Хабари рӯз

Cиёсати қавмии Толибон чунон ҳаммоми хуне эҷод мекунад, ки Ғазза ва Фаластин фаромӯш хоҳанд шуд.

Нависанда: Набӣ Соқӣ, устоди донишгоҳ (Лодон)

1 - Китоби “Сақовии дувум” барои паштунҳо ба хотири контроли комили Афғонистон се пешниҳод дорад: 1) атрофи Кобул камарбанди паштунӣ сохта шавад, 2) Бомиён ва Панҷшер тағйири ҷамъият дода шавад ва 3) дар марзи Шимолу Ғарб низ, паштунҳо ҷо ба ҷо шавад. Ҳар се пешниҳод феълан дар ҳоли татбиқ аст.

2 - Ӯзбекҳо ва тоҷикҳое, ки дар шимолу ғарб ба номи толиб бо гегемонияи паштунӣ ҳамкорӣ карданд, як насл ё ду насл баъд, худашон аз тамоми замину амлок ва дарахту деҳкадаи падарии худ маҳрум мешаванд. Ҳазораҳо инро медонанд ва ба ҳамин хотир ҳеҷ ҳазорае бо давлати ҷумҳурӣ наҷангид, аммо феълан ҳазораву тоҷик ва ӯзбек, мусовиёна сарзамини худро аз даст медиҳанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба хотири баҳси Русияву Чин ва Эрон, бо чунин ҷобаҷоии қавмӣ мухолифате надорад.

3 - Шикасти давлат дар Шимолу Ғарб, бештар муртабит ба масъалаи ноқилин буд. Аз Бағлон то Шибирғону Бодғис ва аз Ғӯрмоч то Гуҷуру ва Дандғурӣ ва Дараи Ғӯрбанд, мухтал кардани амният ва густариши мухолифат, комилан вобаста ба проекти ноқилин буд. Оянда аз ин назар, бамаротиб хатарноктар ва душвортар хоҳад буд.

4 - Вақте касе ин матолибро бинависад, мегӯянд, ту мутаассиб ва қавмгаро ҳастӣ. Аммо касе, ки замину ҷуй ва хонаву дарахти ҳазорсолаи тоҷику ӯзбек ва ҳазораро мегирад ва ба покистонӣ медиҳад, ӯ мутаассибу қавмгаро нест. Ту, ки барои аз даст додани замину қарияат шикоят мекунӣ, мутаассиб ва қавмгаро ҳастӣ. Гирифтани замин ва вилояти мардум, таассуб нест, гуфтани ин ҳақиқат, таассуб аст.

Генерал Дӯстум аз ин хотир дар миёни паштунҳо мавриди нафрат аст, ки замоне аз ғасби замини ӯзбекон ҷилавгирӣ кардааст ва-гарна ӯ ба Қандаҳору Нангарҳор ҳеҷ вақт лашкаркашӣ накардааст.

5 - На Шӯравӣ замину мулк ва сарзамини тоҷику ӯзбек ва ҳазораро ғасб карда ва ба дигарон дода, на Амрико. Ҳар касе, ки замину қария ва дарахту ҷӯи мардумро ғасб кунад, бамаротиб душмантар аз Шӯравӣ ва Чину Амрико ва ғайра аст.

6 - Ҳам канали Қӯштеппа проекти “Сақовии дувум” аст, ҳам низоми кунунӣ ва ҳам чаповули сарзамину амлоки тоҷику ӯзбек ва ҳазора. Тоҷику ҳазора ва ӯзбеке, ки инро намедонад, албатта, ки сазояш бадтар аз ин аст. Панҷшеру Шибирғон ва Ғӯру Қундуз, сарнавишти беҳтаре аз Қандаҳор ва Урузгон нахоҳад дошт.

7 - Агар паштунҳо муваффақ шаванд, кулли кишварро паштунӣ бисозанд, табъан каси дигаре намемонад, ки мухолифат кунад, аммо агар ин проект муваффақ нашавад ва ҷомеа ба даврони ҷиҳод баргардад, он вақт ба хотири ин сиёсатҳои ғалат ҷуйи хуне роҳ биафтад, ки Ғаззаву Фаластин фаромӯш шавад. Ин нуктаро ба хотир дошта бошед.

*“Сақовии дуввум” ишора ба китобест, ки дар замони ҳукумати Устод Раббонӣ (1992-2001) ба нашр расида, шахсиятҳо ва ҳукумати тоҷиконро ба боди интиқод гирифта буд. “Сақовӣ” рабт мегирад ба Амир Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, ки ба лақаби “Бачаи сақо” низ маъруф буд. Дар китоби “Сақовии дуввум” ҳар гуна ҳукумати ғайрипаштун рад шуда, аз паштунҳо даъват мешавад, ки нагузоранд ғайрипаштунҳо ба қудрат расанд ва роҳҳои коҳиши қудрати онҳо, аз ҷумла ғасби сарзамини онҳо, ба дасти паштунҳо низ пешниҳод шудааст. Амалан тамоми ҳукуматҳои паштунӣ дар Афғонистон ба таври эълоннашуда маслиҳатҳои ин китобро амалӣ кардаанд.


Дин

Тероризм

23-фев-2024 By admin

Толибону терроризм, ё…

Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ба вежа Тоҷикистон, бояд таърихи ба қудр

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!