣ чӣ касе бошад, далели аслии ваҳшигарӣ ва зулм дар аъмоли онҳо ҳамин аст.

Терроризм ва ​​паёмадҳои он таҳдиде бисёр ҷиддӣ барои зиндагии ҷомеа аст, зеро боиси тарсу мухтал кардани зиндагии мусолиматомези як фард мешавад ва табиатан маҳдудиятҳоеро барои тазминҳои давлат дар мавриди озодии инсон эҷод мекунад, зеро давлат маҷбур аст иқдомоти лозим барои пешгирӣ ва мубориза бо терроризм анҷом диҳад. Иқдомоти лозиме, ки давлат дар мубориза бо терроризм анҷом медиҳад ва иҷро мекунад, ҳамеша бо стандартҳои ҳокимияти қонун ё барои тазмини ҳуқуқу озодиҳои башар мутобиқат нахоҳад дошт.

Дар ин маврид, итминон аз эминии мардум муҳимтар аст, зеро бидуни иқдомоти мақомоти давлатӣ, амнияти мардум тазмин намешавад.

Ёдовар мешавем, ки терроризм метавонад тавассути созмонҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои милливу мазҳабӣ, инқилобиюн ва ҳатто ниҳодҳои давлатӣ, монанди артиш, хадамоти истихборотӣ ва пулис анҷом шавад, бинобарин, мардуми ғайринизомиро наметавон ба таври комил аз ин хатар муҳофизат кард.

Гурӯҳҳои террористӣ маъмулан дар кишвар ё минтақае фаъол мешаванд, ки дар он давлат ё идораи умумӣ заиф аст ё беқонуниву бесуботии умумӣ вуҷуд дорад. Чунин манотиқ ё марокизи ҷамъиятии бидуни ҳукумат ин фурсатро барои террористҳо фароҳам мекунад то дараҷоти худро афзоиш ва сарбозони худро омӯзиш диҳанд ва барномаҳои печидае барои ҳамалоти террористӣ эҷод кунанд.

Дар Афғонистон, ки марзи тӯлонӣ бо Тоҷикистон дорад ва дорои шабоҳатҳои таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ, мазҳабӣ ва суннатӣ аст, дар 15 августи 2021, дар натиҷаи муомилаи байни бозигарони аслии минтақа ва иттиҳоди қавмии бесобиқа, қудрати сиёсӣ дар ин кишвар ба ҷунбиши террористии Толибон мунтақил шуд. Ин вазъият наметавонист боиси нигаронии тоҷикҳои сокин дар ин кишвар ва тоҷикҳои Тоҷикистон нашавад.

Пас аз гузашти бист сол аз ҳузури нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидонаш (Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ, ё НАТО) дар Афғонистон барои мубориза бо Алқоида ва Толибон, саранҷом Иёлоти Муттаҳида дар 29 феврали соли 2020 дар Қатар бо Толибон тавофуқнома имзо кард, ки ҳадафи он ба унвони аввалин гом дар роҳи расидан ба сулҳ дар Афғонистон муаррифӣ шуд. Бар асоси гузоришҳо, ин тавофуқ шомили ду бахши бозу махфӣ буд.

Мафоди муҳими ин қарордод барои тарафайн ба шарҳи зер буд:

- Коҳиши хушунат. Тарафайн тавофуқ карданд, ки хушунат ба таври муваққат коҳиш меёбад ва оташбас миёни Иёлоти Муттаҳида, Толибон ва нерӯҳои сиёсии Афғонистон гоме ба сӯи оғози тавофуқ байни мардуми кишвар хоҳад буд.

- Хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ ва хориҷӣ аз Афғонистон. Иёлоти Муттаҳида мувофиқат кард, ки теъдоди сарбозони худро аз 12 ҳазор ба 8 ҳазору 600 дар 135 рӯз коҳиш диҳад. Агар Толибон ба тааҳҳудоти худ пойбанд бимонанд, артиши Амрико ва дигар нерӯҳои низомии хориҷӣ зарфи 14 моҳ ба таври комил Афғонистонро тарк хоҳанд кард. Агарчи коршиносон ҳушдор доданд, ки хурӯҷи аҷулонаи артиш метавонад авзоъро бесубот кунад.

 Толибон ба оғози музокирот бо давлати Афғонистон дар моҳи марти 2020 мувофиқат карданд. Бо ин ҳол, Толибон аз музокираи мустақим бо давлати Афғонистон худдорӣ карданд ва ин давлатро дастнишонда ё бозичаи амрикоиҳо хонданд.

- Толибон – "Иморати исломии Афғонистон" хатар ё таҳдиди терроризм алайҳи Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои муттаҳиди он аз хоки Афғонистонро таҳаммул намекунанд. Пас аз 11 сентябри 2001, Иёлоти Муттаҳида барои аз байн бурдани хатари терроризм ва ​​фаъолиятҳои террористӣ, аз ҷумла Алқоида, ба Афғонистон ҳамла кард.

Дар ин раванд тасмим барои роҳандозии музокироти сулҳи байнулафғонӣ низ то ҳудуде мавриди ҳимояти Чину Русия қарор гирифт.

Покистон. Толибон дар даҳаи 1990 пас аз хурӯҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон дар ин кишвар таъсис шуд ва аксари аъзои он паштунҳое буданд, ки дар мадориси Покистон таҳсил карда буданд. Пас аз ишғоли Афғонистон тавассути Амрико, Покистон паноҳгоҳе барои Толибон ва созмони истихборотии он АйЭсАй (ISI) фароҳам кард, ки то ҳудуде Толибонро контролу мудирият мекард, таҷриба низомӣ ва мушовира барои ҷамъоварии кӯмакҳои молӣ ба онҳо ироа медошт. Покистон тарафдори ҳукумате дар Афғонистон аст, ки шомили Толибон бошад ва равобити дӯстонатаре бо Покистон дар муқобили Ҳинд дорад. Имронхон, нахуствазири Покистон қотеъона аз ироаи кӯмак ба Толибон имтиноъ кард ва музокироти байни Иёлоти Муттаҳида ва Толибонро тасҳил кард. Мақомоти покистонӣ тамосҳои аввалияро барои музокира байни амрикоиҳо ва Толибон барқарор карданд.

Ҳинд. Деҳлӣ яке аз ҳомиёни давлати Афғонистон маҳсуб мешавад ва аз соли 2001 то кунун ҳудуди 3 миллиард доллар дар зерсохтҳо ва тавсеаи тиҷорат дар ин кишвар сармоягузорӣ кардааст. Ҳадафи аслии Ҳинд дар Афғонистон коҳиши нуфузи Покистон буду ҳаст. Давлати Ҳинд аз тасмими Иёлоти Муттаҳида барои дастёбӣ ба тавофуқ бо Толибон ҳимоят накард, зеро намехост Толибон ба унвони як бозигари сиёсӣ ба майдон ояд.

Эрон. Дар Эрон, аз он ҷое, ки аксарияти ҷамъият шиа ҳастанд, Толибон (сунниҳо) душмани онҳо маҳсуб мешуданд, ба вежа замоне, ки мушаххас шуд, Толибон аз душманони Эрон - Покистон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - кӯмак гирифтанд. Эрон аз тасмими Иёлоти Муттаҳида барои барканории Толибон аз қудрат дар соли 2001 ва аз давлати ҷадиди Афғонистон ҳимоят кард. Дар ҳамон замон, Эрон ташхис дод, ки Толибон дар Афғонистон қудрат дорад ва барои беҳбуди равобит бо Толибон иртибот барқарор кард.

Русия. Маскав умедвор аст равобити худро бо Афғонистон тавсеа диҳад то аз нуфузи Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) дар ин кишвар бикоҳад. Пас аз ба даст гирифтани қудрат тавассути Толибон дар Афғонистон, Русия фаъолияти худро дар ин росто ташдид кард.

Чин. Алоқаи Чин ба Афғонистон сирфан иқтисодӣ аст, зеро мехоҳад ин кишварро дар ибтикори “Як камарбанд ва як роҳ” бигунҷонад. Чин бузургтарин сармоягузор дар ин кишвар аст ва таваҷҷуҳи Чин умдатан ба манобеъи табиии ин кишвар маътуф шудааст. Дар айни ҳол, Чин нигарони хатари терроризм аз Афғонистон ба минтақаи худмухтори Шинҷону Ӯйғур аст.

Мавзеъи Тоҷикистон дар робита бо ишғоли Афғонистон тавассути Толибон аз ҳамон рӯзҳои аввал мушаххас буд, ки мавриди таъкиди раҳбарии олии кишвар буд ва вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамвора ин мавзеъро ёдоварӣ мекунад. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон таҳти ҳеҷ шароите дар умури дохилии як кишвари ҳамсоя дахолат намекунад, дар айни ҳол ба вузӯҳ нисбат ба таҳдиди физояндаи амнияти кишвар аз хоки ин кишвари ҳамсоя ибрози нигаронӣ мекунад.

Дар Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо кишварест, ки ба лутфи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, мавзеъи қотеъона ва саҳеҳе дар баробари он чи дар авоили моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон рух дод, яъне ишғоли ин кишвар тавассути гурӯҳи террористии Толибон, гирифт ва ба ҷаҳониён эълом кард, ки "ҳич ҳукуматеро, ки аз тариқи зулм, озору азият ва бидуни дар назар гирифтани манофеъи ҳама мардум ва миллатҳои Афғонистон ташкил шуда бошад, ба расмият намешиносад. Раиси давлати Тоҷикистон ба вузӯҳ пешниҳоди эҷоди як давлати фарогир дар Афғонистонро бо мушорикати намояндагони ҳама ақвом ва миллиятҳои сокин дар он ҷо, аз ҷумла тоҷикҳо, ки беш аз 46 дарсадро ташкил медиҳанд, ироа кард.

Дарвоқеъ, печидагии авзоъи сиёсии байналмилалӣ, вахомати авзоъи геополитикӣ ва низомӣ, таҳдидоти амниятӣ, буҳронҳои моливу иқтисодӣ ва ҳамчунин камбуди обу ғизо дар ҷаҳону минтақа ва паёмадҳои он, Тоҷикистонро маҷбур ба муқобила бо иқдомоти лозим дар ҷиҳати иртиқои сиёсати хориҷиаш мекунад.

Марзи тӯлонӣ бо Афғонистон ва ташдиди гурӯҳҳои террористӣ дар хоки ин кишвар, Тоҷикистонро водор мекунад то барои таъмини амнияти кишвари худ иқдомоти ҷиддӣ ва дар айни ҳол пурҳазинае анҷом диҳад. Таърих собит кардааст, ки барои таъмини амнияти кишвар ва ҳифзи манофеъи миллӣ ҳаргиз наметавон ба дигарон такя кард.

Як низоми исломӣ бо идеологияи бисёр радикал дар ҳамсоягии Тоҷикистон сохта шудааст. Толибон тафсири радикал аз мактаби фиқҳии Девбанд иттихоз карданд ва онро бо суннатҳои қабилаии худ омехтанд, ки дар ҷаҳони ислом бесобиқа аст. Афғонистони толибонӣ ба пойгоҳи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ табдил шудааст, яке аз марокизи қудрати ифротӣ ва таҳдиде барои низоми дунявӣ ва ​​сулҳпарвари ҳама кишварҳои минтақа аст.

Ҳамчунин дар байни бархе коршиносон ин назар вуҷуд дорад, ки Толибон як ҷунбиши афғонӣ ва ҳадафи он эҳёи "Иморати исломӣ" аст ва ҳеҷ таҳдиде барои кишварҳои ҳамсоя эҷод намекунад, яъне дар ҷиҳоди мавсум ба “ҷаҳонӣ” ва ғайра ширкат намекунад. Гарчи коршиносони дигар бо шавоҳиди қонеъкунанда ин иддаоҳоро рад карда ва таҳдидоти мавҷуд аз сӯи Толибон барои кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро воқеӣ арзёбӣ мекунанд. Исботи ин ки Толибон як ҷунбиши ифротӣ аст, ки бо Афғонистон қаноат нахоҳад кард, суханронии Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охунд, раҳбари Толибон дар ҷамъи уламои дин дар Кобул шаҳодат медиҳад, ки роҳи Толибонро ҷиҳоди ҷаҳонӣ таъриф кард. Вай бо хушҳолӣ изҳор дошт: ҷиҳоди ҷангиёни вай танҳо дар Афғонистон хотима намеёбад ва истиқрори шариат дар Афғонистон танҳо аввалин марҳала аз ҷиҳоди муваффақи Толибон аст. Ба гуфтаи вай, дар оянда Толибон ва уламои Афғонистон масъули ҳидояти ҳама ҷаҳон ба сӯи ҳукумати шаръӣ хоҳанд буд.

Дар ҳамин росто бояд таъкид кард, ки Ашраф Ғанӣ тавассути кишварҳои хориҷӣ ба қудрат расида буд. Вай дар даврони раҳбарии худ ҷуз тарвиҷи манофеъи қавмӣ дар Афғонистон дастоварди дигаре надошт. Дар замони раҳбарии ӯ, Толибон (паштунҳо) фаъол шуданд, манотиқи зиёдеро ишғол ва дар ниҳоят Афғонистонро ба ишғоли худ дароварданд.

Ғасби қудрат дар Афғонистон тавассути ин ҷунбиш сатҳу кайфияти зиндагии мардумро ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш додааст. Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши октябри 2022-и худ таъкид кард, ки тақрибан кулли ҷамъияти Афғонистон дар фақр зиндагӣ мекунанд. Дар ин гузориш омадааст, ки 90 дарсади мардум аз суъитағзия ё камхӯрӣ ранҷ мебаранд.

Вазъ то ба ҳол беҳбуд наёфтааст. Мардуми зиёде дар Афғонистон ду сол ним ба ин сӯ фақат талош мекунанд, ки зудтар аз ватанашон, ки ба як зиндони бузурге аз сӯи Толибон табдил шудааст, раҳоӣ ёбанд.

Дар сентябри 2017, хабаргузории Рейтерз иттилоотеро мунташир кард, ки бар тасмими дафтари раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ барои авлавият додан ба тахсиси мансабҳо ба паштунҳо дар давлати Афғонистон таъкид мекард. Дафтари Ашраф Ғанӣ ба таври систематик ба гурӯҳи қавмии ӯ, паштунҳо, дар тавзеъи маносиби давлатӣ ва идорӣ авлавият медод, дар ҳоле, ки дастрасии гурӯҳҳои қавмии тоҷику ҳазораву ӯзбек ба қудратро маҳдуд мекард. Беҷиҳат нест, ки дар замони Ғанӣ волиёни манотиқи тоҷику ҳазораву ӯзбек дар ин кишвар фақат аз намояндагони паштунҳо таъйин мешуданд.

Гузориши тими Созмони Милал барои баррасӣ ва назорат бар таҳримҳои эъмолшуда бар асоси қатъномаи 2611 (2021) алайҳи Толибон ва афроду созмонҳои муртабит, ки таҳдиде барои суботи ҷаҳону Афғонистон ҳастанд, баён мекунад, ки Толибону Алқоида тамосу равобити наздик доранд.

Ҳама медонанд, ки ин ҷунбиши террористӣ бо ҳимояти бозигарони хориҷӣ дар Афғонистон ба қудрат расид ва аҳдофи он танҳо ба эҷоди Иморати исломӣ дар Афғонистон маҳдуд намешавад.

Амруллоҳ Солеҳ, собиқ муовини раисҷумҳури Афғонистон ва раиси истихбороти ин кишвар дар мусоҳибае ба “Независимая газета” (Русия) гуфт: “Дар авоили даҳаи 80 ва қабли он Ҳенри Киссинҷер, Збигнев Бзежинский ва дигар стратегистҳои амрикоӣ ба ин фикр мекарданд, ки Иёлоти Муттаҳида бояд дар Афғонистон чӣ стратегияро думбол кунад. Ҷое, ки нерӯҳои Шӯравӣ тоза ворид шуда буданд. Ӯ мӯътақид буд, ки на давлати плюралистӣ, балки баръакс бо моҳияти радикал дар Афғонистон ба манофеъи амнияти Иёлоти Муттаҳида хидмат хоҳад кард ва сипас навишт, ки чаро кӯмак ба муҷоҳидини опозисиони мусаллаҳи Афғонистон зарурӣ аст: барои Амрико ғайримумкин буд, ки ошкоро бо Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ биҷангад, зеро ин мунтаҷ ба Ҷанги Ҷаҳонии Севум мешавад. Аммо агар Иёлоти Муттаҳида мехост Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравиро шикаст диҳад, пас барои расидан ба ин ҳадаф "беҳтар аст аз ҳаёти хилват убур кунанд." (Амрико дар ниҳоят аз ин масир истифода кард).

Амрикоиҳо ба таври суннатӣ Авруосиё ва Осиёи Марказиро ба унвони чунин "ҳаёти хилват"-и геополитикии Русия мебинанд. Бинобарин онҳо гузинаи дувумро дар даҳаи 80 интихоб карда ва баъдан ин интихобро дар соли 2020 такрор намуданд”.

Вай дар ин мусоҳиба ҳамчунин таъкид кард, ки амрикоиҳо бо дархости озодии панҷ ҳазор толиб аз зиндонҳо, аз раиси Ҷумҳурии исломии Афғонистон дархост карданд. Ин панҷ ҳазор толиб ба далели иртикоби ҷиноёти хатарнок, ваҳшиёна ва иқдомоти террористӣ дар зиндонҳои Афғонистон буданд.

Шакке нест, ки раҳоии террористҳо ба ин теъдод дар ниҳоят қудрати Толибонро тақвият, аммо тавоноиҳои давлати вақти Афғонистонро тазъиф кард.

Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, бавежа Тоҷикистон, бояд таърихи ба қудрат расидани ин манбаъи хатар барои амнияти миллии худро ба диққат баррасиву таҳлил кунанд ва иқдомоти ҷиддиро анҷом диҳанд.

Тавофуқномаи имзошуда дар соли 2020 байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷунбиши Толибон дар Қатар то ҳадде амнияти Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои ҳампаймонро аз иқдомоти ин ҷунбиши террористӣ тазмин мекунад. Бо ин ҳол, набояд аз ин воқеият ғофил шуд, ки кишварҳои ҳамсояи Афғонистон муттаҳиди Иёлоти Муттаҳида ба ҳисоб намеоянд ва бештари онҳо танҳо ба унвони шарикони Иёлоти Муттаҳида шинохта мешаванд. Кишвари шарик бо кишвари муттаҳид бисёр мутафовит аст ва инро набояд дасти кам гирифт. Ба иборати дигар, тибқи тавофуқи Қатар, Толибон ба Амрико мутааҳҳид нашуд, ки кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро таҳдид накунад, зеро бархе аз ин кишварҳо душмани Амрико (Эрон) ва бархе руқабои геостратегии Амрико (Чин) ва бархе аз шарикони он (Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон) ҳастанд.

Бо беш аз 80 миллиард доллар силоҳи боқимонда дар ихтиёри Толибон пас аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, потенсиали низомии ин ҷунбиш дар минтақа ба шиддат қавӣ шудааст. Ин воқеиятро набояд нодида гирифт.

Толибонро ҳомиёнашон ба қудрат расонданд то барои кишварҳои минтақа хатар эҷод кунанд ва ин фақат ин гуна нест. Бо ин ҳол, пас аз рӯи кор омадани Толибон, мавзеъи мӯҳтотона ва дар айни ҳол мусбат ба Толибони Ҷумҳурии халқи Чин ва Федератсияи Русия бояд боиси нигаронии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна шавад.

Ҳамон тур, ки дар боло таъкид кардем, барои ҳифзи манофеъи миллӣ, бавежа амнияти миллӣ набояд ба шуракои стратегӣ ё суннатӣ муттакӣ буд. Нигариши ҳар кишвар нисбат ба Толибон сирфан бар асоси манофеъи миллии онҳост ва дар ин маврид набояд фиреби тавҷеҳоти тиҷорӣ ва иқтисодиро хӯрд.

Муҳаммадҳусайн Ҷаъфариён, коршиноси аршади масоили Афғонистону Эрон, ба таърихи 27 ноябри 2023 дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни ёздаҳумин даври конфронси байнулмилалии Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот гуфт: “Оғози мушкили амниятии Афғонистон тавофуқномаи Доҳа (Қатар) мебошад. Чӣ касе ба Амрико ҳақ дод, ки Афғонистонро санад бизананд ба номи Толибон? Ҳамаи дӯстон аз таъбири ин ки “қудратро ба Толибон бахшиданд” истифода кардаанд. Чӣ касе ин қудратро ба онҳо бахшид? Бо кӣ машварат шуд? Ҳақиқат ин ҷост, ки сиёҳчола ҳамон тавофуқнома аст, ки бояд аз реша ботил ҳисобида шаваду аз нав бо  назари ҳамаи тарафҳо навишта шавад”.  

Дар айни ҳол, шоёни зикр аст, ки ҳудуди 150 коршиноси дохиливу хориҷӣ дар конфронси байнулмилалии Гуфтугӯҳои амниятии Ҳарот дар Душанбе, ки ба ибтикори Маркази мутолиоти Афғонистону минтақа (Тоҷикистон) ва Муассисаи мутолиоти стратегии Афғонистон баргузор шуд, ширкат карданд.

Ба гуфтаи Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолиоти Афғонистону минтақа, «агарчи Толибон ваъда медиҳанд, ки ҳеҷ таҳдиде аз ҷониби Афғонистон барои ҳеҷ кишваре, бавежа кишварҳои ҳамсоя, вуҷуд надорад, аммо ҳудуди 25 то 30 гурӯҳи террористии мусаллаҳи ваҳшатафкан наметавонанд ҳамсоягонро нигарон накунанд”.

Толибон як таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти миллии Тоҷикистону минтақа ҳастанд. Дар ин марҳала, мумкин аст ин хатар ба шиддат эҳсос нашавад, аммо возеҳ аст, ки ба қудрат расидани ин ҷунбиши ифротӣ ва ҳузури онҳо дар атрофи Тоҷикистону минтақа ба хайр анҷом нахоҳад ёфт. Кишварҳои абарқудрат манофеъи геостратегии худро аз тариқи Толибон думбол мекунанд. Толибон низ ба навбаи худ аз тариқи гуруҳҳои террористии мухталиф метавонанд барои Тоҷикистони мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва муттаҳид мушкилоте эҷод кунанд.

*Дар Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба унвони як созмони террористӣ шинохта шудааст.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!