Исмоилиён дар Афғонистон баъд аз ҳиндуҳои Афғонистон танҳотарин ақаллияти мазҳабӣ дар Афғонистон ҳастанд. Ҳиндуҳо бино бар таассуб ва хушунатҳои мазҳабӣ аз Афғонистон рафтанд. Исмоилиён феълан танҳотарин ақаллияти мазҳабӣ дар Афғонистон аст, ки дучори анвоъи фишори мазҳабӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ қарор доранд.
Суҳбати ихтисосии вебсайти “Роҳи адолат” (марбути Ҳизби адолат ва озодии Афғонистон) бо доктор Яъқуб Ясно, устоди вақти Донишгоҳи Берунии Афғонистон, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
“РОҲИ АДОЛАТ”: Хабарҳои зиёде дар ин рӯзҳо дар бораи тағйири иҷбории мазҳаб тавассути гурӯҳи Толибон дар миёни исмоилиён шунида мешавад. Мизону густурдагии ин падида чӣ қадар аст ва асосан оморе вуҷуд дорад, ки то кунун чанд нафару дар куҷоҳо маҷбур ба тарки мазҳаб кардаву мазҳаби дигарро ихтиёр карда бошанд?
ЯЪҚУБ ЯСНО: Ҳақиқат ин аст, агар битавонанд мазҳаби исмоилиёнро тағйир бидиҳанд, мазҳаби ҳамаи исмоилиёнро тағйир медиҳанд. Бино бар ин, мизону густурдагии ин иқдом ҳамашумул аст. Чанд видео нашр шуд, агар дида бошед, дар он видеоҳо гуфта мешавад, ки мо исмоилиёнро мусулмон месозем ва бояд инҳо мусулмон шаванд. Иқдомашон устувор бар такфиру ҷиҳод аст ва қасду нияташон ин аст, ки ҳамаи исмоилиёнро ба таъбири худашон мусулмон бисозанд.
Вақте мегӯянд, "исмоилиён мусулмон нестанд", такфиру ҷиҳод дар ин ҳукм нуҳуфтааст; Яъне, маънои ин ҳукм аз як тараф ин аст, ки исмоилиён мушрику кофиранд ва аз тарафи дигар иҷборашон бар исмоилиён барои тағйири мазҳаб, ҷиҳод аст. Намегӯянд, як фарди исмоилиро аз як мазҳаби исломӣ ба мазҳаби дигари исломӣ тағйири мазҳаб додаанд, ҳамоиш баргузор мекунанд ва мегӯянд, "ӯро мусулмон кардаанд".
То ҷое ки ман иттилоъ дорам, ду нафарро дар Бадахшон ва ду нафарро дар Бағлон водор ба тағйири мазҳаб аз исмоилӣ ба ҳанафӣ кардаанд. Дар яке аз манотиқи Бадахшон як ҷамоатхона (маҳалли ибодати исмоилиён)-ро ба оташ кашидаанд ва дар бахшҳое аз Бадахшон исмоилиёнро намегузоранд, ки маросими мазҳабии худро анҷом диҳанд ва кӯдакони онҳоро водор мекунанд, ки дар мадрасаи мазҳаби ҳанафӣ фиқҳи ҳанафӣ бихонанд, дар ҳоле ки исмоилиён дар ҷамоатхонаҳо барномаҳои омӯзиши мазҳабӣ барои кӯдакон доранд.
“РОҲИ АДОЛАТ”: Аҳдофи Толибон аз ин кор чист ва чаро ба суроғи исмоилиён омадаанд?
ЯЪҚУБ ЯСНО: Исмоилиён ақаллияту шикори осон ҳастанд ва метавонанд бо бадрафтории ҳамсояҳои аҳли суннати исмоилия бар афроди исмоилӣ фишор ворид кунанд ва афроде аз исмоилия водор ба тағйири мазҳаб шаванд ва аз тағйири мазҳаби ин афродро ба номи мусулмонсозӣ ёд кунанд ва вонамуд кунанд, ки “шумо исмоилиён кофиред, агар тағйири мазҳаб додед, мавриди ҳимоят қарор мегиред, агар на, мавриди озори мардум қарор мегиред ва мо мардумро контролу назорат наметавонем”. Бино бар ин, дасти мардуми ҳанафии маҳаллро барои озору азияти исмоилиён боз мегузоранд, то исмоилиён зери фишору мардум қарор бигиранд.
Афроди исмоилиро, ки шикор мекунанд ва мазҳабашонро тағйир медиҳанд, ба онҳо мавқифу силоҳ медиҳанд ва мегӯянд, “биравед дигаронро водор кунед, ки тағйири мазҳаб бидиҳанд”. Мардуми исмоилия шикоят мекунанд, ки “мо озору азият мешавем”, ба посухи мардум мегӯянд, “он афрод аз худи шумо ҳастанд, онҳо мусулмону ҳидоятшудаанд, шуморо, ки қавмаш ҳастеду ҳидоят нашудаед, таҳаммул наметавонанд ва мехоҳанд шуморо ҳидоят кунанд”.
Яке аз афроди исмоилӣ, ки водор ба тағйири мазҳаб шуда буд, силоҳ ба ӯ дода шуда ва мавриди ҳимояти ҳукумати маҳаллии Толибон дар Бадахшон қарор дорад, ӯ бо дигарон ба озору азияти исмоилиён мепардозанд. Ман дар расонаҳои иҷтимоӣ эътироз кардам. Яке аз тарафдорони Толибон ба ман паём дод ва гуфт: “Ясно, чаро бехабар эътироз мекунӣ? Касе, ки исмоилиёнро мехоҳад ҳидоят кунад, он фард аз худи шумост, ки ҳидоят шуда ва феълан мехоҳад қавми худро ҳидоят кунад”. Гуфтам “ин далел шуда наметавонад, зеро шумо аз ӯ суистифода мекунед”.
Хулоса, бояд гуфт, аз роҳҳои мутафовит бар мардуми исмоилия фишор ворид мекунанд. Мушаххасан Толибон дар ин бора мавқеӣ расмӣ надоранд. Нагуфтаанд ин тасмими мо аст ва ба эътирозоти исмоилиён ҳам посухе надодаанд ва сукут кардаанд. Ин сукут ба ин маъно аст, ки дасти афроду гуруҳҳои тундравро барои азияту тағйири мазҳаби исмоилиён боз гузоштаанд ва ин бархӯрд дарвоқеъ шева ва усули ҳадафмандона ва созмондеҳишуда барои тағйири мазҳаби исмоилиён аст.
“РОҲИ АДОЛАТ”: Ин равияи Толибон чӣ паёмадҳое барои дигар китлаҳои қавмӣ ва мазҳабӣ, ки бо Толибон мутафовит ҳастанд, дорад?
ЯЪҚУБ ЯСНО: Иқдоми Толибон барои такқавмӣ шудан, такзабонӣ шудан ва такмазҳабӣ шудани Афғонистон густурда аст. Фақат ҳадаф тағйири мазҳаби исмоилиён нест. Тағйири мазҳаби исмоилиён яке аз аҳдоф аст. Аммо озмоиши ин ҳадаф барои Толибон осон аст, яъне, мехоҳанд ин ҳадафро тавассути мардуми ҳанафимазҳаб анҷом бидиҳанд. Дар чанд мавриде, ки исмоилиён водор ба тағйири мазҳаб шудаанд, тавассути ниҳодҳои расмии Толибон сурат нагирифтаанд, балки зоҳиран тавассути мардуми ҳанафимазҳаб амалӣ шудаанд, аммо ин мардум мавриди ҳимояти Толибон қарор доранд.
Толибон аҳволи шахсии аҳли ташайюъро ба расмият нашинохтанд ва тадриси фиқҳи ҷаъфариро дар донишгоҳҳо, бавежа дар Донишгоҳи Бомиён мамнуъ карданд. Забони форсиро аз номанигории расмӣ дар идороти давлатӣ ҳазф карданд ва бо рӯйкарди қавмӣ фақат аз забони пашту ҳимоят карданд ва забони расмиву идории Толибон танҳо забони пашту аст. Толибон дар пайи тағйири ҷуғрофияи башарӣ дар Афғонистон ҳастанд.
Паштунҳои Покистонро дар самти шимол ҷо ба ҷо карданд, ин ҷобаҷоӣ идома дорад ва канали Қӯштеппа барои ин ҳадаф зери кор аст. Ба шеваҳои мутафовит дар ҳоли тасарруфи заминҳову рустоҳои мардуми ҳазора ҳастанд, ки заминҳову рустоҳои мардуми ҳазораро дар чанд маҳалли ҳазоранишин ба кӯчиҳои паштуну афроди паштун додаанд.
Ҳамаи ин маворид барои як ҳадаф сурат мегирад, ки султаву гегемонияи қавмӣ ва аксариятсозии қавми паштун аст. Бар ин асос ниёз ба қазоват нест, гурӯҳҳои қавмиву мазҳабӣ бино бар ин шавоҳид бидонанд, ки гап аз чӣ қарор аст.
“РОҲИ АДОЛАТ”: Агар ин раванд идома ёбад ба назари Шумо оё ҳувияти аслии Исмоилиён бо хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ намешавад?
ЯЪҚУБ ЯСНО: Ҳувияти исмоилиён ба унвони як ақаллияти мазҳабӣ ҳамеша дар ҷомеаи мазҳабии нораводори Афғонистон дучори хатар будааст. Аммо ин бархӯрди Толибон, ки дасти ҷомеаи мазҳабии нораводори ҳанафии Афғонистонро боз гузошта то ақаллияти мазҳаби исмоилиёнро таҳти фишор қарор бидиҳанд, табъан хатари ин бархӯрд беш аз ҳар даврае барои исмоилиён хатарнок аст.
Мутаассифона, ҳатто дар дарсномаҳои донишгоҳҳо алайҳи исмоилиён таблиғи манфӣ сурат гирифта ва исмоилиёнро дар гурӯҳи мазоҳиби ботила дастабандӣ кардаанд. Нахуст дар дарсномаҳои мазмуни сақофат алайҳ исмоилиён таблиғ шуд ва исмоилиён мушрик гуфта шуд, баъд афроду гурӯҳҳои тундрави ҳанафӣ дар мадрасаҳои мазҳабӣ ва масоҷид ба таъбирашон шурӯъ ба мусулмонсозии исмоилиён карданд. Яъне, ин ки мегӯянд, “мо исмоилиёнро мусулмон месозем”, як иқдоми созмондеҳишуда аст, ки нахуст мабнои назарӣ дар дарсномаҳои сақофат эҷод карданд, баъд оғоз ба иқдоми амалӣ карданд.
“РОҲИ АДОЛАТ”: Чандин ниҳоди расмӣ дар миёни исмоилиён мутаваллии умури мазҳабӣ ҳастанд. оё ин ниҳодҳо то кунун кадом иқдоме дар ростои пешгирӣ аз ҷафои Толибон дар ҳаққи пайравони ин мазҳаб кардаанд? Агар накардаанд, чӣ далеле бар ин сукут мебинед?
ЯЪҚУБ ЯСНО: Кансили миллии исмоилиён баландтарин марҷаъи мазҳаби исмоилиён дар як кишвар аст ва дафтари марказии ин ниҳод дар Кобул аст ва дар вилоятҳои дигар, ки исмоилия дорад, низ ин ниҳод намояндагӣ дорад. Дар зимн, марҷаъи имомати исмоилиён намояндаи сиёсие ба номи сафиру вазир низ дар кишварҳои исмоилиянишин дорад. Ин мароҷеъ эъломи мавзеъи расмиву ошкор надоштаанд.
Беҳтар аст дар бораи инки чаро эъломи мавзеъ накардаанд ё чаро сукут кардаанд, қазоват накунам ва назар надиҳам, зеро ман аз ин мароҷеъ намояндагӣ намекунам ва аз тарафи дигар бо шеваи кори ин мароҷеъ ошноӣ надорам. Аммо ба унвони як фарди исмоилӣ инро медонам, ки мардуми исмоилия аз коркард ва хадамоти ин мароҷеъ, бавежа Кансили миллии исмоилиён нороҳат ҳастанд ва ба ин назаранд, ки ин ниҳод камкорӣ мекунад ва ба исмоилиён посухгӯ нест.
“РОҲИ АДОЛАТ”: Чӣ роҳкоре барои муқобила бо чунин падидаи хатарнокро пешниҳод мекунед ва чӣ тавсияҳое барои исмоилиён доред?
ЯЪҚУБ ЯСНО: Исмоилиён дар Афғонистон баъд аз ҳиндуҳои Афғонистон танҳотарин ақаллияти мазҳабӣ дар Афғонистон ҳастанд. Ҳиндуҳо бино бар таассуб ва хушунатҳои мазҳабӣ аз Афғонистон рафтанд. Исмоилиён феълан танҳотарин ақаллияти мазҳабӣ дар Афғонистон аст, ки дучори анвоъи фишори мазҳабӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ қарор доранд. Бино бар ин, тавре аз тарафи Созмони Милал ва соири ниҳодҳои ҳуқуқибашарӣ шароити вежае барои ақаллиятҳо дар назар гирифта мешавад, барои ақалияти исмоилиён низ дар назар гирифта шавад ва аз Толибон хоста шавад, ки дар бораи фишорҳои мазҳабиву иҷтимоӣ бар исмоилиён тавассути мардуми аҳли суннат эъломи мавзеъ кунанд, ки мавзеашон чист.
Агар Толибон аз фишорҳои мазҳабӣ бар исмоилиён ҳимоят намекунанд, бояд ҷилави касонеро бигиранд, ки исмоилиёнро водор ба тағйири мазҳаб ва алайҳи исмоилиён таблиғи манфӣ мекунанд. Дар ғайри он сукути Толибон ба маънои ҳимоят аз мардумест, ки ба озору азияти исмоилиён мепардозанд.
Ғайр аз ақаллияти исмоилиён, ки як ақаллияти мазҳабӣ ҳастанд, мо дигар ақаллияти қавмиву мазҳабӣ надорем, зеро ақвоми Афғонистон нисбатан бо ҳам баробаранд. Мазҳаби ҳанафӣ дар Афғонистон аксарият аст, аммо аксарияти мутлақ болои 80 дарсад нест.
Бино бар ин, пайравони мазҳаби ташайюъ дар Афғонистон ба маънои хос ақаллият нестанд ва ҷамъияти бузург аз мардуми ҳазораву шуморе аз дигар ақвоми шиае ҳастанд, ки тақрибан 30 дарсади ҷамъияти Афғонистонро ташкил медиҳанд. Аммо аз ҳақ нагузарем, мардуми шиа аз имрӯз на, солҳост мавриди табъизи мазҳабӣ дар Афғонистон қарор доштаанд. Исмоилия низ шохае аз мазҳаби шиа аст.