Хабари рӯз

ДОИШ ҳам алайҳи толиб меҷангад, аммо наметавон онро ҳимояту ташвиқ кард.

Нависанда: Рустами Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Мо тоҷикҳо дар давраи бистсолаи ҷумҳурият шоҳиди ҳузури ду насл ё ду даста аз раҳбарони сиёсиву низомӣ дар қудрат будем.

Насли аввалиҳо ё дастаи аввалӣ, касоне мисли Фаҳим, Абдуллоҳ, Қонунӣ, Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, Устод Ато ва...ро шомил мешавад. Насли дувумиҳо ё дастаи дувумӣ, касоне мисли Масъуд Андаробӣ, Вайс Бармак, Тоҷмуҳаммад Ҷоҳид, Ёсин Зиё, Зиё Сироҷ, Аҳмадзиё Масъуд, Фазлаҳмад Маънавӣ, Баҳоуддин Ҷелонӣ, Заррор Муқбил, Амруллоҳ Солеҳ, Адиб Фаҳим ва... шомил мешавад.

Вақте имрӯз ба ақиб нигоҳ мекунем, мутаассифона, бо ин воқеияти талх рӯбарӯ мешавем, ки ҳар ду насл ва ҳар ду гурӯҳ натавонистанд аз мардуми мо намояндагии шоиставу боиста намуда ва аз ҳуқуқу арзишҳо ва дастовардҳои мардуми мо дифоъ намоянд. Ҳар ду наслу даста дар калонривояти паштунистӣ ҳаллу ҳазм шуданд ва маъмуру маъзур.

Зоҳиран ҷурму тақсири ду наслу дастаи боло якест. Ё ба истилоҳ ҳар ду иштибоҳ карданд ё хиёнат карданд ё ба ҳар ҳол натавонистанду бохтанд майдонро ба ҳариф. Аммо агар нек бингарем тафовутест байни насли аввалиҳо ва насли дувумиҳо.

Чанд тафовут:

1 - Аввалиҳоро Карзаю Ғанӣ маъмур муқаррар накарда буданд. Онҳо ба лутфи ҳузурашон дар ҷанг алайҳи толиб, имтиёзи касби курсии намояндагии ҷараёни зидди Толибонро дар давлат ба даст оварданд ва бар асоси тавофуқоте, ки ҳавли тавофуқномаи Бонн шакл гирифт, бар курсиҳо ҷулус карданд.

2 - Аввалиҳо аз як тараф бар авзоъи сиёсии минтақаву ҷаҳон дар он замон ишроф надоштанд ва аз пушти саҳна тавтеаҳои печидаи амрикоиҳову инглисҳо ва мӯҳраҳои дохилиашон (Карзаю Ғанӣ ва...) огоҳ набуданд ва аз тарафи дигар шинохте аз Карзаю Ғанӣ ва дигар аъзои тими тавтеа низ надоштанд.

3 - Аввалиҳо донишу фаҳми сиёсии ончуноне надоштанд, ки битавонанд дар як фазои бози сиёсӣ бозӣ кунанд ва низ ормонҳову идаҳои баланди сиёсӣ надоштанд, ки дар рӯшноии он битавонанд сиёсат кунанд ва бар асоси он мавонеъу чолишҳо ва руқабову душманонро бишносанд.

Насли дувумиҳо аммо дар ҳар се маврид мутафовит аз аввалиҳо буданд. Инҳоро Карзаю Ғанӣ муқаррар карданд. Ин муқаррариҳо бар асоси як дидгоҳи қавмӣ сурат мегирифт. Ҳамон тарҳи Мухкаш. Тарҳи Мухкаш ин буд, ки аз ғайрипаштунҳо беурзаҳоро вазиру вакил бисозед, то ҳузури намодини ақвом таъмин шавад, аммо халалу монеъи дарунсохторӣ фаророҳи барномаҳои паштунистӣ эҷод нашавад.

Насли дувумиҳо ҳама чизро медонистанд. Инҳо медонистанд, ки амрикоиҳову инглисҳо чӣ нақшаҳо доранд. Медонистанд, ки Карзаю Ғанӣ ва Халилзод чӣ барнома доранд. Чун дар пеши чашми инҳо хеле аз тавтеаҳо алайҳи ҷараёни муқовимат ва тоҷикон амалӣ шуда буд. Инҳо худро хеле фаҳмидаву дониста ва мутахассису огоҳ ба масоил низ медонистанд.

Агар хулоса кунем, ин тавр мешавад: насли аввалиҳо нодониста иштибоҳ карданд ва насли дувумиҳо дониста шарики тарҳҳои тавтеа алайҳи ҷараёни муқовимату тоҷикон шуданд. Албатта, аз насли аввалиҳо метавон Абдуллоҳро ҷудо кард, чун Абдуллоҳ иштибоҳ на, ки хиёнат кард. Боз аз насли дувумиҳо, метавон иддаеро истисно қарор дод. Касоне, ки имрӯз дар сафи муқовиматандро метавон шомили феҳристи касоне кард, ки дар талоши ҷуброни иштибоҳи худ ҳастанд.

Аз насли дувумиҳо аммо бояд ҷиддӣ муроқиби касоне буд, ки ҳанӯз ҳам ҳамкосаи гурӯҳҳову ҳалақотеанд, ки дар садади саботажи муқовиматанд. Инҳо ба эҳтимоли зиёд ҳанӯз ҳам бо созмонҳои истихборотии ғарбӣ кор мекунанд ва эҳтимол дорад маъмурият бигиранд, ки муқовиматро тазъиф кунанд.

Масъуд Андаробиро ба назар мерасад, ки метавон машмули ин даста донист. Ӯ ба тозагӣ аз роҳандозии ҳаракате сухан гуфта, ки ба қавли худаш, барои ояндаи Афғонистони дурахшон кор мекунад. Ӯ ҳама ақвомро афғон хонда ва дарвоқеъ калонривояти паштунҳоро ба рағми мухолифати ҷиддии ғайрипаштунҳо нушхор карда ва хоста ба саёқи сиёсиёни муомилагари давраи ҷумҳурият акту адои миллӣ дар биёрад. Бетардид ҳар ҳаракати зиддитолибӣ қобили ташвиқу ҳимоят аст, аммо ҳар гоҳ ҳаракате шакл гирад, ки ҳомиёни толиб дар берун онро тамвил кунанд ва шахси шинохташудаву беурзаеро, сирфан ба хотири шиносномаи тоҷикиаш дар раъс қарор диҳанд, чунин ҳаракате барои муқовимат дар ҳукми мори остин аст.

Масъуд Андаробӣ, ба эътиқоди ман, се заъф ё айб ё тақсири бузургу нобахшуданӣ дорад, ки салоҳияташро дар матраҳ кардани иддаои мубориза бо Толибон ва муассир воқеъ шудан дар ин замина салб мекунад.

1 - Масъуд Андаробӣ дар замоне пешниҳоди Ғанӣ барои вазорати дохиларо пазируфт, ки тими Ғанӣ нақшаи таслимдиҳии қудрат ба Толибонро рӯи миз дошт. Дар чунин вазъияте пазириши пешниҳоди Ғанӣ ҳамкорӣ бо ӯ талаққӣ мешавад. Як тоҷик ҳамкори Ғанӣ мешавад то раванди таслимдиҳии қудрат ба нерӯи қаҳҳори паштунӣ фароҳам ояд. Ин хиёнат аст. Ӯ ҳеҷ коре барои дасти кам кундсозии ин раванд накард. Ӯ то рӯзҳои охири ҷумҳурият ҳамдасти тими Ғанӣ буд дар раванди таслимдиҳӣ ва дар рӯзҳои охир канор гузошта шуд то дар бадномии суқут шарик набошад, ки ин худ саволҳои зиёдеро халқ мекунад.

Ангор худаш аз тарроҳони тавтеаи суқут хоста бошад, ки канораш бигузоранд то дар оянда ҳам битавонад дар ҷиноҳи зидди Толибон ҷои пое дошта бошад.

2 - Масъуд Андаробӣ дар вазорати дохила хеле беурзаву бесалоҳият зоҳир шуд ва мисли як маъмури одии Шӯрои амният ба фармони Ҳамдуллоҳ Муҳиб кор мекард ва натавонист аз истиқлолияти ниҳоди пулису вазорати дохила дифоъ кунад. Барои ӯ Муҳиб рӯйхат равон мекард, ки фулониҳоро дар фулон ҷо фармондеҳи пулис муқаррар кун ва Андаробӣ анҷом медоду эътирозе намекард. Ӯ медонист, ки ин кор боиси фурӯпошии пулис мешавад, аммо дӯстии пулу курсӣ монеъи эътирозаш мешуд. Чунин одаме фоқиди рӯҳияи истодагӣ ва мубориза аст.

3 - Масъуд Андаробӣ, ки дар амнияти миллӣ вазифаи муҳимме дошт, аз кулли ҷараёни тавтеаи Карзаю Ғанӣ алайҳи тоҷикону муқовимат огоҳ буд ва инро низ медонист, ки аз ҳузураш дар вазорати дохила истифодаи витринӣ алайҳи муқовиматгарон ва тоҷикон мешавад, аммо ба хотири манофеъи шахсӣ онро пазируфт.

Бино бар ин, ҳарфам ба теъдоде аз дӯстоне, ки бино ба афкору ақоиди зиддитолибонӣ, аз ҳар кӣ садои зиддият бо толиб баланд кунад, ҳимоят мекунанд, ин аст, ки мӯҳтот бошанд. ДОИШ ҳам алайҳи толиб меҷангад, мо, ки наметавонем ҳимояту ташвиқ кунем.

Муборизаи мо алайҳи толиб ҳадафманд аст ва меҳвари ин ҳадафмандӣ ҳувияти мост. Касоне, ки мутааҳҳид ба арзишҳои ҳувиятии мо набошанд ва онро бо пуррӯӣ ва ба содагии тамом ба авғонҳо ба ҳароҷ бигузоранд, барои ҷараёни ҳадафманди муқовимат арзишу аҳамияте надоранд.


Дин

Тероризм

22-май-2024 By admin

“Ҳама чиз бад…

Хатари “инқилобҳои исломӣ” дар минтақа бештар мешавад.

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!