Хабари рӯз

Дар ду сол ахир ҷуғрофияи муқовимат ба 20 вилоят густариш ёфт ва тамоми муҳосиботи душман ва ҳомиёнашон ба хок яксон шуд

Нависанда: Хабаргузории “Муқовимат”,

Манбаъ: www.nrfnews.com.

Гурӯҳи Толибон ду сол пеш ба таърихи 15 августи 2021, пас аз тавофуқномаи Доҳа барои бори дувум ба қудрат дар Афғонистон даст ёфтанд. Пас аз он ки нахустин аскари гурӯҳи Толибон ба Арги Афғонистон роҳ ёфт, парчами Муқовимати Миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд аз Панҷшер барафрошта шуд. Билофосила вилояти Бағлон (Андаробҳо ва Хустҳо) пас аз он Тахор, Парвон, Кописо ва Бадахшон низ ба ҷуғрофияи муқовимат пайванд хӯрданд.

Ду сол аз муқовимати мардум дар баробари ҳокимияти истибдодии Толибон мегузарад ва дар ин ду соли ҷангу истодагӣ дар баробари ин гурӯҳ ҳамчунон идома дорад.

Ин мусоҳибаро бо Муҳаммад Сиддиқ Андаробӣ як тан аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки фарозу фурудҳоеро дар ин ду сол истодагӣ шоҳид буда ва ҳеҷ гоҳ сангарро раҳо накарда, анҷом додем.

Хабаргузории “Муқовимат”: Ҷаноби Андаробӣ соҳиб! Дар нахуст салом хидмати шумо ва тамом касоне, ки ба истодагӣ барои озодӣ бовар доранд. Мамнун аз ин ки барои мусоҳиба бо Хабаргузории “Муқовимат” фурсат гузоштед. Мехоҳам нахустин пурсишамро ин гуна матраҳ кунам, ки шумо ба унвони як тан аз муқовиматгарон, ангезаи истодагӣ ва ҷангии шумо бо толиб чист? Чӣ ангезае шуморо водошт, ки ба кӯҳҳо биравед ва ба пайкору ҷанг бипардозед?

Сиддиқ Андаробӣ: Салом ба шумо ва мухотибони Хабаргузории “Муқовимат”. Мамнун аз ин ки фурсате гузоштед, то садои озодихоҳон ва ононе, ки  бовар ба иззату сарбаландии ин сарзамин доранд, ба гӯши мухотибони шумо ва ҷаҳониён бирасонем.

Ангезаи мо хеле фаротар ва амиқтар аз он чӣ аст, ки гурӯҳи мутаҳаҷҷири толиб фикр мекунад. Мо барои озодӣ ва хатми ишғол мубориза мекунем, ҳам бо қалам, ҳам бо туфанг. Барои оромиш меҷангем. Барои таърих ва наслҳои баъд аз мо, ки дар рифоҳ ва озод зиндагӣ бикунанд. Кишвари мову шумо ишғол шуда, яъне беиззат шуда, мо барои баргаштондани иззат барои ин сарзамин туфанг ба даст гирифтем. Дар тӯли таърих аҷнабиҳо ба кишвари мо ба ҳадафи ишғол омаданд, аҷдоди ниёгони мо онҳоро аз кишвар ронданд ва ишғолҳо поён ёфт. Мо ҳам ба ҳамин ангеза, ки рӯзе озодӣ ба даст хоҳад омад ва ишғол поён хоҳад ёфт, бархостем ва ин роҳи муқаддасро дар пеш гирифтем.

Идомаи ин зулму ваҳшат, ки иродаи зиндагӣ карданро надошта бошӣ ва ба мисли як барда зиндагӣ бикунӣ, бузургтарин ангезаро ба як озода ва озодабовар медиҳад. Мо ба пайравӣ аз ақоиди Қаҳрамони миллии кишвар шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд, ки мегуфт, “марги боиззат беҳтар аз зиндагии бозиллат аст” ангеза мегирем ва то пойи ҷон мубориза мекунем.

Хабаргузории “Муқовимат”: Табъан, мубориза барои як кишвар ва як ҷуғрофия аст. Фикр мекунед, ки муқовимати мусаллаҳона алайҳи гурӯҳи Толибон чӣ қадар ин гурӯҳро ба бунбаст мувоҷеҳ месозад?

Сиддиқ Андаробӣ: Бале, шумо дуруст мегӯед. Вақте мубориза барои як кишвару иззати як сарзамин аст, муборизаву муқовимат ҳам бояд абъоди мухталиферо дошта бошад, аммо аз диди ман ҳеҷ роҳе беҳтар аз ҷанги мусаллаҳона алайҳи ин гурӯҳ нест. Ин гурӯҳ ҷуз ваҳшату ҷанг ба чизи дигаре бовар надорад. На ба инсоният бовар дорад ва на ба ҳуқуқи башар ва усули дини муқаддаси ислом… Дар сохтори Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳар кас ба бахше аз ин мубориза машғул аст.

Мо ҳам ба ҷангу истодагӣ дар баробари ҳар ишғолгар ба шумули террористони ҳоким мутааҳҳид ҳастем ва ҳамин муқовимати мусаллаҳона буд, ки муҳосиботи Толибон ва тамоми муодилоти ҷаҳонро, ки ба сарнавишти мардуми Афғонистон бозӣ карда буданд, ба хок яксон кард.

Хабаргузории “Муқовимат”: Шумо ба унвони яке аз фармондеҳон ҷанги Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, бо таҷрибае, ки доред, зарфияти неруҳои Толибонро дар ҷанг чӣ гуна мебинед? Ба назари шумо, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ тавонои муборизаро ҳамзамон дар чанд вилоят дорад?

Сиддиқ Андаробӣ: На танҳо ман, балки тамоми иуқовиматгарон тавоноӣ ва зарфияти ҷанги толибро ба дурустӣ мефаҳмем. Ба итминон ба шумо гуфта метавонам, ки як муқовиматгар баробар бо 70 толиби террорист мубориза мекунад. Шумо дар ҷангҳои гузашта ҳам шоҳид будед. 7 ҳазор то 10 ҳазор толиби мусаллаҳ ба хотири 20 ило 30 муқовиматгар дар як ҷуғрофия ҳамла мекарданд. Онҳо ба дурустӣ медонанд, ки зарфият ва тактикаи ҷангии муқовиматгарон боло аст ва ба ҳамин таносуб теъдоде аз нерӯҳои ҷангиашонро бештар мутамаркиз месозанд. Аммо як масъала, ки муҳим аст бояд гуфт, гурӯҳи Толибон бо пуштивонаи террористони дигар ва таҷҳизоту технологияи ҷангӣ ва мушовараву раҳбарии низомиёни покистонӣ вориди ҷанг мешаванд.

Ба умеди Худо, террористон дар ватани мо ҷой нахоҳад доштанд. Ба зудӣ нобуд мешаванд. Иншоаллоҳ.

Хабаргузории “Муқовимат”: Аз тактикаи ҷангии Толибон каме бештар бигӯед. Аксаран аз тариқи расонаҳо ва манобеъ мешунавем, ки Толибон дар ҷуғрофияи муқовимат пешравӣ доштанд ва ё неруҳои муқовимати миллиро таҳти фишори ҷиддӣ қарор медиҳанд. Чӣ чизе боис мешавад, ки шумо аз майдони ҷанг по мекашед?

Сиддиқ Андаробӣ: Ҳамон тавр, ки гуфтам, нерӯҳои Толибон дар майдони ҷанг ҳеҷ гуна тактикае надоранд. Ҳеҷ навъ бартарии низомӣ надоранд, баръакс, мо аз ин ки нуқоти ҳоким ва ҳамчунон баладият бо ҷуғрофияро низ дорем, аммо тафовути мо бо толиб ин аст, ки онон ваҳшат меофаринанд ва мо барои осоиши мардум аз ҷони худ мегузарем. Гурӯҳи террористии Толибон пас аз он ки дар майдони ҷанг шикаст хӯрд ё қабл аз ин ки ба ҷанги рӯёрӯӣ бо неруҳои муқовимати миллӣ мувоҷеҳ шавад, бошандагони маҳаллро таҳти шиканҷа қарор медиҳаду тавҳин мекунад ва ба онҳо осеб мерасонад. Барои ин ки мардуми бегуноҳ ва бошандагони маҳаллӣ, ки дар атрофи он ҷанг ҷараён дорад, осеб набинанд, мо ё ақибнишинӣ мекунем ва ё ҳам ҷангеро оғоз намекунем.

Хабаргузории “Муқовимат”: Ба назари шумо дастовардҳои дусолаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ чист? Ду сол гузашт ва шумо ба чиҳо расидед?

Сиддиқ Андаробӣ: Яке аз умдатарин дастовардҳои низомии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ин аст, ки ҷуғрофияи муқовимат ба беш аз 20 вилоят густариш ёфта ва амалан дар баробари гурӯҳи террористии Толибон амалиётҳои ҷабҳаӣ ва чирикӣ анҷом мешавад. Ҷангҳои имрӯз ва дирӯзи чандин вулусволии Бадахшон, Хустҳо, Андаробҳо, Кописову Парвон ва ҳамчунон амалиётҳои чирикӣ дар гӯша-гӯшаи Афғонистон, ки аксарашон аз тариқи расонаҳо эълом ҳам намешавад. Табъан бузургону раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳам дар арсаҳои мухталиф корҳояшонро мекунанд. Мо ба фазли Худованд дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ба ҷойгоҳе, ки бояд мерасидем, расидем. Муқовимати миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ машрӯъият пайдо карда, имрӯз истодагии мардуми Афғонистонро дар баробари гурӯҳи террористии Толибон тамоми ҷаҳон медонад ва қадрдонӣ мекунад.

Хабаргузории “Муқовимат”: Ҷаноби қумандон соҳиб! Мо мехоҳем яке аз хотираҳоятонро аз рӯзҳои сангар ба мухотибони мо бигӯед. Табъан рӯзҳои сахту замистонҳои сард ва тобистонҳои гармеро сипарӣ мекунед. Сангинии ҷанг ҳамчунон…

Сиддиқ Андаробӣ: Бисёр зиёд ташаккур, бародари азизам! Табъан касе, ки худро мубориз медонад, рӯзҳои пурфарозу фурудеро дар зиндагӣ таҷриба мекунад. Гоҳе зиндагӣ ва рӯзҳо воқеан хотира мешаванд. Як хотира ба ёдам омад, албатта, ҷолибтарин хотираам аст. Дар шаби 26 моҳи саратони 1401 ҳиҷрии шамсӣ (17 июли 2022) бо фармондеҳ Зубайр то дами субҳ ҷангидем. Фармондеҳ Зубайр воқеан қаҳрамонона ҷангид ва дар канорам шаҳид шуд. Ман 4 рӯз дар ҳоле, ки захмӣ ҳам будам, ташнаву гурусна зинда мондам ва ба ҷое худамро пинҳон кардам. Баъд аз 40 рӯз замоне, ки каме сари ҳоли шудам ва ба он маҳал рафтам, дидам, ки дар паҳлуи қабре, ки фармондеҳ Зубайр дафн шуда буд, қабреро барои ман ҳам омода карда, маро меҷустанд, то он ҷо дафнам кунанд. Шаҳодат беҳтарин неъмати Худованд аст, ки ба бандагони растагор ва поки Худо (ҷ) насиб мешавад ва ман воқеан сипосгузорам Худованди бениёзро, ки ӯст зинда мекунад ва мемиронад.

Хабаргузории “Муқовимат”: Бале, воқеан хотираи дардноке ва дар айни ҳол ҷолибе буд. Сипосгузорам аз ин ки ба унвони ривояте аз таърихи бо мо шарик сохтед. Ҷаноби қумандон соҳиб! Дар ахир мехоҳем паёми шуморо ба мардум ва ҳамсангаронатон дошта бошем.

Сиддиқ Андаробӣ: Хоҳиш мекунам. Табъан ҳар кас ба ҳар шакле мубориза мекунад ва мо ҳам мадюни шумо ҳастем, ки садои расои миллати мазлуми Афғонистон ба ҷаҳониён ҳастед ва Худованд ба ҳамаи мову шумо тавфиқ насиб бикунад.

 Паём ба ҳамватанони азизам ин аст, ки бидуни ҷангу қурбонӣ ҳеҷ чиз ба даст намеояд ва ҳеҷ роҳате бидуни меҳнату заҳмат нахоҳад буд. Як бор ба зиндагӣ Мир Бачахони Кӯҳдоманӣ, Мир Масҷидихон, улгуи озодихоҳӣ ва адолатталабӣ Қаҳрамони миллии кишвар шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд, генерал Муъмин Андаробӣ ва ҳазорон родмарди дигар сар бизанед, мутмаин ҳастам, ки худ посухи ҳама саволотро дармеёбед.

Биёед то таърихамонро бисозем! Иззату шукӯҳро дубора ба ин сарзамин баргардонем! Бубинед, ки шаҳрҳо чӣ қадар пажмурдаанд, атфоли мо ва наслҳои баъд аз мо арзиши ҳама чизро доранд, арзиши ҷоннисорӣ ва қурбонӣ доданро доранд.

Хабаргузории “Муқовимат”: Ташаккур, ҷаноби фармондеҳи азиз, аз ин ки фурсат гузоштед, ба шумо ва тамоми қаҳрамонони сангар муваффақият ва сарбаландӣ орзумандам.

Сиддиқ Андаробӣ: Худованд ба ҳамаи мо ва шумо тавфиқ насиб бикунад, то масдари хидмат ба ин сарзамин шавем ва сипос аз шумо, ки моро мавриди шафақататон қарор додед.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!