Хабари рӯз

Нукоти муҳими гуфтугӯи Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия бо хабарнигори телевизиони "БелСат"

Тарҷума ва ихтисори Ғавси Ҷонбоз

- Эҷоди мавонеъ барои фаъолияти аҳзоби сиёсӣ тавассути Толибон як амри одӣ барои тамоми гурӯҳҳои ҷиҳодӣ аст. Дар ин росто, тарзи бархӯрди Алқоида, ДОИШ ва Толибон аз якдигар кадом тафовуте надорад.

- Бар бунёди докторини Алқоида, ДОИШ ва Толибон, интихобот ва фаъолияти аҳзоби сиёсӣ падидаи беарзишу нокорост. Ба бовари назарияпардозони ин гурӯҳҳо, ҳокимият дар як кишвар бояд саропо бар асоси шариати исломӣ устувор бошад, яъне бар оёти каломи Худо ва аҳодиси Пайғамбар. Ба заъми онон, манбаъи аслии қудрат иродаи Аллоҳ буда, на иродаи афроду ашхос, ҳатто агар иродаи мардум аз тариқи интихобот ва фаъолияти аҳзоби сиёсӣ тамсил ва иҷроӣ шуда бошад.

Ҷангҷӯёни толиб, (Алқоида, Доъиш ва соири гурӯҳҳои мушобеҳ) қаблан низ башиддат мухолифи касоне буданд, ки дар интихоботи Афғонистон раъй медоданд, онро як амали ғайриисломӣ номида, иштироккунандагонро таҳдид мекарданд, дар маҳокими саҳроӣ муҷозоташон менамуданд ва ҳатто ангуштону дастонашонро бо қасовати тамом қатъ мекарданд.

- Ҳар гоҳ дар Афғонистон интихоботи шаффоф ва содиқона баргузор мешуд, Толибон, бидуни шак, бозандаи интихобот мебуданд.

- Ин ки дар кӯчаву барзани Кобул касоне аз Толибон тавсиф менамоянд, ин чиз ҷуз баёнгари ҳузури "синдроми Стокголм" (Stockholm Syndrome) нест, вақте гаравгоншудаҳо аз онҳое ки асирашон намуда, тамҷиду тавсиф менамоянд. Ин падида қобили дарк аст: вақте болои сарат милаи туфангро гирифта бошанд, чӣ метавон кард!?

- Мардуми Афғонистон дар як навъ шок ба сар мебаранд, фақру ғурбат ҳар рӯз афзоиш меёбад. 97 дарсад мардуми Афғонистон ба кӯмакҳои башарӣ ниёзманд аст. Тақрибан 27 миллион инсон бо сӯтағзия панҷа нарм мекунад. 6 миллиони дигар зери чатри фақр буда ва амалан дар вазъияти гуруснагӣ қарор доранд.

- Дар ҳамчу як авзоъи комилан нобасомон толибҳо фаъолияти аҳзоби сиёсиро манъ қарор медиҳанд. Хуб маълум аст, ки дарандаи гӯштхорро наметавон гиёҳхор сохт. Ин кори номумкин аст. Толибон дар воқеият мошинест барои ҷиҳод. Ин гурӯҳро намешавад сохторманд номид, ки битавонад дастгоҳи давлатиро мудирият намояд, интихоботро ба роҳ андозад, хадамоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангиро ироа бидорад. Толибон мошинест барои ҷанг. Асли гап ин аст, ки Толибон ғайр аз ҷангидану ҷиҳод кардан, тарзи дигари зистанро балад нест.

- Тай ду сол, ки Толибон дар ҳокимият ҳастанд, ин гурӯҳ на танҳо барои дигарон дарди сар офарида, балки худашон низ дар як навъ махмаса қарор доранд. Ин гурӯҳ натавонист аз вазъияти шибҳи низомӣ хориҷ шавад.

- Толибон аз имконот, зарфиятҳо ва зербиноҳое, ки аз низомҳои қаблӣ ба ҷо монда, ба таври туфайлӣ суд бурда, тамсили "ҳукуматдорӣ" менамоянд, лекин ин зарфиятҳо ба зудӣ поён ёфтанианд ва кишвар дохили буҳрони амиқтар мегардад.

- Толибон зарфияти тағйирро надорад ва усулан инро набояд аз он интизор дошт. Толибон як гуруҳи террористӣ-ҷиҳодӣ буда ва бо ҳамин "фалсафа" боқӣ мемонад, ҳатто агар афроде аз ин гурӯҳ дар курсиҳои вазир, муовин, раис ва иқоматгоҳи раиси давлат ҳам қарор бигиранд.

- Ман ҳарос дорам, ки поёни ин ҷаҳаннам [ҳокимияти Толибон] муқаддамоти як ҷанги ҷадиди дохилиро дар ин кишвар хоҳад чид.

- Толиб тавони тавсеаи иқтисодиро надорад. Аз ин хотир, раванди фақир шудан ва тахриби Афғонистон идома хоҳад ёфт, сохторҳои давлатӣ фурӯ хоҳанд пошид ва ин ҳама ба даргириҳои тозаи қавмӣ ва мазҳабӣ хоҳад анҷомид.

- ДОИШ дар Афғонистон дар ҳоли авҷ гирифтан аст. Ин гурӯҳ бисёр хатарнок буда, на танҳо ба ҳамалоти террористӣ идома хоҳад дод, балки ба фаъолиятҳои ҷиддитар дар хоки Афғонистон хоҳад пардохт ва саҳми худро дар ҳокимият талаб хоҳад намуд.

- Ба ин тартиб, эҳтимоли оғози як ҷанги дохилӣ дар Афғонистон зиёд аст. Ман бовар надорам, ки аз ин буҳрон битавон ба таври сулҳомез убур кард.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!