Хабари рӯз

“Ба Омина Муҳаммад ва афроди дигаре, ки агар алоқаманди Толибонанд, пешниҳод мекунам, ки бираванд ба Афғонистон ва як ҳафта зери ҳокимияти Толибон зиндагӣ кунанд, то бидонанд, ки маззаи зиндагӣ зери султаи терроризм чӣ гуна аст.”

Нависанда: Мухтор Вафоӣ, “Индепендент форсӣ”

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар гуфтугӯи ихтисоси бо “Индепенденти форсӣ” гуфт, ки ин ҷабҳа пас аз як соли муборизаи низомӣ бо Толибон, стратегияи худро бозбинӣ кардааст ва акнун чирикҳои ин ҷабҳа “дар ҳама ҷо” ҳузур доранд.

Масъуд гуфт: “Бо таҷрибаи соли гузашта, ки муваффақона буд ва садамоти фаровоне ба Толибон ворид кардем, азизони фаровонеро ҳам аз даст додем. Бо таҷрибаи гаронсанге, ки пайдо кардем, дар моҳҳои гузашта стратегияи худро бозбинӣ кардем ва ба стратегияи муносиб бо шароиту авзоъ даст ёфтем.”

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, аз ироаи ҷузъиёти бештар дар мавриди стратегияи ҷадиди ин ҷабҳа худдорӣ кард ва онро “ҷузъе аз асрори низомӣ” донист, аммо изофа кард, ки бо тарҳи ҷадид, Ҷабҳаи муқовимат “зимни ҷилавгирӣ аз тааррузи душман, дифоъи хубтаре анҷом медиҳад”.

Аҳмад Масъуд дар посух ба ин пурсиш, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пас аз 20 моҳи мубориза бо Толибон, дар муодилоти низомӣ ва сиёси дар чӣ ҷойгоҳе қарор дорад, гуфт: “пас аз 20 моҳи муборизаву талош, вусъати муқовимат то Ғӯру Бадахшон ва Тахору Нуристон расид. Рӯз ба рӯз дар ҳавзаҳои зидди Толибон иттиҳод ва инсиҷоми бештаре шакл мегирад, ки ин навиди хуше барои соли ҷадид аст.”

Пас аз султаи Толибон бар Афғонистон, чандин ҳизби сиёсӣ дар табъид ва чандин гурӯҳи низомӣ дар дохили Афғонистон эъломи мавҷудият карданд. Дар миёни ҷабҳаҳои низомӣ, то кунун танҳо даргири‎ҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Ҷабҳаи Озодии Афғонистон алайҳи Толибон ба сурати мустанад мунташир шудааст. Аз фаъолияти бақия ҷабҳаҳое, ки иддаои мубориза бо Толибон мекунанд, асноду шавоҳиди қобили таъйиде мунташир нашудааст.

Бо ин ҳол, пурсишҳои зиёде дар расонаҳои иҷтимоӣ матраҳ мешавад, ки чаро Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Ҷабҳаи Озодии Афғонистон бо муштаракоте, ки доранд, алайҳи Толибон муттаҳид намешаванд. Пас аз кушта шудани шаш тан аз муборизони Ҷабҳаи Озодии Афғонистон дар набарде бо Толибон дар Соланг, раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Ҷабҳаи Озодӣ, дар паёмҳое бар иттиҳоди муборизотӣ алайҳи Толибон таъкид карданд.

Аҳмад Масъуд дар посух ба ин пурсиш, ки оё то кунун иқдоме амалӣ барои муттаҳид шудани ин ду ҷабҳа анҷом шудааст ё хайр, гуфт: “Мо аз ибтидо паёми иттиҳоди худро дар тамоми арсаҳои сиёсӣ ва низомӣ ба ҷабаҳот ва ҷараёнҳои зидди Толибон фиристодем. Акнун низ бо сароҳат эълом мекунем, ки ҳама зарфиятҳо бояд муттаҳид ва якҷо ҳаракат кунанд то замонати пирӯзӣ ба мардуми Афғонистон дода шавад.”

 

Оё Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар мубориза алайҳи Толибон танҳо мондааст?

Аҳмад Масъуд дар ҳошияи сафараш ба Утриш ва пас аз ҳузур дар дувумин даври нишасти Вена, ба парлумони Утриш рафт ва бо шуморе аз намояндагони аҳзоби мухталифи ин кишвар дидор кард. Ҳоралд Тарух, аз қонунгузорони утришӣ, дар ҷараёни мулоқот бо Масъуд, кӯмак ба нерӯҳои демократӣ ва мухолифони Толибонро дар Афғонистон зарурате фаврӣ донист ва гуфт, ки бояд дар ин замина бо ҳама давлатҳои аврупоӣ гуфтугӯ шавад. Тарух ишора кард, ки Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, ҳатто як бор аз кӯмаки низомӣ ба Афғонистон сухан гуфтааст.

Тарух нақли қавле аз Эммануэл Макронро ин гуна баён кард: “Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, гуфт, мо бояд фикр кунем, ки кӯмак ба Афғонистон то чӣ ҳад метавонад ҷиддӣ бошад. Макрон гуфт, ҳатто мумкин аст ин кӯмак аслиҳа бошад.”

Тарух изофа кард, ки акнун [кӯмаки низомӣ ба мухолифони Толибон] як пурсиши сиёсӣ аст.

Аҳмад Масъуд дар робита бо сӯҳбати қонунгузори утришӣ аз кӯмаки низомӣ ба нерӯҳои мухолифи Толибон, ки аз раисҷумҳури Фаронса нақл кард, гуфт: “Ин сухан баёнгари ин аст, ки нигоҳи давлатҳои ҷаҳон ба Афғонистон мумкин аст тағйир кунад.”

Ба гуфтаи Масъуд, ин як навиди хуш аст, ки муқовимати мардуми Афғонистон танҳо намемонад, аммо чунин қадаме ниёз ба иқдомҳои маҳкаму тасмимҳои қавӣ дорад. Бо ин ҳол, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ тасреҳ кард, ки ҳар гуна кӯмаке ба нерӯҳои муқовимат, тағйире дар ҳадафу тасмими мубориза алайҳи Толибон эҷод намекунад, аммо мумкин аст асбобӣ шавад барои суръат бахшидан ба гомҳое, ки ба сӯи расидан ба ҳадаф бардошта мешавад. Ӯ афзуд: “Таваккули мо ба худо ва мардум аст, аммо ҳар кӯмаке метавонад сабабе барои расидан ба ҳадаф шавад.”

 

“Ҳар тасмиме бидуни ҳузури намояндагони мардуми Афғонистон, ғайри қобили қабул ва номашрӯъ аст”

Созмони Милали Муттаҳид нишастеро дар рӯзҳои якуму дувум моҳи май дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар, тартиб додааст, ки дар он аз намояндагони кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва ба вежа намояндагони кишварҳои минтақа даъват шудааст. Дар ин нишаст Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, низ ҳузур дорад. Пеш аз ин Омина Муҳаммад, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, гуфта буд, ки баҳс дар бораи ба расмият шинохтани Толибон бахше аз дастури кори ин нишаст аст. Ҳарчанд сухангӯёни Созмони Милали Муттаҳид ахиран баҳс дар бораи ба расмият шинохтани Толибонро рад карданд, аммо интиқодҳо аз баргузории ин нишаст дар ҳоли афзоиш аст.

Аҳмад Масъуд дар мавриди нишасти Доҳа гуфт: “Ҳар тасмиме, ки дар он бидуни ҳузури намояндагони мардуми Афғонистон, дар мавриди сарнавишти Афғонистон гирифта шавад, фоқиди машрӯъият, ғайриқобили қабул ва нодуруст аст.”

Дар нишасти Доҳа аз ҳеҷ як аз аҳзоби сиёсӣ, ниҳодҳои маданӣ ва ҷабҳаҳои зидди Толибон даъват нашудааст. Стефан Дуҷорик, сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи ҷумъа, 28 апрел, гуфт, ки аз Толибон низ дар ин нишаст даъват нашудааст.

Дар вокуниш ба баргузории ин нишаст, қарор аст эътирозоте дар шуморе аз шаҳрҳои кишварҳои аврупоӣ ва Амрико баргузор шавад. Мӯътаризон аз Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои ҷаҳон мехоҳанд, ки Толибонро ба расмият нашносанд. Аҳмад Масъуд, дар посух ба ин пурсиш, ки оё нигарон нест, ки дар нишасти Доҳа дар мавриди ба расмият шинохтани Толибон тасмим гирифта шавад, гуфт: “Ҳатто фикр кардан дар мавриди ба расмиятшиносии Толибон барои мардум мо ғайриқобили қабул аст.”

Масъуд афзуд: “Ба Омина Муҳаммад ва афроди дигаре, ки агар алоқаманди Толибонанд, пешниҳод мекунам, ки бираванд ба Афғонистон ва як ҳафта зери ҳокимияти Толибон зиндагӣ кунанд, то бидонанд, ки маззаи зиндагӣ зери султаи терроризм чӣ гуна аст.”


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!