Хабари рӯз

Саволи асосӣ: чаро Толибон дастпоча шудаанд?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"

Рӯзи ҷумъа, даҳуми қавс (1 декабр) видеои суханронии Муҳаммад Яъқуб, вазири дифоъи Толибон дар маросими фароғати нерӯҳои вежаи артиши ин гурӯҳ мунташир шуда, ки вай нигарони афзоиши ҳамалоти ҷабаҳоти муқовимат аст.

Ин аввалин вокуниш ба бузург шудани хатари муқовимат ба режими Толибон аст, ки то ҳанӯз натавониста машрӯъияти миллӣ ва байнулмилалӣ ба даст оварад ва камокон ба саркӯби мухолифон идома медиҳад. Режими башиддат манфур, мунзавӣ аз лиҳози престижи байналмилалӣ ва як тофтаи ҷудобофта аз таомулоти мутаорифи дипломатӣ.

Дар ин баҳс чанд мавзӯъ ҳоизи аҳамият аст:

Аввал - Толибон, ки то ҳоло вуҷуди муқовимату мухолифат дар баробари режимашонро ба таври амдӣ инкор мекарданд. Ҳоло бо афзоиши ҳаҷми ҳамалот болои нерӯҳои Толибон, ки аз тарафи ҷабаҳоти мутааддиди муқовимат роҳандозӣ мешаванд, дастпоча шуда ва мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки дигар рӯйкарду сиёсати инкор ва муқобила бо бунбаст мувоҷеҳ шудааст;

Дувум - нишастҳое, ки перомуни Афғонистон доир мешаванд, агарчи паёми возеҳ барои Толибону ҷаҳон надоранд ва фоқиди як ривояти солим, бикр ва созандаи сиёсианд, аммо дар нафси худ мутлақ будани ҳокимияти Толибон ва ин ки ин гурӯҳ танҳо ҳақиқати мусаллами майдони сиёсату ҷанги Афғонистон астро зери савол мебарад. Дар як моҳи ахир, дар нишастҳои Маскаву Душанбе, ки бо ҳузури мухолифони Толибон доир шуда буд, занги ҳушдори ҷиддиро барои Толибон ба садо даровардааст ва мӯҷиби саросемагии онҳо шудааст;

Севум - Толибон эҳтимолан дарк кардаанд, ки сенарияҳое дар қиболи режимашон, дар роҳ аст. Тавофуқи минтақа ва фароминтақа ба касби манофеъи муштарак, метавонад заминасози ҳар сенарияи драматик бошад. Ҳарду минтақа ва фароминтақа бо вуҷуди ихтилофоти умда рӯи мавзӯъи Афғонистон, Толибонро гузинаи нохоста, аммо маҷбӯрӣ дар майдони Афғонистон ва ҷабҳаи ҷанубии Русия медонанд, аммо ҳоло вазъият тағйир карда ва қоидаи бозӣ иваз шудааст. Иллати умдаи ин тағйиру таҳаввул дар қоидаи бозӣ дар ин аст, ки Толибон дар татбиқи барномаҳои ваъда додашуда ба амрикоиҳо дар "дастуруламали Доҳа" ноком буда ва натавонистаанд то нақши мухарриб ва ноамнсозро дар Бозии бузурги ҷадид, бозӣ кунанд;

Чаҳорум - иншиобу инқитоб дар миёни Толибон рӯз ба рӯз решадор мешавад. Толибон бо дарки ин мавзӯъ, осебпазирии худро аз дарки густариши ҳавзаҳои муқовимати зиддитолибонӣ, дарк карда ва дар талошанд то бо тағйири "рӯйкарди инкору саркӯб" ба "руйкарди ҳушдору саркӯб", бо вазъияти ҷадид муқобила кунанд;

Панҷум - Толибон бар иловаи мухолифат аз ҷониби ҷабаҳоти муқовимати зиддитолибонӣ, дар ду соли гузашта бо рӯйкардҳои террористӣ ва хашин дар баробари аксарияти мардуми Афғонистон қарор гирифтаанд. Ин хатар барои режими Толибон ҷиддӣ ҳисоб мешавад ва имкони ҳар хел чолиши амниятӣ ва низомиро мӯҳтамал месозад. Мардум бо рӯҳияи муқовимат ҳамзамон бо саркӯби густурда аз ҷониби Толибон, ки машҳун аз муаллифаҳои таассубу худбузургбинии қавмӣ аст, метавонанд барои густурдасозии ҳавзаҳои муқовимати зидди Толибон, гузинаҳои роҳбурдӣ, аз ҷумла сарбозгирӣ, фароҳамоварии иттилоот ва заминасозӣ барои ворид сохтани заработи бештарро барои ҳавзаҳои муқовимати зидди Толибон, мусоид созад;

Шашум - бунбасти мавҷуд дар вазъият, мафоди тадовуми ҳокимияти Толибонро зери савол бурдааст. Агарчи ин гурӯҳ ҳанӯз ҳам бар табли пирӯзӣ ва яккатоз будан дар майдони сиёсату ҷанг мекӯбад, аммо ҳақиқати масъала ин аст, ки ин гурӯҳ камокон дар мазиқаи бузурги чолишҳои молӣ, амниятӣ, сиёсӣ ва тадовуми ҳокимияти сиёсӣ мувоҷеҳанд. Сатҳи норизоиятӣ ва мухолифат бо сиёсатҳои Толибон аз ҷониби қотибаи мардуми Афғонистон, ба баландтарин мизонаш расида ва эҳтимоли як инфиҷор аз дарунро дар сурати мавҷудияти як пойгоҳи муқовимат бар зидди Толибон, афзоиш медиҳад.


Дин

Тероризм

23-фев-2024 By admin

Толибону терроризм, ё…

Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ба вежа Тоҷикистон, бояд таърихи ба қудр

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!