Хабари рӯз

Гуфтугӯи ихтисосии нашрияи "Новая эпоха" ("Даврони нав")-и Озарбойҷон бо Аҳмадвалӣ Масъуд, раиси иҷроияи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, бародари Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамон милли Афғонистон.

Нависанда: Ҷамила Чеботарёва, "Новая эпоха" ("Даврони нав")

ҲОЛНОМАИ МУХТАСАР: Аҳмадвалӣ Масъуд дар аввали ноябри 1964 дар рустои Ҷангалаки вилояти Парвон (Панҷшери кунунӣ)-и Афғонистон ба дунё омад. Бародари хурдии Аҳмадшоҳ Масъуд аст.

Масъуд дар соли 1989 аз донишгоҳи Вестминистри Лондон бо ихтисоси дипломат фориғуттаҳсил шуд. Ӯ ба унвони сафири Афғонистон дар Бритониё, намояндаи вежаи Аҳмадшоҳ Масъуд дар Аврупо ва намояндаи Ҷамъияти исломӣ дар Лондон хидмат кардааст.

Ӯ бунёнгузори як ҳизби сиёсӣ ба номи Наҳзати миллии Афғонистон аст. Ӯ ҳамчунин рӯзномаи "Мондагор" ва маҷаллаи "Таърихи ёдгор"-ро таъсис додааст. Масъуд аввалин китоби худро бо унвони "Барномаи миллӣ" дар соли 2012 мунташир кард.

 Аҳмадвалӣ Масъуд муассис ва раиси “Бунёди Масъуд” аст.

Ӯ дар ҳоли ҳозир раиси иҷроии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ мебошад.

 

- Оқои Масъуд лутфан аз вазъияти феълии Афғонистон бигӯед. Чӣ иттифоқе меафтад?

- Ҳеҷ яке намедонад, ки чӣ иттифоқе меафтад. Афғонистон барои аввалин бор майдони рақобати бозиҳои геополитикии минтақаву ҷаҳон қарор гирифтааст. Бале, Афғонистон ҳамвора майдони бозиҳои хориҷӣ будааст, аммо ин бор майдони бозӣ, абзори ҷангии хашину террористӣ, озмандии бозигарон ва ҳама созу барги бозӣ ба шиддат печида, ҳавлнок ва ғайри қобили пешбинӣ мебошад. Мардуми Афғонистон қурбонии ин бозиҳо мебошад ва раҳбарии бумӣ дар як миқёси калони миллӣ, ки битавонад аз Афғонистон дифоъ намояд, то ҳанӯз шакл нагирифтааст.

- Бар асоси тавофуқномаи Доҳа байни Толибон ва Иёлоти Муттаҳида, ҳокимони ҷадиди Кобул мутааҳҳид ба таҳаққуқи ду маврид аз муҳиммтарин илзомот ҳастанд: 1) эҷоди ҳукумати фарогир. 2) иҷоза надодан ба созмонҳои террористӣ, ки беш аз 20 адад ҳастанд, ҳамсоягонро таҳдид кунанд. Ҳамон тур, ки мебинем, онҳо муваффақ нашуданд - ҳеҷ давлати фарогир вуҷуд надорад ва созмонҳои террористӣ, дар дараҷаи аввал ДОИШ, ҳамсоягонро таҳдид мекунанд. Яъне чӣ: Толибон Амрико ва ҷомеаи ҷаҳониро, ки аз тавофуқи Доха истиқбол карданд, фиреб доданд?

- Тавофуқномаи Доҳа бо ибтикори Амрико барои таҳвилдиҳии қудрат ба Толибон тавассути Халилзод ва давлати Қатар сурат гирифт. Толибон бахше аз абзори хашини бозиҳои геополитикии Амрико дар минтақа мибошад.

Бақия маводу мавориди тавофуқномаи Доха достонҳои саргармкунанда барои мардуми Афғонистон ва мунҳарифсозии азҳони ҷаҳон аз асли фоҷиаи Афғонистон мебошад.

- Мардуми Афғонистон чӣ гуна зиндагӣ мекунанд?

- Мардуми Афғонистон ҳеҷ гоҳе дар тӯли таърихи ин сарзамин ба ин андоза зиндагии зиллатбор надоштаанд. Гузашта аз маҳрум будан аз зарурёти ибтидоии зиндагӣ, аз асоситарин ҳуқуқи инсонӣ низ маҳрум шудаанд. Тибқи гузоришҳои манобеъи мӯътабари байнуламллӣ беш аз 20 миллиюн мардум аз 35 миллиюн нуфуси кишвар зери хатти фақр нафас мекашанд, Толибон болои ҳаққи занон ва духтарон ба таври комил хатти бутлон кашидаанд, чизе ба номи ҳукуматдорӣ вуҷуд надорад.

- Мардум, ба таври куллӣ, ҳукумати Толибонро чӣ гуна мебинанд?

- Толибон дар муддати ду соли султаи номашруъи худ натавонистанд кӯчактарин пайванде бо мардум барқарор намоянд. Мардум ба Толибон минҳайси як нерӯи ишғолгар, зидди фарҳанг, зидди илм ва зидди ҳама арзишҳои инсонӣ нигоҳ мекунанд. Толибон на танҳо натавонистаанд машрӯъияти мардумӣ, сиёсӣ, байналмилалӣ касб намоянд, ки ҳатто машрӯъияти ахлоқӣ низ надоранд.

- Чаро Толибон ба духтарон иҷозаи таҳсил ва ба занон иҷозаи кор намедиҳанд?

- Чун теологияи Толибон, таҳсили илму дониши имрӯзиро, бахусус, барои табақаи духтарон ва занон барнаметобад. Толиб наметавонад бар хилофи боварҳо ва арзишҳои худ амал кунад. Агар ҳам тағйир намояд, фақат дар қолаби нисоби дарсии мазҳаби ифротии худ тавофуқ хоҳанд кард, ки ҷуз ифротипарварӣ ва террористпарварӣ, бо моҳияти асли дин камтар ҳамхонӣ хоҳад дошт.

- Чаро тақрибан ду сол мешавад, вале дар ин муддат Толибон расман тавассути ҳеҷ давлате, ҳатто Амрико, ки ба онҳо қудрат дар Афғонистонро дод, Русия, Эрон, чин ва..., ки аз онҳо ҳимоят карда буданд, ба расмият шинохта нашуданд?

- Ба расмият шинохтани ҳукуматҳо меъёрҳое дорад, ки бояд муроот шаванд. Толибон ҳадди ақалли меъёротро доро намебошанд. Аслан гурӯҳи толиб барои ҳукуматдорӣ тавлид нашудааст, балки минҳайси абзори хашини терроризм барои бесуботсозии минтақа ва бадномсозии ислом эҷод шудааст. Бештарин кишварҳое, ки зидахли бозиҳои Афғонистонанд, бештар рӯи манофеъи худашон манёвр медиҳанд. Аммо ҳеҷ яке аз ин кишварҳо намехоҳанд бо ба расмият шинохтани Толибон, риск бигиранд. Ҳарчанд баъзе аз бозигарон бо сиёсатҳои тактикӣ ва таомулоти ҷонибӣ мехоҳанд ҳарифи минтақаии худро маҳор созанд, рӯйиҳамрафта ҳамаи бозигарон моҳияти аслии толибро медонанд ва бозии минтақаӣ менамоянд.

- Гузоришҳои зиёде аз ҷиноёти Толибон аз Афғонистон вуҷуд дорад. Оё ин ҳисси бидуни муҷозот мондан аст ё...?

- Ҷиноёти ҳавлноки Толибон аз рӯзи пайдоишашон то имрӯз монанди офтоб равшан аст. Аммо ҷиноёти ду соли ахирашон бар мардум, қатъан муҷозотеро дар оянда ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Маҳкамаҳои инсонӣ ва байналмилалӣ ҳеҷ гоҳе наметавонад аз ҷиноёти ҳавлноки Толибон чашм бипӯшад.

- Вазъияти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки тавассути бародарзода ва домоди Шумо Аҳмади Масъуд раҳбарӣ мешавад чӣ гуна аст? То ҷое, ки медонем ҷабҳа мисли соли гузашта дар майдони ҷанг фаъол нест. Чаро? Барномаи амалиётии раҳбарии ҷабҳа чист?

- Дар мавриди вазъияти мавҷуди ҷабҳа баҳси муфассале даркор аст. Ёдамон бошад, ки Ҷабҳаи муқовимат аз нуқтаи сифр дар муқобили як нерӯи бузурги террористии Толибон+террористони байнулмилалӣ ва ҳомиёни хориҷиашон муҷаҳҳаз бо миллиардҳо доллар силоҳу таҷҳизоти НАТО ду сол қабл оғоз гардид. Қурбониҳое додем то сутунҳои асосии ҷабҳаро имрӯз ғарс намудем. Дуруст аст, ки сатҳи амалиёти низомӣ ба нисбати камбуду набуди имконот поин омадааст, аммо мардуми мо нисбат ба соли гузашта башиддат борӯҳия ва омодаи муқовимат дар муқобили истибдоди Толибон ва ишғоли кишвар аз тарафи террористони байнулмилалӣ мебошанд. Мусаммамтар аз ҳар замони дигар барои озодии хонаву сарзамин ва фарҳанги худ муборизаро идома додаем.

Ҷабҳа барномаҳои ҷадиди низомӣ рӯйи даст дорад, ки ҳоло зарурат ба гуфтанашон намебинем.

- Ба назари Шумо, чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳимоят намекунад?

- Чунончи медонед, вақте ном аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мебарем, ба гунаи автомат исми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар зеҳнҳо тадоъӣ мекунад. Полисии Амрико чунончи қаблан ишора кардам, дар ҳамоҳангӣ бо Покистон, Қатар, баъзе кишварҳо ва ҳалақоти дигар бо Толибон мебошад. Муқовимати аввал баъзе муттаҳидони минтақаӣ дошт, умедворам муқовимати дувум, таваҷҷуҳи ҳомиёни минтақаӣ ва виҷдонҳои бедори ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намояд.

- Муқовимати дувум чӣ тафовуте бо Муқовимати Аввал дорад? Чаро Аҳмадшоҳ Масъуд муваффақтар аз писараш буд?

- Тафовути Муқовимати Аввал бо дувум бисёр зиёд мебошад.

Аз нуқтаи назари замон, шароит, мардум, раҳбарӣ, бозигарони зидахл, иттилоърасонӣ, нақшаҳои геополитикии бозигарони қудратманд ва озманд.

Имрӯз муқовимат мутааллиқ ба тамоми мардуми Афғонистон мебошад, ки ба гунаҳои мутанаввеъ муқовиматро зидди душмани муштаракашон, яъне толиб роҳ андохтаанд. Дар Муқовимати Аввал ба ин миқёс густурда ки набуд.

Толибон дар Муқовимати Аввал минҳайси як гурӯҳи идеологӣ бештар мӯътақид ба арзишҳои мазҳабии худашон буданд ва якдаст амал мекарданд, Толибон имрӯз дар нақши гурӯҳҳои мафиёӣ дар Афғонистон амал мекунанд. Дар Муқовимати Аввал, Толибон силоҳи НОТУ-ро ба даст наоварда буданд, ҳатто бо Амрико даъвои душманӣ доштанд, Толибони имрӯз бидуни ҳимояти ҳафтавори 40-миллиюндолларии Амрико наметавонанд ҳукмронӣ кунанд.

- Дар мавриди таҳдиди Толибон ва дигар созмонҳои террористӣ барои кишварҳои шимолӣ - кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин сӯҳбатҳои зиёде вуҷуд дорад, аммо ҳамин кишварҳо ба маънои воқеии калима бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд. Чаро?

- Афғонистон бо ҳузури Толибон ва соири гурӯҳҳои террористии байнулмилалӣ ба як таҳдиди болқувва ва билфеъл барои минтақа даромадааст. Аслан Толибонро барои ҳамин ҳадаф эҷод карданд ва ҳимоят намуданд.

Ин ки баъзе кишварҳои минтақа бо вуҷуди ин бо Толибон таомул доранд, мунтазири авоқиби башиддати вайронгар ва табоҳкуни террористоне, ки ҳамвора дар дохили Афғонистон дар ҳоли машқу тамрини бесуботсозии минтақа, бахусус Осиёи Марказӣ мебошанд, бошанд. Ҳар хел иттихози сиёсати дилҷӯӣ, таомул ва тактикӣ бо Толибон, пояҳои терроризмро дар минтақа маҳкамтар ва умри онро тӯлонитар месозад.

- Ояндаи Афғонистон ва кулли минтақаро чӣ гуна мебинед - бо Толибон беҳтар аст ё бидуни Толибон?

- Фарқ мекунад. Бо Толибон дар қолаби бозиҳои ваҳшатноки бозигарон ва нақшаҳои вайронгар, минтақа ба як анбори борут мубаддал хоҳад шуд. Бидуни Толибон эҳтимоли чунин як вазъият бисёр заиф мебошад, ҳадди ақал дар кӯтоҳмуддат. Чун бо озодии Афғонистон аз ишғоли террористон, мардуми бумии сарзамин мо, бахусус мардумони моварои сарҳадоти шимол, қатъан намехоҳанд дар ҳамҷвориашон бамкафонӣ сурат гирад ва бесаботӣ ба миён ояд чун зиндагии худашон таъсирпазир аст. Барои Толибон ва террористон эҷоди ошуб дар минтақа як ҳадафи аслӣ мебошад. Минтақа ба як камарбанди амниятии минтақаӣ зарурат дорад.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!