Гуфтугӯи ихтисосии шабакаи “Новая Эпоха” бо Алӣ Майсам Назарӣ, раиси Кумитаи равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон.
Нависанда: Ҷамила Чеботарева, хабарнигори шабакаи “Новая Эпоха” (Озарбойҷон)
Нуктаҳои асосӣ:
Ба гуфтаи Назарӣ, вазъияти Афғонистон бисёр асафнок аст. Мардум аз ҳукумати Толибон норозӣ ҳастанд ва орзуи раҳоӣ аз режем онҳоро доранд. Ҳеҷ як аз ваъдаҳое, ки дода буданд, амалӣ нашуд, баракс, кишвар рӯз ба рӯз дар ҷиноят, шиканҷа ва қатл ғарқ мешавад. Занон низ алорағми дархостҳои мукаррар аз раҳбарии Толибон барои дарёфти иҷоза барои таҳсилу кор, ҳамчунон аз ҳаққи раъй маҳрум ҳастанд. Аммо, мутаассифона, ҳеҷ вокуниши мусбате мушоҳида нашуд.
Вай ба вежа таъкид кард, ки набояд хабари ҷаълии набудани Аҳмад Масъуд дар кишварро бовар кард. Ба далоил амниятӣ макони ҳузури вай эълом намешавад. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон як раҳбари ба расмият шинохташуда дорад - Аҳмади Масъуд.
Ин воқеият, ки Толибон ба таври ғайриқонунӣ қудратро ба даст гирифтанд, воқеан мардумро асабонӣ мекунад.
"Агар воқеан мӯътақиданд, ки қонунан ба қудрат расидаанд, чаро як ҳамапурсии озод дар миёни мардуми кишвар баргузор намекунанд? Бар асоси натоиҷи оро, ҳама чиз мушаххас хоҳад шуд. Аммо онҳо ин корро накардаанд ва намехоҳанд анҷом диҳанд. Чаро? Зеро онҳо медонанд, ки ҳеҷ як аз шаҳрвандони кишвар аз онҳо ҳимоят нахоҳанд кард. Афғонистон ба афроди боҳуш, мутараққӣ ва таҳсилкарда дар қудрат ниёз дорад. Ин танҳо роҳест, ки кишвар метавонад бо кишварҳои мутараққӣ ҳамтароз шавад. Мо дӯст дорем ҷавононеро дар кишвари худ бинем, ки таҳсилкарда ва муосир бошанд, аз ҷумла занону духтарон.
Амният як мавзӯъи дигарест, ки акнун барои мо ба ҳамон андоза ҳодд аст. Аммо, мутаассифона, имрӯз ҳеҷ амнияте дар кишвар вуҷуд надорад - ҳар рӯз як иттифоқи ваҳшатнок рух медиҳад, чизҳое, ки қаблан дар боло ба он ишора кардам. Акнун сӯҳбат дар мавриди ин ки ояндаи кишварро чӣ гуна мебинем бисёр душвор аст, аммо бо ин вуҷуд умедворем, ки барои ояндаи беҳтар барои Афғонистон ҳар чӣ дар тавон дорем анҷом хоҳем дод."